Хабари рӯз

Барои ҷанги иттилоотӣ алайҳи Тоҷикистон на танҳо дар Қирғизистон, ҳатто дар Украина аз қабл омода шуда буданд

Дар акс: яке аз тоблуҳои видеоии зиддитоҷикӣ дар метрои Киев

Нависанда: Толиб Алиев, махсус барои “Сангар”

Вақте кас филмҳо дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, аз қабили Набарди Курск, муҳосираи Ленингарад ва қаторҳои тонкҳои душман ва сангарҳои тӯлонӣ бо сарбозони дар хоку хун жӯлида дар хатти аввали ҷангро мебинад, ваҳшатноктарин ҷангеро мебинад, ки башар таҷриба кардааст.

Аммо ҷангҳои имрӯз ба реша бо набардҳои қарни бистум мутафовит аст ва нишондиҳандаи як ҷанги шабакамеҳвари воқеӣ аст (як фазои иттилоотии воҳид ва баста, моҳвораҳо, интиқол онии маълумот ва ғайра), ки бо пуштибонии бисёр фаъол аз иқдомоти таҳоҷумии нируҳо дар фазои иттилоотӣ ҳамроҳӣ мешавад. Ҳамон тур, ки мегӯянд, ҳама василаҳо хуб ҳастанд, зеро пирӯзонро касе муҳокима намекунад.

Ахиран тасвири бисёр мушобеҳеро дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мушоҳида кардем. Мақомоти Қирғизистон як маъракаи иттилоотии бесобиқаро алайҳи Тоҷикистон ба роҳ андохтанд ва марзбонони тоҷикро ба ҳамла ба қаламрави худ муттаҳам карданд. Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов бо ҷалби ҳимояти ҳомиёни ҷадиди худ (зоҳиран дар он тарафи уқёнус) дар 21 сентябри имсол дар нишасти 77 - умини Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттиҳоми таҷовуз аз сӯи Тоҷикистон сӯҳбат кард. Дар айни ҳол, дар рӯзҳои даргирии мусаллаҳона, тамоми расонаҳои давлатӣ ва хусусии Қирғизистон ба таври хастагинопазир ривояти худро аз ончи дар ҳоли рух додан буд, пахш карданд ва воқеаҳои ҷориро то сарҳади пучиву фачӣ таҳриф карданд. Илова бар ин, ин талошҳо ба таври ғайримунтазирае тавассути... Украина низ ҳамроҳӣ шуд.

Дар истгоҳҳои метрои Киев аз 14 сентябр видеоҳои АЗ ПЕШ ОМОДАШУДА дар мавриди "таҳоҷум"-и Тоҷикистон ба Қирғизистон, истифода аз ғайринизомён тавассути артиши Тоҷикистон ба унвони "сипари инсонӣ" ва ғайра пахш шуд!

Ва маъракаи бесобиқаи зиддитоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Украина чӣ ҳоле дорад! Каналҳои телеграмӣ эҷод ва таблиғшуда тавассути фанноварони сиёсӣ (политтехнологҳо) - и ғарбӣ ба иттифоқи оро таҷовузи Тоҷикистон ба Қирғизистони "бедифоъ"-ро эълом карданд.

Дар ҳамаи ин рӯйдодҳо, моҳияти голивудии мушобеҳи ахбору баёниясозиҳои пурсарусадо вуҷуд дорад. Украина акнун арсаи набард байни тамаддунҳои шарқӣ ва ғарбӣ аст, ки аз ин кишвар ҷаълкориҳои аслӣ барои сохтани иттилооти дурӯғин анҷом мешаванд. Худи таҳрикот (провокатсияҳо)-и клишаии режими Киев барои муттаҳам кардани Русия ба ҷиноёт дар шаҳрҳои Буча ва Изюмро бигирем. Тарафи украинӣ амдан, алорағми дархостҳои мутааддиди нерӯҳои муттаҳид, аҷсоди сарбозони кушташудаи худро дар вилояти Харков берун накашад, то баъдан онҳоро "ҳамчун қурбониёни ғайринизомӣ дар натиҷаи таҷовузи Русия" таҳвил диҳад. Табиатан сарбозони русӣ бо вуруд ба шаҳри Изюм аҷсоди низомиёни украиниро дафн карданд, ки ба амд тавассути фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз бурдани онҳо худдорӣ кард. Ин барнома буд, ки рӯйи видео забт шуд ва сипас ба унвони "Русия дар ҳоли пӯшондани изҳои худ" муаррифӣ шуд.

