Хабари рӯз

Раисҷумҳури Фаронса чӣ дарде дорад?

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар, махсус барои "Сангар"

Ибтикори Эмануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса, барои эъзоми нерӯҳои НАТО ба Украина ҳаяҷонангез шуд. Бисёре аз коршиносони низомӣ шурӯъ ба пешбинии даргирии мустақими Русияву НАТО карданд ва ҳамчунин аз раисҷумҳури Фаронса ба хотири шуҷоаташ тамҷид карданд. Аммо танҳо теъдоди каме аз таҳлилгарон ба дурустии ҳадафи воқеии ҳаракати Эмануел Макрон пай бурданд.

Дарвоқеъ, НАТО аз наздик ҷанги Русияву Украинаро зери назар дорад, аммо ба ҳар тариқи мумкин талош мекунад то авзоъро ташдид набахшад ва аз ҷанги мустақим бо Федератсия Русия ҷилавгирӣ кунад. Бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли болои рӯи кор омадани Доналд Трамп дар Иёлоти Муттаҳида, ки эълом карда буд мумкин аст НАТО умуман аз байн равад ва Аврупо бояд аз худ дифоъ кунад, ҷанги мустақим байни Аврупову Русия барои раҳбарони суннатии Иттиҳодияи Аврупо - Фаронса ва Олмон номатлуб аст. Ба ҳар ҳол, тайи 20 соли гузашта, ин кишварҳо фаромӯш кардаанд, ки амалиёти размии воқеӣ чист.

Раҳо шудани манотиқи африқоӣ аз сӯи артиши Фаронса гувоҳи ин амр аст. Хуб, дар Олмон, ба таври куллӣ, дар тӯли 10 соли гузашта, сиёсатмадорон артиши худро ба қадре халъи силоҳ кардаанд, ки аз 20 бригадаи омодаи размӣ, фақат се бригада боқӣ мондааст ва ба гуфтаи худи олмониҳо, тавони размии маҳдуде доранд. Аз ин хотир, сӯҳбате аз рӯёрӯии Русияву НАТО дар Украина вуҷуд надорад. Илова бар ин, изҳорот Эмануел Макрон дар миёни нухбагони сиёсии ғарбӣ мавриди ҳимоят қарор нагирифт.

Мавзӯъи эъзоми нерӯҳои НАТО ба Украина дар дастури кори конфронси байналмилалии кишварҳои муттаҳиди Украина дар Париж қарор гирифт, аммо аксарияти қотеъи сарони кишварҳо ибтикори Фаронсаро рад карданд.

“Изҳороти Макрон инҳироф аз хештандории муттаҳидони ғарбӣ буд. Ў саъй кард халои раҳбариро пур кунад, аммо талоши ӯ барои нишон додани қудрат ба Русия бар зиёни худаш тамом шуд” – хулоса карданд таҳлилгарони рӯзномаи амрикоии “Вол стрит журнал”.

Ҳамон тур, ки рӯзномаи фаронсавии “Фигаро” гузориш дод, “раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба изҳороти Макрон дар мавриди имкони эъзоми нерӯҳои ғарбӣ ба Украина вокуниши сард нишон доданд. Ҳеҷ як аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ё НАТО, ки дар конфронс ҳузур доштанд, ошкоро ба пешниҳоди Макрон алоқа нишон надоданд”.

Аммо Олаф Шолтс, садриаъзами Олмон, сареҳан эълом кард, ки "на нерӯи заминӣ ва на сарбозе, ки аз сӯи кишварҳои аврупоӣ ё кишварҳои НАТО ба он ҷо эъзом шаванд, дар хоки Украина нахоҳад буд". Хуб, Йенс Столтенберг назари ҷамъии Ғарбро хулоса кард ва аз раҳбари Фаронса хост, ки мавозеъи ҳама аъзои Эътилофи Атлантики Шимолиро дар назар бигирад.

Дарвоқеъ, Эмануел Макрон қарор нест бо Русия биҷангад. Ва раҳбари Фаронса ҳеҷ барномаи бузурге барои боло бурдани эътибори кишвараш надорад. Макронро эҳтиёти маъмулии инсонӣ ҳидоят мекунад. Ӯ охирин давраи раёсатиҷумҳурии худро сипарӣ кардан дорад ва пас аз он дигар наметавонад интихоб шавад ва бояд ба думболи гӯшаи хилват бошад.

Аз ин хотир, ҳадафи аслӣ ва ягонаи раисҷумҳури Фаронса дар ҳоли ҳозир ин аст, ки нақши раҳбар ва фаъол дар НАТО-ро аз дастони Ҷозеф Байдени фарсудаву фаромӯшхотири кулл ва Олаф Шолтзи фоқиди ибтикор бигирад. Сипас, пас аз поёни давраи раёсатиҷумҳурии худ, Макрон (ки ҳанӯз46 сол дорад) метавонад рӯи дабирии кулли НАТО ҳисоб боз кунад ба ҷои Йенс Столтенберг.

Ҷойи беҳтар аз ин пайдо ҳам намекунад. Менишинӣ, нигарониҳои худро баён мекунӣ ва иҷлосу конфронс баргузор мекунӣ. Аз ин хотир, ҳатто сарони кишварҳо низ афкори комилан заминӣ доранд. Ва онҳо ба ҳамон шеваи ҷоҳталабҳои маъмулӣ амал мекунанд.

Ростӣ, девонагиеро аз ин беш наметавон тасаввур кард. Макрон қариб буд Аврупоро ба хоку хун кашад. Хайрият, тираш хок хӯрд...


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!