Ҳақоиқи такондиҳанда аз ҳамлаи террористии ахир ба шиаён дар Афғонистон
Нависанда: Ҳамидулло Асадӣ, “Садои Афғонистон”
Пеш аз пардохтан ба асли фоҷиа дар "Қаривдол", каме ба ақиб бармегардем.
Дар давраҳои мухталифи таърихӣ достонҳои зиёде аз қатлу куштори ҳазораҳо дар масири Ҳирот-Ҳазористон нақлу ривоят шудааст. Аз пӯсти садҳо карбалоӣ ва заввор, чуруғҳо (кафше, ки аз пӯсти ҳайвонот дуруст мекарданд) сохта шуд. Дар он фазои хушунату ваҳшат на расонае буд ва на интернете. Аммо достони ин навъ ҷиноятҳои ғамангез, сина ба сина дар деҳу рустоҳо нақл мешуд, ки хелеҳо ҳатман шунидаанд ва дар хотир доранд.
Зиёд дур ҳам наравем, дар ҳамин давраи ҷумҳурият қатлу кушторҳо ва гаравгонгириҳои зиёде дар нуқоти мухталифи Ғур иттифоқ афтод, ки дар Фейсбук ҷустуҷӯ кунед, ҳатман ба мавориди зиёде бар мехӯред. Аз қатли арӯсу домод ва ширкаткунандагони маҷлиси арӯсӣ гирифта, то мардуми мулкӣ (ғайринизомӣ), донишҷӯ, корманди давлатӣ, сарбоз ва даҳҳо фоҷеаи дигар.
Ба унвони намуна ба гаравгонгирии се духтари донишҷӯ дар соли 1397 хуршедӣ (2008) ишора мекунам, ки дар таътилоти тобистонии донишгоҳ мехостанд ба хонаҳояшон баргарданд, аммо тавассути Қорӣ Раҳматулло Аймоқ, ки таҳти парчами Толибон фаъолият дошт, рабуда шуданд. Ҳукумати маҳаллии Ғур дар он рӯзҳо низ ҳеҷ посухи равшане мабнӣ бар расидагӣ ба дархости хонаводаҳои донишҷӯён надод. Бо вуҷуди ҳамаи ноумедиҳо, яке аз бошандагони Ғур ба қумондон Алипур тамоси телефонӣ дошт ва аз моҷарои рабудани донишҷӯён сӯҳбат кард ва хост, ки агар коре аз дасташ бармеояд, ба нидои онҳо лаббайк бигӯяд.
Қумандон дар сангари Ҳилманд, Ҳиссаи аввали Беҳсуд буд, ӯ бо теъдоде аз сарбозон фавран ҳаракат кард, аммо дар пӯста (посгоҳ)-и Ғугарду марбут ба вулусволӣ (шаҳристон)-и Панҷоб бо мамониати ҷиддӣ мувоҷеҳ шуд. Пас аз соатҳо ҷарру баҳс муваффақ шуд убур кунад ва ба бозор (минтақа) - и Лаъл бирасад. Ба маҳзи расидан дар як иқдоми ҷиддӣ 41 марду 5 занро ба гаравгон гирифт. Пас аз ин иқдом, ҳукумати маҳаллӣ ба тамос шуд, ки Қорӣ Раҳматуллоҳ мутанаффизинро хоста ва гуфтааст, духтарони донишҷӯ раҳо мешаванд ва шумо низ гаравгонҳоро раҳо кунед. Аммо посухи қумандон манфӣ буд. Гуфта шуд, то духтарон саҳеҳу солим ба хонаҳояшон барнагарданд, имкони раҳо шудани ин гаравгонҳо низ вуҷуд надорад. Қорӣ Раҳматуллоҳ Аймоқ ба асри вақт духтарони донишҷӯро раҳо кард ва тазмини хаттӣ дод, ки дигар ин ҷиноят такрор намешавад.
Ба ҳамин ҷиҳат буд, ки қумандон ба мардум ваъда дода буд, ки дар як фурсати дигар пас аз таътили сангарҳо аз кӯҳпояҳои Беҳсуд, барои баррасӣ, машвара ва тасмимгирӣ хидмати қавмо (қавмҳо, мардуми бумии минтақа) мерасад. Аммо ба маҳзи расидан дар Лаъл, ба иқдоми ғайримунтазираи ҳукумат мувоҷеҳ шуд ва теъдоди зиёде аз мардуми мулкии вулусволии Лаълу Сарҷангал шаҳид ва захмӣ шуданд. Аз ин ҷиҳат дасти ҳуккоми золим ҳамеша дар ҳар даврае дар ҳамсӯӣ бо ҷониёни террорист яке будааст. Агар на чунин ҷиноёте имкон надорад, ки ба чунин содагӣ ба вуқӯъ бипайвандад.
