Муаллиф: МУҶИБ МЕҲРДОД
Инҳирофҳои дурӯғини ин ҷараён дар таърихи муосир бо вуҷуди ташхиси шуморе аз равшанфикрон ба гуна мақтаъӣ дили тамаъкорон ва даллолони ривоятҳои дурӯғинро хуш карда буд, аммо ҳар бор таърихи ин сарзамин ин бунбастҳои дурӯғинро шикастааст ва вориди масир аслиаш, ки буҳрони “фуқдон (набуд)-и як давлати миллӣ” аст, шудааст. Таҳаввули ахир мисдоқи боризи бозгашт ба нуқтаи сифрии ин буҳрон аст.
Дар ин таҳаввул агар як чиз ба поёнаш расида бошад, ривояти дурӯғине аст, ки ба воситаи ҳукуматҳои дурӯғин ва ҳавохоҳони хушхаёли он бар пайкари ин ҷуғрофия васла шуда буд.
Ҳоло даврони урёни комили буҳронҳои миллии мо аст. Аз ин бизангоҳ ба куҷо азимат мекунем?
Ду роҳ бештар нест:
Ононе, ки ба хотири манофеъи ҳақири қавмӣ худро ба хоб зада буданд, бо зӯри путкҳои ҷадид ба иҷбор аз хоби хуш бедор мешаванд ва ё дар таҳаввули ҷадиде, ки дер ё зуд иттифоқ меафтад, рабти худро бо вазъият аз даст медиҳанд ва ё ҳам ногузир аз истодан дар сафи ҷараёнҳои қаҳқароӣ мешаванд ва бо онҳо якҷо ба зуболадони таърих партоб мешаванд.
Ҳоло замони интихоб аст. Бахши дигари мардуми Афғонистон ба равшании тамом интихоб кардаанд, замонҳои эҳтимолии тадовуми буҳронро бо сабурӣ санҷидаанд.
Истидлоли ин гурӯҳ содда аст:
Ҳар қадар замон мебарад бибарад, ҳар қадар ранҷ дошта бошад, ишколе надорад, аммо ин ранҷ дар партави равшании сарнавиште, ки таъйин шудааст, пазируфтанӣ ва дилхоҳ аст.
Баъдан ба ҳоли ононе, ки ҳанӯз ҳам бо вақоҳат ва дидадароӣ бар табли “сарнавишти муштарак“-и дурӯғине, ки дар таърихи муосири мо дар назар ва амал шикаст хӯрдааст, мекӯбанд.
Онҳо фурӯмоягонанд ва тардшудагони даврони тозае, ки оғоз шудааст.