Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия имрӯз дар кадом самтҳо рушд мекунанд?
Нависанда: Матлубаи ҚОДИРЗОД, таҳлилгар
Тоҷикистон дар пайи рушд додани иқтисодиёти худ ва ҷалби сармояҳои байналмилалӣ чораҳо меандешад. Дар кишвар фазои тиҷоратӣ беҳтар мешавад, ки ин барои кушодани корхонаҳои нав шароити мусоид фароҳам меорад. Ҷумҳурии мо ба як бозингари муҳим дар бозори Осиёи Марказӣ табдил ёфта, робитаҳои шариконаи худ бо Русияро дар соҳаи савдо ва саноат ба сатҳи сифатан нав мебарорад.
Дастгирии Русия дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун як ҷузъи муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба мебошад, ки ба таҳкими равобити иқтисодӣ ва энергетикии ду кишвар равона карда шудааст. Ба шарофати кӯшишҳои муштарак сохтмони як иншооти муҳимми стратегӣ ба анҷом расонида шуда, он ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври дарозмуддат муфид хоҳад буд.
АФЗОИШИ МУОМИЛОТИ МОЛ
Солҳои охир Тоҷикистон ба як маркази муфиди тиҷоратӣ барои Русия, ки шарики асосии стратегии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, табдил ёфтааст. Тавассути инфрасохтор ва логистикаи мо, соҳибкорони рус дар шароити сиёсати таҳримотии Ғарб барои худ бозорҳои нав пайдо мекунанд, франшизаҳо ва истеҳсолотро ба роҳ мемонанд ва инчунин, ба кишварҳои дигар бор интиқол медиҳанд.
Муомилоти мол байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол меафзояд. Тибқи маълумотҳои охир, аз моҳи январ то апрели соли ҷорӣ ҳаҷми он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,2 фоиз афзуда, ба 636,8 миллион доллар расидааст. Қисмати бештари он, аниқтараш 600,7 миллион доллари амрикоӣ ба воридоти мол аз Русия рост меояд. Ба Тоҷикистон асосан нафту маҳсулоти нафтӣ, газ, метал, таҷҳизоту техника, инчунин, маҳсулоти ғизоӣ ворид карда мешавад. Ҷумҳурии мо маҳсулоти нассоҷӣ, меваю сабзавот, алюминий содир мекунад.
Соҳибкорони Русия дар тиҷорат бо Тоҷикистон якчанд афзалиятҳоро мебинанд, бахусус инфрасохтор, тарофаҳои муфиди ҳамлу нақл ва мавқеъи ҷуғрофӣ. Ҷумҳурии мо дар чорроҳаи роҳҳои тиҷоратӣ воқеъ аст, ки ин барои ба кишварҳои ҳамсоя интиқол додани мол имконият фароҳам меоварад.
Дар Тоҷикистон то соли 2026 сохтмони беш аз 1000 километр роҳ, 53 пул ва 7 нақб ба нақша гирифта шудааст. Асари онҳо барои ҳамлу нақли байналхалқӣ истифода хоҳанд шуд.
Бо назардошти тамоюлҳои имрӯза афзоиши минбаъдаи гардиши мол байни Тоҷикистону Русия дар назар аст. Дар соли 2023 ҳаҷми умумии муомилоти тиҷоратии байни ду кишвар 1,8 миллиард долларро ташкил дод. Ин нишондиҳандаҳо аз аҳамияти робитаҳои тиҷоратии кишварҳои мо шаҳодат медиҳанд.
САРМОЯГУЗОРИҲОИ РУСИЯ
Ба ғайр аз тиҷорати мустақим, имрӯзҳо сармоягузории соҳибкорони рус ба Тоҷикистон бештар шудааст. Русия занҷирҳои воридотивазкунандаи худро дар корхонаҳои Тоҷикистон ҷорӣ мекунад, бахшҳои технологии истеҳсолотро рушд медиҳад ва дар ин самт табодули таҷриба мекунад. Барои лоиҳаҳои муштарак бо Тоҷикистон аллакай 131 миллиард рубл (14,5 аз ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ) сармоягузорӣ шудааст. Айни замон 30 лоиҳаҳои муҳим ба маблағи 640 миллиард руб дар соҳаҳои автомобилсозӣ, энергетика, саноати сабук ва рақамикунонӣ амалӣ карда мешаванд. Технологияҳои Русия ба баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии корхонаҳои тоҷик мусоидат мекунанд.
