Хабари рӯз

Оё як конфедератсияи Покистону Афғонистон қобили дастёбӣ аст, ё чӣ гуна Покистон, ҳомиён ва муздурони он ба самти Осиёи Марказӣ ҳаракат мекунанд?

Нависанда: Юнус Нигоҳ, "Ҳашти субҳ"

Бостоншиносон мегӯянд, ки ҷануби Ҳиндукуш дар гузашта тамаддуни бисёр пурбор  доштааст. Аммо ин тамаддунҳо замоне шукуфо шуданд, ки ин минтақаҳо ба шибҳақораи Ҳинд пайванд дошта ва онро бо шимоли Ҳиндукуш (Осиёи Марказӣ) пул мезаданд. Агар нақшаи сиёсии минтақаро канор гузошта, ба нақшаи табиии он назар андозем, Кобул ҳошияи Ҳинд аст. Абрҳояш аз нимҷазираи Ҳинд меоянд ва обҳояш ба домани он сарзамин ҷорӣ мешавад, кӯҳҳояш ба он сӯ хамида, ва  водиҳояш ба он доманаи васеъ васл аст.

Таърихи давраҳои ғайрибостонӣ ва мактубии мо низ қиссаи иттисол ва фосилаи ин сарзамин бо Хинд аст. Ғазнавиён, Ғӯриён, Салҷуқиён, Темуриён ва Дуррониён  ҳама ба баракати Ҳинд соҳиби ному нишон шуда буданд. Дар таърихи шаклгирии Афгонистони имрӯза Ҳинд нақши меҳварӣ ва хатто пуррангтар аз худи ин сарзамин доштааст. Дар аввалин рӯзҳои таъсиси салтанати Аҳмадшоҳи Абдолӣ яке аз таъинкунандатарин иттифоқот расидани молиёти Пешовару Кобул ба Қандаҳор буд ва пас аз он низ қаҳрамони асосии достони давраи Аҳмадшоҳ, Ҳинд буд.

Дар таърих навишта шудааст, ки дар замони таъсиси ҳукумати Аҳмадшоҳ дар Қандаҳор Кобул ва Пешовар тавассути як ҳоким (Навоб Носирхон) идора мешуд. Дар “Сироҷ ут-Таворих” расидани 25 ҳазор рупия аз молиёти Пешовар ва Кобул ба Қандаҳор дар рӯзҳои аввали таъсиси ҳукумати аҳмадшоҳӣ, як иттифоқи ҳасана ва “атои ҳазрати Яздон” хонда шудааст. Наздикии Афғонистон бо Ҳинд  хеле вақтҳо ба ростӣ ҳамчун “атои яздонӣ” арзишманд буда ва дурӣ аз он вазъи дарднок ва шайтонӣ ба бор меовардааст. Вақте, ки Бритониё дар фатҳи ин ҳошияи Ҳинд ноком монд, то ҳадди имкон аз он бурид ва боқиро дар паси хатти фарзии сиёсӣ зиндонӣ кард. Аз он замон ба баъд мамлакати мо аз ҳаракат монд ва дучори пусидагӣ шуд. Зишттарин рӯйдодҳои ин даврон, аз гардишҳои ҳаррӯзаи подшоҳон то ҷангҳои дохилӣ, аз гуруснагӣ ва фақри давомдор, то бебизоатии илмӣ ва ақибмонии сиёсӣ, ҳама ба наҳве ба ин ронда шудан аз Ҳиндустон ва инзивои ҷуғрофиёӣ иртибот мегирад.

Ин достони фасл, ҳадди ақал ду ривоятгар доштааст. Яке мо, ки ин тарафи девор худро дар моликияти бахше аз шибҳақора шарик мебинем, касоне аз мо бар сарзамини Покистон даъвои моликият доранд ва дастрасӣ ба баҳри Ҳинд ва доштани роҳи тиҷорӣ ба Ҳиндустон ва фаротар аз онро ҳаққи табиии худ медонем. Ва дигарӣ ононе ки он сӯйи девор дар худи шибҳиқора зиндагӣ мекунанд ва сарзамини моро як бахши саркаш ва гурезон аз оғуши модар (Ҳиндустон ва Покистон) медонанд, барои тасоҳуб ва баргаштондани он ранҷҳо мекашанд ва тавтеаҳо мечинанд. Онон низ ин деворро монеаи рушди минтақа медонанд ва муътақиданд, ки ҳаққи моликият ва ҳамсоядорӣ, роҳу транзит доранд ва бояд ин сарзамини ноҳамвор ва ошубзада мудирият шавад ва ором гардад, то шибҳиқора ба Осиёи Марказӣ васл шавад ва нерӯи кору коло байни ин ду  минтақаи бузург ба ҳаракат дарояд.

