Хабари рӯз

Фарқи паштуну тоҷик аз ӯзбеку ҳазора дар ин аст, ки новобаста аз манофеъи пуштибонони худ барои ҳаққу ҳадафи худ меҷанганд, дар ҳоле ки ӯзбеку ҳазора зоҳиран ҳеҷ таърифе аз манофеъи худ надоранд, балки манофеъи худро қурбонии манофеъи пуштибонони худ кардаанд.

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”

Акс: либоси маршалии Абдурашид Дӯстум бар тани як толиб

Охирин изҳороти маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари ҳизби Ҷунбиши миллии Афғонистон, ки худро намояндаи сиёсии инҳисории ӯзбекҳои Афғонистон низ медонад, ҳикоят аз пайгирии сиёсати тазаррӯъ барои касби имтиёз аз Толибон мекунад. Маршал Дӯстум ба некӣ медонад, ки чунин сиёсате дар қиболи Толибон короӣ надорад. Бо ин ҳол, пайгирии чунин сиёсате ба сурати ошкор нишондиҳандаи ин амр аст, ки маршал Дӯстум таҳти таъсири Туркия мавзеъгирӣ мекунад.

Ҳамчунон агар ин хабар дуруст бошад, ки Мавлави Маҳдӣ, ягона фармондеҳи номдори ҳазоратабор дар ҳукумати Толибон, пас аз боздошт тавассути маъмурони амнияти Эрон, таҳвили Толибон дода шудааст, метавон аз он ин натиҷаро берун кард, ки Эрон ба хотири хушхидматӣ ба Толибон монеъи шаклгирии ҳаракатҳои зиддитолибонӣ дар миёни ҳазораҳо ва шиъаёни Афғонистон аст ва барои ин ки ҳазораҳо битавонанд ҳаракатҳои адолатталабона ва ҳақхоҳонаи худро дар баробари Толибон дошта бошанд, бо Эрон низ ҳамчун як монеаи умда ва ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд.

 Ҳарчанд дар гузашта низ ҳазораҳо ва ӯзбекҳо таҳти таъсири Эрон ва Туркия қарор доштанд, аммо ҳоло ба назар мерасад, ки вобастагии онон бисёр шадидтар аз ҳудуди мутаориф шудааст. Дар гузашта, албатта, ки вобастагии аҳзоби ҳазорагӣ ва ӯзбекӣ ба Эрон ва Туркия то ҳудуде бар асоси ниёз ва манофеъи мутақобили дусавия буд, аммо ҳоло ба назар мерасад, ки ин вобастагӣ яктарафа шуда бошад. Ба иборати дигар, ҷараёнҳои сиёсии ҳазорагӣ ва ӯзбекӣ ба сурати якҷониба ба Эрону Туркия вобаста шуда ва ё дасти кам Эрону Туркия чунин бардоште аз ин робита доранд ва мепиндоранд, ки ҳар тавр моил бошанд метавонанд бо ҳазораҳо ва ӯзбекҳо рафтор кунанд.

Дар воқеъ ин робита ҳоло ба улгуи як робитаи арбоб-раиятӣ мушобеҳат пайдо кардааст. Эрону Туркия дар мақоми арбоб тасмим мегиранд, ки барои раъияти худ дар Афғонистон (ҳазораҳо ва ӯзбекҳо) чӣ чизеро биписанданд ва чӣ чизеро написанданд! Агар Эрону Туркия ҳукм кунанд, ки ҳазораҳо ва ӯзбекҳои Афғонистон маҷбур ба тан додан ба як ҳокимияти истибдодии такқавмӣ-паштунианд, инҳо ҳаққи эътироз ва сарпечӣ надоранд!

