Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ кадом авлавиятҳоро баён кард?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Дар оғози ҳафта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард. Сарвари давлат бо президентони Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мулоқот кард, инчунин дар Кремл ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ баргузор гардид. Дар бораи муҳимтарин натиҷаҳои ин ҳамоиш барои Тоҷикистон бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов сӯҳбат кардем.
Дар нишаст Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи дерадикализатсия барои солҳои 2025-2027, ки аз ҷониби Ӯзбекистон таҳия шудааст, қабул карда шуд. Барнома рушди заминаи ҳуқуқию байналмилалии ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ-ро дар ин самт, инчунин рушди таҷрибаи ҳамкорӣ, таъмини иттилоотию таҳлилӣ ва илмию методии фаъолияти давлатҳоро дар соҳаи дерадикализатсия пешбинӣ мекунад.
АЗ ҲАМА МУҲИМТАР
«Дар нишасти сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки чанде пеш дар Маскав баргузор гардид, як қатор нуқтаҳои муҳим вобаста ба самтҳои фаъолияти муштараки кишварҳои мо барои 5-10 соли оянда муайян карда шуд», - қайд намуд коршинос. – Сарони давлатҳои ИДМ аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ, инчунин аҳамияти роҳандозии лоиҳаҳои нави муштарак дар соҳаҳои гуногунро таъкид карданд. Ҳамчунин қайд гардид, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишварҳои ИДМ ба таври назаррас беҳтар гардида, афзоиши ҷиддии мубодилаи тиҷорати мутақобила ва сармоягузориҳои байни давлатҳо ба назар мерасад. Ин барои татбиқи лоиҳаҳои нав, ки ба рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни давлатҳои мо мусоидат мекунад, замина фароҳам меорад».
Фаридун Усмонов таъкид мекунад, ки дар кишварҳои ИДМ ба муборизаи муштарак бо ҷиноятҳои муташаккилона, терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва фасод таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад: «Минбаъд низ таҳкими ҳамкориҳо ва гузаронидани машқҳои муштараки низомӣ аз ҷониби нерӯҳои амниятии кишварҳои ИДМ бисёр муҳим аст. Президенти Ӯзбекистон бо ташаббуси дар доираи ИДМ таҳия намудани барномаҳои ҳамкорӣ оид ба дерадикализатсия (тағйир додани низоми тундагароии шахс) баромад намуд. Ин бисёр муҳим аст, зеро дар кишварҳои ИДМ ҳолатҳои фаъол гардидани гурӯҳҳои мухталифи радикалӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва радикалӣ торафт меафзояд, аз ин рӯ, талошҳои муштараки кишварҳои ИДМ оид ба дерадикализатсия барои пурзӯр кардани кор дар ин самт мусоидат менамоянд.
Дар баробари ин, роҳбарони кишварҳои ИДМ ба ҷонибдории густариши робитаҳо дар соҳаи гуманитарӣ, аз ҷумла илм, фарҳанг, сайёҳӣ баромад карданд. Президенти Русия пешниҳод кард, ки ғояи дар ИДМ таъсис додани Ассотсиатсияи созмонҳои ихтиёрӣ ва ғайритиҷоратӣ дастгирӣ карда шавад, инчунин як форуми ҳарсолаи волонтёрон ташкил карда шавад. Ин барои пурзӯр кардани корҳои созандагӣ мусоидат хоҳад кард - сухан дар бораи ташкилотҳое меравад, ки ба рушди ҷомеа ва ҳаракати волонтёрӣ кӯмак расонида, метавонанд барномаҳои гуногуни давлатиро дастгирӣ кунанд. Ин иқдом барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро барои таъсиси грантҳои давлатӣ ҷиҳати дастгирии фаъолияти ҳаракатҳои волонтёрӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ замина мегузорад. Дар акси ҳол, ин созмонҳо танҳо ба он грантҳое, ки аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ пешниҳод карда мешаванд, таваҷҷӯҳ хоҳанд кард».
Дар нимсолаи аввали соли 2024 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои ИДМ 4,7 фоиз, сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ 11,2 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4,3 фоиз, ҳаҷми боркашонӣ 4,9 фоиз, гардиши савдои чакана 8,6 фоиз афзудааст. Ҳиссаи асъори миллӣ дар муомилоти тиҷоратӣ байни кишварҳои ИДМ беш аз 85%-ро ташкил дод.