Ҳатто расонаҳои ғарбӣ низ маҷбур ба баҳонаҷӯӣ ва узрхоҳӣ барои такрори иттилооти паҳншуда тавассути тарафи Украина шуданд. Аз ҷумла, хабари кашфи "мурдагоне бо ресмон ба гардан" дар Изюмро маҷбур шуданд аз сафҳаҳои худ ҳазф ва хабаргузории “Ройтерз” ва ҳамчунин нашрияи олмонии Frankfurter Rundschau ахбори худро такзиб кунанд. Ба навбаи худ, рӯзноманигорони нашрияи инглисии “Дейли Телеграф”, ки дар Изюм кор мекарданд, эътироф карданд, ки шавоҳиде аз наслкушии мардуми маҳаллӣ тавассути неруҳои мусаллаҳи Русия пайдо накардаанд.

Дар акс: канали телеграми украинӣ даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро "пӯшиш медиҳад"

Хабарнигори “Гардиан” ва “Вашингтон пост”, Лиз Кукман, ки рӯйдодҳои вилояти Харковро пӯшиш медиҳад, дар сафҳаи твитери худ дар бора кашфи аҷсоди низомиёни кушташуда, на ғайринизомён, менависад.

Намоди "таҷовузи Русия" дар Изюм, ки тибқи дастуруламалҳои ғарбӣ эҷод шудааст - дасти як ғайринизомие, ки гуфта мешавад бо дастбанд ба шакли парчами Украина кушта шудааст - низ ҷаълӣ аст, зеро дар воқеият ин як қитъаи ҷасади яке аз нерӯҳои мусаллаҳ Украина дар як гӯри дастаҷамъӣ аст.

Барои пуф кардани мавзӯъи "наслкушии аҳолии вилояти Харков тавассути нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия" ҳисобҳои ҷаълии мутааддиде бо аҷала дар шабакаҳои иҷтимоии мухталиф ва дар 16 сентябри соли ҷорӣ эҷод шуд. Киев рӯзноманигорони хориҷиро барои филмбардорӣ аз эксгуматсияи ғайринизомиёне, ки гуфта мешавад тавассути сарбозони русӣ кушта шудаанд, ҷазб кард. Илова бар ин, PR-ожонсҳои равобити умумии тарафдори Амрико (PR Network, Yorktown solutions, SKDK, PRCA, Campaign Asia) фаъолона даргир буданд, то тезисҳои зиддирусиро барои мухотабони ғарбӣ такрор кунанд.

Ба гуфтаи паноҳандагони украинӣ, аксарияти кулли ғайринизомиёни мадфун дар вилояти Харков дар натиҷаи гулӯлаборони нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ҳамчунин шиллик беравияи миллатгароён ва муздурони хориҷӣ дар ҷараёни ин ҳамла ҷони худро аз даст додаанд.

Дар айни ҳол, Киев ҳатто ҳадаф аз провокатсияҳои иттилоотии худро пинҳон намекунад ва ошкоро аз Ғарб тақозои афзоиши арзаи силоҳ дорад. Ба гуфтаи сардори дафтари раисҷумҳури Украина, Михаил Подоляк, пас аз гӯрҳои кашфшуда, "оё касе мехоҳад ба ҷои ирсоли танк, даргириро мутаваққиф кунад?"

Бо ин ҳол, Содир Ҷабборов, дуруст монанд ба тарҳи украинӣ, аҳдофи таҳрикот (провокатсияҳо)-и иттилоотии худ алайҳи Тоҷикистон - ба даст овардани силоҳҳои бештар аз кишварҳои НАТО барои муҳофизат дар баробари "таҷовуз"-и Тоҷикистонро пинҳон намекунад. Сафири Қирғизистон дар Туркия, Қубанчибек Омуралиев, дар 21 сентябри соли ҷорӣ, бо Исмоил Дамир, раиси саноати дифоъи Туркия дидор ва гуфтугӯ ва фақат ин мавзуъро матраҳ кард.

Дастури муқобила бо чунин ҷангҳое дар қарни 21, иттиҳоди мардум ва ифшои матолиби ҷаълӣ бо ҳадафи гумроҳ кардани мардум аст. Ва ин масири мустақиме барои эҷоди "инқилобҳои ранга" аст, ки хатари он тавассути Си Ҷин Пинг, раисҷумҳури Чин, дар нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Самарқанд дар сентябри соли ҷорӣ ҳушдор дода шуд.

Воқеан, он чӣ раҳбарони Қирғизистон барои дилхушии пуштибонҳояшон дар он тарафи уқёнус ва хилофи манобеъи қудратҳои минтақаву ҳамсоягонашон мекунанд, ин кишварро ба як бунбаст кашонида, як роҳи кӯтоҳро барои як “инқилоб”-и навбатӣ боз кардааст. Дар Қирғизистон ҳанӯз виҷдонҳои бедоре ҳастанд, ки нагузоранд кишварашон ба “Украинаи сонӣ” ва дастхуши Ғарб табдил шавад ва тарҳи “ҷанг то охирин қирғиз” – ро маҳор кунанд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!