Бо таваҷҷуҳ ба пешинаи хусумати маршал Дӯстум ва Толибон, наметавон пешниҳодҳои мукаррари сулҳи маршал Дӯстум ба Толибонро ғайр аз иҷрои дастури як нерӯи берунӣ таъриф кард. Маршал Дӯстум касе аст, ки натанҳо Толибон ӯро қотили ҳазорон ҷангҷӯи худ мепиндоранд ва ҳозир ба пазириши ӯ нестанд, балки ҳатто ҳомиёни Толибон ва паштунҳое, ки гароиши толибонӣ доранд, кинаҳои нуҳуфтае нисбат ба маршал Дӯстум ба хотири вақоеъи Дашти Лайлӣ дар 24 соли қабл ба дил мепарваранд. Ҳатто Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон, ки замоне маршал Дӯстумро ба ҳайси муовини худ дар курсии раёсати ҷумҳурӣ баргузида буд, дар расонаҳои ғарбӣ мақолоте дар бораи маршал Дӯстум навишта буд ва дар ин мақолот ӯро қотили паштунҳо хонда буд.

Дар акс: Дӯстум дар замони Муқовамати Аввал, ки фоҷиаи Дашт Дайлӣ, ҷоеро, ки садҳо толиб тавассути нерӯҳои Дустӯм дафн шудаанд, ба дунбол дошт

Маршал Дӯстум аз замони дуктур Наҷибулло кам-кам аз ҳавзаи низомӣ по ба арсаи сиёсат гузошт ва аз ҳамон замон ҳукуматҳои паштунӣ, ба шумули ҳукумати Наҷиб, ки маршал Дӯстум, яке аз сутунҳои низомии он буд, талош карданд, ки ӯро аз байн бубаранд. Ин талошҳо то замони Ашраф Ғанӣ низ идома дошт. Замоне, ки маршал Дӯстум муовини нахусти Ашраф Ғанӣ низ буд!

Маршал Дӯстум ҳадди ақал фаромӯш накардааст, ки фармондеҳ Ҷӯрабек дар майдони ҷанги Хӯст (1992) ба ӯ чӣ гуфта буд: “Генерал соҳиб, хуб кардӣ, ки наомадӣ. Ҳама гап сар ту буд!” Фармондеҳ Ҷӯрабек дар воқеъ ба як тавтиа алайҳи ҷони маршал Дӯстум ишора дошт. Тавтиа ин буд, ки Наҷиб мехост он ҷо ба дасти Ҷалолуддин Ҳаққонӣ ва халқиҳо Дӯстумро нобуд кунад.

Ҳатто замоне ки маршал Дӯстум муовини нахусти раисҷумҳур шуд, аз шарри тавтиаҳое, ки берабт ба хусуматҳои гузаштаи ӯ бо ҳокимиятҳои паштунӣ набуд, дар амон набуд. Илова бар ин ки маршал Дӯстумро дар пайванд ба як қазияи ҷиноӣ зери фишори шадиди сиёсӣ гирифта, монеъи рафтанаш ба дафтари кораш шуданд ва дар ниҳоят ӯро ба Туркия табъид карданд, чанд мартаба қасди ҷони ӯро дар майдони ҷанг намуданд, ки ба наҳве аз ин тавтиа наҷот ёфт. Дар камини толибон дар Форёб, ки амалан аз сӯи Ҳаниф Атман ва Маъсум Истоникзай, ду фарди муассири ҳукумати Ғанӣ эҷод шуда буд, маршал Дӯстумро генерал Муродалӣ Муроди ҳазора наҷот дод.

Бо таваҷҷуҳ ба нукоти фавқуззикр музокираи маршал Дӯстум бо Толибон ҳеҷ мавзӯияте надорад. Вақте ҳокимиятҳои демократики паштунӣ, ки бар асоси доияи мушорикати сиёсии ақвом ташкил шуда буданд ва низ барои дарёфт раъйи ӯзбекҳо ба Маршал Дӯстум ниёз доштанд, ҳозир нашуданд, ки ӯро саҳм ва ҷойгоҳи боиста дар қудрат бидиҳанд, доштани чунин таваққӯъи аз Толибон орӣ аз мантиқ аст.