Дар ин сӯ Покистон як кишвари қалбакӣ ва монеи иттисоли Афғонистон ба оби гарм ва нимҷазираи пурбаракат хонда мешавад ва аз он сӯй Покистон худро нимаи бузургтару тавонотар ва шоистатари ин сарзамин ва гузаштаи муштарак медонад. Рокетҳои худро “Ғурӣ” ва “Ғазнавӣ” ном бурда ва бо сиёсатмадорон ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон ҳамчун бародари бузург ва ҳомӣ муносибат мекунад. Вазъияти намодини 15-уми августи соли 2021, ки гурӯҳе аз Покистон барои тасарруфи Арг ба Кобул мерафтанд ва гурӯҳе аз он ҷо ҳукуматро тарк карда, ба Исломобод паноҳ мебурданд, рушании ҷойгоҳи Покистон ва низ нигоҳи ҳокимони ин кишвар ба сарзамини мост.

Мардуми Афғонистон вазъиятро дарк кардаанд ва бо зикри ин ки кишвари мо ба суба (вилоят)-и панҷуми Покистон табдил ёфтааст, аз сиёсати Покистон норозигии худро баён мекунад. Аммо то кунун Покистон расман даъвои сарзамине ба ин сӯйи хатти Дюранд накардааст ва нагуфтааст, ки мо Афғонистонро ба вилояти панҷум табдил медиҳем, балки сиёсати суботкорона ва пухтаеро барои ҳамвор кардани ин сарзамин барои сиёсат ва тиҷорати худ пеш гирифтааст.

Генерал Асад Дурронӣ дар мусоҳиба бо хабарнигори "Afganistan International"  бо тозагӣ дар бораи хатти Дюранд ва равобити Афғонистону Покистон чанд ҷумлаи кӯтоҳ, вале возеҳ ба забон овардааст. Вай гуфтааст, ки  Покистон аз Зоҳиршоҳ, Карзай ва Толибон хоҳони ба расмият шинохтани марзи Дюранд шуда, ки ба назари ӯ хандаовар будааст. Асад Дурронӣ мегӯяд, ки марзи Дуранд як чизи хандаовар аст (яъне набояд вуҷуд дошта бошад). Вай мегӯяд, ки “набояд миёни сокинони ду тараф ихтилоф эҷод кунем” ва марзи конфедератсия ҳам “тааллуқ ба сокинони ҳарду ҷониб дорад”. Аз ин роҳ Покистон ба бозори Осиёи Марказӣ ва  масири интиқоли лӯлаҳои энержӣ дастрасӣ пайдо мекунад. Ӯ дар он сӯҳбат дар бораи манфиатҳое, ки Афғонистон аз ин конфедератсия ба даст хоҳад овард, чизе нагуфт, аммо агар хабарнигор суол мекард, эҳтимол аз дастрасии сокинони он тарафи хатти Дюранд ба бозори Покистонро ёдовар мешуд.

Бо шунидани суханони Асад Дурронӣ, савобиқи баҳси конфедератсияи Афғонистон ва Покистонро ҷустуҷӯ кардам ва фаҳмидам, ки дар Покистон конфедератсия дар байни паштунҳое, ки қудрат доранд ва содиқ ба Покистон ҳастанд, баҳси ҷиддӣ ва таърихӣ будааст. Воқеан ба масъалаи Дюранд ва Афғонистон дар Покистон се равиш вуҷуд доштааст. Яке аз ин руйкардҳо бархӯрди генералҳои қудратманди ғайрипаштунист, ки кӯшиши идомаи сиёсати Бритониёро алайҳи Афғонистон доштанд. Дар ин равиш силоҳ ва дипломатия ҳамзамон бо мақсади назорат ва саркӯбкунӣ то таслимшавӣ истифода мешаванд. Дар ҳар ҷое, ки муколамаи муассир набошад, мисли ҷангҳои аввал ва дуюми Афғонистону Бритониё, ҷони афғонҳоро бо силоҳу мушак (ташкилотҳои ҷиҳодӣ ва толибонӣ) қамчинкорӣ мекунанд ва ҳангоме, ки тозиёна такрор мешавад ё бетаъсир гардад, бо Шоҳ Шуҷоъ ва дипломатия ва яксадо ба майдон меоянд.

