Тоҷикистон чӣ тавр сармояҳоро ҷалб ва соҳибкоронро дастгирӣ менамояд?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Санаи 12-уми декабр дар шаҳри Маскаваи Федератсияи Русия ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон (ШТРТ) баргузор гардид. Иштирокчиён дастовардҳои асосии соли 2024, нақшаҳои дурнамо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисодиёти рақамӣ, омодасозии кадрҳо, рушди соҳаҳои технологияҳои баланд ва лоиҳаҳои башардӯстона баррасӣ намуданд.
Дар соли 2024 Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон қариб 30 лоиҳаи тиҷоратиро ба маблағи беш аз 1 миллиард рубл амалӣ кардааст.
Такя ба рақамисозӣ
Раиси Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон (ШТРТ) Ислом Назаралиев ҳангоми ифтитоҳи ҷаласа чунин гуфт: “Соли ҷорӣ дар таҳкими робитаҳои тиҷоратии байни кишварҳои мо як марҳилаи муҳим гардид. Мо тақрибан 30 лоиҳаи тиҷоратиро ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард рубл амалӣ кардем. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди паркҳои саноатӣ, омодакунии кадрҳо аз рӯи стандартҳои Русия ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ зоҳир карда шуд. Чунин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки мо на танҳо барои рушд иқтидори кофӣ дорем, балки аз фаъолияти муштарак самараи воқеӣ низ ба даст меорем”. Ин изҳорот аҳамияти муносибати дарозмуддатро дар робитаҳои байни ду кишвар нишон медиҳад ва лоиҳаҳои муштарак на ин ки ба як созишномаи расмӣ, балки ба як абзори воқеии пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табдил меёбанд.
Рақамикунонӣ як ҷузъи асосии пешрафти Тоҷикистон гардида истодааст. Директори Агентии инноватсионӣ ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода дар ин бора чунин қайд намуд: “Рақамикунонии Тоҷикистон – ин на танҳо тамоюл, балки як зарурат аст. Мо якҷоя бо ҳамкасбони рус паркҳои технологӣ таъсис медиҳем, платформаҳои таълимӣ роҳандозӣ мекунем ва технологияҳои инноватсиониро барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ дастрас мегардонем.” Ширкати Wildberries низ, ки бо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад, ин самтро дастгирӣ менамояд.
Директор оид ба рушди байналмилалии ширкати Wildberries Рафаэл Михайлович Абрамян мегӯяд: “Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои мо уфуқҳои нав боз мекунад. Мо бо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ фаъолона ҳамкорӣ карда, ба онҳо барои роҳ ёфтан ба бозорҳои байналмилалӣ кумак мерасонем. Платформаи Wildberries ба ҳазорҳо соҳибкорони тоҷик барои фурӯхтани маҳсулоти худ имконият фароҳам меорад”.
Ҳамин тариқ, иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон на танҳо ба як василаи беҳтаркунии идоракунии давлатӣ, балки ба як омили пуриқтидори рушди соҳибкории хурду миёна табдил ёфта истодааст.
Ҳайати Русия дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба беш аз 40 корхонаи Тоҷикистонро дидан кард.
Дар ҷаласа ҳамчунин, дар бораи аҳамияти омодакунии кадрҳо кайд карда шуд. Муовини вазири рушди иқтисодии Русия Дмитрий Валеревич Волвач таъкид намуд: “Яке аз дастовардҳои асосӣ барои мо таъсиси марказҳои салоҳиятдори касбӣ буд, ки барои омода кардани мутахассисони ниёзҳои кишварҳои мо мусоидат хоҳанд кард”. Ин лоиҳа барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад, зеро дар он ҷо талабот ба мутахассисони соҳибихтисос, бахусус дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва истеҳсолот, торафт меафзояд. Дмитрий Волвач афзуд: “Тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии саноат барои Тоҷикистон самтҳои хеле муҳим мебошанд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ тавр ин технологияҳо иқтисодиётро дигаргун месозанд, инчунин, барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии зиндагии мардум мусоидат мекунанд”. Ташаббусҳои муштараки таълимӣ, аз қабили сохтани технопаркҳо ва мактабҳои технологияҳои иттилоотӣ барои таъмини кишвар бо кадрҳои соҳибихтисоси сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд.
Ташаббусҳои башардӯстона
Ташаббусҳои башардӯстона низ як ҷузъи муҳимми ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон гардидаанд. Ислом Назаралиев махсусан лоиҳаҳо оид ба тарҷумаи осори классикони рус ба забони тоҷикӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиро, ки ба таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни кишварҳои мо равона карда шудаанд, махсусан қайд намуд. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи тадорукоти экспедитсияи “Сафар ба қалби АвруОсиё” Александр Федорович Лукашин чунин гуфт: “Экспедитсия кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро фаро мегирад. Ин лоиҳаи беназирест, ки олимон, соҳибкорон ва ҷавононро ба ҳам муттаҳид менамояд. Мо нақша дорем, ки дар Тоҷикистон як қатор ташаббусҳои маърифатӣ, видеоиртиботҳо ва чорабиниҳои фарҳангиро роҳандозӣ кунем”. Лоиҳаи мазкур барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва ташаккули симои мусбати минтақа иқтидори бузург фароҳам месозад.
Дар соли 2024 байни ширкатҳои Русия ва Тоҷикистон беш аз 20 созишнома ба имзо расидааст.
Дар мавриди иқтидори иқтисодии вилояти Суғд муовини раиси вилоят Анвар Ёқубӣ низ сухан гуфта, чунин қайд намуд: “Вилояти Суғд барои дастгирӣ кардани лоиҳаҳои байналмилалӣ омода аст. Мо боварӣ дорем, ки иштирок дар экспедитсия ба ҷалби сармоя, рушди иқтисодиёт ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард. Ба назари мо фаъолияти муштарак дурнамои калон дорад”. Ин минтақа аллакай худро хамчун маркази саноатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон нишон додааст. Иштирок дар чунин ташаббусҳо, аз қабили рушди паркҳои саноатӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ шароит фароҳам меорад, ки он дар навбати худ ба рушди тамоми ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонад.
Хуршеди Мирзо, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Рақамикунонии Тоҷикистон фақат як тамоюл не, балки як зарурат аст. Мо дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони рус паркҳои технологӣ таъсис медиҳем, инчунин, платформаҳои таълимӣ ва ҳаллҳои инноватсионӣ таҳия менамоем”.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Владимир Иванович Падалко зимни суханрониаш дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия таъкид намуд, ки ин ҳамкориҳо берун аз доираи иқтисодиёт баромадааст: “Натиҷаҳои дар соли 2024 бадастомада собит мекунанд, ки фаъолияти муштарак самараи воқеӣ медиҳад. Мо бояд ин ҳамкориро давом дода, барои пешрафти тиҷорат ва ҷомеа имкониятҳои нав фароҳам созем”. Дар ин изҳорот мақсади умумии тамоми иштироккунандагони вохӯрӣ ҷамъбаст карда шудааст, аз ҷумла таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаи байни кишварҳоямон, инчунин, фароҳам овардани заминаи мустаҳкам барои оянда.
Ҳамин тариқ, ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон на танҳо ҷамъбасти натиҷаҳо, балки як такони пурқувват барои лоиҳаҳои нав дар соли 2025 гардид. Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар ҳама сатҳҳо – шуруъ аз иқтисодиёти рақамӣ то ташаббусҳои башардӯстона таҳким меёбад. Ин далели он аст, ки шарикии байни кишварҳои мо бар пояи манфиатҳои дарозмуддати стратегӣ ва натиҷаҳои воқеӣ асос ёфтааст.