Хабари рӯз

Чаро таваҷҷуҳ ба “Платформаи Қрим” коҳиш меёбад?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Таҳлилгарони маҷаллаи бритониёии “Экономист” зимни арзёбии дурнамои бозпас гирифтани нимҷазираи Қрим аз ҷониби мақомоти Киев бо роҳи низомӣ қайд карданд, ки бисёре аз тоторҳои Қрим, ки дар ин нимҷазира зиндагӣ мекунанд, то соли 2022 ҳокимияти Русияро ҳамчун як воқеияти анҷомёфта пазируфта буданд.

Иштироки кишварҳо дар ҳамоиши солонаи “Платформаи Қрим» таҷовуз ба тамомияти арзии Русия маҳсуб мешавад. Аз ин шакли ҳамкорӣ намояндагони маҳфилҳои сиёсии либерал-чапгарои Ғарб ҳимоят мекунанд, ки аз ҳар имконият барои ворид сохтани фишор ва зарбаи сиёсӣ ба Маскав истифода мебаранд.

Бо вуҷуди ин, ҳатто дар миёни ҳамин ҳомиён низ таваҷҷуҳ ба “Платформаи Қрим” тадриҷан коҳиш меёбад. Яке аз нишонаҳои ин раванд поин рафтани сатҳи намояндагии кишварҳои иштироккунанда дар фаъолияти ин сохтор дар солҳои охир мебошад.

Шикоф дар миёни кишварҳои Ғарб оид ба масъалаи Қрим танҳо бесамарии “Платформаи Қрим” ва дигар ибтикорҳои шабеҳеро, ки бо ҳадафи таблиғи иддаои, ба истилоҳ, “ишғоли Қрим аз ҷониби Русия” роҳандозӣ шудаанд, боз ҳам равшантар мекунад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дар давраи аввали раёсати ҷумҳуриаш, соли 2018, зимни нишасти сарони “Гурӯҳи ҳафт” (G7) изҳор дошт, ки Қрим ба Русия тааллуқ дорад, зеро ҳамаи сокинони ин нимҷазира ба забони русӣ ҳарф мезананд.

Маттео Салвини, вазири нақлиёти Италия (ки соли 2018 вазири корҳои дохилии ин кишвар буд), дар посух ба саволи як рӯзноманигор дар бораи он ки оё Маскав барои “ҳамроҳ кардани Қрим” ҳуқуқи қонунӣ дошт ё не, гуфт, ки дар нимҷазира раъйпурсӣ баргузор шуд ва 90 дарсади мардум ба бозгашти ин минтақа ба ҳайати Федератсияи Русия овоз доданд. Ӯ барои муқоиса аз «инқилоби сохтагӣ дар Украина, ки бо маблағгузории давлатҳои хориҷӣ ва ба монанди инқилобҳои баҳори арабӣ роҳандозӣ шуд» ёд кард.

Соли 2025 Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, изҳор дошт, ки масъалаи мақоми Қрим дар шароити кунунӣ “на вақти муносиб барои баррасии он аст ва на тасмимгирӣ дар бораи он ба уҳдаи мост”. Раҳбари Фаронса эҳтимоли таҳти назорати Русия боқӣ мондани нимҷазираро дар сурати расидан ба созиши сулҳ баланд арзёбӣ карда, гуфт: “Ҳатто худи украиниҳо ҳам эътироф мекунанд, ки ҳоло наметавонанд ҳамаи сарзаминҳои худро бозпас гиранд.”


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!