ДАР КРЕМЛ БОЗ КАДОМ МАСЪАЛАРО МУҲОКИМА КАРДАНД?
Нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар 2 марҳала сурат гирифт: нахуст дар доираи хурд бидуни иштироки ҳайатҳо ва баъд дар доираи васеъ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ намояндагӣ карданд.
Масъалаҳои ҳамкории мутақобила дар соҳаи иқтисодиёт низ дар мадди аввал қарор доштанд. Владимир Путин қайд кард, ки равандҳои воридотивазкунӣ бо суръати баланд ҷараён доранд ва истиқлолияти технологии кишварҳои Иттиҳод таҳким меёбад. Ҳамзамон муҳим будани ташкили масирҳои нав ва тавсеаи масирҳои мавҷудаи нақлиётӣ низ таъкид гардид. Натиҷаи муҳими ин мулоқот – аз ҷониби Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ қабул шудани Изҳорот дар бораи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъии таъиноти шаҳрвандӣ мебошад.
Дар ҳошияи ин нишаст ҳамчунин ҷаласаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои ИДМ баргузор гардид, ки дар он масъалаи ғайриқонунӣ будани эъмоли таҳримҳои якҷонибаи иқтисодӣ аз ҷониби кишварҳо баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа инчунин ба масъалае, ки бахусус Тоҷикистонро нигарон кардааст, яъне мушкилоти муҳоҷиратӣ таваҷҷуҳи зиёд дода шуд. «Мо чунин мешуморем, ки барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират муносибати ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф зарур аст, ки дар баробари он манфиатҳои ҷониби мизбон, кишвари аслӣ (баромад), худи шаҳрвандони меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллӣ ба инобат гирифта шавад», - гуфт роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.
Аз мурочиатномаи роҳбарони кишварҳои ИДМ: «..Мо кӯшиши сафед кардани гунаҳкорони ҳақиқии ҷанг, паст кардани нақши халқҳои мо дар шикаст додани фашизм, баланд бардоштани мақоми шарикони ҷаллодони гитлерӣ ва онҳоеро, ки ба муқобили иттиҳоди зиддигитлерӣ мубориза бурда, бо ҳаракатҳои натсистӣ ҳамкорӣ ва ба муқобили инсоният ҷиноятҳо содир мекарданд, қатъиян маҳкум мекунем».
Дар маҷмуъ, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа 14 санад ба имзо расид, аз он ҷумла қарори эълон шудани соли 2027 дар ИДМ Соли маорифи ҳуқуқӣ мебошад.
ҒАЛАБАИ УМУМӢ
Ба андешаи коршинос Фаридун Усмонов, муҳимтарин қароре, ки дар доираи ин ҳамоиш қабул карда шуд, қарор дар бораи таҷлили якҷояи 80- солагии ғалаба ва имзои Муроҷиатномаи муштарак ба мардуми кишварҳои иттиҳод ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ буд. : «Дар ин мурочиатнома роҳбарони кишварҳои ИДМ даъват карданд, ки пеши роҳи кӯшишҳои барангехтани ҷанги нави ҷаҳонӣ гирифта шуда, бар зидди ситоиши фашистон ва пайравони онҳо муқовимат намоем. Раҳбарони давлатҳои ИДМ изҳор менамоянд, ки кӯшиши ба гардани Иттиҳоди Шӯравӣ ва Германияи фашистӣ бор кардани масъулияти баробар барои cap кардани ҷанг нисбат ба озодкунандагони ҷаҳон аз вабои кахрача бадрафторӣ ва таҳқир аст.
