Рӯҷуъе ба 30 соли Қонуни Асосӣ (Конститутсия)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Имсол Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи худро, ки пояи бунёди давлати соҳибихтиёру демократӣ гардид, таҷлил мекунад. Ин солгарди муҳим моро водор месозад, ки дар бораи он душвориҳо ва низоъҳое, ки кишварамон дар роҳи расидан ба сулҳу субот паси сар карда тавонист, андеша кунем. Дар барқарорсозии сулҳ ва ташаккули давлатдорӣ ҳамкории байналмилалӣ нақши муҳим бозид. Русия дар қатори дигар давлатҳои дӯст дар таҳкими амният ва рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кумак расонд.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии баён, виҷдон, ҷамъомад, ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил ва хизматрасонии тиббиро кафолат медиҳад. Конститутсия табъизро аз рӯйи нажод, миллат, забон, дин ва дигар асосҳо манъ мекунад.
КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА КОНСТИТУТСИЯ
Моҳи октябр дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ сарони ҳайатҳои Белорус, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва Русия ба муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, ба асосгузори давлатдории тоҷикон эҳтиром гузоштанд. Конфронс бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ сарони парлумонҳои беш аз 11 кишвар ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур ҳамчун майдон барои баррасии дастовардҳо ва дурнамои рушди конститутсионии Тоҷикистон, инчунин, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, масалан, байни Русия ва Тоҷикистон муаррифӣ шуд, ки омили муҳимми таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои амният, иқтисодиёт ва муҳоҷират гардид. Иштирокчиёни конфронс масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуда, дар фаъолияти қонунгузорӣ табодули таҷриба карданд.
Конститутсияи Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият, яъне 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Тибқи Конститутсия, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ба Конститутсияи Тоҷикистон як қатор тағйироту иловаҳо ворид гардид, ки тавассути раъйпурсӣ дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 қабул карда шуд. Ин ислоҳот ҷанбаъҳои мухталифи идоракунии давлат, аз ҷумла муҳлати ваколатҳои раисиҷумҳур, сохтори порлумон ва дигар муқаррароти муҳимро дар бар мегирифт.
Ниёз Мирзоев, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шоҳиди бевоситаи солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ буд: “Ман фикр мекунам, ки ин ҷашн ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дорад. Солҳои навадум, пас аз ба даст овардани истиқлолият, дар кишвар вазъияти ногувор ба миён омад ва муқовимат ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият метавонист аз фурсат истифода бурда, давлатдории худро барқарор созад. Аммо баъзе гурӯҳҳо манфиатҳои ҳизбию гурӯҳии худро аз манфиати миллӣ боло гузоштанд. Дар он солҳо дар Тоҷикистон ҳизбҳои зиёде пайдо шуданд – яъне мо пас аз бозсозии Горбачёв ба низоми бисёрҳизбӣ гузаштем. Ҳизбҳои коммунистӣ, демократӣ, сотсиалистӣ, сотсиал-демократӣ ва Ҳизби наҳзати ислом фаъолият (ҳизби террористӣ) мавҷуд буданд. Баъдтар Ҳизби халқӣ-демократӣ пайдо шуд. Вале ин ҳизбҳо ба ҷои муттаҳид кардани кӯшишҳо барои барқароркунии давлатдорӣ, иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, барои қудрат муборизаро сар карданд ва ин муборизаи сиёсӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт.”
Русия, ки ҳамчун кафили амният дар Осиёи Марказӣ баромад мекунад, дар ҳалли низоъ дар Тоҷикистон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ фаъолона саҳм гузоштааст.
Ниёз Мирзоев бар ин назар аст, ки муноқишаи мусаллаҳона байни тоҷикон аз берун таҳмил шуда буд: “Тааҷҷубовараш он аст, ки дар дасти мухолифин якбора аз куҷое силоҳи зиёд пайдо шуд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳоро аз хориҷа бо силоҳ таъмин мекарданд ва ҷанг пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд. Ман мутмаинам, ки ин ҷанг аз берун таҳмил шуда буд. Лӯхтакбозон ба авҷгирии муноқиша ва ба ҷанг табдил ёфтани он мусоидат мекарданд. Зеро дар аввал гирдиҳамоиҳои осоишта баргузор гардида, баъдан вазъ рӯз то рӯз бадтар мешуд.”
