Ҳамон тавре ки амрикоиён Ашраф Ғаниро ба қудрат расонданд, ӯро барои манофеъи худашон канор заданд ва ягона вафое, ки Амрико ва барои хушнудии дӯсти наздики ӯ, яъне Халилзод кард, нахост, ки кушта шавад
Муаллиф: ФАРИД ЮНУС
Понздаҳуми августи 2021 банда дар Аврупо будам, ки Кобул суқут кард ва ман ҳамон рӯз як пост дар файсбук навиштам, ки Ашраф Ғанӣ нахост то монанди Наҷиб ба дор овехта шавад. Пасон дар як клипи видеоӣ ҳамин матлабро эътироф кард, ки ӯро мекуштанд.
Мавзӯъи ин ки Кобулро тарк кард, ки хунрезӣ нашавад, муваҷҷаҳ нест, зеро муомила қисме сурат гирифта буд, ки ҳама кишвар бидуни ҷанг ба «Толибон»* таслим дода шавад ва нуқтаи охирӣ Кобул буд, ки шомили ҳамин муомила буд. Чунончи Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи «Толибон» ба Алҷазира гуфт, мо қудратро аз тариқи низомӣ нагирифтем ва ҳамин тавр муомила шуда буд (мусоҳиба муаррихи нӯҳуми октябр дар Ютуб пост шудааст).
Ашраф Ғаниро дӯстони муқтадири амрикоӣ ва лобии яҳудӣ дар Амрико ва Инглис ба қудрат расонд. Дар Амрико қабл аз интихоботи Ғанӣ, Ассошиейтед Пресс гузориш дод, ки пулҳои газоф барои ба қудрат расондани Ғанӣ ба масраф расид. Ашхосе, монанди Ричард Ҳолбрук (Richard Hallbrook, мутаваффои 2010) намояндаи хоси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Покистон ва Афғонистон, ки як дипломати ноком ба шумор мерафт, шадид барои Ғанӣ дар Вашингтон мубориза кард, то Ғаниро ба қудрат расонад.
Ҳолбрук бисёр заҳмат кашид то вазири хориҷаи кишвараш шавад ва аммо натавонист то ба он мақом бирасад. Ҳамчунон муовини вазорати дифоъи Амрико дар он вақт, ки як марди яҳудӣ ба номи Дов Захием (Dov Zakhiem), ки асосан як муллои яҳудӣ аст ва аммо муовини вазорати дифоъи Амрико буд ва аз тарафдорони сарсахти Исроил аст, гуфт, ки Ғанӣ марди Амрикост!
Яке аз аносири бисёр пурқудрати Ғарб матбуот аст, ки аксаран тавассути яҳудони сармоядор контрол мешавад. Медиа дар Амрико як шахсро метавонад, тавба наузибиллоҳ, Худо битарошад ва ё чунон ӯро бадном кунад, ки сар боло накунад. Масалан, вақте маҷаллаи “Тайм” дар пушти сафҳаи маҷалла шахсеро ба номи мард ё зани сол муаррифӣ мекунад, ин яке аз ифтихороти бисёр бузург дар Амрико ба шумор меравад. Дар ҳоле ки як маҷалла аст ва танҳо тавассути як сармоядор контрол мешавад ва таблиғот дар ин росто ба андозае зиёд аст, ки ҳама ҳамин ҷафанг (сафсата) - ро қабул кардаанд.
Ин маҷаллаи “Prospect Magazine” – и инглисӣ дар соли 2013 буд, ки Ашраф Ғаниро ба ҳайси “top-thinker”, яъне “мутафаккири бузург” лақаб дод. Ҳама ин саҳнасозиҳо барои ба қудрат расондани Ғанӣ буд ва “Нюйорк Таймс” дар шумораи ҳаждаҳуми августи 2009 навишт, ки Ашраф Ғанӣ аз таҳсилёфтатарин ва ғарбитарин номзадони раёсатиҷумҳурии Афғонистон аст.
Ҳамон тавре, ки бо як ҳамла амрикоиён «Толибон»-ро дар соли 2001 суқут доданд, ҳамон тавр бо як муомила «Толибон»-ро дубора ба қудрат расонданд. Ва ҳамон тавре ки амрикоиён Ашраф Ғаниро ба қудрат расонданд, ӯро аз қудрат барои манофеъи худашон канор заданд ва ягона вафое, ки Амрико ва барои хушнудии дӯсти наздики ӯ, яъне Халилзод кард, нахост, ки кушта шавад.
