Муаллиф: МУҲАММАД УСМОН НАҶИБ
Кишвари мо, ки ба далел ва далоили бешумору мудом ҳолати ҳассос ва гузаро дошта ва бахусус дар наздик ба сесад соли пасин ҳеҷ гоҳе соҳиби истиқрор ва сукун набуда ва дар талотуми амвоҷи хушунат ба сар бурда. Возеҳ аст вақте макони усконӣ (зиндагӣ)-амон пурошӯб бошад, пас мо ҳам бо дилҳураҳои зиндагӣ ҳамроҳ мебошем ва коктусҳо бистару хорҳои халандаи онон хобгоҳамонанд. Дар он сурат аст, ки набард барои раҳоӣ аз юғи султагароён воҷиб мешавад.
Дар бизангоҳҳои сиёсиву фикрӣ ва табории ҷаҳон танҳо кишваре, ки масъулони масъул надошта ва умдатан марбути як қавм буданд, Афғонистон аст. Пайоянди муборизоту ихтилофот ва гоҳе ҳам ҷангҳои хунини дохили кишварҳо сулҳе буда, ки ғолибу мағлуб дошта ё тавофуқи сиёсиву табориро армуғон овардааст.
Дар натиҷа кишварҳои бузурге мисли Амрико ва иттиҳодияҳои бузурги кишварӣ, мисли Аврупо ба вуҷуд омада. Тирагии рӯзгорони миллат дар Афғонистон замоне ба нуқтаи инфиҷор расид, ки қабилагароёни суннатӣ ва модерн ба гунаи мустақим ё инаиноиву морпечон роҳашон бар зидди сокинони аслии сарзамини мо дарнавардиданд. Лизо инон масъули тамоми фоҷиа дар кишваранд, бахусус аз асри Абдураҳмонӣ то имрӯз.
Буъди ҳодисаофаринии паштунии сиёсӣ ва иқтидоргаро мудом ин буда, ки бо фурӯкашии инқитобҳои зотулбайниашон ва оштиҳои паштунволӣ бедиранг теғи кину кушторро ба сӯи ақвоми дигар баргардонанд ва муттафиқан бар ӯзбекҳо, тоҷикҳо ва ҳазораҳо ва умдатан порсигӯён баргардонда ва ба онон тохтаанд.
Дар ҳоле, ки бар бинои ҳар муҳосиба инон ҳатто ақаллият ҳам нестанд. Далел ҳам талошҳои деринаашон, ба хусус аз замони Довуд то суқути Наҷиб ҳамоно часпидан ба қабоили паштун дар марзҳои шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон аст.
Дар Афғонистон ҳокимият мекунанд, ҳукмравоӣ доранд, гоҳе шариатро худашон месозанд ва гоҳе демократияро унвон мекунанд, замоне мунсариф мешаванд. Аммо мӯҳтавои барномаҳои ҳазфи ақвоми дохили Афғонистон дар миҳроқи барномаҳои қудратталабӣ ва ҳежимунии сиёҳи паштунизм қарор дорад. Ҳатто агар боварҳои сиёсӣ ва ақидатиашон дар ихтилоф бошад.
Мушкил дар ин аст, ки инон ҳатто ба боварҳои суннатӣ ва мудернита ҳам имон надоранд. Яъне ҳаргиз ҳозир ба саршумории ҳақиқии нуфус нестанд, ба усконҳо ва саканаҳои пешо сӣ сол аҳамияте намедиҳанд.
Фикр мекунанд, миллат кару кӯр ва гунг аст, ки бист сол иқтидор дар даст кӣ буд ва чӣ кард? Аз Карзай то Залилзод ва аз Ғанӣ то толибзоди ҳокими имрӯз.
Чаро таҷзия, на федерализм?