ЁРИИ НЕРӮҲОИ СУЛҲПАРВАР
Дар ин давраи барои ҷумҳурӣ душвор, Русия дар ҳифзи суботи кишварамон нақши калидӣ бозида, ёрии ҳамаҷониба расонидааст. Дар доираи ИДМ нерӯҳои дастаҷамъонаи посдори сулҳ таъсис дода шуданд, ки қисми зиёди онҳоро низомиёни рус ташкил медоданд. Ин нерӯҳо барои ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ба эътидол овардани вазъ дар дохили кишвар равона шуда буданд. Нерӯҳои посдори сулҳи Русия якҷоя бо нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон амалиётҳои махсус оид ба таъмини амният дар минтақаҳои асосии кишвар мегузарониданд, ки ин ба коҳиш додани шиддати даргириҳои мусаллаҳона мусоидат мекард. Илова бар ин, Русия ба мо таҷҳизоту техникаи ҳарбӣ дастрас намуда, ба сарбозони тоҷик таълим медод ва бо ин тавонмандии ҷангии Артиши милли моро мустаҳкам мекард.
Он замон Тоҷикистон артиши боэътимод, корозмуда ва таълимгирифта надошт, ки яке аз сабабҳои ҷанги хунин гардид. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Узбекистону Қазоқистон захираҳои зиёди аслиҳа ба даст оварданд, вале Тоҷикистон гирифтори муноқишаҳои дохилӣ буд ва қариб ки артиш надошт.
Дар шароити иқтисодиёт ва инфрасохтори харобшуда Русия ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона мерасонид. Барои аҳолии аз ҷанг зарардида озуқаворӣ, дору, сару либос ва дигар молҳои зарурӣ дастрас карда шуд.
Русия дар истиқрори сулҳи тоҷикон нақши ҳалкунанда бозидааст: “Ин бо миёнаравии Борис Елсин, Евгений Примаков ва Андрей Козирев амалӣ шуд, яъне Русия ба мо дасти кумак дароз кард. Махсусан саҳми Пойгоҳи низомии 201-ум ва сарбозони он хеле калон аст. Аксари сарбозони моро артиши Русия бо силоҳ таъмин кард, зеро чунон ки гуфтам, ҳукумат силоҳ надошт, вале мухолифин аз куҷое силоҳ пайдо карданд. Даври аввали музокирот 5-уми апрели соли 1994 дар Маскав ва давраҳои баъдӣ дар Теҳрон, Ашхобод, Исломобод ва Алмаато баргузор гардид. Ман шахсан худам дар ин гуфтушунидҳо ҳамроҳи деканам иштирок доштам, - нақл мекунад хотираҳои худро Ниёз Мирзоев.
Русия барои интиқоли самараноки молҳо ва тақсимоти кумакҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекард.
Бо кӯшишҳои Русия соли 1997 Созишномаи Маскав дар бораи сулҳи ҳамаҷониба ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошт. «Созишномаи сулҳ имзо шуд ва акнун онро амалӣ кардан лозим буд. Ин кори Комиссияи оштии миллӣ буд, ки то соли 2000 фаъолият дошт. Зарурати ташкил кардани ниҳодҳои давлатӣ, гузаронидани интихобот, беяроқкунии аҳолӣ ба миён омада буд. Он замон тариқи Афғонистон бемамоният яроқ интиқол дода мешуд, сарҳадбонон бо мушкилоти дохилӣ банд буданд ва сарҳадро ба пуррагӣ назорат карда наметавонистанд. Пас аз истиқрори сулҳ сарҳадро аз таҳдидҳои беруна муҳофизат кардан лозим буд”, - мегӯяд, Ниёз Мирзоев.
Пас аз анҷом ёфтани марҳилаи фаъоли низоъ, Русия ба Тоҷикистон дар барқарорсозии иқтисодиёт ва инфрасохторҳои зарурӣ низ кумак мекард. Мутахассисони рус дар таҷдиди иншоотҳои энергетикӣ, алоқаи нақлиётӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ иштирок карданд. Созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноат ва хоҷагии қишлоқ баста шуданд, ки ба рушди иқтисодии кишвар мусоидат карданд.
Нақши Пойгоҳи низомии 201-и Русия
Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар таҳкими робитаҳои низомиву сиёсии Русия ва Тоҷикистон нақши калидӣ дошт ва дорад. Ҷойгиршавии он дар қаламрави Тоҷикистон на танҳо ба таъмини амнияти марз мусоидат мекунад, балки рамзи шарикии стратегии ду кишвар низ мебошад. Пойгоҳи низомии 201, ки аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон мустақар буд, таъсис ёфтааст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон, байни Русия ва Тоҷикистон созишнома дар мавриди нигоҳ доштани пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави ҷумҳуриамон баста шуд. Соли 2004 созишномаи дарозмуддат дар бораи мақом ва шартҳои будубоши Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ба муддати 49 сол ба имзо расид.
