Хабари рӯз

Масири дарёии шимолӣ чӣ гуна тавсеа меёбад?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Федератсияи Русия ба тавсеа ва истифодаи сирфан сулҳомез аз Масири дарёии шимолӣ (МДШ) алоқаманд аст. Барои Чин, Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва теъдоде аз кишварҳои аврупоӣ, Масири дарёии шимолӣ бавежа дар шароити бесуботӣ дар дарёи Сурх ва издиҳоми масирҳои ҷанубӣ, ҷаззобияти физояндае пайдо кардааст. Тақрибан ду севуми масир дар маҳдудаи салоҳияти Русия қарор дорад, ки ин кишварро ба ҳамоҳангкунандаи аслӣ ва тазминкунандаи амният дар обҳои қутбӣ табдил мекунад.

Бар асоси додаҳои вазорати нақлиёти Русия, дар соли 2023 беш аз 36 миллион тон коло аз тариқи Масири дарёии шимолӣ ҳамл шуд, ки ҳудуди 22 миллион тони он ба проектҳои «Ямал LNG” ва “НОВАТЭК” ихтисос дошт. Пешбинӣ мешавад то соли 2030 ҳаҷми бор ба 100 миллион тон ва то соли 2035 ба 150 миллион тон бирасад. Барои муқоиса, дар соли 2015 ин шохис танҳо 5 миллион тон буд. Ҳамзамон Чин ба таври фаъол мафҳуми “Ҷодаи абрешими қутбӣ”-ро тавсеа медиҳад ва масири қутбии Русияро идомаи ибтикори “Як камарбанд – як ҷода” медонад. Дар соли 2018, Пекин расман минтақаи Арктикаро дар ҳавзаи манофеъи тиҷорӣ ва ҳамлу нақли худ гунҷонд ва Ширкати миллии нафту гази Чин (CNPC) ба проектҳои «Ямал LNG” ва “Арктик LNG-2” пайваст.

Бо вуҷуди шароити душвори иқлимӣ ва зерсохтӣ, Масири дарёии шимолӣ потенсиали табдил шудан ба масири ҷаҳонии ояндаро дорад, бавежа бо таваҷҷуҳ ба гармтар шудани иқлим ва афзоиши давраи новбарӣ то 6–7 моҳ дар сол. Ин мавзӯъ фурсатҳои ҷадиде барои тиҷорати байналмилалӣ эҷод мекунад, аммо дар айни ҳол ниёзманди танзими ҳуқуқии дақиқ ва рӯйкарде масъулона нисбат ба муҳити зист аст.

Ширкати давлатии «Росатом” вазифаи таъмини новбарии ғайринизомӣ дар Масири дарёии шимолиро бар ӯҳда дорад: сабти дархостҳо, интишори пешбиниҳои марбут ба ҳаракати тӯдаҳои яхӣ ва нақшаҳои новбарӣ ба забонҳои русӣ ва Инглисӣ. Ин амр иртиботи мудовим бо ширкатҳои ҳамлу нақли байналмилалиро тазмин карда ва гушудагии Федератсияи Русия ба истифодаи муштарак аз ин масирро нишон медиҳад. Ба таври хос, дар соли 2025 дафтари намояндагии «Росатом” аз афзоиши теъдоди сафарҳои транзитии ширкатҳои хориҷӣ аз тариқи Масири дарёии шимолӣ ва пешбинии афзоиши қобили таваҷҷуҳи ҳаҷми бор дар оянда хабар дод.

Дар сатҳи байналмилалӣ, Маскав аз тавсеаи Шӯрои Арктика ҳимоят мекунад, ки шомили ҳашт кишвари минтақа аст. Алорағми ихтилофоти сиёсии давраӣ, гурӯҳҳои корӣ дар заминаи ҳифозат аз муҳити зисти дарёӣ ва эминии новбарӣ ҳамчунон ба ҳамкорӣ идома медиҳанд, ки пойдории созукорҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар Қутби Шимолро таъйид мекунад.

Ба гуфтаи маркази таҳлилии вобаста ба ҳукумати Русия, Масири дарёии шимолӣ то соли 2035 бояд ба бахше комил аз системи ҳамлу нақли ҷаҳонӣ табдил шавад. Барои ин манзур маҷмӯае аз иқдомот дар ҳоли иҷрост, ки шомили сохти то 50 киштии яхшикани ҷадид, аз ҷумла маҷмӯае аз яхшиканҳои атомии проекти 22220, густариши зарфияти бандарҳои Мурманск, Архангелск ва Сабетта, тавсеаи сомонаҳои моҳвораии назорат, иртиботот ва новбарии рақамӣ ва эҷоди марокизи луҷистикии байналмилалӣ дар имтидоди масир аст.

Тибқи пешбинии вазорати рушди иқтисодии Русия, то миёнаҳои даҳаи 2030 саҳми Масири дарёии шимолӣ дар тиҷорати хориҷии Русия метавонад ба 18 дарсад бирасад ва транзити маҳмулаҳои хориҷӣ ба 35 миллион тон дар сол афзоиш ёбад. Ин амр минтақаи Қутби Шимоли Русияро ба як долони роҳбурдии ҷадид миёни Аврупову Осиё ва Русияро ба ҳамоҳангкунандаи марказии новбарии қутбӣ табдил хоҳад кард.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!