Хабари рӯз

Стратегияи муттаҳидони осиёӣ дар мубориза бо ДОИШ чист?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Ҳадафи терроризми байналмилал дар бистари Афғонистон (Толибон, Алқоида, бист гурӯҳи террористӣ ва бастаи ДОИШи Хуросон), як ҳадафи чандманзураест, ки Шарқ, Ғарб ва Шимолро нишонӣ гирифтааст. Ба ҳамин манзур аст, ки пойгоҳҳои террористӣ дар шимол, шимолу шарқ, шарқу ғарб, таъсис шудаанд. Тамаркузи умда рӯи эҷоди муфризаҳои амалиётиест, ки мошини терроризми шарқиро фаъол нигаҳ медорад.

Кохи терроризми шарқӣ дар Афғонистон бояд вожгун шавад. Агар нашавад, суномии ҳамалоти ҳадафманд, деворҳои дифоъии минтақаро ҳадаф хоҳад гирифт. Ҳалқаҳои васл ҳамон Толибонанд, ки бистарсози фазаи амалиётӣ шудани ин муфризаҳо ба кӯмаки терроризми давлатӣ шудаанд. Ҳадди ақали қароин ин мавзӯъро ба як субути ғайри қобили инкор, мубаддал сохтааст.

Ҳалқаҳои террористие, ки дар Афғонистон ба шакли камарбаста фаъолият мекунанд, тамоми имконот ва тасҳилоти як давлатро дар ихтиёр доранд ва ҳамаи он муфризаҳои террористӣ дар шимол, бо диди стратегӣ дар бистаре фаъолият мекунанд, ки Толибон онро ҳамвор сохтаанд ва нигоҳи баъдиашон ҳадаф қарор додани девори амниятии минтақа аст. Диди стратегии фароафғонистоние, ки бунмояи фикрии он терроризми байналмилалӣ аст.

ДОИШ ҳамонанди гузашта ҳарбаест ба дасти қудратҳои мутахосими фароминтақа, ки дар таҳти  назарияи бесуботсозӣ дар Осиё барнома пеш мебарад. Фаъолсози ҷумҷумаҳои фикрии ДОИШ, талош барои густариши ҳалқаҳои ҳадафгирӣ ва эҷоди шабаҳи тарсноки ин падидаи худсохтаи Толибон, дар таҳти назари истихбороти Толибон нишон медиҳад, ки ДОИШ барои Афғонистон на, балки барои минтақа минҳайси як мудели коромад ва хуб тарроҳӣ шудааст, то минтақаро дучори истиҳолаи амниятӣ кунад.

Дар ин миён, Тура Бура маркази аслии Алқоида дар табонӣ бо Шабакаи Ҳаққонӣ бозуи қудратманди низомӣ ва ҷуғаҳои интиҳории маргбор дар масири барномаи мустақими толибонӣ аст ва Бадахшону роҳҳои мунтаҳӣ ба Читроли Покистон, маркази ДОИШи номниҳоди Хуросон барои ноамнсозии шимол ва меҳвари Ҳиндукушҳо ба ҳадафи яксара сохтани муфризаҳои хобидаи нерӯҳои зиддитеррористӣ ва ё ба истилоҳ, муқовимат хоҳанд буд.

Ин барнома аз амалкарди Толибон, барномаҳои амалиётии Алқоида ва ДОИШи Хуросони худсохтаи Толибон қобили дарк аст. Аммо бардошти меҳварӣ аз феълу инфиолоти феълӣ ин аст, ки дар як нигоҳи бузургтар, ин терроризми таъбияшуда дар Афғонистон, бояд динамики амниятии минтақаиро ба масири ташаннуҷ савқ диҳад. То замоне ки ё қудратҳои осиёӣ маҷбур шаванд дар моварои хутути амалиётӣ ва дифоъии худ биҷанганд ва ҳазина кунанд ва ё ин ки дар нуқоти дигари даргир бо Ғарбу фароминтақа, ҳозир ба муомила шаванд.

Аммо ин муҳосибаи фароминтақа аст. Аз диди иттилоотӣ, размӣ, эҷоди сипар дифоъӣ ва имконот ва бистари мавҷуд дар ин ҷуғрофия, ин барнома ҳамонанди гузашта бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд. Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Русия ва Эрон, моҳиятан як меҳвари зидди терроризми шарқианд. Агарчи файсалаи феълӣ миёни онҳо як ҳолати таълиқӣ, таомули тактикӣ ва маҳори чолиш дар дарун аст, аммо бистари аслии тақобул ва рӯёрӯӣ дар масири Ҳиндукушҳо, шимол ва ҳавзаи марказӣ бо марказияти ғарби наздик ба Эрон, иттифоқ хоҳад афтид.

Қудратҳои осиёӣ то замоне ба роҳбурди таомул ва маҳори нарм дар хусуси Толибон идома медиҳанд, ки фазаи иҷроӣ шудани амалиётҳои сахтафзори муфризаҳои террористӣ фаро расад; Дар он сурат, минтақа чорае ҷуз муқобила бо он ба воситаи зарфиятҳои бумӣ надорад. Дар ин сурат, зеҳнияти зиддитолибонии тоҷикҳои шимол ва шимолу шарқ, ки дар таҳти шадидтарин саркӯби Толибон қарор доранд, идеологияи ин ҷанги файсалакунро фароҳам месозад.

Ин ҷост, ки минтақа бо созукорҳое дар хусуси муқобила бо вазъияти эҳтимолие аст, ки битавонад буҳронро дар мудирияти буҳрон, ҳаллу фасл намоянд. Табиатан, ки дар ин масир ҷуз роҳкорҳои сахтафзорӣ, имкони дигаре дар дастраси муттафиқини осиёӣ нест. Пас ба ҳамин иллат аст, ки талошҳое барои эҷоди дастаҷот резерфӣ дар Эрон, ки умдатан қитаоти хоси артиши собиқ, пулис ва амнияти миллии ҷумҳуриятанд ва аз газанди Толибон ба Эрон паноҳ бурдаанд, тақвияти меҳвари муқовимат дар Душанбе минҳайси як чатри бузурги савқу идораи ҷанг, эҷоди муфризаҳои амалиётии шаҳрӣ ва афзоиши сатҳи ҳамалот бар пойгоҳҳои аслии Толибон, ҳастаи аслӣ ва бунмояи стратегии баландмуддати муттафиқини осиёӣ хоҳад буд.

Зеро ин ҷамъи муттафиқини осиёӣ ба хубӣ медонанд, ки вазъият ба самти бесуботии ҳазинабар дар ҳаракат аст ва қабл аз маҳори сахт, имтиҳони роҳбурди маҳори нарм аз дарун, низ холӣ аз ҳикмат нахоҳад буд. Аммо мушкил ин ҷост, ки замони дар дастрас ба суръат аз даст меравад ва терроризм бо шоху панҷолаш дар камин аст то туъмае аз ин миён бардорад. Туъмаи хунчакон, ки рагу шарёни амнияти минтақаро пора мекунад.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!