Руйкарди дуввум аз паштунҳои истиқлолталаб ва худмухторихоҳ будаст. Онҳо бо давлати Покистон ҳамкорӣ накарда ва дар иваз аз тариқи муҳоҷират ба Афғонистон, таблиғ дар байни сокинони Хайбар-Пахтунхвоҳ ва манотиқи қабоилӣ кӯшидаанд, ки манотиқи паштуннишини он тарафи хатти Дюрандро аз бадани Покистон комилан ҷудо кунанд ё ба худмухории дохилӣ бирасонанд.

Гуруҳи сеюм шахсоне чун Аслам Хатак ва Асад Дурронӣ ҳастанд, ки дар дастгоҳи идорӣ ва ҳарбии Покистон соҳиби қудрат буда ва ба Покистони ягона тааҳҳуд доштаанд, вале дар айни ҳол барои иртиқои ҷойгоҳи сиёсии паштунҳо дар Покистон, ҳалли мушкили Дюранд ва иттиҳоди Афғонистону Покистон барои сохтани конфедератсия талош мекардаанд. Дар ин ҷо талошҳоеро, ки  покистониҳо барои таъсиси конфедератсия кардаанд, мухтасар баррасӣ мекунем.

 

A) Мавзеи Бритониё

Дар моҳи июли соли 1947, мисли июли соли 2021, таҳаввулоти наве дар минтақаи мо бисёр сареъ дар ҳоли шаклгирӣ буд. Мисли порсол он вақт низ ин сарзамин ба як неруи ниёбатӣ вогузор шуд ва  як абарқудрат дар ҳоли тарки минтақа буд, аммо ҳангоми тарк низ салоҳияти тақсими сарзамин ва қудратро назди худ ҳифз кард. Моҳи июли соли 2021 Афғонистон ва моҳи июли соли 1947 Ҳинд субъекти ин сиёсат буд. Бар асоси матлабе, ки соли 2005 дар торнамои рӯзномаи "Пакистан Даун" мунташир шуда буд, дар он моҳ, ки омодагии ниҳоӣ барои эълони истиқлоли давлати Покистон сурат мегирифт, ҳукумати шоҳии Афғонистон талош кардааст, Бритониёро ба додани истиқлол ё худмухторият ба паштунҳои Ҳинд мутақоид кунад. Шоҳмаҳмудхон, амаки Зоҳиршоҳ, садри аъзам буд ва барои дарёфти ҳимояти Бритониё ба Лондон сафар кард. Аммо вазири умури хориҷаи Бритониё гуфт, ки вилояти сарҳадии шимолу ғарб (ҳоло Пахтунхва) як ҷузъи ҷудонашавандаи Ҳинд аст ва ин аз ҷониби ҳукумати Афғонистон аллакай эътироф шудааст. Шоҳмаҳмудхон он ҷоро бо норозигӣ тарк намуд ва ҳукумати Афғонистон дар посух ба Созмони навтаъсиси Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат кард, ки дар он ҷо ба мақоми расмии Покистон мухолифат ва аз мардум ва нерӯҳои ҷудоихоҳ дар манотиқи қабиланишин ҳимоят мекунад. 14 августи соли 1947 ҳукумати Покистон расман мавҷудияти худро эълон кард (соли гузашта 14 август Толибон ба дарвозаи Кобул расида буданд) ва пасон тайи як раъйпурсӣ, ки онро то ҳол аксари сокинон як тавтеаи сиёсӣ меноманд, вилоятҳои сарҳади шимолу ғарбӣ расман ба хоки Покистон илҳоқ гардид. Аммо тарафҳои даргир даст аз талош барнадоштанд. Бахше аз талошҳо барои эҷоди конфедератсия буд. 

