Толибони авғон сарватҳои Шимол, сарзамини ғайриавғонҳоро барои рифоҳи мардуми ҷануб истифода мекунанд.
Нависанда: Сиддиқи Андаробӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, махсус барои "Сангар"
“Сангар”: сабку услуб ва тарзи навишту матни нависанда бидуни тағйиру таҳрир мондааст.
Наздик ба 300 сол аст авғонҳо дар Афғонистон қудратро ба даст доранд. Як бор Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ва бори дигар Устод Раббонии шаҳид ва Қаҳрамони миллии кишвар тавонистанд қудратро аз ин гурӯҳ биситонанд.
Ҳама медонем вақте Устод Раббонӣ қудратро гирифт, аҳли қабила аз чанд ҷиҳат алайҳи ҳукумати исломии муташаккил аз аҳзоби сиёсӣ бағоват карданд. Гулбиддин аз як сӯ, Толибон аз сӯи дигар, бақоёи коммунизми авғонӣ аз сӯи дигар ва дар кулл оташ ба ҷони авғон афтод то қудратро аз тоҷикҳо бигиранд.
Зулм ва ҷиноёти авғон бар ҳеч кас пӯшида нест, аз қатли оми мардуми ҳазора тавассути Абдураҳмони хунхор гирифта, то ғаддории Нодир ва хунхории Таракиву Амин ва Наҷиб то ракетаборони Гулбиддин ва то ҷиноёти Мулло Умар ва бист соли ваҳшати бақия авғонҳо ва фасоду таассуб ва қатлҳои занҷираии Карзай ва Ғанӣ.
Дар бист соли ахир толиби авғон ҷиноят кард, Карзайи авғон дифоъ. Авғон рӯз деҳқонӣ кард ва шаб одам кушт. Карзай бародарашон гуфт ва Ғанӣ ҳазорон ҳазор қотилро аз банд раҳо кард.
Дар ниҳоят ба кӯмаки Халилзоди авғон қудратро мутлақ ба авғонҳо вогузар карданд.
Дар ҳукуматҳои Карзай ва Ғанӣ демократияи нимбанд боис шуд ақвоми дигар низ шомили қудрат шаванд. Авғон "эзораш"-ро кашид. Дар ҳоле ки қудрати аслӣ дасти Ғанӣ ва чанд авғон дигар буд. Онҳо тайи бист сол сиёсати ҳазфро думбол карданд ва бузургони ғайриавғонро куштанд, бо ин ҳол натавонистанд қудратро мутлақ авғонӣ бикунанд. Толибро боз гардониданд то қудрат сад дар сад авғонӣ бишавад.
Толиб авғон аст. Толибҳои соири ақвом фақат ғулом ҳастанд ва ихтиёри нон хӯрдан ҳам надоранд. Толиб барои нобудии бақия камар баста ва агар истодагӣ нашавад ба ҳадафшон хоҳанд расид.
Имрӯз вақти он аст то ҳама ғайриавғонҳо муттаҳид шавад. Ман бо туфанг, дигарӣ бо қалам, дигаре бо китоб, дигаре бо сиёсат ва ҳар кас дар сатҳи худаш бояд адои масъулият кунад. Ҷанг толиб ба хотири дини ислом нест. Ин ҷо касе кофир нест, авғонҳо солҳост гоҳ динро баҳона кардаанд, гоҳ бединиро, то мардумро бикашанд ва қудратро мутлақ тасоҳуб кунанд.
Мо ғайриавғонҳо масъулият дорем барои ҳувияти худамон, барои фарҳанги худамон биҷангем. Тамаддуну фарҳанг ва забони ақвоми ғайриавғон нобуд шуда, ба ҳар қимате мешавад бояд мо ба зӯр мили туфанг ҳаққамонро бигирем. Миллат ба хотир дошта бошад моҳое, ки дар қуллаҳои Ҳиндукуш дар баробари ҷаҳлу ситам истодаем, озодӣ мехоҳем. Духтаронамон бояд мактаб ва донишгоҳ бираванд. Занонамон бояд кор кунанд, касе ҷинси дувум ва фарди дувум набошад.
Қаламбадастони ғайриавғон ҳам дар мавриди касоне, ки ба хотири озодии миллаташон ҷонбозона мубориза доранд, бояд бинависанд, хиёнатҳоро мактуб кунанд, ба ҳеҷ касе набояд раҳм кард, ҳақоиқро бозтоб диҳанд то наслҳои баъдӣ ҳам огоҳ бошанд, ки авғон чӣ ҷиноятҳое кард ва чанд то муздур чӣ тавр ғуломи ҳалқа ба гӯш буданд.
Ба ҷиноятҳои бузурги толиб нигоҳ кунед. Ҷиноят мекунанд, занро аз ҷомеа ҳазф кардаанд, ҳеҷ авғоне садо баланд накард ва нахоҳад кард, ғайриавғон то садо баланд кунад ба номи боғӣ тирборонаш мекунанд. Афроди мулкии ақвоми дигарро мекашанд, бачаҳои зери синро мекушанд, вале кофиру коммунист ва бедину мулло ва демократу технократи авғон ҳама даври миз ҷамъ шуда, барои бақои авғоният тарҳу барнома мерезанд.
