Чандин моҳ аст, ки кишварҳои ғарбӣ (дар дараҷаи аввал Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё) ба думболи роҳҳое барои афзоиши кӯмакҳои низомӣ ба Украина аз тариқи таъмини аслиҳаву муҳимот аз Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳастанд. Кишварҳои фазои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ дар авлавият қарор доранд, аммо Покистон низ аз он дар канор намондааст.
Манбаъ: телеграм – канали “Рибар”
Гулӯлаҳои Муҷтамеъи низомӣ-саноатии Покистон барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина
Тибқи додаҳои боз аз сервиси ҷаҳонии радёбии ҳавопаймои ADS-B Exchange, як ҳавопаймои боркашонии C-17 нерӯи ҳавои Бритониё бо шумораи ZZ143 ҳадди ақал панҷ парвозро аз 6 то 14 август дар тӯли ин масир анҷом дод: пойгоҳи ҳавоии Акротири (Қибрис) - пойгоҳи ҳавоии Нурхон (Покистон) - Акротири - пойгоҳи ҳавоии Кимпия-Турзий (Руминия).
Ҳеҷ баёнияи расмӣ аз сӯи Бритониё ё Покистон дар мавриди моҳияти маҳмула(бор)-ҳои ҳамлшуда вуҷуд надорад. Бо ин ҳол, чанд рӯз пеш видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст шуд, ки дар он тӯпчиҳои украинӣ дар ҳоли боз кардани гулӯлаҳои 122-милиметрии тавлидшуда дар Муҷтамеъ низомӣ-санъатии Покистон Корхонаҳои муҳиммоти Покистон (POF- Pakistan Ordnance Factories) ҳастанд. Ин корхона ба тавлиди муҳиммоти тӯпхона бо колибрҳои мухталиф барои содирот машғул аст.
Ба таври хос, партоба (снаряд)-ҳои 122-милиметрии HOW HE-d30, ки барои ҳувитзер (гаубитса)-ҳои D-30 тарроҳӣ шудаанд, бо фюзи нодири LIU-4 тавлид мешаванд. Онҳо аз корхона ба анборҳои пойгоҳи ҳавоии Нурхон дар Ровалпинди мунтақил шуданд. Ва ҳамлу нақли баъдии маҳмула дар контейнерҳои сабуки бритониёӣ анҷом шуд.
Бо дар назар гирифтани зарфияти ҳамли ҳавопаймои C-17 дар 77500 килограм, ҳадди ақал 387000 килограмм муҳиммот тайи панҷ парвози сабтшуда дар манобеъи боз (бархе манобеъ мегӯянд, шаш парвоз) ҳамлу нақл шудааст. Дар айни замон, худи партобаҳо дар июни соли ҷорӣ ба таври хос маҳз барои ниёзҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина тавлид шудаанд.
Ин таҳвил мумкин аст танҳо кӯмаки низомӣ набошад, ки ба таври махфиёна ба Украина ироа шудааст. Муҷтамеъ низомӣ-санъатии Покистон навъҳои васее аз муҳиммотро тавлид мекунад, ки метавонад тавассути нерӯҳои мусаллаҳи Украина истифода шавад.
***
Ҳеҷ чизи шигифтангезе дар мавриди ирсоли таслиҳоти Покистон ба Украина вуҷуд надорад. Раҳбарии ҳар ду кишвар аз замон фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ равобити дӯстонаи худро дар ҳавзаи низомӣ ҳифз кардаанд.
Ба лутфи қарордоде, ки бо Покистон барои хариди 320 тонки T-80UD дар соли 1996 мунъақид (имзо) шуд, “Корхонаи танкҳои зиреҳии Малишев” дар Харков воқеан аз варшикастагӣ наҷот ёфт.
Мутаоқибан, ҳамон ширкат моторҳои дизелии 6TD-2-ро барои танкҳои MVT-2000 ("Алхолид") – и Чин-Покистонро тавлид кард.
Чаро раҳбарии Покистон ба Украина силоҳ медиҳад?
Дар хулосаи матолиби худ дар мавриди Покистон, гуфтем, ки давлати кунунии Шаҳбоз Шариф, эҳёи равобити дӯстона бо Ғарбро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор додааст.
Ва дар шароити амиқтари буҳрони иқтисодӣ, Муҷтамеъи низомӣ-санъатии Покистон ба ҳар гуна қарордоди хориҷӣ, ҳатто аз назари паёмадҳои сиёсӣ, ба чунин қарордодҳои хатарноке ниёз дорад.
Пас чаро раҳбарии Покистон махфиёна амал мекунад?
Ҳимояти ошкор аз Украина ба маънои қатъи амалии равобит байни Русияву Покистон ва лағви чашмандози таъмиқи эҳтимолии онҳо ба вежа дар бахши энергетика хоҳад буд. Бо таваҷҷуҳ ба селу вайрониҳои ношӣ аз он дар Покистон, ин кишвар ба ҳар кӯмаке умедвор аст.
