Хабари рӯз

Оё Тоҷикистон тавони ба як маркази тиҷоратию нақлиётии байналмилалӣ табдил ёфтанро дорад?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Остона аз шарикон ва нозирони созмони мазкур даъват ба амал овард, ки ба созишнома оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳамроҳ шаванд. Вай ҳамчунин, таъкид намуд, ки Тоҷикистон саъй дорад, то тавассути тавсеаи долонҳои байналмилалии нақлиётӣ аз шарқ ба ғарб ва аз шимол ба ҷануб ба як минтақаи мувофиқи транзитӣ табдил ёбад. Оё метавон гуфт, ки рушди соҳаи транзит яке аз самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон аст? Дар ин бора бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов суҳбат кардем.

Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи созишномаи СҲШ шартҳои ҳамлу нақли борро сода карданд: акнун барои ҳамлу нақлкунандагони тоҷик муҳлати будубош дар терминали гумрукии Туркманбошӣ ба ҷои 5 рӯзи қаблӣ то 60 рӯз тамдид шудааст.

 

ДАР ДОИРАИ СҲШ

Созишнома оид ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри ҳамлу нақли байналмилалӣ байни кишварҳои узви СҲШ  соли 2014 бо мақсади рафъи монеаҳо дар роҳи ҳамлу нақл, инчунин, сода кардани қоидаву расмиёт таҳия шуда буд, ки моҳи сентябри соли 2014 дар нишасти сарони СҲШ дар Душанбе ба имзо расида буд.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Пешниҳоди пайвастани аъзои нави СҲШ ва шарикони он ба ин созишнома бешубҳа ба он нигаронида шудааст, ки тамоми кишварҳои ин созмон ба қоидаи ягона риоя кунанд. Мутобиқи ин созишнома ҳамлу нақли кишварҳои узви СҲШ дар асоси мутақобила аз пардохти боҷи соҳибӣ ё истифодаи воситаҳои нақлиёт, инчунин, нигоҳубини роҳҳо дар кишвари дигар озод карда мешаванд. Ин амалан  хароҷотҳоро коҳиш дода, барои ҳамлу нақлкунандагони кишварҳои СҲШ дастрасии озодтарро ба бозори ин кишварҳо таъмин месозад ва фаъолияти онҳоро осон мекунад.

Бо зиёд шудани аъзои СҲШ (Ҳиндустон, Покистон, Эрон) доираи фарогирии он низ васеъ гардидааст. Аз ин рӯ, зарурати тасвиби созишнома аз ҷониби ин давлатҳо низ ба миён омадааст, зеро ин ба онҳо имкон медиҳад, ки бо шартҳои баробар дар қаламрави 10 кишвари аъзои Созмон амал кунанд.

Ин гуна созишномаҳо ба ҳамлкунандагони тоҷик барои дар қаламрави Ҳиндустон, Покистон ва Эрон бо харҷи камтарин амал кардан ва осон кардани интиқоли  борҳо имконият фароҳам меорад. Соҳибкорони мо имрӯз бо тавсеа додани имкониятҳои худ, инчунин, зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли бор ба бозорҳои барои онҳо ошно ва дерина, аз ҷумла бозорҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон машғуланд. Ҳамзамон қисман бо Афғонистон ва Покистон ҳамкорӣ мекунем, аммо албатта, барои дастрасӣ ёфтан ба бозорҳои калонтар бояд имконият ва иқтидори корхонаҳои наклиётиро такмил диҳем. Ташаббуси Тоҷикистон пеш аз ҳама барои ба низом даровардани заминаи ҳуқуқӣ дар доираи СҲШ бо мақсади фароҳам овардани имконият барои инкишоф  ва ба бозорҳои кишварҳои СҲШ дастрасӣ пайдо кардани ширкатҳои мо равона карда шудааст”.

 

БИСЁР КОРҲО АНҶОМ ДОДА ШУДАНД

Вобаста ба суханони Президенти Тоҷикистон дар бораи кӯшишҳои табдил додани ҷумҳурӣ ба як маркази транзитӣ суоле ба миён меояд, ки кишвари мо то куҷо дар ин самт пеш меравад ва чӣ ба ин  мусоидат мекунад?

Ба андешаи коршинос Фаридун Усмонов, рушди соҳаи транзит дар баробари амнияти энергетикӣ вазифаи авлавиятноки роҳбарияти кишвари мо ба ҳисоб рафта, ба ин соҳа тайи 30 соли охир дар Тоҷикистон ҷиҳати таъмини истиқлолияти нақлиётӣ корҳои зиёде анҷом дода шудааст: “Роҳҳо дар инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон нақши махсус мебозанд. Бояд ба назар гирифт, ки зиёда аз 93 фоизи қаламрави кишвари моро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки ин алоқаи наклиётии байни ноҳияҳоро душвор мегардонад. Ҳамин тариқ, то солҳои навадум ҳаракати нақлиёти автомобилӣ аз маркази Тоҷикистон ба қисмати шимолӣ дар фасли зимистон ба далели баста шудани ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон ва набуди роҳи дигар дар қаламрави ҷумҳурӣ пурра қатъ мешуд. Айнан ҳамин тавр, ба ВМКБ ҳамлу нақли бор аз шаҳри Душанбе танҳо дар фасли тобистон сурат мегирифт, дар фасли зимистон  бошад аз шаҳри Уши Қирғизистон бор оварда мешуд, зеро роҳи Душанбе-Хоруғ давоми  6-7 моҳ баста мегардид.