Дар ҷанги нобаробар ҳам вақте асир бигиранд хилофи тамоми қавоиду арзишҳои динӣ ва маданӣ ва байналмилалӣ асирони ҷангиро тирборон мекунанд.
Пружаи баҳракашии Шимол як таҳдиди стратегии ҳамешагӣ ба мардуми бумӣ хоҳад буд. Фурӯши зуғолсанги Балхоб ба Покистон, тилову лоҷуварди Бадахшон ба қочоқбарони байналмилалӣ ва тикаи 4800 километр ҳавзаи нафти Омударё ба Чин, ҳама сармояҳои ғайриавғонҳост, ки авғонҳо онро ғанимат шумурда мефурӯшанд то чаҳор занро такмил кунанд.
Ба асоси омори Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони Милал - шимол, шимолу шарқ ва манотиқи марказии Афғонистон маркази сақили фақри кунунӣ дар кишвар мебошанд. Агар 17 моҳи баргашти иморати толибиро баррасӣ кунем, ҳавзаи зидди толиб ба ғаниматгоҳи режим мубаддал шудааст ва амалан истисмори дохилӣ ҷараён дорад. Шимол ба ҳайси як ҳавзаи инсонӣ аз иқтисоди ғайрирасмии тарёк, ки даромади аслии деҳқонони ҷануб аст, маҳрум нигаҳ дошта шуда - дастрасӣ ба кӯмакҳои башардӯстонаи ғарбӣ ба далели адами ҳамкории толиб, нафси қавмии энҷиоҳо ва адами алоқаи дунёи ғарбӣ бисёр ночиз аст.
Ҳамзамон режими толиб аз мардум молия, закот, ушр, даҳяк, ҷизя, пули хадамот, ҳаққалимтиёз… ҷамъоварӣ мекунад, ки фақрро ниҳодина сохтааст. Аз ҳама муҳиммтар ақвоми дигарро аз баданаи кор ва шуғл ҳазф кардаанд ва идоротро аз ақвоми ғайриавғон поксозӣ мекунанд.
Бо баргашти иморати қавмии толиб, баданаи девонсолорӣ аз вуҷуди ғайрпаштун тасфия шуд. Ҳукумат дар Афғонистон бузургтарин корфармост. Замоне, ки сиёсати расмии ҳукумат ба ҳошия рондани бахше аз ҷомеа бошад, натиҷаи он барҳам задани мувозинаи ҳаддиақалии сосио-экономи ё иқтисоди иҷтимоии маҳаллии ҷомеа мешавад.
Ҳамзамон ҷанги иқтисодии толиб бо зан ҳам бештарин таъсири суъро болои зани шаҳрӣ ва ҳавзаи зидди толиб дорад, ки аз лиҳози таърихӣ, масалан, шуғли омӯзгории як зан - даромади аслии як хонаводаи кобулӣ, бадахшӣ ва бомиёнӣ мебошад. Дар ҳоле ки толиб бахши заҳмати бонувон дар ҳавзаи худро ба киштзори тарёк маҳдуд сохтааст, дар чунин як фазое, ки инсони Шимол аз гуруснагӣ ва қаҳри замистон мемирад – ҳар авғон моҳона маводи ғизоӣ ва пули нақди кофӣ дарёфт мекунад. Аз сӯи дигар, лорӣ-лорӣ (мошини боркаш) зуғолсанг ба Покистон меравад, то махориҷи авғонҳо таъмин шавад.
Шумо ранҷи инсони мардуми Балхоб ва мардуми Карону Мунҷон ва дар кулл ҳавзаи ғайриавғонро бо маишати авғонҳо муқоиса кунед.
Толиб бо зӯри туфанг ва ҷаҳл мураккабаш мардумро таҳдид ба марг намуда ва шароитро тавре рақам задааст, ки ғайриавғон сар баланд накунад. Вале мардум бояд дар баробари манобеъи маҳаллиашон ҳассос шаванд. Ин масъала шӯхӣ нест. Раванди истеъмори дохилӣ аз тариқи ғалаба бояд шикаста шавад. Ин ки як гурӯҳи ҷоҳил ва ваҳшӣ ҷон, мол, иззат, манобеъи табиии ҳавзаи дигарро, ки ҳеҷ навъ тааллуқи эҳсосӣ бо ҳам надоранд, ғанимат бишуморанд, бояд хотима пайдо кунад.
Сиёсати баҳракашии толиб дар тафаккури “миллигароёна”-и таърихии ин қавми забун аст. Инҳо замин, мол, иззати ғайрихудиро ғанимати ҷангӣ дониста ва бор бор онро ба яғмо бурдааст ва ҳол ин равиш бахши пазируфташудаи муносиботи қудрат дар ҷомеа шуда, ки омили ситам ҳеҷ эҳсоси ҳисобдиҳӣ ва шаффофият ба мардуми бумиро намекунад.
Мардуми мо бояд ҳақоиқро бидонанд ва бо чашм мушоҳида кунанд, ки авғонҳо чӣ тавр дору надорашонро ба тороҷ мебаранд. Агар бино ба маслиҳатҳое ин ҳақиқатро нодида бигирем, зулм кардаем. Бояд бо авғонҳо тасфияи ҳисоб шавад. Ҳатто агар лозим шуд кишвар таҷзия шавад, то мардум аз шарри ин қавми ҷоҳил ва муздур роҳат шавад.