Амрико чӣ гуна Аврупоро “меҷӯшад”-у Аврупо тоқат мекунад ва шояд хабар ҳам надорад?
Нависанда: Холид Воҳидӣ, рӯзноманигори муқими Маскав
Иттиҳоди Аврупо тавонист замистони имсолро бидуни гази Русия пушти сар кунад. Пас аз инфиҷор дар хутути лӯлаи Норд Стрим ва эъмоли таҳримҳои зидди Русия, арзаи он ба шиддат коҳиш ёфт. Сокинони шаҳрҳои Аврупо мунтазири замистони сахт буданд. Арзаи гази табиии моеъи варақсанги Амрико барои ҷилавгирӣ аз фоҷиа кӯмак кард. Гази табии моеъ (ГТМ)-и Амрико ҷойгузини ҳидрокарбонҳои Русия шуд, аммо аврупоиҳо барои шодӣ кардан саросема нестанд. Ин ҷойгузини нобаробар буд ва авоқиби онро на танҳо насли феълӣ, балки наслҳои оянда низ таҷриба хоҳанд кард.
Андрей Хунко, намояндаи парлумони Олмон гуфт: “Акнун мо миқдори зиёде ГТМ аз Иёлоти Муттаҳида ворид мекунем, ки аз назари экологӣ бисёр гаронтар ва бадтар аз гази Русия аст. Бо ин ҳол, имрӯз Олмон ин фурсатро надорад, ки интихоб кунад кадом газ беҳтару арзонтар аст ва ба муҳити зист созгор аст”.
Ин дидгоҳро бисёрие аз сиёсатмадорони аврупоӣ низ доранд ва дар шаҳрҳои Иттиҳоди Аврупо ба далели афзоиши қимати энержӣ эътирозот фурӯкаш намекунад. Масрафкунандагони аврупоӣ ба гази арзон ва тамизи Русия одат кардаанд, аммо акнун маҷбур ҳастанд ду баробар қимати ГТМ-и "касиф" – и амрикоиро бипардозанд.
Гази табиии варақсанг (слянсевий газ) ба равиши ваҳшиёна истихроҷ мегардад – барои ба даст овардани он ҷинсҳои кӯҳӣ ба таври ҳидравликӣ инфиҷор дода мешаванд. Дар натиҷа обҳои зерзаминӣ олуда мешаванд, маводи заҳрӣ, ташаъшуъот (радиатсионӣ) ва ҷаҳишзо (мутагенӣ) ба боло меоянд. Метан ба атмосфера мебарояд, ки боиси эҷоди асари гулхонаӣ мешавад. Асари ташаъшуъи метан 28 баробар бештар аз асари гулхонаии CO2 аст. Дар ниҳоят, авоқиби он гиребонгири ҳама сокинони замин хоҳад шуд, зеро ҳамаи мо зери як осмон зиндагӣ ва ҳавои яксонеро нафас мекашем.
Вазъият дар раванди тадорукот (логистика) бадтар мешавад. ГТМ аз Иёлоти Муттаҳида тавассути танкерҳо ҳамл мешавад, роҳ аз тариқи Уқёнуси Атлантик то масрафкунандаи ниҳоӣ бисёр душвор аст. Дар ҳини боргирӣ ва ҳамлу нақл, ҳар чаҳорум тони гази моеъи варақсанг бухор мешавад ва асари гулхонаиро афзоиш медиҳад.
Аврупо гази табиии Русияро аз тариқи системҳои хатти лӯла дарёфт мекард. Дар роҳ онро аз нохолсиҳои механикӣ, сулфур, рутубат ва дигар маводи зиёдатӣ пок мекарданд. Масрафкунандаи аврупоӣ маҳсуле бо кайфияти болоро дарёфт мекард, ки барои саломатӣ безарар буд.
Интиқоли газ аз тариқи лӯлаҳо бисёр арзонтар аз ҳамлу нақл бо танкерҳо аз тариқи уқёнус аст. Тавлиди ГТМ низ арзон нест. Акнун ҳамаи ҳазинаҳо аз ҷайби аврупоиҳо пардохт мешавад.
Аксар кишварҳои рушдёфта тавлиди гази табиии варақсангро канор гузоштаанд. Ба гунаи мисол, ба далели зарари зистмуҳитӣ, тавлиди гази варақсанг дар Фаронса ва Булғория мамнуъ аст. Истихроҷи он дар Олмон, Нидерланд ва ҳатто теъдоде аз аёлатҳои Иёлоти Муттаҳида мамнуъ ё ба ҳолати таълиқ даромадааст.
Аз ин хотир, Иёлоти Муттаҳида таъминкунандаи аслии ГТМ боқӣ монд. Амрико 95 дарсад аз тавлиди ГТМ-ро ба худ ихтисос додааст. Вашингтон ба бозори бузурги масрафи Аврупо ниёз дорад, аз ин хотир, омода аст то ГТМ-ро ба ҳар василае сари аврупоиҳо бор кунад. Фишори таҳримҳо бар руқабо, диверсия дар хутути лӯлаи газ ва ривоҷи, ба истилоҳ, интиқоли энержии "сабз" ба кор бурда мешавад.
Ба ҳамин минвол, аврупоиҳо асир ё гаравгони ширкатҳои гази амрикоӣ шудаанд, аммо чорае ҷуз ин надоранд - ё қиматҳои ду баробар бояд бипардозанд ё бояд хунук хӯранд.