Хабари рӯз

Оё Мулло Яъқуб Муҷоҳид, вазири дифоъи Толибон*, маъмури таҷзияи Афғонистон аст?

Муаллиф: Муҳибуллоҳ Нурӣ

Ин рӯзҳо кори мулло Яъқуб писари Мулло Умар таҳдиди ақвом, таҳдиди мардуми шимол ва таҳдиди ҳамсоягон шудааст. Аз ҷумла, ӯ ба баҳонаи ҳелкуптарҳо кишварҳои Осиёи Миёнаро таҳдид кард. Пеш аз он қитъаоти интиҳориро дар марзи кишварҳои ҳамсоя ҷо ба ҷо карданд ва ҳатто неруҳои Иморат дар чандин маврид бо марзбонони кишварҳои ҳамсоя, ба вежа марзбонони Туркманистон, Покистон ва Эрон даргир шуданд. Дар воқеъ, амдӣ ва бидуни риояти манофеъ ва амнияти миллӣ саъй карданд, таниш эҷод кунанд.

Ахиран ин мулло Яъқуб ба вилоёти шимол, аз ҷумла Бадахшон ва Форёб сафар карда ва ба номи таҷзияталабӣ мардуми бедифоъ ва мулкии он вилоётро таҳдид кардааст.

Ӯ дар ҳоле дигаронро таҷзияталаб мегӯяд, ки падари эшон Мулло Умар нахустин касе дар таърихи кишвар буд, ки дар ҷараёни музокироти сулҳ ва дар як гуфтугӯи телефонӣ ба вазири дифоъи вақти Афғонистон (шаҳид Аҳмашоҳ Масъуд) ду пешниҳодеро матраҳ кард, ки аз ҳар ду бӯйи таҷзия меомад:

Тарҳи аввали Мулло Умар ба Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид ин буд, ки биравед Тоҷикистонро бигиред то амири Тоҷикистон таъйин шавед. Вақте шаҳид Масъуд ба тарҳ ва мантиқи ӯ хандид, масъалаи идораи шимолро матраҳ кард ва масъулияти умури шимолро ба эшон пешниҳод дод, аммо ӯ боз ҳам ин тарҳро хориҷ аз барнома ва ғайриқобили баҳс донист. Албатта, тарҳи худмухтории шимол аз сӯи доктор Наҷиб ҳам ба Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид пешниҳод шуда буд.

Ҳамчунон Ғанӣ ва Халилзод ба дастури истихборотҳо дар се марҳала барои таҷзияи Афғонистон талош карданд:

Аввал, дар даврони муқовимат Ғанӣ ва Халилзод бо тарҳи ривоят ва унвони дурӯғини Ҷабҳаи шимол/Шимоли талволӣ, солҳо дар Ғарб лобигарӣ ва талош карданд, то давлати Устод Раббониро дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус Ғарб ба унвони як давлати маҳдуд ба мардуми шимол муаррифӣ кунанд ва аз диди онҳо агар ин вазъият давом кунад, кишвар таҷзия мешавад. Яъне ғайримустақим таҳдид ба таҷзия карданд. Дар воқеъ бо доман задани масъалаи шимол ва ҷануб амалан талош намуданд, то давлати Устод Баббонӣ ва Ҷабҳаи муттаҳидро чунон таҳти фишор қарор диҳанд, ки раҳбарони он тан ба таҷзияи Афғонистон бидиҳанд, аммо сиёсатҳои хирадмандонаи Устоди шаҳид ва Омир соҳиби шаҳид дар ташкили Ҷабҳаи Муттаҳид ва ҳимояти раҳбароне, монанди маршал Дӯстум, Халилӣ, Муҳаққиқ, Сайёф, Ҳоҷӣ Қадир, Абдурраҳим Ғафурзай, Ҳомид Карзай ва Зоҳиршоҳ монеъи ин тавтиа шуд.

