Хабари рӯз

Нависанда: Сурайё Баҳо, нависанда, масмус барои “Сангар”

Ончи аз фармондеҳ Масъуд дар ҷабҳаи Панҷшер омӯхтам.

Мубориза ҳунар аст ва ҳунари волотар он аст, ки фармондеҳи шуҷоъ дар хатти муқаддами ҷабҳа ҳузур дошта бошад; фармондеҳе, ки ҷони сарбозони худро ба андозаи ҳайсият, номус ва ормони хеш арзишманд бидонад.

Ончи ман аз фармондеҳ Аҳмадшоҳ Масъуд дар ҷабҳаи Панҷшер омӯхтам, ин буд, ки дар як муборизаи мусаллаҳона, шуҷоат ба танҳоӣ кофӣ нест, балки шуҷоат бояд бо дониши низомӣ, мудирияти манобеъи инсонӣ, инзибот, муҳосибаи хатар ва шинохти дақиқ аз тавоноиҳо ва осебпазириҳои душман ҳамроҳ бошад.

Дар шеваи амалиётии Масъуд ҳифзи ҷони неруҳо яке аз усули асосӣ буд. Дар тарроҳӣ ва иҷрои ҳамла бар мавозеь ва қароргоҳҳои нерӯҳои Шӯравӣ нахустин мулоҳиза коҳиши талафоти неруҳои худӣ ва сипас дастёбӣ ба ҳадафи низомӣ буд. Муваффақияти як амалиёт танҳо дар тасарруфи як мавзеъ хулоса намешуд, балки озодии як минтақа, ба асорат гирифтани неруҳои душман, ба даст овардани силоҳ ва таҷҳизот, аз ҷумла Калашников, ДШК, тонк ва муҳиммот, ва дар маҷмуъ эҷоди бартарии амалиётӣ, бахше аз дастовардҳои мавриди интизор буд.

Аз ин манзар, неруи инсонӣ бараи Масъуд як сармояи низомӣ буд, на неруи масрафӣ. Сарбоз набояд сирфан бараи пур кардани майдони набард қурбонӣ шавад. Фармондеҳии масъулона он аст, ки миёни ҳадафи низомӣ, ҳазинаи инсонӣ ва дастоварди амалиётӣ тавозун барқарор кунад. Оё сарбозон гӯсфандони қурбонианд, ки бидуни муҳосиба ва бидуни дастовард, ба майдон фиристода шаванд?

Як раҳбари хирадманд, як ҷангҷӯ, як чирик ва як сарбоз пеш аз вуруд ба майдони набард бояд ҳунар ва ахлоқи муборизаро бишносад ва биёмӯзад. Набард бо душман танҳо ба силоҳ ва неруи физикӣ вобаста нест, балки ба раҳбарии нерӯманд, созмондеҳии муассир, иттилооти дақиқ, руҳияи ҷангӣ, инзибот ва тасмимгирии дуруст низ ниёз дорад.

Аз ҳамин рӯ, дар як сохтори низомии печида раҳбарии фардӣ ҳарчанд неруманд бошад, ба танҳоӣ кофӣ нест. Вуҷуди як сохтори ҷамъии тасмимгирӣ, монанди як Шӯрои низомӣ ё Кумитаи марказӣ, муташаккил аз афроде хирадманд, ботаҷриба, мутахассис ва мутааҳҳид метавонад зарфияти тасмимгирӣ ва мудирияти як ҷунбиш ё неруи низомиро афзоиш диҳад.

Фармондеҳ Масъуд дорои ташкилоти густарда ва мунсаҷиме буд ва ҷабаҳоти мухталифро ба гунае созмондеҳӣ, ҳидоят ва контрол мекард, ки барои бисёре аз нозирон, амалкарди он шабоҳат ба як системи печида ва якпорча дошт; системе, ки дар он, иттилоот аз сутуҳе мухталиф ҷамъоварӣ, таҳлил ва ба тасмиме амалиётӣ табдил мешуд.

Масъудро наметавон танҳо ба унвони як фармондеҳи майдон таъриф кард. Ӯ дар шароити хоси таърихии Афғонистон, стратежисти сиёсӣ — низомӣ буд, ки тавоноии пайванд додани ҷанг, сиёсат, созмондеҳӣ ва дипломатияро дошт. Ҳатто шуморе аз низомиёни Шӯравӣ низ тавоноиҳои низомии ӯро мавриди таваҷҷуҳ қарор додаанд.

Генерал Борис Громов, фармондеҳи нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон, дар хотироти худ аз соли 1985 ба унвони яке аз давраҳои бисёр шадиди ҷанг ёд мекунад, даврае, ки дар ҷараёни набардҳои сахт ва тӯлонӣ бо неруҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳ Масъуд, бараи раҳбарии Шӯравӣ беш аз пеш равшан шуд, ки масъалаи Афғонистон сирфан аз роҳи низомӣ қобили ҳал нест ва бояд бараи он роҳҳалле сиёсӣ ҷустуҷӯ шавад.

Ин нукта моро ба як пурсише муҳим мерасонад:

Дар тӯли садаҳо ва дар миёни наслҳои мутааддид, чигуна шахсияте монанди Аҳмадшоҳ Масъуд зуҳур мекунад? Оё чунин нубуғ ва истеъдоде сирфан як падидаи фардӣ аст, ё метавон решаҳои онро дар муҳити иҷтимоӣ, фарҳанг, таҷрибаи таърихӣ, омузиш, шароити сиёсӣ ва истеъдодҳои зотӣ ҷустуҷу кард?

Фармондеҳ Масъуд бо кулоҳи пакул бар сар ва дастмоле фаластинӣ бар гардан шинохта мешуд, аммо Масъудро набояд бо завоҳираш таъриф кард. Пакул, дастмоли фаластинӣ, либоси низомӣ ва ҳатто аслиҳа, ҳеч кадом ба танҳоӣ инсонро ба як фармондеҳ табдил намекунанд.

Ончи Масъудро аз дигарон мутамойиз мекард, тафаккури пушти он зоҳир буд; мағзе, ки бояд меандешид, таҳлил мекард, тасмим мегирифт ва масъулияти тасмими худро мепазируфт.

Ҳар кас пакул бар сар бигузорад ва дастмоли фаластинӣ бар гардан бибандад, Масъуд намешавад; ҳамон гуна ки пӯшидани юниформ, касеро низомии ҳирфаӣ намесозад.

Масъудро бояд дар дониш, таҷриба, инзибот, шуҷоат, қудрати таҳлил, созмондеҳӣ, тасмимгирӣ ва тавоноии раҳбарӣ ҷустуҷу кард, на дар зоҳири ӯ.

Дар зери кулоҳи Масъуд, як “моддаи хокистарӣ” қарор дошт, ки онро мағз меноманд, аммо пурсиш ин аст:

Дар зери кулоҳи шумо чӣ чизе қарор дорад?


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!