Бисёре аз кишварҳои минтақа дар ҳоли ҳозир дақиқан намедонанд, ки бо Афғонистон чӣ кунанд. Русия низ аз ин амр мустасно нест.
Нависанда: Рустам Рушангар
Изҳороти Путин дар мавриди Афғонистон дар ҷаласа Шӯрои амнияти Русия бесобиқа будааст. Путин ба шакли ғайриқобили пешбинӣ, дар садри мавзӯъоти мавриди баҳси ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия, ки 28 апрели соли равон баргузор шуд, мавзӯъи Афғонистонро матраҳ мекунад ва аз вазири дифоъ мехоҳад, ки мавзӯъи Афғонистонро ба сурати ҷиддӣ зери назар бигирад. Ин дар ҳолест, ки Русия дар авҷи даргириҳо бо Украина қарор дорад.
Ба эҳтимоли зиёд ноамниҳои ахир дар Афғонистон аз варои густариши фаъолияти ДОИШ* Русияро нигарон сохтааст. Нигаронии Русия ин аст, ки Толибон* тавони кунтрули авзоъро аз даст диҳад ва кишварҳои ғарбӣ, ки дар ақиби ДОИШ* қарор доранд аз ноҳияи Афғонистон хатареро мутаваҷҷеҳи Русия бисозанд.
Ин нигаронӣ беҷо нест. Толиб тавони маҳори ҳамалоти созмонёфтае, ки ба номи ДОИШ анҷом мешавадро надорад. Дар пушти ин ҳамалот барномаҳои калоне нуҳуфтааст. Раҳбарони Толибон ҳатто намедонанд, ки чӣ теъдод фармондеҳон ва нафароташон доишӣ аст. Ҳар он имкони сиёҳ шудани байрақи сафед вуҷуд дорад.
Ин ки Русия дипломатҳои Толибонро пазируфта ба ин маъност, ки Маскав иҷолатан ба фикри ҳифзи оромиш дар Афғонистон аз тариқи ташвиқи Толибон ба мубориза бо ДОИШ аст, аммо зиёд мутмаин нест, ки ин сиёсат натиҷа бидиҳад. Метавон гуфт, ки бисёре аз кишварҳои минтақа дар ҳоли ҳозир дақиқан намедонанд, ки бо Афғонистон чӣ кунанд. Русия низ аз ин амр мустасно нест. Дидем, ки эрониҳо низ дар айни эъзоми нирӯ ба марзи Афғонистон, аз пазириши дипломатҳои Толибон сухан гуфтанд. Ин яъне то равшан шудани вазъият омодаи пешомади ҳар вазъияте бояд буд. Ин яъне сардаргумӣ!
Баъзеҳо ба ин боваранд, ки Русия ба хотири ин ки Чин рӯи Толибон сармоягузорӣ карда, ба Толибон рӯи хуш нишон медиҳад. Яъне Маскав сиёсати худ дар қиболи Толибонро бо Чин ҳамсӯ месозад зеро, ки дар ҷанги Украина Русия ба Чин ниёз дорад.
Далоили ҳимояти Чин аз Толибон низ иқтисодӣ аст. Ин кишвар дар Покистон зиёд сармоягузорӣ карда ва дар Афғонистон низ қарордодҳои бузурги чанд маъданро ба даст оварда ва мунтазири оромиш дар Афғонистон аст, ки проектҳои иқтисодии худро амалӣ бисозад. Албатта, Чин болои Толибон минҳайси як нерӯи суботофарин ҳисоб боз карда, ки дар ин муҳосиба машвараи Покистон ҳам асаргузор аст, аммо дар кулл ин муҳосиба иштибоҳ аст.
Толибон дарвоқеъ омили бесуботӣ аст, на омили субот. Агар Чин фикр кунад, ки толиб бо саркӯби мухолифин дар Афғонистон назму оромишро барқарор мекунад, сахт дар иштибоҳ аст. Толиб тавони саркӯби мухолифини худро надорад, ҳатто агар дар ин кор ҳимояти кулли қудратҳои бузурги ҷаҳонро дошта бошад. Чун мухолифини Толибон як гурӯҳи кӯчаки сиёсӣ ва низомӣ нест. Ҳама мардуми Афғонистон мухолифи Толибон ҳастанд.
Оромиши нисбии чандинмоҳа дар таҳти сайтараи Толибон на нишонаи ризояти мардум аз толиб аст ва на натиҷаи тавони толиб дар маҳори бесуботӣ. Ин оромиш, натиҷаи як шок, як ғофилгир шудан, як сардаргумӣ ва ваҳшат аст ва бо гузашти ҳар рӯз дар ҳоли чархиш ба самти бесуботӣ аст.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.