Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти об ба кӣ ниёз дорад?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Норасоии об барои Осиёи Марказӣ як мушкили холӣ нест, зеро имрӯз масъалаи об дар минтақа хеле шадид аст: тақрибан 13% аҳолии Осиёи Марказӣ (10 миллион нафар) ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Ва бо назардошти афзоиши шадиди демографӣ дар минтақа, ин рақам танҳо афзоиш хоҳад ёфт: то соли 2050 25-30% норасоии об пешбинӣ шудааст. Шиддат гирифтани мушкили об ба бисёр соҳаҳо, аз ҷумла экология, иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ ва амнияти ҳарбӣ таҳдид дорад. Норасоии об мушкили танҳо як давлат нест ва дар Осиёи Марказӣ дар сатҳи минтақавӣ қарор дорад (яъне мушкили тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аст), илова бар ин, бисёре аз кишварҳои дигари ҷаҳон ба захираҳои обӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд, аз ин рӯ ҳамкории байналмилалӣ яке аз омилҳои муҳимтарини ҳалли ин мушкилот мебошад.
Об мисли дигар захираҳои энергетикӣ – нафту газ арзишманд аст ва Тоҷикистон ҳамеша дар сатҳи байналмилалӣ ба ҷонибдории зоҳир кардани таваҷҷӯҳи бештар ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо баромад мекунад.
Ҳамкории минтақавӣ
Ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ ташаббусҳои худро барои кам кардани хатарҳои мушкили об амалӣ гардонида, сиёсати худро дар асоси манфиатҳои миллии худ пеш мебарад. Дар баробари ин, ба андешаи коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов, барои истифодаи бомуваффақияти захираҳои обӣ, бояд равобити мутақобилаи байни кишварҳои Осиёи Марказиро густариш дод.
«Дар Тоҷикистон мушкили норасоии об вуҷуд надорад, зеро кишвари мо аз ҷиҳати захираи обӣ яке аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон маҳсуб ёфта, қариб тамоми минтақаро бо об таъмин мекунад: зиёда аз 60% захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Дарёҳои асосӣ, ки манбаи оби тоза барои кишварҳои поёноб мебошанд, аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Вақте сухан дар бораи мушкилоти таъминоти об меравад, пеш аз ҳама, кишварҳои дар поёноби Амударьё ва Сирдарё воқеъгардида — Ӯзбекистон, Қазоқистон ва қисман Туркманистонро дар назар дорем.
Об, дар баробари нафту газ, захираи бисёр арзишманд аст ва Тоҷикистон ҳамеша дар сатҳи байналмилалӣ ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо таваҷҷӯҳ мекунад.
Тоҷикистон ҳамеша ба ҷонибдории ягонагии захираҳои обӣ ва зарурати якҷоя таъмин кардани минтақа бо ҳаҷми кофии ин захираҳо баромад менамояд. Барои дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани системаҳои ирригатсионӣ (обёрӣ) ва каналҳои обӣ, системаҳои интиқол ва идоракунии об бояд ҳар сол мунтазам корбарӣ карда шавад. Солҳои охир дар ин масъала саҳми Ӯзбекистон низ ба таври назаррас афзудааст, имрӯз Ӯзбекистон дар масъалаҳои ҳифз ва такмили хоҷагии об бо Тоҷикистон ва Қирғизистон фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Ва албатта, бо назардошти ин шароит маълум мешавад, ки дар сурати ҳамкорӣ кардани тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамаи мушкилотҳои ин соҳаро метавон дар мувофиқа бо ҳамдигар ҳал намуд.
Ман фикр мекунам, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ташаббуси таъсиси як созмони байналмилалии ғайриҳукуматӣ, ки ба таври доимӣ бо мушкилоти об ва ташаккули стратегияи обӣ, аз ҷумла дар сатҳи глобалӣ, машғул хоҳад шуд, хеле муҳим аст. Албатта, барои кишварҳои мо ҳалли мушкилоти норасоии об дар минтақа бисёр муҳим аст, вале бо таъсис додани як созмони байналмилалӣ метавон дар бораи мушкилоти мавҷуда на танҳо дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, балки берун аз ҳудуди он низ ба таври васеътар изҳор кард.
«Шарикони асосии мо муҳимияти захираҳои обиро на танҳо ҳамчун омили экология, балки ҳамчун як омили рушди иқтисодӣ, таъмини суботи иҷтимоӣ ва амният дарк мекунанд, аз ин рӯ, тавассути роҳандозии ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин бо бозингарони асосии минтақа, аз ҷумла бо Федератсияи Русия, метавон як созмони байналмилалӣ оид ба масъалаҳои обро таъсис дода, ҳамзамон дар самти беҳтар кардани амнияти обӣ дар минтақа корбарӣ кард”.
