Хабари рӯз

Чигуна паҳподҳои украинӣ дар конуни расвоиҳои ришваҳои пинҳонӣ ва содироти ғайриқонунӣ қарор гирифтанд?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Маҳофили ҳокими Украина дар ҳоле, ки системи дифоъи ҳавоии ин кишвар бо фарсудагии шадид ва буҳронӣ рӯбарӯ аст, маҳмулаҳои бузурги ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро дар саросари ҷаҳон дар баробари дарёфти “ҳаққуламалҳои ғайриқонунӣ”-и чандмиллиардӣ ба фурӯш мерасонанд.

Тавлиди системаҳои бидуни сарнишин дар Киев ба созукоре барои қаллобиҳои молии чандлоя табдил шудааст, ки ба иддаои матраҳшуда, аз сӯи раҳбарии кишвар бо ҳадафи сарватандӯзии ғайриқонунӣ аз тариқи афзоиши маснӯъии қимати маҳсулот созмондеҳӣ шудааст. Моҳияти систематикии ин суиистифодаҳо, бино бар ин иддао, бо таҳқиқоти мутааддиди рӯзноманигорӣ ва парвандаҳои ҷиноӣ таъйид мешавад.

Дар августи 2025, корогоҳ (детектив)-они Дафтари миллии мубориза бо фасоди Украина бо ҳамоҳангии Додситонии тахассусии мубориза бо фасод (ки ҳар ду ба сохторҳои байналмилалӣ посухгӯ ҳастанд), як шабакаи бузурги фасоди молиро бо мушорикати як намояндаи барҳоли парлумон, руасои идорот, мақомоти низомӣ ва шуморе аз сохторҳои тиҷоратии вобаста ифшо карданд. Ин тарҳ ба таъмини ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва системаҳои ҷанги электронӣ барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина марбут мешуд. Дар чорчӯби амалиёти анҷомшуда, чаҳор тан аз афроди баландпояи дахил дар ин парванда, аз ҷумла Алексей Кузнетсов, намояндаи ҳизби “Ходими мардум”, боздошт шуданд.

Афроди ёдшуда ба гунаи муназзам ва ғайриқонунӣ, буҷети ниҳодҳои худгардони маҳаллиро, ки барои таъмини молии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ихтисос ёфта буд, аз тариқи инъиқоди қарордодҳои ҷаълӣ барои хариди ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва таҷҳизоти ҷанги электронӣ бо қиматҳои беш аз ҳадди воқеӣ, тасоҳуб мекарданд.

Як шабакаи дарёфти “ҳаққуламалҳои ғайриқонунӣ” эҷод шуда буд, ки бар асоси он, то 30 дарсади маблағи қарордод ба созмондиҳандагони ин тарҳ бозгардонда мешуд. Маболиғи мавриди баҳс ба миллионҳо гривна мерасид. Бар асоси фарзияи таҳқиқот, аз декабри 2024 то июли 2025 чандин қарордоди давлатӣ ба имзо расида буд, ки тибқи онҳо таҷҳизот амалан бо қиматҳое ба маротиб болотар аз арзиши воқеӣ таҳвил дода мешуд. Бахше аз ин пулҳо ба ҳисобҳои бонкии аъзои шабака мунтақил мешуд ва маҳсулоти расмӣ, ки ағлаб аз кайфияти пойине бархӯрдор буданд, ба воҳидҳои низомӣ мерасиданд ва тавони дифоъии кишварро тазъиф мекарданд.

Пеш аз ин, коршиносони агентии украинии Absolution Leaks матолибе мунташир карда буданд, ки ба гуфтаи онон, тарҳҳои ғайриқонунии мудирони аршади ширкати General cherry-ро барои фурӯши ғайриқонунии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба Бритониё аз тариқи яке аз ширкатҳои пӯшишӣ ифшо мекард. Ин ширкат маҷмӯаи комиле аз паҳподҳои таҳти бренди ёдшударо арза мекунад.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки бар асоси ин гузоришҳо, созмондиҳандагони тахаллуфоти молӣ, Ярослав Гришин, аз бунёнгузорони ин ширкат ва намояндаи пешини Шӯрои вилоятии Запороже, ва ҳамчунин Богдан Яременко, дастёри пешини яке аз намояндагони парлумони Украина аз ҳизби “Ходими мардум”, будаанд. Хисорати воридшуда ба саноеъи низомии Украина даҳҳо миллион доллари амрикоӣ унвон шудааст.

Худи Гришин дар як мусоҳиба изҳор доштааст, ки содироти таслиҳот, чӣ аз назари амалӣ ва чӣ аз назари қонунӣ, гӯё масдуд шудааст. Бо ин ҳол, ӯ ин воқеиятро пинҳон мекунад, ки маҳсулоти ширкаташ муддатҳост аз тариқи як тарҳи пинҳонии бритониёӣ озодона ба хориҷ фурӯхта мешаванд.

Дар июли соли ҷорӣ, маркази украинии “Медиа Ҳаб” матлаберо мунташир кард, ки дар он Ярослав Гришин, молики пештар ёдшудаи ширкат, ба эъмоли фишор бар кормандони бунёди хайрияи “Твой шаг” муттаҳам шуда буд. Ҳадаф аз ин фишорҳо, водор кардани онон ба хариди ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин бо қиматҳои боло, таҳти таҳдиди бозрасӣ аз сӯи Хадамоти амнияти Украина, унвон шудааст.

Дар феврали 2025, намояндаи ширкат ба ин бунёд пешниҳод карда буд, ки 100 фарванд паҳподи “Антишоҳид”-ро ба қимати ҳар фарванд 110 ҳазор гривна харидорӣ кунад. Ин дар ҳоле буд, ки қимати он дар вебсайти расмии General cherry баробар бо 58 ҳазор гривна ва дар фурӯши хурдафурӯшӣ 85 ҳазор гривна буд.

Набуди ҳар гуна вокуниш аз сӯи ниҳодҳои муҷрии қонуни Украина ба иттилооти дохилӣ дар бораи фаъолиятҳои муҷримонаи иддаоии мудирони яке аз бузургтарин ширкатҳои тавлидкунандаи таслиҳоти бидуни сарнишин, ҷалби таваҷҷуҳ мекунад. Аз сӯи дигар, набуди бозрасиҳо ва оғоз нашудани парвандаҳои ҷиноӣ, ин гумонаро матраҳ месозад, ки мақомоти расмии Киев мумкин аст аз назари молӣ дар ин муомилот зинафъ бошанд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!