Ба ғайр аз самтҳои асосӣ лоиҳаҳо дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ амалӣ карда мешаванд, инчунин, технологияҳои нав ҷорӣ карда шуда, тахассуси кормандони илмиро баланд бардошта, лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи маориф амалӣ карда мешаванд.
Тоҷикистон дорои шабакаи пешрафтаи нақлиётӣ, аз ҷумла роҳҳои оҳану мошингард мебошад, ки интиқоли мол ба дигар кишварҳои Осиёи Марказиро осон мекунад.
Ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Баҳодур Маҳкамов дар бораи татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи саноати сабук хуб огоҳ аст. Ба гуфти ӯ, дар Стратегияи миллии рушди саноати нассоҷӣ то соли 2030 азнавсозии истеҳсолот, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояҳо пешбинӣ шудааст: “Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо беш аз 100 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ба бунёди иншоотҳои истеҳсолии нав ва таҷдиди корхонаҳои мавҷуда равона карда шудаанд. Ин стратегия ҳамкориҳои фаъолро бо шарикони байналмилалӣ пешбинӣ мекунад.
Дар ҷои аввал коркарди пахта, яъне на танҳо парвариш ва ҷамъоварии пахта дар тамоми ноҳияҳои пахтакори Тоҷикистон, балки коркарди пурра ва истеҳсоли риштаи пахтаро дар назар дорам. Одатан, 90% ё 95% ҳаҷми пахтаи хоми ҷамъоваришуда коркард ва нахи пахта истеҳсол карда мешавад, аз он ⅓ риштаи пахта истеҳсол мешавад.
Дар саноати бофандагӣ набояд истеҳсоли трикотаж ва саноати дӯзандагӣ – дӯхтани либосҳои тайёрро фаромӯш кунем. Дар ин ҷо ҳамкорӣ бо як ширкати бузурги Русия - “БТК ГРУПП”, ки ба коркарди пахта машғул аст, ба роҳ монда шудааст ва ман дар ин бора чандин бор ёдовар шуда будам. Барои ин дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб 30 ҳазор гектар замин ҷудо карда мешавад. Бартарии он дар он аст, ин як ширкати русиест, ки ба талаботи истеъмолкунандагони рус нигаронида шудааст, яъне ин ширкатҳо маҳсулотеро, ки дар Русия маъмул ва талаботнок аст, истеҳсол карда, ба кишварҳои дигар низ содир мекунанд. Иқтидори истеҳсолии он 43 ҳазор тонна риштаи пахтагинро ташкил медиҳад, ки ин хеле зиёд аст. Дар баробари ин, дар Тоҷикистон саноати абрешим низ эҳё меёбад. Дар даврони Шӯравӣ аз ҳама калонтарин - корхонаи истеҳсолии “Абрешими Хуҷанд” ва дувум, комбинати абрешимбарории шаҳри Душанбе маҳсуб меёфт.
Соҳибкорони рус ба рушди корхонаҳо дар Тоҷикистон манфиатдоранд, ки ин ба рушди иқтисодиёт ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Байни кишварҳои мо ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда шудааст — мо ба Русия ашёи хом таҳвил медиҳем, аз ҷумла пашми чорвои майда, пахта, чарму абрешим; Русия технология дорад ва бозорҳои навро ҷустуҷӯ мекунад. Дар ин соҳа пешомадҳо ва имкониятҳои зиёд мавҷуд аст”.
Тавре зикр гардида буд, Русия дар таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон низ кумак мерасонад, махсусан вақтҳои охир ба сохтмони НБО “Роғун” таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Русия омода аст барои зудтар ба анҷом расонидани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷиҳати молиявӣ ва техникӣ ба Тоҷикистон кумак расонад. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷониби Русия ҷудо кардани маблағҳои қарзӣ ва сармоягузориҳо, ҷалби коршиносони рус ва таъмин бо таҷҳизоту маводҳои зарурӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои Тоҷикистон сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аҳамияти бузург дорад.
