Хабари рӯз

Музокироти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва “Толибон” дар Теҳрон, ки аз 8 то 10 январи соли равон баргузор шуд, дар миёни ҷомиа сарусадои зиёдеро ба бор овард. Аз ҷумла бархе ин музокиротро мавриди интиқоди шадид қарор дода, гуфтанд, ки бо як гуруҳи ғайримашруъ сари мизи музокирот нишастани амири ҷабҳа Аҳмади Масъуд шикасти дипломатии Ҷабҳаи муқовимат аст.

Аммо доктор Яъқуб Лайс Саффор мегӯяд, Аҳмади Масъуд дар ин музокирот бурд ва як роҳбарии фарзонавореро ба намоиш гузошт.

Муаллиф: ЯЪҚУБ ЛАЙС САФФОР

Манбаъ: сафҳаи фейсбукии Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ

Якум: Сухан бар сари он аст, ки чаро Аҳмади Масъуд раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо Иморат музокира кунад. Сухани бисёре ин аст, ки мебояд фақат аз роҳи милаи туфанг сухан занад, чун “Толибон” ғайр аз забони туфанг забони дигарро намедонанд.

Дувум: Ҳар муқовимат ва ҳар ҷабҳа аз худ таърих дорад, муқовимати ҷабҳаи миллии дувум, имрӯз по ҷои пои муқовимати миллии аввал, гузоштааст. Муқовимати аввал машрӯъияти раҳбарии фараҳмандонаи устод Раббонӣ ва машрӯъияти харизматики раҳбарии Қаҳрамон миллиро бо худ дошт ва аз манзари байналмилалӣ курсии давлат дар Милали Муттаҳидро бо худ дошт, сафиру сафоратхонаҳоро низ ба ҷуз дар се кишвар (Саудӣ - Покистон - Аморот) таъйин мекард.

Севум: Ҷабҳаи муқовимати миллии дувум, он машрӯъияти харизматик ва байналмилалии муқовимати аввалро бо худ надорад. Раҳбари муқовимати дувум ниёзманд аст, ки ин раҳбариро камоӣ кунад ва бо роҳкорҳои дипломатӣ ва роҳбурдҳои низомии қавӣ ба даст биоварад.

Чаҳорум: Аҳмади Масъуд дар музокироти Теҳрон бо миёнҷигарии Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин корномаи раҳбарии доҳиёнаву зиракона ва фарзонагии худро ба намоиш гузошт ва дастовардҳои милливу минтақаӣ ва чӣ басо байналамилалиро ба даст овард.

Панҷум: дар буъди аслии ҷабҳа ӯ раёсати ҳайати музокираро ба амир Исмоилхон муҳаввал кард. Ин тасмими ӯ собит сохт, ки вай таъйиди раҳбарӣ ва мардуми ҷанубу ғарбро дар чорчӯби раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо худ дорад ва бузургдошти ӯ аз Исмоилхон, ба маънои ин аст, ки ӯ ба хубӣ одоби дипломатияи миллиро медонад ва ӯ аз хонаводаи шариф ва тамаддуни олӣ бархостааст.

Шашум: дар буъди миллӣ ҳозир шудани дастгоҳи дипломатии Иморати “Толибон” барои музокира бо ҳайати Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ба ин маъност, ки онҳо ин ҷабҳаро ба унвони ҷабҳаи сиёсӣ ва низомии пурқувват ва таъсиргузор ба расмият шинохтаанд. Дар ҳоле ки “Толибон” эълом мекунанд, ки ҳатто дар як қария ва русто ҳам муқовимат ҷараён надорад.

Ҳафтум: дар буъди минтақаӣ дастоварди ин музокирот ин аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва раҳбари онро ба расмият шинохтааст. Эрон ин миёнҷигариро ба машварати Русия ва Чин анҷом додааст. Ва ин ба маънои ба расмиятшиносии минтақаии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар буъди сиёсӣ ва низомӣ аст.

Ҳаштум: барасмиятшиносии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба Эрон маҳдуд намемонад ва дер ё зуд Русия низ пои миёнҷигариро пеш мекашад, ки худ тақвияти барасмиятшиносии байналмилалии Ҷабҳаи муқовимат аст.

Нӯҳум: Ҷабҳаи муқовимат ниёзманди як ҷабҳаи таблиғотӣ аст, то ин дастовардҳои калонро ба миллат ва ҷаҳон бинамоёнад.

Даҳум: охирин дастовард ин аст, ки Эрон ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ҳузури ҳар ду ҳайати музокира ваъда додааст, ки ҳукумати такқавмии “Толибон”-ро ба расмият намешиносад.

Ин музокирот нишон медиҳад, ки Аҳмади Масъуд ҷои пои Қаҳрамони миллӣ пой мондааст ва ӯ дигар як раҳбари фарзонаву воқеиятгаро ва дорои эътибори минтақаӣ аст. Бар хилофи душманон, ки ӯро як ҷавони бетаҷриба медонанд. Ман ин раҳбариро ба ӯ табрик мегӯям ва хештанро яке аз пайравони ӯ медонам.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!