Тақрибан 95% ҳамлу нақли бор дар Тоҷикистон тавассути роҳҳои автомобилгард сурат мегирад.

То соли 2010 тақрибан 80 дарсади роҳҳои Тоҷикистон дар ҳолати фарсудагӣ қарор доштанд, аммо ба шарофати кӯшишу талошҳои роҳбарияти Тоҷикистон дар 20 соли охир қисми зиёди роҳҳо тармим ва нақбҳои нав сохта шудаанд, ки тавассути онҳо тамоми сол алоқаи нақлиётӣ байни тамоми минтақаҳои кишварамон таъмин карда мешавад.

Ҳамзамон рушди фаъоли роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва пайвастшавии Тоҷикистон ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ оғоз ёфт, ки он ба баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли тиҷоратӣ ва транзитӣ мусоидат намуда, амнияти иқтисодии давлати моро таъмин месозад. Тоҷикистон дар шабакаи роҳҳои мошингарди осиёӣ ҷойгир буда, бо 4 кишвар – Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Чин ҳамсарҳад аст. Қад-қади марзи Тоҷикистон 24 гузаргоҳи марзӣ мавҷуд буда, аз он 17-тоаш дар марз бо Ӯзбекистон, 5-тоаш дар марз бо Қирғизистон, 4-тоаш дар марз бо Афғонистон ва 1-то дар марз бо Чин воқеъ аст. Солҳои охир Тоҷикистон ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, баланд бардоштани сифати роҳҳо бо мақсади таъмини алоқаи нақлиётӣ байни кишварҳои ИДМ ва шимоли Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, инчунин, бо кишварҳои Халиҷи Форс, Хитой ва мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ тамаркуз мекунад. Ҳамлу нақли байналмилалии молҳо асосан аз 11 гузаргоҳ гузашта,  дар онҷо тафтиш ва ба қайд гирифта мешаванд. Дар айни замон дар интиқоли мол нақлиётҳои кишварҳои ҳамсоя бартарӣ дорад.

Аз ин рӯ, натиҷаи кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба назар мерасанд. Масалан, дар раддабандии ахири Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ оид ба сифати роҳҳо Тоҷикистон дар байни 141 кишвари ҷаҳон мақоми 50-умро ишғол намуд ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтарин дониста шуда, аз кишварҳои ҳамсоя хеле пеш гузашт: масалан, Қазоқистон дар ин раддабандӣ дар ҷои 93-юм, Қирғизистон дар ҷои 113-ум қарор доранд. Дар ин самт дар Тоҷикистон корҳои зиёд анҷом дода шуд: зиёда аз 2400 километр роҳ ва 274 пул барқарор ва таъмир карда шуда, 7 нақби нави нақлиётӣ сохта шуд. Дар маҷмуъ, дар тӯли 32 сол дар Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт 58 лоиҳа ба маблағи қариб 2,2 миллиард доллар амалӣ карда шудааст.

Дар давоми 2 сол дар Тоҷикистон беш аз 300 километр роҳҳои нави мошингарди байналмилалӣ бунёд карда мешавад.

Дар мавриди манбаи маблағгузории лоиҳаҳо дар самти роҳҳои мошингард бояд гуфт, ки дар бунёди сохтори роҳ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Бонки Осиёии Рушд саҳми калон дорад (ҳаҷми умумии кумак беш аз 766 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он зиёда аз 611 миллион доллар  ба намуди грант пешниҳод шудааст), қарзҳо ва грантҳои Чин қариб 570 миллион долларро ташкил дод, маблағи умумии кумаки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд  228 миллион долларро ташкил дод. Ҷопон дар ин масъала бо грантҳо ба маблағи 179 миллион доллар, Фонди ATEК бо қарзҳо ба маблағи 106 миллион доллар, Бонки исломии рушд ба маблағи 86 миллион доллар, Бонки ҷаҳонӣ тақрибан 66 миллион доллар, Фонди қувайтии рушд 60 миллион доллар, Фонди рушди Саудӣ бо қарзҳо ба маблағи 56 миллион доллар кумак кардааст. Илова бар ин, Эрон ҳудуди 44 миллион доллар, Амрико 30 миллион доллар, Фаронса 26 миллион доллар ва Покистон бо грантҳо ба малағи 5 миллион доллар кумак кардаанд. Яъне агар ба ҷуғрофиёи кишварҳои ёрирасон назар андозем, маълум мешавад, ки ҷонибҳои асосии манфиатдор дар ташаккули инфрасохтори хуби роҳ дар Тоҷикистон кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна мебошанд. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон шабакаи роҳҳои мошингарди осиёӣ фаъолона рушд мекунад: аз ҳудуди ҷумҳурӣ 2 масир мегузарад, ки барои муттаҳид кардани бозорҳои Осиё бо кишварҳои қитъаи Аврупо, аз ҷумла барои интиқоли молҳо ба Федератсияи Русия имконият фароҳам меоварад”.

