Хабари рӯз

Мусоҳибаи Акрам Каримӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо рӯзномаи байналмилалии арабӣ “Ал-шарқ ал-авсат” дар бораи чашмандози ҳамкории иқтисодии Душанбе ва Риёз

Нависанда: Фотеҳраҳмон Юсуф

Риёзу Душанбе алоқаманд ба сармоягузории муштарак дар бахшҳои саноатӣ ва маъданӣ ҳастанд.

Дипломати тоҷик гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳамоҳангии байни вазорати сармоягузории Арабистони Саудӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон барои баргузории нишасти комиссияи муштараки байнидавлатӣ ва маҷмаъи тиҷорӣ (Бизнес-форум) дар давраи оянда дар ҳоли анҷом аст.

Илова бар ин, ҳамоҳангӣ барои баргузории маҷмаъи тиҷории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар Риёз дар нимаи дувуми соли 2022 бо ҳузури намояндагони бахш хусусии ду кишвар дар ҳоли анҷом аст.

Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ал-шарқ ал-авсат” гуфт: “Мо дар ҳоли омодагӣ барои баргузории севумин нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатӣ (КМБ) дар моҳҳои оянда дар Тоҷикистон бо ҳузури вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ ва ҳамраиси КМБ Холид ал-Фалиҳ ҳастем”.

Каримӣ афзуд, қарор аст дар ҳошияи нишасти навбатии КМБ маҷмаъи тиҷории соҳибкорон ба манзури эҷоди равобити шарикии байни бахши хусусии ду кишвар баргузор шавад.

Ба гуфтаи ин дипломати тоҷик, Бандар ал-Хурайф, вазири саноат ва манобеъи маъдани Арабистони Саудӣ ва Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон дар як нишасти маҷозии ахир имконоти ҳамкории ду кишвар дар заминаи саноат ва маъданро ба баррасӣ гирифтанд, ки дар он тасмим гирифта шуд, нақшаи роҳ ва гуруҳи корӣ ба манзури роҳандозии ҳамкориҳои судманди мутақобил эҷод шавад.

Каримӣ ибрози умедворӣ кард, ки тарафайн дар ояндаи наздик сармоягузориҳои муштаракеро дар бахшҳои мазкур оғоз кунанд.

Ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Муҳаммад ал-Ҷассир, раиси Банки рушди исломӣ дидори маҷозӣ дошт.

Дар ин дидор тарафайн роҳҳои тақвияти ҳамкори бо Банки рушди исломӣ ва Сандуқи рушди Арабистон дар иҷрои проектҳои барқи обӣ дар Тоҷикистонро маврид баҳс ва баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилоъи сафир, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дорои панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ аст, ки бо имзои қарордодҳои байни сармоягузорони хориҷӣ ва ин манотиқ, шароити мусоиде барои роҳандозии тарҳҳои сармоягузорӣ дар ин манотиқ эҷод шудааст.

Ба гуфтаи Каримӣ, дар ҳоли ҳозир тарафайн дар ҳоли баррасии пешнависи Созишномаи ҳавасмандкунӣ ва ҳимояти мутақобили сармоягузории байни ҳукуматҳои ду кишвар ҳастанд, ки қарор аст дар сафарҳои мақомоти сатҳи баланд имзо шавад. Сафир афзуд, ки Созишномаи лағви андозбандии дугона байни ду кишвар дар соли 2014 ба ҳамроҳи бастае аз мувофиқатномаҳои дуҷонибаи мавҷуд дар ҳавзаҳои мухталиф имзо шудааст.

“Мо бар инем, ки замони эҷоди як Шӯрои тиҷории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба унвони бахше аз ёддошти тафоҳум байни Федератсияи утоқҳои Арабистони Саудӣ ва Палатаи тиҷорат ва саноати Тоҷикистон фаро расидааст, ки нишондиҳандаи тамоюли ду тараф барои эҷоди чунин иттиҳодияе аст. Соли ҷорӣ ба сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ рост меояд”, - гуфт Каримӣ.

Каримӣ афзуд, Подшоҳии Арабистони Саудӣ шарики муҳими рушд барои Тоҷикистон аст.

Вай хотирнишон кард, ки маркази кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон талошҳои қобили таваҷҷуҳе барои рушди барномаҳои иҷтимоӣ ва башардӯстона дар Тоҷикистон анҷом додааст, ки ҳазинаи он беш аз 12 миллион доллар мебошад.

Каримӣ эътироф кард, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷории байни Подшоҳӣ ва Тоҷикистон ҳамчунон дар сатҳи поине қарор дорад, аммо тамоюли содиқонаи ду тараф барои тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои фавқуззикр вуҷуд дорад.

Вай хотирнишон кард, ки авлавиятҳои ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар оянда энергетика, саноат, маъдан ва кишоварзӣ аст.

Ба гуфтаи сафир, Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон низ ба думболи афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ҳастанд.

Каримӣ дар хусуси мубрамтарин масоили тиҷорӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишвар тавзеҳ дод: мушкили аслӣ ин аст, ки Тоҷикистон дастрасии мустақим ба дарё надорад, аммо бо ин вуҷуд бархе ширкатҳои тиҷорӣ талошҳои воқеӣ барои ҳалли ин мушкили лонистикӣ анҷом медиҳанд.

Каримӣ таъкид кард, истифода аз манобеъи барқи обӣ яке аз авлавиятҳои давлати Тоҷикистон барои дастёбӣ ба рушди иқтисодии пойдори ин кишвар аст. Дар ин росто, Тоҷикистон алоқаманд ба ҳамкорӣ бо Сандуқи сармоягузории давлати Арабистони Саудӣ ва ҳамчунин бо ширкатҳои бахши хусусии ин кишвар, монанди ACWA Power барои иҷрои проектҳои барқи обӣ мебошад.

Каримӣ дар посух ба савол дар бораи потенсиали энергетикии Тоҷикистон гуфт, кишвараш аз назари манобеъи энержии обӣ, ки 527 миллиард киловатт соат баровард мешавад, мақоми аввали минтақа ва ҳаштуми ҷаҳонро дорад, аммо кишвар солона танҳо 4 то 5 дарсад аз ин манобеъро истифода мекунад, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳудуди 98 дарсади барқи кишвар тавассути нерӯгоҳҳои обии таҷдидпазир тавлид мешавад.

Манбаъ: english.aawsat.com


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!