Бо ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ин мушкилот метавон ҳамкориро байни кишварҳоро ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дарки ин масъала, инчунин ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо таъмин намуд. Зимнан, дар соли 2025 таҳти роҳбарии Созмони Милали Муттаҳид як чорабинии навбатии бузург вобаста ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад, ки дар рафти он метавон дар бораи таъсиси чунин як платформаи байналмилалие, ки ба масъалаҳои ҳифзи об ва пиряхҳо тамаркуз кунад, эълон намуд. Фикр мекунам, ки кишварҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон, бахусус кишварҳои ҳамсоя (Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия) низ ин ташаббусро дастгирӣ мекунанд, зеро ин мамлакатҳо ба таври анъанавӣ бо кишварҳои мо ҳамкории фаъол доранд ва тарафдори ҳифзи субот дар минтақа ва рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.
«Шарикони асосии мо аҳамияти захираҳои обиро на танҳо ҳамчун омили экологӣ, балки ҳамчун омили рушди иқтисодӣ, таъмини суботи иҷтимоӣ ва амният дарк мекунанд. Аз ин рӯ, тавассути ҳамкории байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкорӣ бо бозингарони асосӣ дар минтақа, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Русия, мо метавонем як созмони байналмилалиро оид ба масъалаҳои об таъсис дода, дар самти беҳбудии амнияти обӣ дар минтақа корбарӣ кунем» - коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.
Бонки рушди АвруОсиё ва Русия
Бонки рушди АвруОсиё низ бо зарурати таъсиси як ниҳоди байналмилалӣ, ки бо масоили об дар минтақа машғул хоҳад шуд, мувофиқ аст: “Осиёи Марказӣ ба як рафтори муттаҳидшудаи минтақавӣ ниёз дорад. Яке аз роҳҳои самараноктарин - таъсиси Консорсиуми байналмилалии обиву энергетикии Осиёи Марказӣ мебошад”, - гуфта мешавад дар тадқиқоти бонк.
Қобили зикр аст, ки ҳамкорӣ дар масъалаҳои об имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки Бонки рушди АвруОсиё мебошад. Лоиҳаҳо оид ба татбиқи технологияҳои муосири сарфакунию баҳисобгирии рақамии об ва дигар рафторҳои инноватсионии идоракунии захираҳои обӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, Бонки рушди АвруОсиё барои рушди маҷмааи обу энергетикии Осиёи Марказӣ дар солҳои 2024-2026 сармоягузориҳоро ба маблағи 400 миллион доллар ба нақша гирифтааст.
Лоиҳаҳои Бонк дар бахши обу энергетикаи Тоҷикистон, ба ғайр аз ҳадафҳои иқтисодӣ, ҳадафҳои экологиро низ амалӣ мегардонанд: онҳо барои то 40% сарфа кардани захираҳои обӣ ва то 5 миллион тонна коҳиш додани партовҳои гази карбон мусоидат мекунанд.
Лоиҳаҳои Бонки рушди АвруОсиё дар бахши обу энергетикаи Тоҷикистон дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ, ҳадафҳои экологиро низ амалӣ мегардонанд: онҳо барои то 40% сарфа кардани захираҳои обӣ ва ҳамасола то 5 миллион тонна коҳиш додани партовҳои гази карбон мусоидат мекунанд.
Бо дастгирии Русия лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон низ дар шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ бомуваффақият амалӣ карда мешаванд. Русия барои бунёди Неругоҳи барқи обии Сангтӯда 16 миллиард рубл сармоягузорӣ кардааст, инчунин дар доираи лоиҳаи Фонди авруосиёии субот ва рушд барои интиқоли автотрансформаторҳо барои барқарорсозии НБО Норак 40 миллион доллар ихтисос дода шудааст. Илова бар ин, Русия метавонад дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд, ки яке аз самтҳои ояндадори ҳамкории кишварҳои мо мебошад, саҳм гузорад (иштирок кунад), зеро ин нерӯгоҳҳо иншооти самаранок ва муҳими энергетикӣ барои минтақаҳои дурдаст маҳсуб меёбанд. Дар Русия аллакай зиёда аз 1300 чунин нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ба кор андохта шудаанд.
Ҳузури Ғарб
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико якҷоя бо шарикони аврупоиаш дар минтақаи мо сиёсати обии худро пеш мебарад: моҳи гузашта дар Ӯзбекистон форуми минтақавӣ оид ба идоракунии комплексии ҳавзаҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим дар водии Фарғона баргузор гардид, ки бо ташаббуси USAID ташкил карда шуд. Аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико «Стратегияи глобалии обӣ барои солҳои 2022-2027» қабул шудааст, вале самаранокӣ ва мувофиқ будани ин стратегия ба манфиатҳои миллии кишварҳои мо шубҳаҳоро ба бор меорад. Рисолати асосии лоиҳаҳои обии Ғарб дар минтақа хусусияти экологӣ дорад, аммо Иёлоти Муттаҳида бештар ба зери назорати худ гирифтани захираҳои минтақа манфиатдор аст. Хатари он вуҷуд дорад, ки имрӯз ноором кардани вазъ дар Осиёи Марказӣ дар доираи манфиатҳои геополитикии Иёлоти Муттаҳида қарор дорад ва назорат аз болои захираҳои обӣ ба Амрико имкон медиҳад, ки дар пасманзари норасоии ин захираҳо низоъҳои байнидавлатӣ эҷод кунад.