 

РОҲҲОИ ОҲАН

Бояд гуфт, ки барои Тоҷикистон тараққӣ додани нақлиёти роҳи оҳан низ хеле муҳим аст - қариб 70 фоизи тамоми борҳои ба кишвар воридшаванда ба воситаи роҳи оҳан интиқол дода мешаванд. Ин нуктаро вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим низ зимни суханронӣ дар доираи форуми имсола дар шаҳри Қазон баён дошт. Ӯ ба шарикон оид ба рушд пешниҳод намуд, ки имкони сармоягузорӣ дар ин самтро баррасӣ кунанд. Имрӯз инфрасохтори роҳи оҳан дар Тоҷикистон суст инкишоф ёфтааст: дарозии умумии роҳҳо аз 1000 километр зиёд нест, ғайр аз ин онҳо электриконида нашудаанд ва хизматрасонӣ танҳо бо тепловозҳо анҷом дода мешавад.

Тоҷикистон дар оянда амалисозии 10 лоиҳаро дар самти рушди роҳи оҳан бо сармоягузории умумии 7,5 миллиард доллар ба нақша гирифтааст.

“Роҳи оҳани Тоҷикистон имрӯз аз 3 хати ба ҳам пайвастнашуда иборат аст: марказӣ, шимолӣ ва ҷанубӣ, ки тавассути Ӯзбекистон пайваст шудаанд, яъне онҳо то ҳол алоқаи дохилӣ  надоранд. Бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофиёии Тоҷикистон ин алоқаро таъмин кардан душвор аст. Дар ин масъала метавон дар бораи ҳамкории Тоҷикистону Русия ёдовар шуд. Роҳи оҳани Русия метавонад ба Тоҷикистон дар ин масъала кумак расонад, яъне роҳи оҳани барои Тоҷикистон заруриро то сарҳади Афғонистон расонида, алоқаи байни қитъаҳои марказӣ ва ҷанубиро таъмин намояд, ки ин барои расидан то минтақаҳои саноатӣ имконият медиҳад. Шояд дар оянда лоиҳаҳо дар ин самт амалӣ карда шаванд, ки он ҳам ба нафъи Тоҷикистон ва ҳам Русия хоҳад буд”, - мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов.

Дар баробари ин, имрӯз Тоҷикистон барои иштирок дар лоиҳаи Роҳҳои оҳани Русия ва Маркази содиротии Русия “Агроэкспресс” омодагӣ мегирад – ин хадамот барои ҳамлу нақли молҳои кишоварзӣ байни кишварҳои ИДМ, Чин ва Туркия таъсис дода шуда, метавонад муҳлати таҳвилро ба таври назаррас кам кунад, ки  барои маҳсулоти тезвайроншавандаи кишоварзӣ аҳамияти калон дорад.

Ҳамкорӣ бо Русия дар соҳаи нақлиёт ҳамчунин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба занҷирҳои байналмилалии нақлиётию логистикӣ пайваст шуда, ба ин васила ба ҳадафи худ - табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ наздиктар шавад. Дар ин самт ҳамгироии васеи минтақавӣ низ аҳамият дорад. Масалан, узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои тавсеа додани имкониятҳои Тоҷикистон дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ мусоидат мекунад. Тоҷикистон инкишоф додани чанд долонҳои афзалиятноки тиҷоратию транзитиро ба нақша гирифтааст ва аллакай ҳаҷми сармоягузории заруриро – ҳудуди 100 миллион доллар муайян кардааст. Дар баробари ин, истифодаи ин долонҳо имкон медиҳад, ки кишвар аз транзити молҳо даромад ба даст оварад.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Солҳои охир содироти молҳо аз Русия ба Афғонистон ва Покистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, ки ин имкониятҳои транзитии Тоҷикистонро низ дар бар мегирад. Ҷуғрофиёи Тоҷикистон имкон медиҳад, ки молҳои Русия ва Қазоқистон ба ин бозорҳо ворид карда шаванд. Аз ин рӯ, бунёди долонҳои нақлиётӣ хеле муҳим аст ва мо аллакай натиҷаи чунин ҳамкориҳоро дар амал мушоҳида карда истодаем. Аз нигоҳи рушди минбаъда барои Тоҷикистон бунёди терминалҳои логистикӣ барои боло бурдани имкониятҳои кишвар дар соҳаи логистика ва ҳамлу нақл муҳим мебошад”.

Рушди инфрасохтори нақлиётӣ ҳамкории байналмилалиро дар назар дорад. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон аз имкониятҳои шарикон истифода бурдан дар ин самт бисёр муҳим аст. Дар баробари ин, Тоҷикистон аз лиҳози имкониятҳои транзитӣ барои соҳибкорони рус ҳамчун шарики судманд баромад мекунад, ки ин ҳама аз дурнамои хуби чунин ҳамкорӣ шаҳодат медиҳад.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!