 

Б) Ҳимояти ИМА

Яке аз тарроҳон ва мубаллиғони пайгирии конфедератсия дар он солҳо Аслам Хатак буд. Оқои Хатак, ки соли 1908 дар Читроли вилояти Паштунхвоҳ ба дунё омадааст, дар замони таъсиси Покистон яке аз кадрҳои шинохташуда дар дастгоҳи идории Ҳинди Бритониё буд. Вай дар Донишгоҳи Оксфорд таҳсил карда ва бо бюрократияи Ҳинди Бритониё миссияҳои гуногунро иҷро кардааст. Ӯ дар солҳои 1956-1957 сафири Покистон дар Кобул буд ва барои ҳалли мушкили Дюранд байни Афғонистону Покистон талошҳои зиёде анҷом дод. Дар зиндагиномаи Аслам Хатак аз забони худи ӯ нақл шудааст, ки тарҳи конфедератсия дар аввал аз сӯйи раҳбарияти Покистон ҷиддӣ қабул нашуд ва он бахше аз артиш ва сиёсати Покистон, ки ҷонибдори бархӯрди инглисӣ бо Афғонистон буд, дар посух ба дархосту ҳимоят аз музокироти Покистон ва Афгонистон гуфта буд:

“Мо масъалаи Афғонистонро бо чанд бомбаи стратегӣ ҳал мекунем!”

Аммо паштунҳои мутанаффиз (бонуфуз) дар дастгоҳи низомӣ ва идории Покистон, аз талоши худ даст барнадошта ва ҳамзамон дар Кобул ва Исломобод барои наздик кардани ду кишвар лоббигарӣ карда буданд. Дар Кобул он замон Довудхон садри аъзам ва соҳиби салоҳият буд. Аслам Хатак гуфтааст, ки барои наздик шудан ба Довудхон кӯшида буд, нахуст бо наздикони ӯ сӯҳбат кунад. Аз ин рӯ, нахуст аввал эътимоди Шоҳвалихон ва Шоҳмаҳмудхон, амакҳои Довудро ҷалб карда, ба онҳо гуфта буд, ки агар Покистон ва Афғонистон бихоҳанд миёни ду кишвари абарқудрат - Ҳинд ва Иттиҳоди Шӯравӣ - давом биоваранд, бояд канори ҳам биистанд. Пас аз ин, бо дастгирии ин ду, ба ҷалбу ҳимояти Довудхон кӯшида буд. Ба гуфтаи Асламхон, Довуд чанд мулоҳиза дошт: пеш аз ҳама, ӯ бовар дошт, ки Покистон дар пайи тасарруф ва илҳоқи Афғонистон аст ва аз ҳамин рӯ, ҳарфи “алиф”-ро, ки шуруи калимаи “афғон” аст, дар таркиби номи Покистон гузоштаанд. Дигар ин ки бидуни ҳимояти як абарқудрат, эҷоди конфедератияе, ки дар он  ду мамлакат дар корхои дохилии худ истиқлол дошта бошанд, мумкин нест. Пас аз гуфтушунидҳои зиёд Довудхон розӣ шуд, ки агар Иёлоти Муттаҳида аз ин тарҳ ҳимоят кунад, ӯ низ ҳозир ба ҳамкорӣ хоҳад буд.

Иёлоти Муттаҳида низ аз Конфедератсия ҳимоят кард ва  кӯмакҳои тавсеаи қобили таваҷҷуҳро ваъда супурда буд. Тааҳҳудоти умдаи Амрико аз ин қарор будааст:

1 - Тавсеаи бандари Карочӣ;

2 - Тавсеаи бандари Гвадар;

3 - Тамдиди хатти оҳан аз Ландикутал то Ҷалолобод;

4 - Тамдиди хатти оҳан аз Чаман то Қандаҳор;

5 - Мусоидати 5 ҳазор локомотив ва 500 вагон барои хатти оҳани конфедератсияи Афғонистон-Покистон.