 Дувум, Ғанӣ ва Халилзод бо роҳандозии сиёсати табъиз ва тақаллуб дар интихоботҳо дар бист соли гузашта талош карданд, то шерозаи иттиҳоди ақвоми Афғонистонро аз байн бубаранд. Дар замони Ҳомид Карзай камтар муваффақ шуданд, аммо дар замони Ғанӣ ин тарҳро то сарҳади зеҳниятсозӣ амалӣ карданд.

Севум, Ғанӣ дар даврони ҷумҳурият бо тамоми тавон талош кард, то ваҳдат ва ҳамбстагии ақвоми Афғонистонро аз байн бибарад ва кишварро амалан таҷзия кунад, ки бо сабру гузашти раҳбарони ақвом аз ин тавтеа то ҳудуде ҷилавгирӣ сурат гирифт.

Ҳол пурсиш ин аст, ки ангезаи ин таҳдидҳо ва ин амалкардҳо чист ва аз куҷо об мехӯрад?

Огоҳон ва коршиносон ба хубӣ медонанд, ба вежа онҳое, ки назарияи Ҳорт Ланд ва пешинаи Бозии Бузург ва “ҷанги сард”-ро мутолиа намудаанд, пушти саҳнаи ин бозиро ба хубӣ дарк мекунанд.

Амалкарди ин оқоро фақат дар зайл ривояти он касе метавон фаҳмид, ки гуфт, «Афғонистон мустаиди муттаҳид шудан нест»

Ӯ ангор маъмурияти нотамоми падари номӯҳтарамаш ва Ғанию Халилзодро бар дӯш гирифтааст, яъне мардумро чунон таҳдид ва саркӯб кунед, то маҷбур шаванд тан ба таҷзия бидиҳанд.

Бинобар ин нахустин таҷзияталаб дар таърихи Афғонистон падари эшон Мулло Умар буд ва дувумини он Ғанӣ/Халилзод ва севум шахси худаш аст.

Бинобар ин, дар ҷабҳаҳои муқовимат аслан чизе ба номи таҷзия матраҳ нашудааст. Касе қарор нест аз Қандаҳор, Ғазнӣ, Ҳарот, Ҳилманд, Нимрӯз ва Ҷалолобод бигузарад. Агар касе мехост бигузарад он Мулло Умар ва Ғанӣ буд ва ин Мулло Яъқуб аст, на ҳавзаи муқовимат.

Ҳарчанд ҳадафи истихборотҳо ин буд, ки бо эҷоди як режими истибдодӣ ва саркӯби ақвом заминаи таҷзияро фароҳам кунанд, аммо муваффақ нашуданд, аммо натиҷа чизе дигаре аз об бар омад. Мардуми Афғонистон бо ҳушёрӣ иҷозае ба таҷзия надоданд, баръакс, ҳама тарафдори низоми ғайримутамаркиз ва як шумори қобили таваҷҷуҳ ҳам ба гунаи мушаххас тарафдори низоми федералӣ шуданд.

Бинобар ин ҳамон гуна, ки таҷзияталабӣ дар тафаккур ва рафтори Устоди Шаҳид ва Омир соҳиби шаҳид ҷо надорад, дар зеҳнияти мо ҳам ба унвони пайравони онҳо ҷо надорад. То зинда ҳастем ба чизе камтар аз Афғонистон тан нахоҳем дод. Агар иддае хоҳони таҷзия шудаанд, он ҳам паёмади тафаккур ва рафтори истибдодӣ ва диктатормаобонаи ҷумҳурияти Ғанӣ ва иморати истибдодии Толибон аст.

Ҳар касе ки ақвоми Афғонистон ва ҳамсоягони Афғонистонро таҳдид мекунад, ӯ ба маънои воқеӣ таҷзияталаб ва як таҳдиди ҷиддӣ ба манофеъ ва амнияти миллии Афғонистон аст. Рафтори Мулло Яъқуб намунаи зиндаи ин рӯйкард аст. Мулло Яъқуб бидонад ҳамон гуна, ки мардум ба Мулло Умар, Ғанӣ ва Халилзод иҷоза надоданд кишварро таҷзия кунад, ба Мулло Яъқуб ҳам иҷозаи таҷзияи кишварро намедиҳанд.

  * Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!