Хабари рӯз

Додгоҳи Мазори Шариф захирагоҳи нафту гази ширкати “Иброҳимзода груп”-ро ба шахси дигаре вогузор кард.

Мазори Шариф, 3 апрел - Сангар, Қорӣ Аҳмад. Ин намунаи боризи як ғасби рейдерӣ - мусодираи амвол бидуни ризояти молик аст, ки бо кӯмаки низоми додгоҳии Толибон анҷом мешавад.

Ғулом Аббос Иброҳимзода, директори генералии ҳолдинги “Иброҳимзода груп” ба Сангар гуфт, талошҳо барои тасарруфи захирагоҳи нафту гази вай пас аз ба қудрат расидани Толибон оғоз шуд ва дар ниҳоят як қозии додгоҳи Мазори Шариф бо гирифтани ришва онро дар ихтиёри шахси дигаре қарор дод.

“Мавлавӣ Ёсин Манур, раиси девони ибтидоияи тиҷоратӣ ва Мавлавӣ Одамхон Абулҷамил, раиси умумии додгоҳи ибтидоияи шаҳрии вилояти Балх бо ахзи 500 ҳазор доллар ришва файсала карданд, ки захирагоҳи ширкати “Иброҳимзода груп” дар ихтиёри як шахси ришвадиҳанда қарор гирад. Қаблан он захирагоҳро мо ба арзиши 10 миллион доллар харида будем. Санади қонунӣ ва шаръӣ вуҷуд дорад”, - гуфт Ғулом Аббос Иброҳимзода.

Ба гуфтаи директори генералии ҳолдинги “Иброҳимзода груп”, файсалаи додгоҳи Мазори Шариф “якҷониба ва ноодилона” буда, ғасби амволи қонунии тоҷирони ватанӣ аст ва фасод дар додгоҳҳои Балх ба авҷи худ расидааст.

“Қуззоти номбурдаи Иморати исломӣ баръакси иддаояшон бар хилофи арзишҳои диниву исломӣ ва дар зиддият ба арзишҳои милливу ватанӣ ба дунболи чӯру чаповули амволи қонунии тоҷирон ва мардум дар Мазори Шариф ҳастанд”, - гуфт Ғулом Аббос Иброҳимзода.

Вай аз мақомоти олирутбаи Иморати исломӣ дар Кобул ва вилояти Балх мехоҳад, ки аз зӯргириҳо ва файсалаҳои ноодилонаву якҷонибаи додгоҳ ҷилавгирӣ карда ва бо ин фасоду ришвахорӣ ба таври ҷиддӣ расидагӣ кунанд.

Ғулом Аббос Иброҳимзодаи ҳазора яке аз тоҷирон ва сармоягузорон барҷастаи Афғонистон дар даврони ҷумҳурӣ буд. Ӯ соли 1970 дар шаҳристони Шулгараи вилояти Балх таваллуд шуда, тиҷорати худро дар соли 1992 оғоз кард. Баъдан раёсати Анҷумани саррофони вилояти Балхро, ки 1400 нафар дар он узвият доштанд, бар ӯҳда гирифт ва аз он замон дар миёни мардум ба "Аббоси Доллар" машҳур шуд.

Дар солҳои охири ҷумҳурӣ ба тиҷорати бензину газ, нуриҳоии маъданӣ ва арматура аз Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон машғул буд. Захирагоҳи ӯ дар шаҳри Ҳайратон, ҳаммарз бо Ӯзбекистон, зарфияти 50 ҳазор тон бензину газро дорад.

“Иброҳимзода груп” дорои се донишгоҳи олӣ – ду адад дар Балх ва яке дар Кобул, ду коллеҷ – яке техникӣ ва яке тиббӣ дар Мазори Шариф ва 30 мактаби мутавассита дар саросари Афғонистон аст. Ҳудуди 15 ҳазор донишомӯз дар донишгоҳҳо ва ҳудуди 10 ҳазор талаба дар макотиби он таҳсил мекарданд. Муаллимоне, ки аз хориҷ оварда мешуданд то 10 ҳазор ва муаллимони маҳаллӣ аз 500 то 2 ҳазор доллар маош мегирифтанд. Пас аз рӯи кор омадани Толибон, теъдоде аз макотиб баста шуд, муаллимони хориҷӣ рафтанд ва маошот хеле пойин омад.

Дар Мазори Шариф, “Иброҳимзода груп” шифохонае бо 200 тахт сохт, ки муҷаҳҳаз ба модернтарин таҷҳизоти пизишкӣ аст ва дар ҷараёни мубориза бо "куруно" ҳудуди 5 ҳазор нафарро ба сурати ройгон муолиҷа кардааст. Ин ҳолдинг дар ин шаҳр як меҳмонхонаи муҷаллал ва 7 сохтмони маскунӣ сохтааст, ки ҳамагӣ сеутоқа ҳастанд ва 540 хонавода дар онҳо ускон ёфтаанд.

Дар соли 2019, Ғулом Аббос Иброҳимзода Ҳизби ваҳдати навини Афғонистонро таъсис дод. Ҳизби ваҳдати исломӣ "бренди сиёсӣ"-и мардуми шиаи ҳазораи Афғонистон аст ва бо ҳизбе, ки Иброҳимзода таъсис дод, теъдоди он ба се расид. Пеш аз ин, ин ҳизб ба ду даста тақсим шуда буд - Ҳизби ваҳдати исломии Карим Халилӣ ва Ҳизби ваҳдати исломии мардуми Муҳаммад Муҳаққиқ. Аббос Иброҳимзода пеш аз таъсиси ҳизбаш панҷ сол муовини раиси Ҳизби ваҳдати исломии Карим Халилӣ буд.

Ҳизби ваҳдати навин ҳудуди як миллион узв дар 10 вилоят ва ду намоянда дар парлумони Афғонистон дошт. Сафҳаи фейсбукии онро, ки замоне ҳам тавассути сиёсатмадорон мухолиф ё Толибон ҳак шуда буд, 350 ҳазор нафар думбол мекарданд.

Дар тобистони 2021, замоне, ки Толибон ба дарвозаҳои Мазори Шариф наздик шуданд, неруҳои таҳти амри Иброҳимзода ба муддати ду моҳ ҷангиданд ва аз шаҳр муҳофизат карданд. Пас аз муомилаи Амрикову Толибон сари Афғонистон, ки ба Толибон вогузор шуд, Иброҳимзода Афғонистонро тарк кард ва акнун дар Туркия зиндагӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳи шаҳри Мазори Шариф аз ироаи иттилоот дар мавриди парвандаи захирагоҳи нафту гази “Иброҳимзода груп” ба хабарнигори “Сангар” худдорӣ кард.

Аммо манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки дар пайи афзоиши воридоти нафту гази Русия ба Афғонистон ва содироти муҷаддади он ба Покистон, тоҷирони наздик ба Толибон, ки гуфта мешавад, афроди Амирхон Муттақӣ, вазир умури хориҷаи ин гурӯҳ ҳастанд, тамоми захирагоҳҳои мутааллиқ ба тоҷиронеро, ки кишварро тарк карданд, аз худ мекунанд.

Қазияи захирагоҳи “Иброҳимзода груп” намунаи боризи чигунагии рафтори Толибон бо амволи мусулмонон, ба вежа ҳазораҳои шиа аст. Тибқи қавонини ислом ҳеҷ кас ҳақ надорад бидуни ризояти молик моли дигареро тасарруф кунад. Дар ин маврид, мо шоҳиди ғасби рейдерӣ ба сабки Толибон ҳастем.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!