Зоҳиршоҳ ва Довудхон барои музокира бар сари тафсилоти ин тарҳ ба Покистон сафар ва президент Сикандар Мирзо ва сарвазири Покистон Ҳусайн Шаҳид Суҳравардӣ аз Кобул дидор карда буданд. Ин раванд зуд қатъ шуд. Дар сафаре, ки Довудхон ба Карочӣ дошт, аз рӯйи қаиқ ба сӯйи щайат гулула андохт шуд ва Аслам Хатак захм бардошт. Ин тарҳ душманони дохилию хориҷии зиёде дошт. Иттиҳоди Шӯравӣ ва он идда генералҳои покистонӣ, ки гумон мекарданд, Афғонистонро ба тасарруфи худ даровардан ва бо "бомбаҳои стратегӣ" идора кардани он назар ба Конфедератсия фоидаовартар аст ва паштунҳое, ки истиқлолияти Хайбар-Пахтунхвоҳ ва минтақаҳои қабоилии он ё ҳамроҳ шудани онро мехостанд, ҳама мутаҳамони шикастани ин нақша дониста шуданд.

 

в) Тавассул ба бомбаҳои стратегӣ

Дар моҳи октябри соли 1958, пас аз чанд моҳи бӯҳрони сиёсӣ дар Покистон, генерали маъруфи покистонӣ Айюбхон, ки дар соли 1951 аввалин раиси урдуи бумии ин кишвар шуда буд, қудратро ба даст гирифт ва аввалин сарвазири низомии Покистон низ буд, ки аз тариқи кудато ба сари қудрат мерасид.  Иттико ба “бомбаҳои стратегӣ” дар баробари Афғонистон аз ӯ нақл шудааст. Аслам Хатак гуфтааст, ки дар соли 1956 сарвазири Покистон Суҳравардӣ, ходимони олимартабаи кишварашро ба ҷаласа даъват кард, то рӯйи масъалаи Афғонистон баҳс кунанд. Генерал Айюбхон, ки раиси урду буд, бо лаҳни англисмаобона гуфта буд: “Масъалаи Афғон? Масъалаи Афғон чист? Миқдоре бомбаборони стратегӣ ва таҳоҷуми зиреҳии якбора барои ҳамеша ҳаллаш хоҳад кард!”. Ба сари қудрат омадани ӯ, метавонист сабаби асосии хотима ёфтани талошҳои сиёсӣ барои ташкили конфедератсия буда бошад. Пас аз он, Покистон барои беш аз ним қарн машғули талош барои идораи Афғонистон тавассути бомбаҳои стратегӣ будааст. Онҳо чанд насли ҷангҷӯёни афғонро дар хоки худ тарбият ва дастикам се давраи ҷангҳои харобиоварро дар ин сарзамин тамвилу ҳимоят карданд. Мадорис ва неруҳои муҳофизакори мазҳабӣ манбаи аслии таҳияи бомбаҳои стратегӣ дар ихтиёри Покистон будаанд. Толибон бо лашкари неруҳои такфирӣ ва ҷиҳодии худ дар ин се даҳа тасвири даҳшатноке аз бомбаҳои стратегии он кишварро ба намоиш гузоштанд. Аммо дар ҳошияи ин ҷараён, ҳамвора садоҳое аз бархе ҳалақоти покистонӣ барои эҷоди конфедератсия шунида мешудааст. Дар остонаи суқути давлати Наҷиб, замоне, ки муҷоҳидин дар Пешовар ҳукумати муваққат сохта буданд, низ аз забони Гулбиддин Ҳикматёр сухане дар ин бора дар расонаҳо нақл шуда буд, Бо назардошти мавқеъи оқои Ҳикматёр, он ҳарфҳоро инъикоси садои доирае дар  урду ва истихборотии Покистон таъбир карда буданд.  Дар он солҳо генерал Асад Дурронӣ як муддат (солҳои 1988 ва 1989) раҳбари ISI буд.