Илова бар ин, давлати Покистон амиқан ба кӯмакҳои хориҷӣ аз муттаҳиди аслии низомӣ ва иқтисодии худ, Чин, вобаста аст. Ба далели қарзҳо ва ҳимоятҳои иқтисодии ироашуда, таомули мустақим бо Ғарб низ зарбае ба манофеъи Чин дар Покистон аст ва бо мавқеъи Пекин дар мавриди амалиёти Украина муғойират хоҳад дошт.
Илова бар ин, буҳрони сиёсии дохилӣ дар ин кишвари Осиёи Ҷанубӣ, ба далели кашмакаши сиёсӣ бо нахуствазири собиқ Имронхон, тавоноиҳои давлати феълиро ба шиддат мутазалзил кардааст. Давлати Шариф сирфан ба хотири манофеъи Ғарб наметавонад мавзеъи ошкори зиддирусӣ иттихоз кунад ва дар айни ҳол манофеъи давлатро қурбонӣ созад. Ба вежа дар пасзаминаи дархостҳои мавҷуд барои таомул бо Русия.
Аз раҳбарии Покистон чӣ интизорӣ бояд дошт?
Интишори матолиби видеоие, ки интиқоли аслиҳа ба Украинаро таъйид мекунад, эҳтимолан мавқеъи феълии раҳбарии Покистонро тағйир нахоҳад дод.
Дар ҳоли ҳозир дигар ҳеҷ таҳвиле вуҷуд надорад ва давлати ин кишвар метавонад бо фурӯши муҳиммот ба Инглис ва на ба кишвари ниҳоӣ (Украина), қонунан иқдомоти худро пинҳон кунад. Ба ҳамин тартиб, маҳмулаҳои мушобеҳи бештар низ метавонад пӯшиш дода шавад.
Расонаҳои тарафдори Украина низ ба навбаи худ ба таври возеҳ ба ниёз ба интиқоли таҷҳизоти ҷиддитар ишора мекунанд. Тибқи нусхаи онҳо, "тонкҳои T-80UD ба таври комил мутобиқ бо стандартҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина сохта шудаанд ва персонали низомии украинӣ барои омӯзиши муҷаддад ниёзе ба замон нахоҳанд дошт."
Илова бар ин, ҳамон манобеъ мегӯянд, ки Муҷтамеъи низомӣ-санъатии Покистон гулӯла (снаряд)-ҳои тӯпхонаӣ бо колибри 130 ва 155 милиметр тавлид мекунад, ки дар ҳоли ҳозир дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина истифода мешавад.
Таъйиди ғайримустақим
Сафари Қамар Баҷво, раиси ситоди артиши Покистон ба Бритониё дар 11 август, ҳамзамон бо рӯйдодҳои ҷорӣ буд. Ҳадафи эъломшуда аз ин сафар "беҳбуди равобит" ва кӯмакҳои иқтисодӣ ба ин кишвари Осиёи Ҷанубӣ буд.
Иқтисоди Покистон дар солҳои гузашта мубтанӣ бар қарзҳо ва ёронаҳои давлатҳо ва созмонҳои мухталиф буд. Буҳрони кунунӣ кишварро беш аз пеш ба ҳимоятҳои молии хориҷӣ вобаста кардааст.
Ин эҳтимолан ҳамон чизе буд, ки дар сафари раиси ситоди артиш ба Лондон дар изои муҳиммоти ирсолшуда ба Украина мавриди баҳс қарор гирифт.
ҲАМЗАМОН
Телеграм - канали "Мухбири низомӣ" – и Русия:
Тӯпчиҳои украинӣ ба гулӯлаҳои 122 милиметрии OF-462 сохти Эрон мусаллаҳ шуданд.
Манобеъи украинӣ видеое аз боз кардани ҷаъбаи партобаи 122 милиметрии OF-462 мунташир кардаанд, ки зоҳир ва баргаи таҳвили он ба тарзи машкуке бо шакли зоҳирии ҷаъба мушаки дастгоҳи зиддитонкии “Тӯфон” –и эронӣ, ки дар соли 2017 дар Ироқ кашф шуда буд ва як баргаи таҳвил аз як ҷаъбаи минаҳои 120 милиметрии Эрон, ки соли 2009 ба дасти Исроил афтода буд, мушобеҳ аст.
Як фарзи мантиқӣ ин аст, ки ин ҷаъбаҳо тавассути амрикоиҳо дар яке аз корвонҳои аслиҳаи Эрон барои Яман забт шуда ва сипас ба Украина мунтақил шудааст, ҳамонтур, ки қаблан бо хумпораҳо ва мусалсалҳо анҷом шуд. Аммо борномаи соли 2022 нишон медиҳад, ки муҳиммот метавонад аз тариқи фурӯши муҷаддад аз як кишвар сеюм расида бошад.