Шикасти Панҷшер бузургтарин дастоварди паштунҳо дар сад соли ахир аст.
Нависанда: Ҳабиб Ҳамидзода, рӯзноманигор ва нависанда
Тасарруфи дараи Панҷшер яке аз орзуҳои гурӯҳи Толибон*, ва шоха гегемонияталаби ҷомеаи паштун буд. Дар рӯзҳои суқути ин дара, зану мард ва чапу рости бахши султаталаби ҷомеаи паштун, алайҳи муқовамати мардум дар баробари Толибон сухан мегуфтанд ва дар рӯзҳои баъд ҳамроҳ бо Толибон видеоҳои суқути Панҷшер ва барафроштани парчами Толибонро нашр мекарданд. Ҳатто як шаб қабл аз суқути Панҷшер, аз Машриқӣ то Кобул тирандозиҳои шодёнаро шурӯъ карда буданд.
Дар рӯзи аввали вурудашон ба Панҷшер санги оромгоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд чеҳраи таърихӣ ва иҷтимоии бахше аз мардуми як ҷомеаро шикастанд. Суқути Панҷшер, беҳтарин ҷашну ид барои бартариталабон буд. Ҳеҷ рӯйдод ва иттифоқе ба андозаи шикасти Панҷшер барои онон шодиовар ва писандида набуд. Шикасти Панҷшер бузургтарин дастоварди паштунҳои бартариталаб дар сад соли ахир аст.
Лашкаркашии Толибон ба Панҷшер шабеҳи лашкаркашии Нодирхон ба Кӯҳдоман буд. Ман дар мақолае барои рӯзномаи “Ҳашти субҳ” зери унвони «Афғонистон дар қарни чаҳордаҳуми хуршедӣ: ҳокимияти хонадони Яҳё” моҷарои рафтори Нодирхон бо мардуми Шимолиро** аз рӯи таърихҳои мӯътабар дар мавриди Афғонистон батартиб зери мустанад карда ва овардаам:
“Вақте Нодиршоҳ Кобулро ба тасарруфи худ даровард, роҳи дипломатия ва гуфтугӯро бо Ҳабибуллоҳ Калаконӣ дар пеш гирифт. Бо муҳр кардан бар Қуръон, пойи ӯро аз Ҷабалуссироҷ ба Кобул кашонд. Ҳукумати Нодирхон барои нишон додани ҳусни ният ба мардум ва қаламрави нерӯҳои Ҳабибуллоҳ Калаконӣ, дар Кобул афви умумӣ эълом кард ва бо мардуми Кописо ва Парвон, ки вобастагони Калаконӣ пиндошта мешуданд, роҳи мудоро дар пеш гирифт. Ба ин ҳам басанда накард ва дар як иқдоми аҷиб барои мардуми ин манотиқ, Мирзо Муҳаммад Юсуфхон, сармуншии Ҳабибуллоҳ Калакониро ба ҳукуматдорӣ гумошт ва мардуми Парвону Кописо ҳам қабул карданд, ки аз Нодиршоҳ ва ҳукумат ӯ итоат кунанд.
Аммо Нодирхон баъд аз таҳкими пояҳои қудраташ бо пушт кардан ба аҳду қасам, Ҳабибуллоҳ Калакониро аввал тирборон ва баъд ҷасади ӯро ба дор овезон кард. Пас аз қувватгирии ҳукумат, Нодирхон бо дасиса ва тазвир, мардуми Кӯҳдоман ва Шимолиро ба қиём водошт ва ба баҳонаи саркӯби қиём, ситам алайҳ ҳама мардуми бумиро роҳ андохт. Ў як лашкар аз мардуми аҳмадзоӣ, карухел, ҷоҷӣ, мангал, тутохел, вазирӣ, вардак, майдон ва тагоро, ки теъдодашон ба бисту панҷ ҳазор мерасид, ҳамроҳ бо қувои мусаллаҳи давлатӣ барои куштор ва тороҷи Шимолӣ савқ дод. Бар асоси ривояти Мир Ғуломмуҳаммад Ғубор, вазири дохилаи Нодирхон (Муҳаммадгул Муҳманд) дар ин ҷанг хонаҳоро тороҷ, деворҳо ва боғҳоро инҳидом мекард ва қалъаҳоро месӯхтонд. Зиндагонро шиканҷа, иҳонат ва таҳқир мекард. Муҳаммадгулхон “аз қиёмкунанда ҷон мехост ва аз мутеъ мол, инкоркунандаро чӯб мезад ва дашном медод, ҳатто таҳдид ба эҳзор занаш дар маҷлиси ом менамуд. Дар хонаҳое, ки талошӣ мешуд ва аслиҳаву пул ба даст намеомад, занони хонавода таҳдид ба фурӯ бурдани сӯзан дар пистонашон мешуд”.