Ҳамин рутбаи маршалиро Ашраф Ғанӣ таҳти фишори шадиди амрикоиҳо ва туркҳо ба маршал Дӯстум эъто кард. Аммо Ғанӣ бино ба кудуратҳои қавмии гузашта ҳозир ба эътои он набуд ва ҳозир нашуд, ки дар як маросими вежа ва муносиб рутбаи маршалиро ба Дӯстум бидиҳад. Дар ниҳоят доктар Абдуллоҳ ба Ҷузҷон рафт ва рутбаи маршалиро ба шонаи Дӯстум насб кард.

Бинобарин агар Толибон ҳозир ба музокира бо маршал Дӯстум ҳам шаванд, дар хушбинонатарин ҳолат ба ӯ хоҳанд гуфт, ки интиқоми хуни қурбониёни Дашти Лайлӣ ва бақия ҷангҷӯёни худро аз вай нахоҳанд гирифт ва ӯ метавонад ба кишвар баргардад ва дар Ҷузҷон дар манзили хеш минҳайси як шахси одӣ, амалан асир, боқии умри худро сипарӣ кунад. Ин чизе аст, ки Толибон ба тамоми мухолифони сиёсии матраҳи худ гуфтаанд.

Равшан аст, ки оқои Дӯстум наметавонад ба чунин чизе қонеъ шавад ва агар таҳти фишори Туркия тан ба чунин чизе бидиҳад, дар воқеъ маънои он қурбонӣ шудани манофеъи ӯзбекҳои Афғонистон пойи манофеъи Туркия хоҳад буд. Чун ин Туркия аст, ки маршалро дар гаравгони худ гирифта ва аз вай мехоҳад, ки тибқи нақшаи Анқара амал кунад. Агар чунин набуд, маршал Дӯстум ба эҳтимоли зиёд дар ин як сол хомӯш наменишаст ва даст ба иқдомоте алайҳи Толибон мезад!

Дар сӯи дигар, ҳазораҳои Афғонистон ҳастанд, ки ба таври суннатӣ дар зери чатри ҳокимиятҳои паштунӣ худро маҳрум аз ҳуқуқи шаҳрвандиву маданӣ ва сиёсии худ меёбанд ва ҳатто иддао доранд, ки бо хатари наслкушӣ мувоҷиҳанд. Аз замони ҷанги мардуми Афғонистон алайҳи Шӯравии вақт, ки танзимҳои ҳафтгонаи ҷиҳодӣ ба вуҷуд омаданд, ҳазораҳо баъдтар дар қолаби Ҳизби ваҳдати исломи Афғонистон ба раҳбарии Абдулалӣ Мазорӣ вориди корзори сиёсат ва низомигарӣ шуданд. Аз ҳамон замон ба ин сӯ, Ҳизби ваҳдат ба далели он ки аксарият аъзои он ҳазораҳо ва шиъён буданд, таҳти таъсири ҷумҳурии исломӣ қарор гирифт. Баъдҳо аҳзоби ҷудошуда аз Ҳизби ваҳдат ба раҳбарии оқоён Муҳаққиқ, Халилӣ ва Акбарӣ низ равобити худро бо Теҳрон нигаҳ доштанд ва дар воқеъ Эрон манофеъи худро дар Афғонистон дар ҳимоят аз ҳамин аҳзоб ҷустуҷӯ мекард. Эрон ин сиёсатро то чанд соли пеш думбол мекард, аммо дар як бурҳа аз замон, Эрон ба Толибон наздик шуд ва ин наздикӣ дар воқеъ ба маънои хадшадор шудани робитаи аҳзоби шиъӣ-ҳазорагӣ бо Эрон низ буд.