Албатта, ин муроҷиатнома аз таҷрибаи 10—15 соли охир, ки дар қитъаи Аврупо ба амал омадааст, бармеояд: раванде, ки ба барҳам додани арзишҳои таърихӣ ва бознависии таърих нигаронида шудааст. Имрӯз мо шоҳиди кӯшишҳои фаъолонаи муқоиса кардани Иттифоқи Советӣ ва Германияи фашистӣ, инчунин кам кардани нақши Иттифоқи Советӣ дар ғалаба бар фашизм гардида истодаем: дар ҳақиқат мамлакатҳои Аврупо ва ИМА мехоҳанд таърихро тавре нишон диҳанд, ки гӯё ғалабаро маҳз онҳо ба даст овардаанд. Тавре мебинем, ба маросими бахшида ба озод кардани маҳбусони конслагерҳо намояндагони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ даъват карда намешаванд, гарчанде маҳз онҳо ин конслагерҳоро озод карда буданд. Инчунин дар як қатор мамлакатҳои Аврупо муҷассамаҳои ҷанговарони советӣ тахриб карда мешаванд, ҳол он ки аскари советӣ танҳо аскари рус нест, балки тоҷику ӯзбек, туркман, украин, грузин ва ғайра аст.
Албатта, ин падидаҳо қобили қабул нестанд ва сарони кишварҳои ИДМ бо ин муроҷиат мехоҳанд аз роҳбарони давлатҳои Аврупо даъват ба амал биёранд, то онҳо аз фикри хато баргарданд (ба ҳуш оянд) ва равандҳои (амалҳои) барои таърих зарароварро қатъ кунанд, зеро «Вазифаи умумии мо – пос доштани хотираи онҳое, ки барои озодию сулҳ дар рӯи замин ҷон фидо карданд, ва якҷоя мубориза бурдан ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти натсизм».
РАИСИИ ТОҶИКИСТОН
Дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ тасмим гирифта шуд, ки соли 2025 раёсати ИДМ аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад, аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ дар бораи авлавиятҳое, ки кишвар дар ин мақом ба онҳо риоя хоҳад кард, сухан кард. Аз ҷумла, ин ба таҳкими обрӯю мақоми мусбии ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ дахл дошта, ба пешбурди рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ тамаркуз карда мешавад.
«Мавқеи муҳим ба тавсеаи робитаҳои байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва СММ ва дигар иттиҳодияҳои минтақавӣ, аз қабили СҲШ, СААД ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла тавассути баргузории як силсила чорабиниҳои муштарак, дода мешавад» - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: «Кишвари мо омодагиро ба раисӣ дар ИДМ пешакӣ оғоз кардааст, аз ин рӯ, дар Тоҷикистон аллакай корҳо оид ба татбиқи барномаҳои тасдиқшуда оғоз гардидаанд. Боиси хушнудист, ки соли раёсати Тоҷикистон дар ИДМ ба соли таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба рост меояд. Боварӣ дорам, ки Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро барои хотирмон гардидани ин ҷашн равона хоҳад кард ва Тоҷикистон аз он фахр мекунад, ки як ҷузъи таърихи умумӣ мебошад, яъне мо бобою бобокалонҳоямон, ки дар муборизаи зидди фашизм иштирок доштанд, фахр мекунем. Фикр мекунам, ки кишвари мо ба мисли аксари кишварҳои ИДМ корҳои заруриро оид ба таҷдиди (барқарорсозии) ёдгориҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар тамоми гушаю канори кишварамон анҷом медиҳад.
Тоҷикистон ҳамзамон дар муборизаи муштарак бо радикализм фаъолона иштирок хоҳад кард. Фикр мекунам, ки ҳамоҳангии кори ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ ба таври назаррас таҳким меёбад.
Дар баробари ин, аз нуқтаи назари Тоҷикистон пешбурди фаъолияти минбаъдаи тиҷоратию иқтисодии байни давлатҳои ИДМ хеле муҳим аст, аз ин рӯ, бояд аз ин раёсат истифода бурда, дар ҷумҳурӣ як силсила чорабиниҳои ба ҷалби сармоягузориҳо ва амиқтар кардани ҳамкории байни кишварҳои ИДМ равонашуда баргузор намуд.
Фикр мекунам, дар доираи раёсати ҷумҳурии мо дар ИДМ баргузории чорабиниҳо бахшида ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва оби тоза муфид хоҳад буд - тавре маълум аст, кишвари мо дар ин масъала ташаббускори фаъол аст. Пас бояд ҳамкориҳо дар соҳаи энергетикаро мустаҳкамтар кард.
Боварӣ дорам, ки соли ояндаи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ сермаҳсул хоҳад буд, зеро дар доираи ин иттиҳод баргузории чорабиниҳои зиёд дар шаҳрҳои кишварамон пешбинӣ шудааст ва Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ тамоми корҳоро анҷом хоҳад дод».