Ниёз Мирзоев, профессори кафедраи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бар ин назар аст: “Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ҳудуди 60%-и захираҳои обии тамоми Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Вале ҳоло аз иқтидори имконпазир - 500 миллиард киловатт-соат, ҳамагӣ 15—20 миллиард киловатт/соат истеҳсол мекунем.
Бо дастгирии шарикони рус мо метавонем истеҳсоли қувваи барқро ба таври назаррас зиёд карда, онро ба Қазоқистон, Урал ва Сибир содир кунем. Тоҷикистон ҳамчунин, ният дорад содироти нерӯи барқро ба Ҳиндустон, Покистон, Қирғизистон, Афғонистон ва дигар кишварҳо тавсеа диҳад».
ИМКОНИЯТҲО БАРОИ АФЗОИШИ МИНБАЪДА
“Дар Тоҷикистон ҳаҷми хеле зиёди ашёи хоми чарм мавҷуд аст, ки пурра истифода намешавад. Дар нақша аст, ки дар якҷоягӣ бо Русия дар шаҳрҳои Исфараву Хуҷанд истеҳсоли пойафзол ва тавлиди маҳсулоти тайёр роҳандозӣ ва тавсеа дода шавад” – мегӯяд, ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Баҳодур Маҳкамов.
Дар Тоҷикистон аллакай беш аз 330 корхона бо иштироки сармояи Русия фаъолият доранд, аз ҷумла ширкатҳоро дар самти таҳвили борҳои гуногун, хизматрасониҳои тиббӣ, алоқа, хӯроки умумӣ ва истеҳсоли нассоҷӣ ном бурдан мумкин аст. Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков мегӯяд: “Дар охири соли гузашта Тотористон тақрибан 5%-и ҳаҷми умумии содироти Русия ба Тоҷикистонро таъмин намуд. Ҳоло аз онҷо ба Тоҷикистон чархҳои тамғаи “Кама”, “Татнефт”, инчунин, сӯзишворӣ ворид карда мешавад, дар оянда бунёд ва рушди маркази автомобилии “Камаз” ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, яке аз бузургтарин корхонаҳои дорусозии Русия "Татхимфармпрепаратҳо" имкони дар Тоҷикистон ба роҳ мондани истеҳсоли дорувориро баррасӣ мекунад. Ин масъала бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад”.
Шумори корхонаҳо торафт меафзоянд. Масалан, лоиҳаи бузурге, ки дар дурнамои наздик ба нақша гирифта шудааст, таъсиси парки муштараки технологии озмоишӣ дар заминаи собиқ корхонаи «Коргоҳи мошинсозӣ» («Тоҷиктекстилмаш») мебошад. Пас аз ба истифода додани ин парки технологӣ қарор аст, боз 8 шуъба дар маконҳои нав ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ифтитоҳ шавад. Ин паркҳои саноатӣ ба рушди саноати сабук, металлургия, энергетика, саноати кимиёвӣ, мошинсозӣ, тиб ва ғайра такони ҷиддӣ мебахшанд.
Таъсиси марказҳои муосири логистикӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба як маркази муҳимми транзитӣ барои тиҷорат байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва дигар минтақаҳо табдил ёбад.
Дар ояндаи наздик дар кишвар бунёди чанд комплекси логистикӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ хоҳанд дошт. Ин комплексҳо дар доираи барномаи давлатии рушди низоми логистикии кишвар то соли 2028 таъсис дода мешаванд. Барои сохтмони ин иншоотҳо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 100 миллион доллар омода карда шудаанд.
Комплексҳои логистикӣ ба ҷалби сармояи иловагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани самаранокии гардиши мол мусоидат намуда, ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат мерасонанд.
Дар оянда тақвияти равобити иқтисодии Русия ва Тоҷикистон дар назар аст, инчунин, ҳаҷми сармоягузорӣ ва теъдоди лоиҳаҳои муштарак афзоиш ёфта, ба рушди устувор ва шукуфоии ҳарду кишвар мусоидат мекунад.