Хабари рӯз

Коршиносон тасмими мақомоти Туркия дар мавриди лағви низоми бидуни раводид бо Тоҷикистонро як амри ғайримунтазира мехонанд.

Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон.

Бархе ҳам бар адами ҳамкории Туркия дар амри мубориза бо терроризм ва паноҳ ёфтани як қатор тоҷикистониҳои муттаҳам дар узвият ба созмонҳои террористӣ дар хоки ок кишвар ишора мекунанд.

6 апрели соли равон бо фармони Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, низоми бидуни раводидин кишвар бо Тоҷикистонро лағв шуд. Ҳарчанд як рӯзи баъд сафорати Туркия дар Душанбе эълон кард, ки ин тасмим як “иқдоми муваққат” аст, Тоҷикистон низ 15 апрел бар пояи “асли амали мутақобил” барои шаҳрвандони Туркия низоми раводид ҷорӣ кард.

Ҳарду тасмим аз 20 апрели соли равон вориди марҳалаи иҷро мешаванд.

Тасмими Туркия дар мавриди ҷорӣ кардани низоми раводид пас аз ҳамла ба толори консертии Крокуси шаҳри Красногорски Русия дар 22 март, боздошти 40 узви ДОИШ (созмони террористии мамнуъа дар Федератсияи Русия) дар 25 март ва ҳамчунон ду узви ин гуруҳ - як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон, ки дар ҳоли тадоруки ҳамла дар Туркия буданд, ҷорӣ шуд.

Ҳамчунин ду омили ҳамлаи террористӣ дар Крокус, шаҳрвандони Тоҷикистони Фаридуни Шамсуддин ва Сайидакрами Раҷабализода, қабл аз 22 март дар қаламрави Туркия қарор доштанд.

Дар ҳамин ҳол, ин ҳама аввалину охирин мавориде нестанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо номи гуруҳи террористии ДОИШ дар Туркия ҳамлаи террористӣ анҷом медиҳанд ва ҳам боздошт мешаванд.

29 январ як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия пас аз ҳамла ба як калисои католикӣ дар шаҳри Истамбул, ки як кушта ба ҷой гузошт, бо иттифоқи 25 мазнуни дигар боздошт шуда буданд.

Соли гузашта дар моҳи июн Шомил Ҳукуматов, мулаққаб ба “Абу Мискин”-ро, ки гуфта мешуд, аз саркардагони ДОИШ-и Хуросон (созмони террористии мамнуъа дар Федератсияи Русия) буд, низ дар Туркия боздошт шуда буд.

Дар умум, Туркия аз замони шуруъи ҷангҳо дар Ховари Миёна, бахусус, пайдоиши ДОИШ (созмони террористии мамнуъа дар Федератсияи Русия) як кишвари транзитӣ барои довталабон аз саросари ҷаҳон ба шумор мерафт. Онҳо аз кишварҳои худ ба Туркия омада, аз он ҷо ба Сурияву Ироқ барои пайвастан ба гуруҳҳои террористӣ мерафтанд, аммо теъдоди хеле ками онҳо боздошт мешуданд.

Аз ҳамин хотир, коршиносони тоҷик тасмими мақомоти Туркия дар мавриди лағви низоми бидуни раводид бо Тоҷикистонро як тасмими ғайримунтазира унвон мекунанд.

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳеҷ кас интизор надошт, ки дар чунин марҳалаи ҳассос дар равобити байнулмилалӣ Туркия якбора чунин тасмиме мегирад.

“Агар сухан аз таҳдидоти амниятӣ ба Туркия аз сӯи созмонҳои террористӣ аст, пас ин таҳдидҳо 10 сол ба ин сӯ ин кишварро ба чолиш кашидаанд ва таври маълум, на фақат шаҳрвандони Тоҷикистон, балки кишварҳои дигар, бахусус, Осиёи Марказӣ низ бо иттиҳоми даст доштан дар омоли террористӣ боздошт мешаванд. Мантиқӣ буд агар Туркия ин гуна режимро барои тамоми кишварҳо ҷорӣ мекард. Ҳол вижа кардани Тоҷикистон ҷои суол аст”, - гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.

Режими бидуни раводид барои Тоҷикистонро дар қатори даҳҳо кишвари дигар Туркия ҳанӯз соли 2018 ҷорӣ карда буд, ки бино ба он, як нафар метавонист бидуни виза ворид Туркия шуда ва то 90 рӯз дар он ҷо иқомат дошта бошанд. Шаҳрвандон Туркия низ ба навбаи худ аз соли 2021 ба ин сӯ метавонистанд то 30 рӯз бидуни виза дар Тоҷикистон иқомат дошта бошанд.