Ҳоло ҳам Асад Дурронӣ дар мавзеи дигаре аз ҳайати ҳоким дар Ровалпинди ва Исломобод сухан мегӯяд ва дар воқеъ, ӯ аз зумраи афроде аст, ки дар ҳоле ки ба Покистон содиқ буданд, мехоҳанд хатти Дюрандро аз байн баранд. Дар мусоҳибаи тозааш симкашии марзиро, ки Покистон дар як даҳаи гузашта анҷом додааст, иштибоҳ ва зиёновар барои минтақа хонд. Оқои Дурронӣ, ки пас аз фароғат аз лиса то замони ба нафақа баромадан дар урду ва хадамоти кашфи Покистон кор кардааст, дар ҳарду ҷанги муҳими Ҳинду Покистон дар солҳои 1965 ва 1971 ширкат карда ва бознишастагии худро дар мақомҳои муҳиме чун сафорат сипарӣ кардааст, акнун низ бо равобити густарда бо артиш ва истихбороти он кишвар бархурдор аст ва  ҳарфҳои ӯ метавонад садои як тоифаи генералҳо ва сиёсатмадорони он кишвар бошад, ба хусус аз он сабаб, ки артиш ва истихбороти Покистон ба шакли мафия ва шеваи падархондагӣ идора мешаванд ва нақши мутақоидон дар онҳо бисёр пурранг аст.

 

г) Вижагиҳои конфедератсия

Конфедератсияе, ки касоне чун Асад Дурронӣ мехоҳанд, чӣ хусусияте дорад? Мутаассифона, хабарнигори "Афғонистон Интернешнл" дар он мусоҳиба сухани Дурронӣ дар бораи конфедератсияро ҷиддӣ нагирифт ва аз ӯ тавзеҳ нахост, ки оё Толибон чунин рисолате доранд ё онҳо барои сохтани конфедератсия роҳ мекушоянд ва конфедератсияе, ки покистониҳо мехоҳанд, чӣ гуна хоҳад буд? Ман барои дарки мавзеи ӯ дар ин ҷо ба бахшҳои дигари он мусоҳиба ва низ мақолае, ки оқои Дурронӣ барои Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Исломобод навиштааст, бо номи "Қабули қарорҳои стратегӣ дар Покистон", такя мекунам.

Дурронӣ дар мақолааш се вижагии асосиро барои қарорҳои стратегӣ баён кардааст:

Якум, тасомими асосӣ ва таъинкунанда дар вокуниш ба як таҳаввуле, ки бештар мавоқеи ғайримунтазира аст, гирифта мешавад.

Дуюм, ин тасмим дар доираи хурди тасмимгирӣ қабул карда мешаванд.

Сеюм, ин тасомим қатъӣ ва тағйирнопазир нестанд, балки пешрафти авзоъ дар он таъдилот ва ислоҳоти  зарурӣ ворид карда мешавад. Ӯ аз тасмими Зиёулҳақ барои ҳимоят аз муҷоҳидин мисол оварда, мегӯяд, ки бо таҳоҷуми Шӯравӣ ба Афғонистон, Покистон бо иттифоқе рӯбарӯ шуд, ки ба тасмимгирии ҳаётӣ ниёз буд. Генерал Зиё дар ҳалқаи хурди мушовиронаш ин тасмим ҳаётиро гирифт ва файсала шуд, ки аз «муқовимат»-и мардуми Афғонистон алайҳи Шӯравӣ ҳимояти истихборотӣ шавад. Бо пешрафти авзоъ Амрико ва муттаҳидони ғарбии он омаданд, сипас ҳазорон ҷиҳодӣ аз кишварҳои исломӣ ворид шуданд. Кишварҳои аслиашон аз омадани онҳо шод буданд ва эҳсос мекарданд, ки аз шаррашон  халос хоҳанд шуд ва Покистон низ аз он шод буд, ки ҷангҷӯёни ройгон дар ихтиёраш қарор гирифтанд. Дар айни ҳол  ҷангҷӯёни хориҷӣ аз  доштани майдони тамринӣ, ки дар он пухта шуда ва барои ҷангҳои оянда дар кишвари  омода мешаванд, хушнуд буданд. Ин тозаворидон боиси таъдилоте дар тасосими аслии Покистон шуд. Неруҳои гуногуни сиёсиву низомӣ омаданду рафтанд, иттиҳодҳое шакл гирифт ва аз ҳам пошид, вале ҳадафҳои аслӣ тағйир накард, ҷумла ин аҳдоф:

1 - Хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ (дар замони ҷиҳод, сарбозони Шӯравӣ ва дар 20 соли гузашта нерӯҳои ғарбӣ) аз Афғонистон яке аз аҳдофи аслии Покистон дар ним асри гузашта будааст. Дурронӣ дар матлаби худ аз ин ҳадаф ёдовар шуда, дар мусоҳибаи ахираш низ гуфтааст, ки "агар нерӯҳои хориҷӣ, аз ҳар кишваре, дар Афғонистон вуҷуд дошта бошанд, мо ба мушкил рӯбарӯ хоҳем шуд".  Покистон ҳузури нерӯҳои хориҷии ғайрипокистонӣ дар Афғонистонро на танҳо мушкил медонад, балки ҳама гуна нуфузи хориҷӣ дар Афғонистон ва равобити вижаи афғонҳоро бо кишварҳои дигар мушкилсоз мехонад. Бинобар ин, назорати сиёсати хориҷии Афгонистон, яке аз ҳадафҳои стратегии Покистон аст ва сохтани конфедератсия низ ба ҳамин мақсад нигаронида шудааст.

2 - Ҳукумати мустақар дар Кобул  бояд бар ин сарзамин ҳоким бошад ва назму амниятро дар саросари кишвар ба вуҷуд оварад, то Покистон ба бозори Афғонистон ва Осиёи Марказӣ коло арза кунад ва амнияти лулаҳои нафту газ аз шимол ба ҷанубро бидуни мамониат, тавлиди коло ва арзаи хадамот, энержӣ ва интиқоли сармоя таъмин кунад.

3 - Дар Афғонистон миллатгароӣ саркӯб карда шавад. Афғонистоне, ки дар он ҳувияти миллӣ муҳим бошад, дар тақобул бо сиёсати Покистон қарор мегирад ва барномаи конфедератсияе, ки Исломобод мехоҳад, хунсо мешавад. Натисонализм истиқлолталаб аст ва Покистон бо истиқлолияти Афғонистон мушкил дорад. Аз ин рӯ, Толибон, ки ба гуфтаи Асад Дурронӣ, садҳо маротиба беҳтар аз ҳокимони даврони ҷумҳурӣ ҳастанд, парчам, суруди миллӣ, қонуни асосӣ, забони форсӣ, ҷашни Наврӯз ва дигар рамзҳои миллӣ ва истиқлоли Афғонистонро саркӯб мекунанд ва дар иваз барои Покистон ҳуввият месозанд, ҳуввияти кишваре, ки Покистон бар он бунёд шудааст: Ислом. Покистон, ки бо шиори дифоъ аз ҳуқуқи мусулмонони нимҷазираи Ҳинд таъсис ёфтааст, талош кардааст, бар пояи ин шиор ҳувияти миллии худро бунёд кунад. Он пойтахти худро Исломобод ва ҳукуматашро Ҷумҳурии Исломии Покистон номид, ҳазорон мадраса эҷод карда ва тарҳҳои ҷиҳодӣ ва ҷиҳодпарвариро иҷро мекунад. Тарроҳони стратегияи конфедератсия ва бомбаи стратегӣ ҳам дар Покистон тасаввур мекунанд, ки мардуми Афғонистон, ки суннатӣ ҳастанд ва ба арзишҳои исломӣ эътиқод доранд, метавонанд бо ин тарҳ аз ҳувияти миллии худ холӣ шаванд ва дар меҳвари Исломобод як ҳувияти нав эҷод кунанд. Хатти Дюранд рангашро гум карда, харакат мекунад, коло ва одамоне, ки аз атрофи баҳри Ҳинд ба он тарафи баҳри Аму омадаанд, набояд ба ягон монеа дучор шаванд.

Таниши байни Покистону Афгонистон ва ихтилофи назар дар бораи сабабҳои ин танишҳо монеаи ҷиддй дар роҳи тараққиёти ҳар ду мамлакат мебошад. Афғонистон бидуни пайвастшавӣ ба бозори бузурги нимҷазираи Ҳинд ва тавассути он ба обу ҷаҳон наметавонад ба субот ноил шавад. Покистон, ки бо ҳамсояи бузурги худ Ҳиндустон равобити душманона дорад, то замоне, ки Афғонистон рушд накунад, ба ҷанг ҷалб нашавад ва дар шимолу ғарби худ роҳе надошта бошад, ба субот ва рушд ноил нахоҳад шуд. Аммо оё бо таҳмил ва раҳпаймоии толибони асримиёнагӣ барои маҳв кардани ҳуввияти Афғонистон як конфедератсия бунёд кардан мумкин аст?


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!