Хабари рӯз

Толибон асосан бо мардум ва мутолиботи одилонаи мардум дар ҷанг аст. Чун бо мардум мувоҷеҳ шудааст, дер ё зуд камараш мешиканад. Бохташ ҳам аз ҳамин ҷо шурӯъ шуда, дар Афғонистон, на Анқара.

Нависанда: Раззоқи Маъмун

Раҳбарони гирдомада дар иқоматгоҳ маршал Дӯстум дар Анқара (19 май), ба як платформаи мушаххас даст наёфтанд. Аслан таърихчаи корномаҳои ҳар яке аз онҳо нишон медиҳад, ки дар гузашта низ ҳеҷ гоҳ ба як тарҳу барнома барои наҷоти худу низоми сиёсии Афғонистон даст наёфта буданд.

Ҳоло ба назар мерасад, ки бештар ба наҷоти сарнавишти худашон дил бастаанд, то Афғонистон ва ҷумҳурият. Ин нуктаро аз матни эъломияи шитобзада ва адабиёти саросар клишаии он метавон фаҳмид.

Душман, бо баҳрагирӣ аз нерӯи сахтафзори ҷангӣ, ононро аз майдон ба дар бурда, аммо онҳо аз толиб хостори бозгашт ба музокираанд. Дар ҳоле, ки толиб ҳеҷ гоҳ дар гузашта ҳам бо онҳо музокира накардааст. Аз назари Толибон, раҳбарони нишасти Анқара, таърихи масрафашон гузашта ва мардум аз онҳо рӯй гардондаанд. Онҳо ҳамдасти ишғолгарон будаанд ва ба додани камтарин имтиёзе омода нестанд.

Таноқузи хандаовар дар эъломияи сарони сиёсӣ дар Анқара ба чашм мехӯрад. Аввалан, бидуни як иҷмоъ ба файсалаи расидаи катбӣ, бидуни қарори расмие, худро “аъзои Шӯрои олии муқовамати миллӣ барои наҷоти Афғонистон” номгузорӣ мекунанд.

Аммо “Шӯро” ба таври тасодуфӣ ҷамъ шуда ва “муқовимати миллӣ”-ро ба маънои ҳозир шудани Толибон ба музокираву тафоҳум ба иштибоҳ мегиранд. Аз муқовамат аслан нишонае нест, аз номи он ба толиб тавсия мекунанд, ки бояд бо онҳо музокира кунад.

 Аз худ суроға намедиҳанд. Аз нуфузу ҷойгоҳи билфеъли хеш айнияте зоҳир намесозанд, аммо таваққӯъ доранд, ки толиб дасти ёрӣ ба сӯяшон дароз кунад.

Шомилони ҷаласа аз “наҷоти Афғонистон” ва аз офати Толибон сухан меронанд, аммо таваққӯъ доранд, ки он гурӯҳи “мутаҳаҷҷир”, ки омили ҳама бадбахтиҳои мардуми Афғонистон аст, раҳме ба ҳолашон бикунад ва бо онон сари мизи музокира бинишинад!

Аз эъломияи Шӯрои муқовамати миллӣ барои наҷоти Афғонистон бармеояд, ки онҳо пешопеш гурӯҳи Толибонро ба ҳайси як тарафи сиёсӣ ба расмият шинохтаанд ва таваққӯъ доранд Толибон низ ононро ба унвони як тарафи қазияи Афғонистон эътироф кунад.

Зери пӯсти ин эъломияи мутаноқиз ва саросар куллипардозӣ, як навъ омодагӣ барои ҳар хел муомилагирӣ бо толиб эҳсос мешавад. Лаҳну адабиёти ин эъломия тавре нест, ки битавон қонеъ шуд, ки “муқовамати миллӣ”-ро ба роҳ меандозанд ва воқеан аз рӯи ҷиддият барои “наҷоти Афғонистон” омодагӣ доранд.

Толибон як гурӯҳи “мутаҳаҷҷир”-анд, аммо хислати таҳаҷҷур дар рафтори сиёсӣ ва мавзеъгириҳояшон нисбат ба сарони ҷамъшуда дар Анақра низ барҷаста аст. Эҳтимоли карниш (тағйири шакл) ва нармиши Толибон нисбат ба сарони “муқовамати миллӣ” вуҷуд надорад. Толибон ҳатто дар баробари Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки амалан бо Толибон дар чандин истиқомат дар набард қарор дорад, аз ҳеҷ навъ таомул ва нармиши сиёсӣ кор намегиранд, чӣ расад ба сарони гирдомада дар Анқара, ки дасташон холист ва ҷойгоҳи иқтисодиву сиёсиашон ба василаи Толибон мусодираву табоҳ шудааст.

Толиб асосан бо мардум ва мутолиботи одилонаи мардум дар ҷанг аст. Чун бо мардум мувоҷеҳ шудааст, дер ё зуд камараш мешиканад. Бохташ ҳам аз ҳамин ҷо шурӯъ шуда, дар Афғонистон, на Анқара.

 

ЧАРО АҲМАДИ МАСЪУД ДАР ҶАЛАСАИ АНҚАРА НАБУД?

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!