Ҳалқаи васли Амонуллои сад соли пеш бо Ҳайбатуллои сад соли баъд чист?
Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Як чизе, ки ба назарам ниёз ба тавзеҳ дорад ва ҳамеша ба шакли як муғолата дар дидгоҳҳои бисёриҳо бозтоб дорад, мавзӯи ҳузури бархе аз паштунҳо дар суфуфи сиёсӣ ва низомии ғайрипаштунҳо ва бавежа тоҷикҳо аст. Хеле аз тоҷикҳо бо истинод ба ҳузури чанд то паштун дар сафи тоҷикҳо, ҳузури тоҷикҳо дар сафи паштунҳоро тавҷеҳ мекунанд. Бавежа ҳоло толибони тоҷик ва дар давраи ҷумҳурият тоҷикҳои маъмури Карзаю Ғанӣ ин мавзӯъро дастовез сохта ва маъмуриятхоҳиву маишатхоҳӣ ва манфиатталабии шахсии худро бо он тавҷеҳ мекунанд/мекарданд.
Тавзеҳи ин ки ҳузури як паштун дар сафи тоҷикон бо ҳузури як тоҷик дар сафи паштунҳо хеле аз ҳам фарқ дорад.
Ҳузури як паштун дар сафи тоҷикон, ба маънои ҳузури ӯ дар сафи адолатхоҳӣ аст. Ба сурати табиӣ дар миёни ҳар қавм инсонҳои адолатхоҳ вуҷуд дорад. Паштунҳо ҳам аз ин қоида мустасно нестанд. Аммо мебинем, ки теъдоди паштунҳое, ки дар сафи тоҷиконанд, андак аст. Шояд натавон бар ин асос ҳукм кард, ки теъдоди афроди адолатхоҳ дар миёни паштунҳо андак аст, аммо воқеият ин аст, ки аксарияти паштунҳо дасти кам то ҷое, ки ман ба ёд меоварам аз ашхосу гурӯҳҳои паштунтабори адолатситез, фашист ва золим ҳимоят кардаанд.
Ба ҳар ҳол, як паштун вақте ба сафи муборизаи адолатхоҳии тоҷикон ва бақия ақвом мепайвандад, метавон гуфт, ки шояд аз хони неъмати фашизму паштунизм бебаҳра бимонад, аммо дар иваз виҷдони роҳате хоҳад дошт ва ҳомили арзишҳои маънавии бузурге хоҳад шуд. Ӯ касе аст, ки сафи зулму ҷиноятро тарк карда ва ба сафи додхоҳон пайвастааст. Ӯ метавонад дар пешгоҳи виҷдони инсониаш шукӯҳманд биистад ва бобати коре, ки карда, ифтихор кунад. Пас, дар ин кор ангезаи шарифонаи қавӣ вуҷуд дорад.
Аммо ҳузури як тоҷик дар сафи паштунҳо, широкат дар ҷурму ҷиноят аст. Шарокат дар таҷовуз, таарруз ва ҳақталафӣ аст. Як тоҷик, ки меравад дар сафи паштун меистад, барои касби манфиати шахсӣ меравад. Ӯ виҷдони инсонии худро зери по мекунад. Ӯ алайҳи қавму табори худ ба хотири пул, қудрат ва моддиёт шамшер мекашад. Ӯ виҷдонро ба пул мефурӯшад. Ҳузураш дар сафи паштунҳо ҳовии ҳеҷ арзише нест, балки илова бар салби виҷдони инсониаш, баёнгари нафаҳмиаш ҳам ҳаст. Чун мумкин надонад, ки ҳузураш дар сафи паштунҳо ба чӣ маъност. Мутаассифона, хеле аз тоҷикҳое, ки дар сафи паштунҳоянд, фаҳми сиёсии ончунонӣ аз моҳияти тарҳу барномаҳои паштунистӣ надоранд.
Аммо рӯйи сухани мо ба касонест, ки медонанд, ки суфуфи паштунҳо чӣ суфуфе аст. Медонанд, ки толиб як нерӯи асосан паштунӣ барои саркӯби ақвоми ғайрипаштун аст, аммо ба рағми ин дарку огоҳӣ, мераванд дар сафи паштунҳо ва сипас барои худ тавҷеҳ дуруст мекунанд, ки масалан, фулон паштун ҳам дар сафи тоҷик аст ва... Дар ин ҷо агар тавҷеҳкунанда, манфиатандеш ва виҷдонфурӯш набошад, нафаҳм аст. Ҷолиб аст, ки аксари ин гуна афрод мегӯянд, ки ҳузури мо, масалан, дар сафи толиб, ё дирӯз дар сафи Ғаниву Карзай, ба хайру салоҳияти мардуми мо аст. Ин дигар узре бадтар аз гуноҳ аст. Ту, ки ҳанӯз тафовути ҳузури худат дар сафи паштунҳо бо ҳузури як паштун дар сафи тоҷиконро намедонӣ, чигуна муддаии таъмини фалоҳу салоҳи қавми худ ҳастӣ?
