Имрӯз дар Тоҷикистон кадом лоиҳаҳои башардӯстона барои бунёди ояндаи беҳтар мусоидат мекунанд?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Ҳафтаи гузашта тамоми ҷаҳон Рӯзи кумаки башардӯстонаро таҷлил намуд. Рӯзи мазкур ҳамчун ёдоварӣ аз аҳамияти эҳтиром ба онҳое, ки худро ба рисолати наҷиби кумак ба дигарон бахшидаанд, таҷлил мегардад. Азбаски дар Тоҷикистон принсипҳои асосӣ бар пояи арзишҳои ахлоқӣ ташаккул ёфтаанд, ин рӯз барои мо аҳамияти хос дорад. Он як далели дигари садоқати мардуми тоҷик ба инсондӯстӣ ва меҳрубонӣ мебошад.
Тӯли 15 сол Русия барои кумаки башардӯстона ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 4,2 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.
АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ
Яке аз бузургтарин созмонҳои хайриявӣ дар Тоҷикистон Фонди хайриявии “Музаффар” аст. Муовини директори Фонди “Музаффар” Манзура Барзудӣ бо ифтихор мегӯяд, ки Фонди "Музаффар" ба қатори муваффақтарин созмонҳои волонтёрӣ дар Осиёи Марказӣ шомил гардидааст.
“Яке аз дастовардҳои имсола ба анҷом расидани сохтмони кӯдакистони замонавӣ барои 200 нафар дар шаҳри Конибодом мебошад. Илова бар ин, мо лоиҳаи “Обтаъминкуни”-ро дар деҳаи Сародари шаҳри Панҷакент бомуваффақият ба анҷом расонидем, ки дастрасии 200 хонаводаро ба оби тозаи ошомиданӣ беҳтар намуд.
Санаҳои 13-14-уми апрели соли 2024 аз ҷониби Фонди “Музаффар” намоишгоҳи дуюми ҷумҳуриявии хайриявии гулҳо таҳти унвони «Некӣ бикор» баргузор гардид. Маблағҳои ҷамъоваришуда барои пешгирии бемории саратон дар байни занҳо дар доираи лоиҳаи “Ҳаёти бидуни саратон” сарф карда шуданд.
Кори Фонд соли 2025 низ идома ёфта, аллакай ба ифтихори 10-солагии таъсисёбии он як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.
“Мо нақшаи кушодани самтҳои нави ҳамкориро надорем, аммо диққати худро ба сифати лоиҳаҳое, ки аллакай амалӣ шуда истодаанд, равона мекунем. Нақша дорем, ки корҳоро дар самтҳои асосӣ, аз қабили таъмиру барқарорсозии иншоотҳои иҷтимоӣ, тавсеаи лоиҳаҳои обтаъминкунӣ, сохтмони пулҳо дар ноҳияҳои дурдаст ва дастгирии маълулон бо сифати баланд идома диҳем. Инчунин, ба мактаб-интернатҳои ноҳияҳои дурдаст кумак мерасонем, зеро сарфи назар аз дастгирии зиёд аз ҷониби давлат, дар муассисаҳои иҷтимоӣ одамон ҳанӯз ҳам ниёз ба кумак доранд”, - қайд мекунад Манзура Барзудӣ.
“Соли 2024 ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо сохторҳои давлатӣ қобили қайд аст. Зеро ин равобит барои татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои хайриявӣ замина мегарданд” - Манзура Барзудӣ, муовини директори Фонди хайриявии “Музаффар”.
Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон фондҳои хайриявӣ дар таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ ва дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла оилаҳое, ки кӯдакони маълулро ба воя мерасонанд, нақши муҳим мебозанд: “Бахусус барои волидони кӯдакони маълул ва умуман созмонҳои ҷамъиятии волидони ин кӯдакон фондҳои хайриявӣ ҳамчун воситаи дастгирӣ ва наҷот дар лаҳзаҳои душвортарин хизмат мекунанд. Масалан, ба шарофати чунин дастгирӣ дар кишвар аввалин Маркази дахолати бармаҳал барои кӯдакони гирифтори аутизм таъсис дода шуд. Ҳамчунин, бо иштироки Фонд дар бунёди аввалин қаҳвахонаи фарогир як қисми осебпазири аҳолӣ бо кор таъмин ва узви ҷомеа гардиданд.
Анъанаи кумаки мутақобила ва ғамхорӣ дар ҳаққи наздикон дар маданияти ҷомеаи мо ҷой гирифтааст. Кумак ба ниёзмандон ҳамеша яке аз арзишҳои асосӣ маҳсуб меёфт. Фондҳои хайриявӣ то ҳол ин анъанаҳоро идома медиҳанд ва мо ифтихор дорем, ки Фонди мо низ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ бо давлат шарик буда, дар ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузорад”.