Қаривдол охирин минтақаи маскунии ҳазораҳо дар маҳдудаи Сангтахти Бандар дар вилояти Дойкундӣ аст. Як кӯтал [теппа] ба унвони марз байни устон (вилоят)-и Дойкундӣ ва устони Ғур қарор дорад. Аз соҳаи Қаривдол шоҳроҳи умумии самти Ғуру Ҳирот гузаштааст, ин қария маҳалли мунозеаи кӯчиҳо (ашоири паштун) бо ҳазораҳо низ будааст. Вале ҳазораҳо бо қимати газоф заминҳое, ки кӯчиҳо аз худ медонистандро харидорӣ кардаанд.
Бо ин вуҷуд Қаривдол низ мисли соири нуқоти ҳазоранишини Афғонистон аз ҳуҷуми проекти саркӯбу тасхири ҷамоате ба номи кӯчӣ, дар амон набудааст. Шӯрбахтона, ки чанд рӯз қабл фоҷеаи дардноке иттифоқ афтод. Чаман ном, ки дар шаҳри Чахчарон тел (бензин)-фурӯшӣ дошт, ба сафари зиёрати Карбало меравад. Дар баргашт теъдоде аз бастагон, ақорибу руфақои Чаман ба истиқболи вай ва ҷамъе дигар аз заввор мераванд. Тибқи гузориши афроди маҳалл, аймоқҳо таҳти номи гурӯҳи ДОИШ ҳазораҳоро ҳамеша азият мекунанд. Волӣ [устондор]-и феълии Ғур низ аймоқ аст.
Ҷамъе, ки ба истиқболи карбалоиҳо рафта буданд, ба ваъдагоҳ, яъне ибтидои Дараи Полусанг мерасанд. Ҳамзамон чаҳор марди мусаллаҳ, ки бар ду моторсикл савор буданд низ аз роҳ мерасанд. Онҳо мегӯянд, ки аз истиқболкунандагони карбалоиҳо мехоҳанд акси дастҷамъӣ бигиранд. Сипас, билофосила бо тазаккури ин ки сафи худро ба ҳам назанед, шурӯъ ба шиллики гулӯла мекунанд ва дар ҷараёни ҳамла филмбардорӣ низ мекунанд.
Акси дилхароше, ки ба пайвасти ҳамин матлаб мунташир шуда, лаҳзае ва скриншоте аз ҳамон филми ҳавлнок аст. Аз ин ҷамъ ҷуз чанд нафар, ки шадидан захм бармедоранд, аз ҷумла чанд кӯдак, ки зинда мемонанд, мобақӣ (14 нафар) ҳама дар ҷо ба шаҳодат мерасанд. Чанд нафаре, ки зинда мондаанд, фоҷеаро бо чашми сар мебинанд. Мебинанд, ки чӣ дарднок, ҳама миёни уқёнуси хун ғӯтавар мешаванд.
Иртикоби ин ҷиноёт дар ин минтақаи масбуқ ба собиқа низ ҳаст. Касе ба исми Нодирхон масъулияти ҳамон соҳа (ноҳия)-ро ба ӯҳда дорад. Соҳаи даштӣ аст, ки шимолро ба ҷануб васл мекунад. Масире, ки дар он қочоқбарон низ рафту омад доранд. Касе, ки дар ин минтақа бо қочоқбарон ҳамдаст аст, ба номи Тулои Нодирхон ёд мешавад.
Қаблан ҳам чанд маврид аз қатлу куштор дар ҳамин соҳот (навоҳӣ) ба шакли фардӣ иттифоқ афтода буд. Ҳам дар давраи ҷумҳурият ва ҳам дар давраи иморат, аммо, мутаассифона, масъулони маҳаллии қабливу феълӣ ҳеҷ гоҳ таваҷҷуҳе ба додхоҳии мардум ва таъқиби ҷониён надоштаанд. Шиори таъмини амнияти ҷон, молу иззати мардум, ҳамеша дар қолаби ваъда боқӣ мемонад.
Фоҷеаи Қаривдол воқеан ғамангез ва ҷонсӯз буд.