Вазоҳати бештар ин ки ҳама суфуфи низомиву сиёсии паштунҳо дар дасти кам сад соли ахир, аз назари моҳият шабеҳи ҳаманд. Ҳамаи ин суфуф аз демократу коммунист то ҳамин исломистҳои ҳоким, тарҳу барномаашон яке аст ва он ин ки ғайрипаштунҳоро аз низом тард, аз ҳувият тиҳӣ ва аз сарзамин ихроҷ кунем ва иддаеро бикушему зиндонӣ кунем ва ба истилоҳ, хунсо кунем. Ҳар, ки андаке фаҳми сиёсӣ дошта бошад, инро медонад, ки ҳалқаи васли Амонуллои сад сол пеш бо Ҳайбатуллои сад сол баъд чист. Паштунизм. Ҳазфу саркӯби ғайрипаштунҳоч ғасбу ишғоли сарзаминҳояшон ва нобудии ҳувият, забон, таърихашон, сар задани ҷанговарону диловаронашон!
Аммо дар муқобил, ҳамеша сафи ғайрипаштунҳо моҳияти тадофеъӣ ва додхоҳона дошта ва дорад. Ҳеҷ саферо дар ин тараф сӯроғ надорем, ки тарҳу барномаи зиддипаштунӣ ва ҳазфӣ дошта бошад. Ҳама барои дифоъ аз арзишҳо, ҳувият ва сарзамин шакл гирифта, гарчи дар мавқеи зиёде чунин чизе амалан унвон нашуда ва ба шиор табдил нашудааст. Ҳамеша паштунҳо аз Ҷануб ба самти Кобулу Шимол лашкаркашӣ карда ва ғасбу ишғолу ғорат кардаанд, ки дар муқобили он ҳаракатҳои мардумии тадофеъӣ шакл гирифтааст.
Умедворам бо ин тавзеҳот сари касоне, ки ҳузури чанд паштун дар сафи тоҷиконро барои нафаҳмӣ ва манфиатандешӣ ва бедоиягии худ тавҷеҳ дуруст мекунанд, халос шуда бошад.
Инро дар пайванд ба изҳороти Ҳамид Хуросонӣ навиштам. Касе, ки наздик ба се сол аст, ки дар рикоби паштунҳои мутаҷовиз алайҳи мардуми худ шамшер мезанад ва гуфта мешавад, ки садҳо ҷавони моро ба иттиҳоми муқовиматӣ будан ба чанги ҷухаҳои шиканҷаи паштунҳо андохта, аммо ҳоло мегӯяд, ки агар бидонам, ки сафи Толибон сафи қавмӣ аст, як рӯз намемонам ва ин сафро тарк мекунам.
Хуб, дуруст мо бовар кардем, ки намедонистӣ ва чашму гӯшат ба ҳар шакле баста буд, ҳоло, ки донистӣ. Ҳоло донистӣ, ки пудариҳои паштун аз Ҳилманду Қандаҳор лашкар ҷамъ карда ва ба баҳонаи тахриби кукнор ба боғу хонаи бадахшӣ эъзом карда, то рӯҳияи истодагиро дар ин минтақаи тоҷикнишин саркӯб кунад? Ба кӯмаки шумо Панҷшери тасхирнопазир ба тасхири душман даромад.
Бигузарем, ҳоло донистӣ ва ҳушёр шудӣ? Шаҳомати баргашт ба аслатро дорӣ? Баргард! Агар шаҳомати ин корро надорӣ ва дурӯғ мегӯӣ, бидон, ки пас аз ин қазоват дар бораат чунин хоҳад буд, ки дидаву дониста ҳамрикоби душмани кинатӯзи мардуми мо шудӣ ва шонси бахшиданро аз даст медиҳӣ!
Ин мардум, ки ту пешмаргаи душманаш шудӣ, реша дар таърих дорад ва имрӯз ё фардо душманро ба зону дар хоҳад овард ва аз каёни худ дифоъ хоҳад кард, аммо шумо, ки нодониста ба сафи душман пайвастед ва дониста онҷо мондед, оқибати баде хоҳед дошт.