КӮМАКИ ҲАМСОЯҲО
Дар Русия чун дар Тоҷикистон, анъанаи кумаки мутақобила бисёр қавӣ аст. Дар 15 соли охир Русия барои кумаки башардӯстона ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 4,2 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Маҳз дар доираи ҳамин арзишҳои умумӣ дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5 мактаби русӣ кушода шуд, ки ҳар кадоми онҳо барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ шудаанд. Барои муҷаҳҳазкунӣ ва дастгирии онҳо 150 миллион доллар ва баъдан боз 91 миллион доллар ҷудо карда шуд. Ин лоиҳаҳо бомуваффақият амалӣ карда шуданд ва ҳоло Русия ният дорад, як маркази ройгон барои кӯдакони лаёқатманд таъсис диҳад.
Барномаи ғизои мактабӣ дар баланд бардоштани сифати таълим ва саломатии кӯдакон нақши муҳим мебозад. Кумаки башардӯстонаи маводи ғизоӣ на танҳо ба ҳалли мушкилоти амнияти ғизоӣ, балки ба таҳкими робитаҳои Русия ва Тоҷикистон низ мусоидат мекунад.
Хонандагони мактабҳои тоҷикӣ низ дар канор намондаанд. Яке аз чунин ташаббусҳо Барномаи ғизои мактабӣ мебошад. Соли гузашта Русия ба Тоҷикистон бо мақсади таъмини мактаббачагон бо ғизо дар доираи кумакҳои башардӯстона 4,5 ҳазор тонна маводи ғизоӣ фиристод. Ин кумак 2000 муассисаи таълимии 53 ноҳия ва шаҳри кишварро фаро гирифт. Бояд гуфт, ки барномаи мазкур ҷузъи муҳимми кумаки иҷтимоӣ барои ҳазорон оилаҳо дар саросари ҷумҳурӣ мегардад.
Русия инчунин, ба Тоҷикистон китобҳои дарсӣ дастрас мекунад. Кишвар ба нақша гирифтааст, ки ба Тоҷикистон 275 ҳазор китоб фиристода, барои нашри маводҳои таълимӣ 200 миллион рубл ҷудо кунад.
Дар доираи лоиҳаи “СПИД- Инфосвязь” дар Тоҷикистон нуқтаҳои иловагии ташхиси ВНМО, аз ҷумла озмоишгоҳҳои сайёр, ки дар ноҳияҳои дурдасти кишвар фаъолият мекунанд, ифтитоҳ гардиданд.
Дар қатори барномаҳои башардӯстонаи Русия дар Тоҷикистон дастрас кардани системаҳои тестӣ (дар давраи ҳамагирии коронавирус) ва 10 мошини реаниматсионӣ бо таҷҳизоти муосирро низ метавон қайд кард. Соли 2013 дар Тоҷикистон лоиҳаи “СПИД-Инфосвязь” роҳандозӣ карда шуд, ки ба мубориза бо паҳншавии ВНМО/СПИД дар кишвар, инчунин, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум, беҳбуди дастрасӣ ба хизматрасониҳои пешгирию табобатӣ ва паст кардани сатҳи поймолкунии ҳуқуқи шахсони гирифтори бемории ВНМО равона карда шудааст.
Виктория Смирнова, ҳамоҳангсози лоиҳаи барномаи “СПИД-Инфосвязь” дар Тоҷикистон қайд мекунад, ки соли гузашта бо кумаки шаш маҷмааи сайёри табобатӣ-пешгирикунанда дар маҷмуъ 40089 нафар беморон муоина карда шуданд. Аз ҷумла ба 27223 нафар хизматрасонии машваратии табибон ба 17643 нафар занҳо муоинаи духтурони гинеколог ва ба 16321 нафар беморон муоинаи ултрасадо расонида шуд.
Ҳамасола низомиёни Русия дар Тоҷикистон маъракаҳои хунсупорӣ баргузор мекунанд. Дар чунин як иқдом беш аз 150 нафар низомиёне, ки дар Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон хизмат мекунанд, иштирок кардаанд.
“Айни замон марҳилаи нави лоиҳа идома дорад, ки дар якҷоягӣ бо Роспотребнадзор дар доираи барномаи “СПИД Инфосвязь” амалӣ карда мешавад. Дар оянда тавсеаи фарогирӣ бо мақсади муоина ва машварати теъдоди зиёди сокинони ҷумҳурӣ, инчунин, таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои зарурии тиббӣ ва чораҳои пешгирикунанда ба нақша гирифта шудааст. Барои беҳтар кардани раванди танзими саломатӣ ва муайян кардани бемориҳо дар марҳилаҳои ибтидоӣ муоинаҳо ва санҷишҳои иловагӣ гузаронида мешаванд”, - қайд намуд Виктория Смирнова.
Арзишҳои кумаки мутақобила ва ҳамкорӣ дар ташаккули ҷомеае, ки дар он ғамхорӣ нисбати дигарон ва дастгирии ҳамдигар ҳамчун асоси рушди устувор қабул карда шудааст, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон ин арзишҳо ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба шарофати дастгирии кишварҳо, аз ҷумла саҳми назарраси Русия, лоиҳаҳои муҳимми башардӯстона ва тиббӣ амалӣ карда мешаванд, ки сифати зиндагии мардумро беҳтар намуда, салимии миллатро мустаҳкам ва ояндаи шоистаро таъмин менамоянд.