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, он замон Туркия як сиёсати иқтисодиеро пеш гирифта буд, ки бино ба он, ба хотири рушди тиҷорат бо ҷаҳон содироти молу колои туркӣ ба хориҷ афзойиши бештар бояд меёфт.

“Ҳол мешавад тахмин зад, ки пас аз бохтани раъйҳо дар интихоботҳои ахир дар шаҳрҳои бузурги Туркия ҳизби ҳоким бо раҳбарии Раҷаб Тайиб Эрдуғон тадобиреро рӯи даст гирифтааст, ки масоил ва хатароти амниятӣ дар мадди аввал гузошта ва ҷомиаро дар атрофи худ муттаҳид кунад, то дар интихоботи раисҷумҳурии соли 2028 вазъро ислоҳ кунад”, - гуфт вай.

Дар чунин маврид низ ин суол барҷаста мешавад, ки чаро на кишварҳои дигар, балки фақат Тоҷикистон интихоб шуд?

Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, Туркия ҳарчанд бо Тоҷикистон санади ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро имзо кардааст, на ҳамеша дар ин амр содиқ буд ва сиёсати вижаи хешро пеш мебарад.

Нуруллоҳ Ҳусейнов, огоҳи масоили амниятӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар гузашта борҳо рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба узвият дар терроризм муттаҳам мешаванд ва дар қаламрави Туркия қарор доранд, пешниҳод карда, аммо ҳамкорӣ надидааст.

“Худ ин ки чаро шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз ҳама Туркияро барои сафар ба Сурияву Афғонистон истифода мекунанд, як суол аст. Масалан, онҳо аз Русияву Тоҷикистон вориди Туркия мешаванд ва аз тариқи минтақае мавсум ба Ван марзи Туркияву Эрон убур намуда, ба Афғонистон мераванд. Ман ҳеҷ тасаввур намекунам, ки истихбороти Туркия аз ин тараддудҳо хабар надошта бошад,” - гуфт коршинос.

Туркия дар замони ташдиди ҷанг дар Сурия кишвари транзитӣ барои даҳҳо ҷангҷӯву хонаводаашон аз кишварҳои ҷаҳон, бахусус, Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон буд, ки ба Сурия рафта, ба гуруҳи “Давлати исломӣ” (созмони террористии мамнуъа дар Федератсияи Русия) пайваста буданд.

Бино ба бархе иттилоот, Тоҷикистон ҳанӯз соли 2014 аз Туркия хоҳиш карда буд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ кунад, аммо ҷониби Туркия он замон чунин заруратеро надида буд.

Аз сӯи дигар, Нуруллоҳ Ҳусейнов бар ин аст, ки Туркия бо лағви низоми бидуни раводид маъракаи бадномсозии Тоҷикистону ҳукуматаш ва ба ДОИШ (созмони мамнуъа дар Федератсияи Русия) рабт додани шаҳрвандони ин кишвар ҳоли ҳавои дигар медиҳад.

“Агар ба пӯшиши хабарии ҳамла ба Крокус дар Маскав дар Ғарб таваҷҷуҳ кунед, мебинед, ки расонаҳои марбути Инглису Амрико хеле талош карданд, то аз Тоҷикистон як чеҳраи “бистаре барои густариши ифротият” – ро ба намоиш гузоранд. Аз ин хотир, истихбороти ин кишварҳо бо истифодаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаҳои террористӣ дар Эрон, Русия ва сохтмони чиниҳо дар Кобул мехоҳанд робитаи Тоҷикистонро бо шарикони наздикаш хароб кунанд. Маълум нест, ки ин кор огоҳона аз сӯи Туркия анҷом шуда, ё ноогоҳона”, - гуфт коршинос.

Ҳамлаи террористӣ ба толори консертии Крокус дар Маскав аввалин маврид набуд, ки соли равон бо ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом шуд. Соли гузашта як ҳамла ба меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул ва як ҳамлаи дигар ба масҷиди Шабчароғ дар шаҳри Шероз, соли равон ҳамлаи террористӣ дар оромгоҳи Қосим Сулаймонӣ, генерали маъруфи эронӣ дар шаҳри Кирмони Эрон, ҳамчунин ҳамла ба раиси созмони Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб низ аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки узви “ДОИШ”-и Хуросон (созмони мамнуъа дар Федератсияи Русия) хонда шуданд, анҷом дода шуд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин хабарҳоро, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи соли равон дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе низ чунин ҳамлаҳо аз сӯи аъзои “ДОИШ”-и Хуросон (созмони мамнуъа дар Федератсияи Русия) тарҳрезӣ шуда, аммо аз сӯи мақомот хунсо шудаанд, рад кард.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!