Муаллифаҳо ва зобитаҳои федерализм ба дарди кишварҳое мехӯрад, ки оқилон, олимон ва одамону ҳокимони одил дар онҳо соҳиби иқтидоранд ва ё миллатҳояшон бедору нотарс ҳастанд ва қонун дар он кишварҳо сухан мегӯяд, на қомуси қабиласолорӣ. Ҳамин Покистоне, ки имрӯз Ғанӣву Карзай моро дар ишғоли он додаанд, кишваре дорои тамоми тавоноии эъмоли қонун аст ва мо борҳо шоҳид будаем, ки қудрати мардумиашон чӣ гуна ҳокимонро барандохтааст.
Лизо, ба назари ман, аз лобигариҳои беҳуда барои тарҳи федерализм, ки боз ҳам навъе вобстагӣ аст, эҷоди Афғонистони Шимолӣ ва Ҷанубӣ беҳтарин роҳу гузинаи сиёсат ва нафаси роҳат кашидан барои мардумони ҳарду Афғонистон аст.
Назарияпардозон ва федералхоҳон дар Афғонистон ҳаргиз ба ин бадии федерализм андеша надошта ва напардохтаанд, ки иқтидори марказии низомҳои федералӣ боз ҳам ба чӣ касе дар Афғонистон такя дорад? Қабул кунем, ки ин навъи низомро дорем, оё ҳисси тамомиятхоҳӣ, ҳежемунии султагароӣ ва гурез аз фарзияи маҳоли ақаллият ва аксарият аз афкори паштуни муддаии моликияти Афғонистон ихтитом хоҳад ёфт ва шиорҳои миёнтиҳии тавзеъи одилонаи сарват ва қудрат боз ҳам дар инҳисор онҳо нахоҳад буд ва федералистҳо дар маҳаллоташон дасти боз ва афкори мунсаҷим ва бе дилҳура аз дасисаи паштунизм хоҳанд дошт? Оё ҳаққи вето дар он нахоҳад буд, ки дар инҳисори паштун набошад? На ва ҳаргиз на.
Нусхаи аслии ҳамон Афғонистони Шимолӣ ва Ҷанубӣ асту бас. Деворҳо аз хатми Чаҳоросиёб ва аз хатми Сурубӣ бунёд гузошта шаванд ва гузаргоҳҳои марзӣ байнӣ кишварҳои Афғонистони Шимолӣ ва Ҷанубӣ эҷод гарданд ва таносуби санҷишҳои соҳоти ғарбӣ ҳамчунон аз хатми Арғандӣ ва аз шурӯъи хатти фосил миёни Сабзвор ва Кандаҳор ва ё муттакӣ ба арзёбии аслии соҳа сурат гирад.
Хуллас:
Ҳудуди арбаъаи Афғонистони шимолӣ;
Шарқи хатми Сурубӣ;
Ҷануби хатми Чаҳор Осиёб, ғарби хатми Арғандоб ва шурӯъи шаҳристони Сабзавор.
Албатта, ки ин тарҳ ба унвони як дидгоҳи ибтидоӣ аст ва медонам, ки пеш аз ҳама чандто чакчакиҳои порсигӯ ва зоҳиран таҳсилкардаи ормонгаро ба алайҳи ман ва бар зидди ман метозанд. Аммо ин гурӯҳ бояд як таҳлили амиқ аз наздик ба сесадсоли пасин дар кишвар дошта бошанд ва бидонанд, ки ҷойгоҳашон дар куҷо будааст? Ҳаргиз ҷойгоҳе надоранд ҷуз ба даст гирифтани сарнавишти худашон бо Афғонистони Шимолӣ. Он гоҳ аст, ки мебинем қудратмдорони бемағзи паштун чӣ улгуе аз хайбариҳои лару бар мегиранд ва худашон то кадом сарҳад масдари хидмат ба оми паштунии бечора мешаванд, ки ҳамеша аз онҳо ба ҳайси гулӯлаҳои даҳани тӯп истифода кардаанд.