Нодирхон барои таҷовуз ва ғорати Шимолӣ, аз тамоми қабоили ҷануб сарбоз ҷамъоварӣ карда буд ва дар ҷанги Панҷшер тақрибан ниме аз лашкари Толибон ба чаҳор тарафи дара фаро хонда шуда буд. Ин ҳаракатҳо дар Панҷшер ва оромгоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд аз сари як уқдаи таърихӣ аст. Аҳмадшоҳ Масъуд то охирин рӯзҳои зиндагиаш алайҳи Толибон истод. Панҷшер сангари тасхирнопазири Масъуд дар тамоми давраҳои муқовамат буд ва билтабъ фатҳи он аз сӯи Толибон ширинӣ ва лаззати фаровоне дорад.
Ба тозҳагӣ дар ҳоле ки шунидани мусиқӣ аз сӯи раҳбарии ҳукумати динии Толибон мамнуъ аст, сарбозони он бар оромгоҳи Масъуд рақси маҳаллии паштунҳо - атанро иҷро карданд. Набояд ин масъаларо як амри тасодуфӣ аз сӯи як идда ҷавонони бесаводи фақири бехабар аз ҳама чиз ташреҳ кард. Ин як манёври қавмӣ ва намоиши пирӯзӣ дар баробари ҷабҳаи муддаии қудрат, муддаии тағйири низом ва муддаии истодагӣ то барқарории адолати иҷтимоӣ ва миллӣ аст.
Атан бар сари қабри Аҳмадшоҳ Масъуд доғ гузоштан бар қалбу равони меросдорон ва меросхӯрони Аҳмадшоҳ Масъуд ҳам аст. Мерос барон хоиине, ки тайи бист соли гузашта бо пушти по гузоштан ба тамоми арзишҳои мардум фақат сарватандӯзӣ карданду бас ва дар рӯзҳои душвори ҳамлаи Толибон ба Панҷшер пеш аз дигарон кишварро тарк карданду рафтанд.
Аммо таҳаввули ахир поёни моҷарои Афғонистон нест. Ҳеҷ чизе поён наёфта ва махтум шумурда намешавад. Дар ҳангоме ки нерӯҳои Гитлер андоми Аврупоро ба ларза дароварда буданд ва танҳо аз ҷазираи кӯчаки Инглистон интизори наҷоти Аврупо аз зери султаи фашизм мерафт, сарвазир Уинстон Черчил барои назархоҳӣ ба парлумони Бритониё рафт. Ў дар нутқи машҳураш барои намояндагони парлумон ин ҷумалотро ба забон овард:”Муваффақият поёни кор нест, шикаст ҳам нобудкунанда нест. Фақат як чиз аҳамият дорад ва он шуҷоати идома додан аст”.
Мо ҳаводиси бузургеро пушти сар гузоштаем ва фоҷиаҳои азимтар аз инро таҷриба кардаем. Теғи фашизми қавмӣ аз куштани мо кунд шуда, аммо ин рафторҳо ҳеҷ вақт иродаи мардуми моро барои мубориза ва муқовамат сусту заиф нагардондааст. Ҳосили муборизаи мардум шояд дер ба даст ояд, аммо ба даст омадани ҳосили истодагии мардум, қатъӣ аст. Ҳамин акнун дар манотиқи мухталифи Афғонистон мардум истод ҳастанд ва гоҳу ногоҳ толиберо мекушанд.
Тафовути муборизаи ин фасл аз таърихи Афғонистон бо фаслҳои қаблӣ ин аст, ки огоҳона аст. Моҳияти ҳамаи мо барои якдигар рӯ шудааст. Зиндагии мусолиматомез ва бародарвор дигар мумкин нест. Ҷароҳатҳое, ки рӯҳу равони мо аз якдигар бардошта, дармоннопазир аст. Ҷанги баъдӣ ё ба ҷуғрофия ва воҳидҳои сиёсии ҷадид тамом мешавад, ё ҳадди ақаллӣ системеро рӯи кор меовард, ки дасти бартарии Толибонро аз сари мардуми таҳти ситами Афғонистон кӯтоҳ мекунад.
Масъала ва мушкили асливу бунёдии Афғонистон толиб нест. Моҳияте ба номи “гегемонияталабӣ” аст, ки дар қомати толиб ва гурӯҳҳои дигар ҳар чанд сол якбор падидор мешавад. Мо фақат бо толиб мувоҷеҳ набудаем ва нестем. Мо бо як ҷараёне, ки таърихӣ аст ва ҳамеша вуҷуд доштааст, мувоҷеҳ будаем ва ҳастем. Амир Абдурраҳмонхон, хонадони Яҳё, Амин, Толибон, Тоқат, Юн ва ҳазорон чеҳраи дигар, ки навиштаанд ва аланӣ сухан гуфтаанд, моҳияти муштарак доранд, ки дар қолабҳои мутафовит падидор мешаванд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.
**Шимолӣ – номи умумии вилоятҳои шимоли Кобул – Парвон, Кописо ва Панҷшер