Ё чаро интизориҳои Шолтс аз сафараш ба минтақа амалӣ нашуданд?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Олмон, ки имрӯз саъй дорад нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ тақвият диҳад, ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва созишномаҳои муҳоҷиратӣ тамаркуз кардааст. Русия дар навбати худ шарики асосӣ барои кишварҳои минтақа боқӣ мемонад ва онҳоро дар бахшҳои мухталиф – шуруъ аз иқтисодиёт то амнияти ҳарбӣ дастгирӣ менамояд. Ба туфайли робитаҳои таърихӣ ва муносибатҳои фарҳангӣ, инчунин, ҳамкориҳои дарозмуддат Русия ба як шарики муҳимми минтақа табдил ёфтааст, бахусус дар партави тағйиротҳои ҷаҳонӣ ва фишорҳои Ғарб. Барои Тоҷикистон як мавзӯи муҳим, чӣ дар сиёсати дохилӣ ва чӣ дар хориҷӣ, масъалаи бо кадом роҳ пеш рафтан аст.
Русия дар доираи СААД ба Тоҷикистон дар азнавсозии қувваҳои мусаллаҳ бо дастраскунии техникаву таҷҳизоти ҳарбии замонавӣ ва гузаронидани тамринҳо кӯмак мекунад.
ТАШРИФИ ШОЛТС
Канслери Олмон Олаф Шолтс санаҳои 15-17-уми сентябри соли ҷорӣ бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон ташриф овард. Дар доираи ин сафар ӯ дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар формати “Осиёи Марказӣ + Германия” (С5+1) ширкат варзида, бо роҳбарони панҷ кишвари минтақа, аз ҷумла Қазоқистон ва Тоҷикистон мулоқот намуд.
Дар Самарқанд Шолтс бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карда, дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ҳашт созишномаи дуҷониба ба имзо расониданд. Инчунин, Шолтс бо президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев мулоқот кард, ки зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва таҳкими равобити иқтисодиро баррасӣ карда шуд. Қазоқистон, ки яке аз бузургтарин таҳвилкунандагони нафт ба Олмон мебошад, ҳамзамон дар сиёсати энержии Берлин нақши калидӣ дорад. Вале бо вуҷуди ин, дар ҳамкориҳои ин ду кишвар ягон пешравиҳои муҳим ба назар намерасанд.
Дар шаҳри Остона Шолтс бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Дар ҷараёни ин мулоқот ягон созишномаи мушаххас ба имзо нарасид, ҷонибҳо фақат масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди устувор ва дурнамои эҳтимолии густариши робитаҳои иқтисодиро баррасӣ карданд.
Ҳамин тариқ, Олаф Шолтс ба Осиёи Марказӣ ташриф оварда, бо роҳбарони ҳамаи кишварҳо мулоқот кард ва гӯё, ки ҳама чиз бояд дар сатҳи олӣ сурат мегирифт – музокиротҳои муҳим, нишастҳо, созишномаҳои дуҷониба. Аммо, агар чуқуртар равем, ин сафар ба ҷуз аз як мулоқоти муқаррарии “тибқи протокол” чизи бештаре набуд. Ӯ натавонист сиёсати таҳримии алайҳи Русияро дар минтақаи мо пеш барад. Дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд гуфт, ки дар ояндаи наздик гардиши якбораи ин кишварҳо ба сӯи Олмон ё Иттиҳоди Аврупо ба назар намерасад. Албатта, баъзе созишномаҳо ба имзо расидаанд, масалан, созишномаҳо оид ба муҳоҷират ва захираҳои меҳнатӣ аз Ӯзбекистон, вале ягон чизи фавқулода ва инқилобӣ рӯй надодааст.
Сарфи назар аз талошҳои Шолтс барои ба сӯйи Ғарб ҷалб кардани таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа, Осиёи Марказӣ берун аз ҷаҳишҳои стратегии ӯ боқӣ мемонад, бахусус вақте сухан дар бораи мушаххасот дар равобит бо Олмон меравад.