Ниёз Мирзоев, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ: “Барои расидан ба сулҳ, пеш аз ҳама, иродаи президент лозим буд. Хидмати бузурги Президент дар он аст, ки ӯ ба хотири наҷоти миллат ва нигоҳ доштани давлат манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои гурӯҳӣ болотар гузошт. Ба мухолифин низ, ки аз нияти худ даст кашиданд, бояд ташаккур гуфт. Ва, албатта, дар ин созиш нақши Русия бузург аст. Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон низ ба мо кумак расонидаанд”.
Вазифаи асосии Пойгоҳи низомии 201 таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст. Минтақа бо таҳдидҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистони ҳамсоя рӯ ба рӯ мебошад. Ҳузури Пойгоҳи низомии Русия ба Тоҷикистон дар муқовимат бо ин чолишҳо ва таҳкими амнияти умумии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кумак мекунад.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия ҳамчун майдон барои машқҳои муштараки низомӣ ва тамриноти неруҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон хидмат мекунад. Ҳадафи чунин чорабиниҳо баланд бардоштани иқтидори ҷангӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои низомии ду кишвар мебошад. Баргузории чунин машқҳо, аз қабили “Бародарии содиқона”, барои коркарди амалиётҳои муштарак дар шароити маҳалҳои кӯҳӣ ва муқовимат ба таҳдидҳо кумак мерасонад. Пойгоҳ ҳамчунин, дар доираи СААД, ки ҳарду кишвар узви ин Иттиҳод мебошанд, нақши муҳим дорад.
Дар ин рӯзҳо дар машқгоҳи Харбмайдон бо фармондиҳии Неруҳои амнияти дастаҷамъонаи зудамали минтақаи Осиёи Миёна ҷамъомади фаврӣ баргузор гардида истодааст. Марҳилаи фаъоли машқҳои «Сарҳад-2024» аз 17-ум то 21-уми октябр баргузор мегардад. Иштирокчиён ҳамзамон таҳдидҳо ва усулҳои муосири ҷангкунӣ, аз ҷумла истифодаи неруҳои дифои зиддиҳавоиро азхуд мекунанд.
Машқҳои муштараки Тоҷикистон дар доираи СААД бо иштироки Пойгоҳи низомии 201-и Русия василаи муҳимми таъмини амнияту субот дар минтақа ба шумор меравад. Ин машқҳо ба кишварҳои аъзои Иттиҳод имкон медиҳанд, ки амалҳои худро ба таври муассир ҳамоҳанг сохта, табодули таҷриба кунанд ва равобити низомию сиёсиро таҳким бахшанд, ки ба манфиатҳои на танҳо Тоҷикистону Русия, балки тамоми ҷомеаи СААД ҷавобгӯ мебошад.
Мустақаршавии Пойгоҳи низомии 201 равобити сиёсии Русия ва Тоҷикистонро мустаҳкам карда, аз сатҳи баланди эътимод ва шарикии стратегии ду кишвар шаҳодат медиҳад. Ин ба таъмини субот дар минтақа мусоидат намуда, ҳамчун омили боз доштани таҳдидҳои эҳтимолии амниятӣ хидмат мекунад.
Сарбозони Пойгоҳи низомии 201-и Русия на танҳо марзҳои Тоҷикистонро муҳофизат карда, амнияту суботи минтақаро таъмин менамоянд, балки дар пешрафти ҳаёти мардуми маҳаллӣ низ фаъолона саҳм мегузоранд: онҳо барои эҳтиёҷмандон хун месупоранд, ёдгориҳои ҳарбӣ ва қабрҳоро нигоҳубин мекунанд, дар мактабҳо дарси мардонагӣ гузаронида, ба оилаҳои камбизоат ёрии башардӯстона мерасонанд, дар ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дастгирӣ мекунанд ва умуман ба мардуми тоҷик ғамхории самимонаи худро нишон дода, кумак мерасонанд.
Нақши Русия дар ҳифзи субот ва рушди Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият хеле назаррас аст. Ба шарофати кумаки низомӣ ва дипломатии Русия ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд ва дар кишвар сулҳ барқарор гардид. Кумаки башардӯстона ва иштирок дар барқарорсозии инфрасохтор барои рушди иқтисодии ҷумҳурӣ замина гузошт. Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг робитаҳои байни халқҳои ду кишварро боз ҳам мустаҳкамтар гардонид. Ин талошҳо барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Русияву Тоҷикистон, ки то имрӯз тавсеа ва таҳким ёфта истодаанд ва самтҳои нави ҳамкориҳоро фаро гирифта, ба манфиатҳои ду кишвар ҷавобгӯ мебошанд, заминаи мустаҳкам гузоштанд.