Яке аз далоили суқути Ғанӣ худхоҳӣ ва худписандии Ғанӣ буд, ки афғонҳои давру наздики ӯ иттилоъ доштанд ва инро амрикоиён ҳам медонистанд ва ин рӯҳияи Ғаниро Амрико махсусан раисҷумҳур Доналд Трамп қатъан хуш надошт.
Ғанӣ як сиёсатмадори зирак набуд ва дар бисёре мавзӯъот ба ҷои дипломатия ва нарм будан аз каллашхӣ кор мегирифт. Чиғҳои масхараомез дар замони суханронӣ ҳокӣ аз аъсоби заиф ва каллашахии ӯ буд. Ин рӯҳияро аксар афғонҳо ҳатто мазҳабиён доранд, ки болои минбар асабият мекунанд.
Афғонҳо дар майдони ҷанг баранда ҳастанд ва аммо ҳамеша дар майдони музокира ноком ҳастанд, ба хотири ин ки аз каллашахӣ ва асабоният кор мегиранд. Ин иштибоҳи каллашахиро сардор Муҳаммад Довудхон ҳам кард, ки дар мизи музокира бо Брежнев асабӣ шуд ва аз утоқ хориҷ шуд, ки афғонҳо ба он бисёр ифтихор мекунанд. Инро афғонҳо ҳаргиз фикр намекунанд, ки дипломатия ҷанг ва каллашахӣ нест. Барои ҳамин вожа дипломатияро истифода мекунанд, ки шахс бояд ором, мутавозеъ, бо нармӣ ва ҷумалоти шумурдашуда сухани худро ба курсӣ бишнонанд. Агар ҳамон каллашахӣ ва асабонияти Довудхон намебуд, шояд ҷумҳурият ҳам суқут намекард.
Ашраф Ғанӣ дигар ба дарди Амрико намехӯрд ва дӯсти даврони донишҷӯии ӯ дар Бейрут, яъне Халилзод ҳам бояд мавқифи худашро ҳифз мекард, зеро ӯ асосан ба ду манбаъ кор мекард: аввал, Амрико, зеро намояндаи Амрико дар қазияи Афғонистон буд ва дувум, барои қавми худаш, яъне паштунҳо, на танҳо як нафар, ки қариб тарафдор надошт. Аз ҳамин хотир, иддаи зиёди паштунистҳои Афғонистон, на паштунҳои мутааҳҳид ба ислом, Халилзодро "номту сиёсатмадор" меноманд, дар ҳоле ки назди паштунҳое, ки паштунист нестанд, як хоин аст, зеро Афғонистонро дудаста ба «Толибон» тақдим кард.
Далели ин, ки Ашраф Ғаниро созмон Сӣ Ай Эй ё Сиё (CIA) наҷот дод, ин буд, ки Ашраф ҳеҷ вақт ба мухолифати Амрико ва ё табсираҳое, ки бар алайҳи Амрико бошад ва ба Амрико шадид бар бихӯрад ва занги хатарро ба садо наоварад, накард. Чунончи шоҳи Эрон ҳамин иштибоҳро кард ва дар як мусоҳиба бо як рӯзноманигори амрикоӣ, яъне Майк Вилис, ки ҳам яҳудӣ буд, изҳор дошт, ки Амрико тавассути лобии яҳудӣ контрол мешавад. Ҳамон буд, ки баъд аз он мусоҳиба на танҳо нооромиҳо дар Эрон шурӯъ шуд, вақте шоҳи Эрон аз кишвар хориҷ шуд, ҳатто Амрико барояш иҷозаи духулро ба Амрико надод.
Ашраф Ғанӣ тавассути кумондуҳои амрикоӣ ҳамин тур, ки ба қудрат расид, аз қудрат тавассути Амрико канор зада шуд ва аммо чун "вафодор" буд, наҷоташ доданд ва сафари ӯ ба Амороти Арабӣ қаблан тарҳрезӣ шуда буд. Фирори сарони давлатҳо на дар таърихи ҷаҳон ва на дар таърихи Афғонистон як мавзӯъи нав нест. Аммо чун Афғонистон як кишвари қавмӣ ва қабоилӣ аст, як ҳаракати сиёсӣ на, балки беғайратӣ номида мешавад.