Амрико аз ҷангҳои Украинаву Тайван миллиардҳо доллар суд хоҳад бурд. Ин чӣ гуна иттифоқ меафтад?
Нависанда: Ризо Низомманд (Эрон)
Як: бигузоред бубинем Амрико аз фиристодани чор нов (киштии ҷангӣ) ба дарёи Ҷанубӣ ва Шарқии Чин ва ҳимоят (таҳрик)-и Тайван дар рӯёрӯии низомии ӯ бо Чин чӣ суде мебарад? Хуб, чизе шабеҳи ҳамон суде, ки аз таҳрики Русия ба ҳамла ба Украина бурд, мунтаҳо дар абъоди бузургтар.
Тақрибан ҳамаи Аврупо аз ҷанги Украина мутазаррир шуданд. Танҳо кишваре, ки аз он баҳра бурд (ва ҳанӯз ҳам хоҳад бурд) Амрикост. Агар ҷанги Тайван оғоз шавад, на Чин, на Тайван, на ҳеҷ кишвар дигаре аз он суд намебарад. Фақат Амрико аз чунин ҷанги мунтафаъ хоҳад шуд. Чӣ гуна?
1 - Рушди иқтисоди Чин, ки ҳамчун мошини азиме машғули балъидани иқтисоди Амрикост, то замоне, ки даргири ҷанг бо ҷазираи ҷанубии худаш бошад, мутаваққиф хоҳад шуд.
2 - Амрико "як трилиону дусаду бист миллиард доллар" (!) ба Чин қарздор аст! Баъд аз оғози ҷанг, Амрико аз пардохти ин пул имтиноъ хоҳад кард ва пули Чинро боло хоҳад кашид!
3 - Кишвари дигаре, ки Амрико "234 миллиард доллар" ба ӯ қарздор аст, худи Тайван аст (омор то июн сол 2021)! Амрико кулли ин пулро ба баҳонаи ҳимояти сиёсӣ ва низомӣ аз Тайван лутихӯрӣ мекунад. Аввал эҳтимолан миллиардҳо доллар ба Тайван силоҳ хоҳад фурӯхт (пулашро ҳам, ки қаблан гирифта!) дувум новҳояшро барои дифоъ аз Тайван дар дарёи Чин ба кор хоҳад гирифт ва дар поёни ҷанг як чеки чандсадмиллиардӣ барои Тайван ирсол менамояд.
Ду: Амрико айни ҳамин корро дар Аврупову дар ҷанги Украина кард ва ба суръату дар арзи чанд моҳ ҷавоб гирифт. Ин листи кишварҳои аврупоист, ки Амрико ба онҳо мақруз (қарздор) аст:
Инглистон: 432 миллиард доллар;
Ирландия: 307 миллиард доллар;
Люксембург: 291 миллиард доллар;
Шветсария: 261 миллиард доллар;
Белгия: 235 миллиард доллар;
Кулли достони НАТО ва густариши он дар Аврупо дар воқеъ ин аст. Аксар кишварҳои дигари узви НАТО аз лиҳози низомӣ ва таслиҳотӣ фақат "хадамотгиранда"-анд ва кишваре, ки хадамоти низомӣ ба онҳо медиҳад, Амрикост. Аммо Аврупо то қабл аз ҳамлаи Русия ба Украина ба назар амн буд. Чаро бояд кишварҳои аврупоӣ ба Амрико боҷи низомӣ бидиҳанд, вақте он ҷо ҷанге вуҷуд надорад? Ҳол он ки Амрико фақат 1/3 трилион доллар пул аз онҳо қарздор аст!
Вуқӯъи ҷанги Украина кулли ин воқеиётро маъкус кард.
Амрико фурсат ёфт, то эҳтимолан барои солҳои оянда пардохти қарзашро ба Аврупо ба таъвиқ биндозад.
Инглистони тарсхӯрда аз ҷанг ва дар ҳоли суқути нисбии сиёсиву иқтисодӣ баъд аз шурӯи ҷанги Украина, дубора барои солҳо чашм баста, ҳар коре Амрико бихоҳадро мекунад. Чун аз лиҳози низомӣ вобаста ба Амрикост, эҳтимолан то даҳ соли дигар ҳам ҳарф аз ин ки "пуламро бидеҳ" намезанад!
Вақте як ҷанги хурд (, ки дигарон дар Аврупо ҳазинаашро медиҳанд ва мардуми Украинаву сарбозони Русия дар он кушта мешаванд ва Амрико ба нисбати бақия ҳеҷ ҳазинае дар он накарда), ин ҳама суд барояш ба армуғон оварда, чаро айни ҳамонро дар Осиё роҳ нандозад? Ғӯли низомии Русияро дар ҷанги Украина даргир кунад ва ғӯли иқтисодии Чинро дар ҷанги Тайван замингир намояд ва пули Аврупову Чинро боло бикашад!
Чӣ беҳтар аз ин?
Се: Кишвари дигаре, ки Амрико ба он бештар аз кулли Аврупо қарздор аст, Ҷопон аст.
Террори Синзе Абе ба унвони қавитарин марди Ҷопон бо таваҷҷуҳ ба гароишоти миллии ӯ ва хосташ барои эҷоди як "иттиҳоди низомии минтақаӣ", ки бо марги ӯ ноком монд, дақиқан дар ростои сиёсатҳои низомӣ ва милитаристии Амрико буд. Ҳатто агар Амрико худ шахсан ӯро террор накарда бошад ҳам, ин террор дақиқан аҳдофи ӯро дар Ҷопон таъмин менамояд. Тарс ва бимнокии сиёсии эҷодшуда пас аз террори Абе, бо вазъияти ин кишвар баъд аз шикаст дар ҷанги дуюм ва марги император қобили муқоиса аст. Амрико умедвор аст дар набуди Абе, оғози ҷанги Чину Тайван, ҷопониҳоро ҳам даргир кунад. Чун Ҷопон аз назари низомӣ вобаста ба Амрикост, ИМА "ин роҳзани низомии ҷаҳонӣ", як чеки якунимтрилиондолларӣ ҳам баъдан барои Ҷопон бифиристад!
Қарзи Амрико ба Япония то поёни июни 2021 1,25 трилион доллар буд.