Президенти Қазоқистон Тоқаев ҳамчунин, муҳимияти пайдо кардани роҳи мусолиматомези ҳалли низои Украинаро таъкид кард, зеро имкони аз даст рафтаи оташбасро дар музокироти Истанбул дар соли 2022 дубора барқарор кардан мумкин аст. Ба гуфтаи ӯ, барои бас кардани ҷанг ва гузаштан ба муҳокимаи масъалаҳои ҳудудӣ бояд тамоми чораҳои (ташаббусҳои) сулҳҷӯёнаро муҳокима кард.
РОБИТАҲО БО ҒАРБ ВА БО РУСИЯ
Тоҷикистон мисли Русия ҷонибдори ташаккули тартиботи нави ҷаҳонии бар пояи принсипҳои ҳамкории баробарҳуқуқ асосёфта мебошад. Чунин ақидаро доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев низ тарафдорӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба дунболи Ғарб намеравад (ба гуфтаи Ғарб амал намекунад) ва робитаҳоро бо Русия канда намекунад, зеро ин хилофи манфиатҳои миллӣ ва сиёсати мустақили хориҷии кишвар аст.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Русия ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона расонида, ҳамчунин дар доираи музокироти сулҳ дастгирии сиёсиву дипломатӣ пешниҳод мекард, ҳамзамон ба имзо шудани Созишномаи соли 1997 дар Маскав, ки ба ҷанг хотима гузошт, мусоидат кардааст.
“Русия дар ҳаёти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои сазоворро ишғол мекунад, зеро кишварҳои мо на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ бо ҳам алоқаманданд. Дар ин бобат тамоми кишварҳои минтака якдил мебошанд.
Ғарб кайҳо боз талош дорад равобити моро бо Русия вайрон кунад, аммо ман фикр намекунам, ки муваффақ шавад. Мо дар як фазои геополитикӣ зиндагӣ мекунем, таърихи умумӣ дорем, аз ҷумла дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар он солҳо халқҳои Осиёи Марказӣ бисёр чизҳоро ба даст оварданд. Ин дастовардҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд ва наслҳои оянда ин донишҳоро ҳамеша қадр қадр хоҳад кард. Имрӯз мо ба ҳамдигар ниёз дорем ва Русия манфиатдор аст, ки фазои этнофарҳангӣ ва сиёсие, ки дар тӯли солҳои зиёд ташаккул ёфтааст, нигоҳ дошта шавад. Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳо ба гапи кишварҳои Ғарб амал намекунанд (ба амри Ғарб тан намедиҳанд).
Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев: «Ҳақиқат ин аст, ки Русия аз ҷиҳати низомӣ мағлубнашаванда аст. Афзоиши минбаъдаи ҷанг барои тамоми башарият ва пеш аз ҳама барои он кишварҳое, ки бевосита дар муноқишаи Русияву Украина иштирок доранд, оқибатҳои ҷуброннопазир дорад».
Муносибати мустамликадорӣ дигар ба кор намеравад - ҳоло асри XIX нест. Имрӯз мардум бомаърифат, донишманд ва соҳибақл ҳастанд ва ҳеҷ кас намегузорад, ки Осиёи Миёнаро ба “бародари хурдӣ” табдил диҳанд ва ё ба ӯ назарбаландона нигоҳ кунанд. Яке аз принсипҳои асосии робитаҳои байналхалқӣ - ин баробарӣ, муносибатҳои мутақобилаи судманд ва дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо мебошад, ва ин принсип бояд нисбат ба ҳамаи давлатҳо, сарфи назар аз миқёсу мавқеи онҳо, риоя карда шавад.
Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Русия ҳамеша шарики афзалиятнок боқӣ мемонад, зеро ин кишвар метавонад аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ, бахусус тавассути таҳкими СААД ба мо кӯмак расонад. Ман ҳамеша гуфта будам ва мегӯям, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба Русия наздик бошанд. Албатта, ҳар як кишвар бо шариконаш манфиатҳои худро пеш мебарад, аммо Русия бояд дар ҷои аввал бошад. Чин низ нақши муҳим мебозад. Ман боварӣ дорам, ки ин ду мамлакат дӯстони деринаи мо мебошанд.
