Ҷаҳони Ғарб барои муқобила бо Русияи Владимир Путин ба силоҳе дигар ниёз дорад
Нависанда: Ориф Ҳасанхон Охундзода, пажӯҳишгар ва таҳлилгари масоили минтақаӣ, узви Шӯрои машваратии “Сангар”
“Идеологияи Покистон” мавзӯъест, ки бисёр дар бораи он сухан гуфта мешавад ва солҳои зиёд аст, ки шуҳрате бисёр баҳсбарангез пайдо кардааст. Шояд бардошти ман аз ин “идеология” ва бунёди воқеии пуштунӣ — панҷобии он бо бардошти роиҷ тафовут дошта бошад.
Пуштунҳо (дақиқтар бигӯем, қавми пуштун — афғон) маҷмӯае рангин аз қабоили парокандаанд, ки ба рафторҳои ҷинояткорона ва зидди иҷтимоӣ гароиш доранд ва шеваи беқонуни зиндагии худ, ҳамроҳ бо ифротгароии динӣ ва фарҳангиро бар ҳар арзиши дигар муқаддам медонанд. Ҳамин гурӯҳ — ҳамроҳ бо давлате, ки номи Афғонистонро бар худ дорад, агар аслан битавон онро давлат номид — тайи дусаду панҷоҳ соли гузашта пешгоми роҳбурди империалистии англисӣ — амрикоии маъруф ба “Бозии бузург” дар ин минтақа алайҳи Русия будааст.
Ташкили Покистон охирин таҷассуми ин роҳбурд буд. Панҷоб чӯби найзаест, ки сарнайзаи пуштунӣ барои таҳаққуқи ин ҳадаф бар он насб шуд. Аммо имрӯз ин найзаро мӯриёнаҳо хӯрдаанд ва сари он занг задааст. Дигар ниёзе ба он нест.
Ҷанги сард ба ҷанги доғ табдил шуда ва ба қалби Аврупо расидааст. Акнун ҷаҳони Ғарб барои муқобила бо Русияи Владимир Путин ба силоҳе комилан мутафовит ва роҳбурде тоза ниёз дорад. Рӯёрӯии кунунӣ охирин рӯёрӯӣ хоҳад буд ва камтар аз бисту панҷ моҳ, на дусаду панҷоҳ сол, идома хоҳад ёфт.
Ахиран ин фурсатро доштам, ки дар як нишасти маҳрамонаи олирутба дар бораи масоили амниятӣ ҳузур дошта бошам. Он ҷо матолибе шунидам, ки дидгоҳҳоямро ба таври комил таъйид мекард. Дар он нишаст эълом шуд, ки марзи ғарбии кишвар, бо вуҷуди солҳои тӯлонии ҳаёҳуи таблиғотӣ дар бораи Ислом, Кашмир, ҷанги ҳастаӣ ва мавзӯъҳои мушобеҳ, бамаротиб хатарноктар аз марзи шарқии он аст.
Дар он нишаст таъкид шуд, ки мудофеони кишвар бояд бамаротиб бештар аз ҷабҳаи шарқӣ, аз таҳдидҳои марзҳои ғарбӣ ҳарос дошта бошанд, бо вуҷуди он ки тавоноиҳои тарафи афғон бамаротиб маҳдудтар аст. Афзун бар ин, суизан танҳо мутаваҷҷеҳи ҷамъияти он сӯи марз набуд, балки пуштунҳои сокини дохили худи кишварро низ дарбар мегирифт. Ҳамчунин эълом шуд, ки хати Дюранд сирфан “хати Дюранд” аст, на як марзи байналмилалӣ.
Ҳа ҳа ҳа. Чӣ ҳилае!
Аммо ин низ бо воқеият мутобиқат дорад. Ҷолиб он ки ин изҳори назар ҳеҷ гоҳ тавзеҳи бештаре наёфт. Ҳеҷ яке аз ҳозирон он андоза тезбин набуд, ки дархости тавзеҳ кунад ва бо таваҷҷуҳ ба фазои ҷаласа ва таркиби ҳозирон, матраҳ кардани чунин пурсише низ чандон муносиб ба назар намерасид. Дар поён, ба ширкаткунандагон эълом шуд, ки “доктрини пояии дифоӣ тағйир кардааст.”
Тамоми он чӣ гуфта шуд, ба таври ғайримустақим нишон медод, ки ҷанҷолҳои лафзӣ ва ҳаёҳуи ҳамешагӣ миёни Покистон ва “писарамуҳои” ҳиндии он чизе ҷуз сарусадо нест. Душмани воқеӣ дар ҷои дигар қарор дорад... ва ҳамон душмани таърихии ҳар дуи ин бародаронест, ки зоҳиран аз якдигар бегона шудаанд.
Метавонам бигӯям, ки барои ман ифтихори бузурге буд, ки дарёфтам мудофеони кишвар авзоъро тақрибан ҳамон гуна мебинанд, ки ман мебинам, ҳарчанд мавозеъи сиёсии мо комилан дар ду сӯи мухолифи якдигар қарор дорад.
Бар хилофи бештари буҳронҳои байналмилалӣ, рӯйдодҳои ахири марбут ба Иёлоти Муттаҳида ва Эрон моҳияте воқеан сарнавиштсоз доранд. Аммо ҳамонанди бисёре дигар аз таҳаввулоти геополитикӣ дар асри шабакаҳои иҷтимоӣ, ин рӯйдодҳо низ мавҷе аз муфассирони сатҳиро падид овардаанд, ки камтарин салоҳиятро барои таҳлили ҷиддии ин масоил доранд. Навиштаҳои онон барои мухотабоне камтаваққӯъ таҳия мешавад ва тавзеҳоти сода, хушоянд ва осонфаҳм ироа медиҳад, ки ниёзи фарҳанги умумӣ ба посухҳои осонро бароварда мекунад, бе он ки бар дарки ҳирфаӣ аз рухдодҳо, шинохти амиқи таърих ё фаҳми решаҳои бунёдии ин рӯйдодҳо устувор бошад.
Дар ин ҷо манзури ман арзёбиҳо ва натиҷагириҳои нодуруст дар бораи нақши Покистон дар ҷараёни буҳрони Амрико ва Эрон аст. Сухан аз касоне нест, ки огоҳона иттилооти нодуруст мунташир мекунанд, балки аз афроде аст, ки содиқона бовар доранд ҳақиқатро баён мекунанд.
Барои намуна, метавон ба равобити пуштунҳо ва панҷобиҳо дар дараи Синд, дар сатҳҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ишора кард. Бритониёиҳо огоҳона ва бо маҳорати чашмгир аз ин вижагӣ баҳра бурданд ва онро ба абзоре барои бесуботсозӣ табдил карданд, то дар хидмати манофеи роҳбурдӣ ва ҳисобгаронаи худ дар ин минтақаи ҳассос қарор гирад.
Дақиқан ҳамин мавҷудият, ки баъдҳо Покистон ном гирифт, ба чунин абзоре табдил шуд. Ба ҳамин далел, ҳангоме ки дар солҳои Ҷанги ҷаҳонии дувум ошкортар мешуд, ки қудрати Империяи Бритониё рӯ ба уфул аст ва эҳтимоли шикасти он рӯз ба рӯз афзоиш меёбад, раҳбарии Бритониё тасмим гирифт Империяи Ҳинди Бритониё, ё ҳамон «Роҷи Бритониё»-ро таҷзия кунад.