Қобили зикр аст, ки пас аз тағйирёбии иқлим, яке аз омилҳои асосии норасоии об дар минтақа - бунёди канали Қӯштеппа дар Афғонистон мебошад, ки онро Амрико тавассути USAID маблағгузорӣ мекунад, ва ин номувофиқатии манфиатҳои ИМА-ро бо манфиатҳои минтақа дар масъалаҳои об тасдиқ мекунад. Бо вуҷуди ин, коршинос Фаридун Усмонов ба ин таҳдид аз ҷониби Афғонистон бо шубҳа нигоҳ мекунад:
«Стратегияи обии ИМА дар минтақаи мо ҳадафи фароҳам овардани имконияти ҳамкорӣ барои кишварҳои мо дар ин масъаларо пешбинӣ намекунад» - коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.
«Солҳои охир дар бораи мушкилоти афзоиши норасоии захираҳои обӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз оғози сохтмони канали Қӯш-теппа дар шимоли Афғонистон бештар гап мезананд. Пас аз ба сари қудрат омадан, ҳаракати Толибон, ки аз ҷониби СММ ҳамчун як созмони террористӣ эътироф шудааст, дар бораи оғози ин лоиҳа дар моҳи марти соли 2020 ва анҷом ёфтани он дар охири соли 2028 эълом дошт. Дарозии канал 285 километр, бараш 100 метр ва чуқуриаш 8,5 метрро ташкил хоҳад дод. Албатта, ин танҳо нишондиҳандаҳои эълоншудаанд, вале ҳукуматдорони нави Афғонистон чӣ гуна инро дар амал татбиқ хоҳанд кард, ин саволи калон аст. Барои ин маблағи калон лозим аст, ки айни ҳол Афғонистон онро надорад. Роҳбарияти Амрико саъй дорад мақомоти Афғонистонро ба амалисозии ин лоиҳа таҳрик кунад, зеро Амрико дарк мекунад, ки масъалаи об барои кишварҳои минтақа бисёр шадид (доғ) аст ва тавассути иштироки Толибон дар ин масъала метавонад ба сиёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба Афғонистон таъсир расонад.
"Стратегияи обии ИМА дар минтақаи мо ҳадафи фароҳам овардани имконият барои ҳамкории кишварҳои мо дар ин масъаларо пешбинӣ намекунад." Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов
Пайдо шудани ин мушкилот аз он шаҳодат медиҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳои тӯлонӣ дар мавриди ҳамкориҳои мутақобила натавонистанд бо ҳамдигар ба тавофуқ бирасанд ва ҳеҷ кас дар ин мавзӯъ бо Афғонистон сӯҳбат накардааст ва мақомоти Афғонистон тасмим гирифтааст, ки ин масъаларо ҳамчун як абзор барои савдо ва фишороварӣ истифода кунад.
Мақомоти Афғонистон масъалаи обро дар мисоли равобит бо Эрон хеле хуб истифода мебарад - аз ҷониби Толибон давра ба давра дар мавриди он, ки маҷрои рӯдхонаи Ҳилмандро мебанданд ва ё ба самти дигар равона мекунанд, ё ин ки интиқоли обро ба Эрон қатъ мекунанд, таҳдидҳо садо медиҳанд. Онҳо иддао доранд, ки тавассути назорати захираҳои обӣ мехоҳанд вазъи кишвари худро беҳтар созанд, аммо дар амал тавре мебинем, аввалан, ҳукумати Афғонистон барои ин захираҳои кофӣ надорад, дуюм ин, ки дар ин кишвар вазъ ва шароити мувофиқ барои амалисозии лоиҳаҳои бузург вуҷуд надорад.
Маълум аст, ки бо дастгирии Вошингтон бо мақсади дар кишварҳои минтақа эҷод кардани эҳсоси хатар аз ҷониби Афғонистон шояд баъзе корҳо оғоз гарданд, аммо барои пурра амалисозии ин раванд маблағҳои ҳангуфт лозим аст. Вале Амрико, тавре медонем, ҳукумати Толибонро эътироф намекунад ва мустақиман бо онҳо ҳамкорӣ намекунад".
Ҳарчанд мушкили захираҳои обӣ барои минтақаи мо шадид (масъалаи доғ) боқӣ мемонад, вале дар сурати пеш гирифтани рафтори дуруст, яъне мувофиқи манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ, хатарҳои амнияти обиро то ҳадди ақал коҳиш додан мумкин аст.