Ниёз Мирзоев, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ: «Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сиёсати бисёрсамтаи худ эълон карданд, аммо барои ҳамаи ҷумҳуриҳо Русия ҳамчун самти афзалиятнок боқӣ мемонад. Боварӣ дорам, ки Ғарб дар кӯшишҳои пай дар пайи худ барои аз ҳамдигар ҷудо кардани кишварҳои мо муваффақ нахоҳад шуд».
Дар ҳоле ки НАТО ва Ғарб алайҳи Русия муттаҳид мешаванд, кишварҳои СААД ва СҲШ бояд ӯро боз ҳам фаъолтар дастгирӣ кунанд. Бо вуҷуди ин, мо аз Иттиҳоди Аврупо низ чизҳои зиёдеро омӯхта метавонем - онҳо пули ягона, парламенти ягона ва қариб ки армияи ягонаро таъсис додаанд. Пас чаро мо баъд аз 30 соли истиқлолият дар фазои ИДМ пули ягона ҷорӣ карда наметавонем? Бисёр кишварҳо аллакай дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила пули миллии худро истифода мебаранд, вале ҷорӣ кардани пули ягона метавонад ҳамгироиро густариш диҳад.
Ҳоло беш аз ҳарвақта мо бояд муттаҳид шавем, то ин ки ба чолишҳои замони муосир, аз қабили иттиҳоди Ғарб ва радикализми исломӣ, ки аз ҷониби Афғонистон бармеояд, муқовимат карда тавонем. Зарурати ҳамгироӣ бо Русия рӯз аз рӯз зиёдтар мешавад», - мегӯяд коршинос.
Ва воқеан ҳам Русия ҳамеша дар дастгирии Тоҷикистон, бахусус дар лаҳзаҳои душвор, нақши муҳим бозидааст. Яке аз чунин давраҳои мушкил - ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки кишвари моро аз соли 1992 то соли 1997 фаро гирифта буд. Муноқиша, ки бар асари тафовутҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва этникӣ сар зада буд, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон ва тахриби кулли инфрасохторҳои давлат гардид. Дар солҳои ҷанг Русия дар талошҳои сулҳоварии тоҷикон фаъолона иштирок карда, барои ба эътидол овардани вазъи кишвар мусоидат кардааст. Нерӯҳои сулҳпарвари Русия дар ҳифзи субот нақши муҳим бозида, иншоотҳои стратегӣ ва марзҳои Тоҷикистонро посбонӣ мекарданд, ба туфайли ин давлати мо имкон пайдо кард, ки тадриҷан ниҳодҳо ва сохторҳои худро барқарор кунад.
Пас аз итмоми ҷанг ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон дар доираи равандҳои азнавсозии иқтисодиёт ва таҳкими инфрасохторҳо идома ёфт. Яке аз лоиҳаҳои муҳими башардӯстона ин барнома барои беҳтаркунии соҳаи маориф ва тандурустӣ мебошад. Дар масъалаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ низ Русия ба Тоҷикистон дар таҳкими марзҳояш, бахусус бо Афғонистон, ҳамаҷониба кӯмак мерасонад.
Нерӯҳои Русия дар ҳайати пойгоҳи низомии 201-ум дар таъмини амнияти минтақа нақши калидӣ мебозанд. Русия дар баробари кумакҳои низомӣ ва башардӯстона ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад, аз ҷумла ба лоиҳаҳои бахши энергетика, аз қабили сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва таҷдиди шабакаҳои барқӣ.
Паймони стратегии Русия ва Тоҷикистон, ки бо решаҳои умумии таърихӣ пайванд мебошад, яке аз омилҳои асосии субот ва рушди минтақа маҳсуб меёбад. Барои Ғарб канда кардани ин робитаҳои зич душвор хоҳад буд, зеро онҳо на танҳо бар асоси манфиатҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, балки ҳамкории амиқи фарҳангӣ ва сиёсӣ ташаккул ёфтаанд.