Бо рӯи кор омадани дубораи Толибон, Ҷумҳурии Исломии Эрон талош карда, ки сиёсати таомул бо Толибонро дар ҳамсӯӣ бо бисёре аз кишварҳои минтақа дар пеш гирад. Дар ростои ҳамин сиёсат, гуфта мешавад, ки Эрон мутааҳҳид шуда, ки аз шӯришҳо ва қиёмҳои мусаллаҳонаи мардуми ҳазора алайҳи ҳукумати Толибон ҷилавгирӣ хоҳад кард. Дар иваз Толибон низ тааҳҳудоте ба Эрон супурда, ки гуфта мешавад, бештар дар меҳвари манофеъи иқтисодии Эрон мечархад. Аз ҷумла метавон ба низоъ миёни Эрон ва Афғонистон бар сари оби рӯдхонаи Ҳирманд ишора кард, ки Толибон дар ибтидо баҳси об дар бадали нафтро матраҳ кард, аммо баъдҳо аз мавзеъи худ ақибнишинӣ карда ва аз дари нармиш бо Эрон ворид шуд.

 Дар ростои ҳамсӯии Эрон ва Толибон, гуфта мешавад, ки Маҳдӣ Балхобӣ, ягона фармондеҳи номдори ҳазоратабори Толибон дар пайи як шӯриши мусаллаҳона алайҳи Толибон, дар эътироз ба салб шудани ҳуқуқи ҳазораҳо ва шиъаён тавассути Толибон, тавассути маъмурони амниятии Эрон боздошт ва сипас ба Толибон таҳвил дода шуд, ки Толибон ӯро билофосила аз байн бурданд.

Дар акс: Гуфта мешавад, ин яке аз охирин аксҳои Мавлави Маҳдӣ ва далел бар зинда будани ӯст.

Мавлави Маҳдӣ, раиси идораи истихбороти Толибон барои вилояти Бомиён дар пайи он чи ӯ нодида гирифта шудани ҳуқуқи ҳазораҳо аз сӯи Толибон хонд, ба зодгоҳаш дар шаҳристони Балхоби вилояти Сарипул дар шимоли Афғонистон рафт ва даст ба қиёми мусаллаҳона алайҳи Толибон зад ва чанд рӯз бо ин гурӯҳ дар ҷанг буд. Толибон нерӯи азимеро ба Балхоб гусел дошт ва Мавлавӣ Маҳдиро маҷбур ба фирор аз соҳа кард. Ба тозагӣ гузоришҳое нашр шуд, ки Мавлавӣ Маҳдӣ мехоста ба Эрон биравад, ки Толибон ӯро шиносоӣ ва дар марзи Эрон аз байн бурдаанд. Аммо гузоришҳои таъйидношудаи дигаре низ вуҷуд дорад, ки Мавлавӣ Маҳдӣ баъд аз вуруд ба хоки Эрон, тавассути марзбонони Эрон боздошт ва сипас ба Толибон таҳвил дода шудааст.

Касоне, ки бо таърихи муосири Афғонистон ошноӣ доранд, медонанд, ки дар ин кишвари чандқавмиятӣ, як тарафи қазия паштунҳо ҳастанд, ки бар асоси иддаои аксарият будан, қудрат ва ҳукуматро мулки меросии ниёгони худ медонанд ва бо ҳар кӣ ин доияро ба чолиш бикашад, ба сахттарин шеваи мумкин бо он бархӯрд мекунанд. Дар сӯи дигар ақвоми ғайрпаштун ҳастанд, ки тоҷик, ҳазора ва ӯзбек - се қавми умдаи ғайрпаштун ба шумор мераванд. Ин се қавм ҳамеша дар сад соли ахир дар маърази барномаи ҳазфу саркӯб қарор доштаанд. Паштунҳо ин се қавмро монеъаи умдаи таҳаққуқи ҳокимияти такқавмӣ (паштунӣ) медонанд ва ба шеваҳои мухталиф ва дар мақотеъи мухталиф замоне дар пайи ҳазфу саркӯби онон будаанд. Дар ҳамин бист соли ахир бо вуҷуде, ки як сохтори демократӣ ба кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон шакл гирифт, паштунҳо даст аз тасфияи қавмӣ барнадошта ва дар ҳамсӯӣ бо Толибон бисёре аз чеҳраҳои шинохташудаи низомӣ ва сиёсии ақвоми тоҷик, ҳазора ва ӯзбекро террор карданд.

Дар воқеъ таҷоруби гузашта нишон медиҳад, ки танҳо рамзи бақоёи ақвоми ғайрпаштун ин аст, ки ин се қавм бо ҳам муттаҳид шуда ва дар баробари султаи ҷобиронаи такқавмии паштунҳо боистанд. Албатта, танҳо баҳси қудрати сиёсӣ дар байн нест, балки тафриқаву шиқоқ дар миёни ақвоми ғайрипаштун боис хоҳад шуд, ки фарҳанг, забон ва ҳувияти таърихии ин ақвом низ дар маърази нобудӣ қарор гирад ва онон бо хатари наслкушӣ, кӯчи иҷборӣ ва ҳазфи систематик мувоҷиҳ шаванд.

Як намунаи боризи таърихии ҷангҳои дохилии даҳаи 80 мелодӣ аст, ки ақвоми ғайрпаштун дар баробари ҳам қарор гирифтанд ва дар натиҷаи он ҳукумати тоҷикӣ тазъиф ва ҷойи онро ҳукумати паштунӣ-толибонӣ гирифт. Аммо вақте дар даҳаи 90 ақвоми ғайрпаштун дар меҳвари муқовимат ба раҳбарии шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд муттаҳид шуданд, Толибон рӯ ба завол рафт ва ҷойи онро як ҳукумати мушорикатии демократӣ гирифт, ки ҳама ақвом ба гунае дар он саҳм доштанд.

Бо ин ҳол, чунонки гуфта шуд, ба далоили таърихӣ ва сиёсии зиёде, ақвоми ғайрпаштун ба хотири дифоъ аз ҳувият ва забону фарҳанги худ дар баробари рӯйкардҳои таҳоҷумии паштунҳо, ногузир аз ҷалби ҳимояти хориҷӣ шуда ва ба кишварҳои мухталифи минтақа вобаста шудаанд. Дар ин миён, паштунҳо бештарин вобастагиро ба Покистону тариқи он Инглису Амрико ва кишварҳои Халиҷ, ҳазораҳо ба Эрон ва ӯзбекҳо ба Туркия пайдо кардаанд. Албатта, тоҷикҳо низ то ҳудуде таҳти таъсир Эрону Русия қарор дошта ва акнун Тоҷикистон низ вориди қазия шуда ва дар ҳимоят аз тоҷикҳои Афғонистон қарор гирифтааст, ки достони он эҷоби баҳси ҷудогонаро менамояд.

Аммо фарқи паштуну тоҷик аз ӯзбеку ҳазора дар ин аст, ки новобаста аз манофеъи пуштибонони худ барои ҳаққу ҳадафи худ меҷанганд, дар ҳоле ки ӯзбеку ҳазора зоҳиран ҳеҷ таърифе аз манофеъи худ надоранд, балки манофеъи худро қурбонии манофеъи пуштибонони худ кардаанд.

Бо ин вуҷуд, ақвоми Афғонистон ҳамвора дар мақотеъи душвори таърихӣ бар сари як дуроҳӣ қарор доштаанд. Як тарафи эҷобот ва илзомоти сиёсати дохилӣ дар бистари рақобатҳо ва мунозиъоти қавмӣ-таърихӣ аст ва дар сӯи дигар манофеъ ва зиёнҳои кишварҳои ҳомии ақвом.

Ҳоло, масалан, маршал Дӯстум ба унвони намояндаи сиёсии ӯзбекҳо, як тараф бо ин воқеият рӯбарӯ аст, ки барои дифоъ аз арзишҳои қавмиву забонӣ ва фарҳангии худ вориди ҷанг бо Толибон шавад, аммо дар айни ҳол ӯ ногузир аст, ки аз Туркия ҳарфшунав бошад. Туркия аммо манофеъи худро думбол мекунад. Туркия бештар думболи таомул бо Толибон аст ва ба ҳамин шакл Эрон. Ва қурбонии ин таомул ӯзбекҳо ва ҳазораҳо, дар умум гурӯҳҳои шиамазҳаб аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!