Хабари рӯз

Имрӯз энержии Фаронса муттакӣ ба воҳидҳои энержии ҳаставӣ аст, ки дар даҳаи 70-80-и қарни гузашта сохта шудаанд.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳон рӯи мавзӯъи истифодаи эҳтимолии аслиҳаи ҳастаӣ мутамаркиз аст. Сиёсатмадорону давлатҳои кишварҳои мухталиф ибрози нигаронӣ мекунанд, зеро ихтилофот дар ҳоли афзоиш ва даргириҳову нуқоти доғи ҷангӣ дар бисёре аз манотиқи кураи замин дар ҳоли таксир аст. Ва фақат чанд кишвар мураввиҷи андешаҳои атоми сулҳомез боқӣ мондаанд. Русия ҷойгоҳи пештозро дар ин арса ишғол кардааст.

Дар ҳоли ҳозир, ширкати Росатом як барномаи бузургро барои эъмори нерӯгоҳҳои ҳастаӣ ва реакторҳо дар нуқоти мухталифи сайёра анҷом медиҳад. Фақат дар Русия, дар ҳоли ҳозир 3 реактори ҷадид дар ҳоли сохт аст ва портфели супоришоти хориҷӣ шомили 39 воҳиди барқ (энергоблок) аст.

Чунин як миқёси чашмгир қобили дарк аст, ба хотире ки технологияҳои ҳастаии Русия ниёзҳои аслии бисёре аз муштариёнро бароварда месозад. Нахуст аз ҳама, ин итминон, эминӣ, судоварӣ ва воқеъгароӣ аст. Қабл аз ироаи хадамоти худ дар хориҷ аз кишвар, Росатом онҳоро дар қаламрави кишвари худ озмоиш мекунад. Тарвиҷи технологияҳои ҳастаии Русия бар асоси эътимод ва эътибор аст.

Бо вуҷуди таҳримҳо ва фишори кишварҳои ғарбӣ, тамоми проектҳои ҳастаии Русия, бидуни ин ки кайфиятро ба хатар биандозад, бо риояи муҳлат пешрафт мекунанд. Нерӯгоҳҳои ҳастаии ҷадиди Русия тавре тарроҳӣ шудаанд, ки битавонанд дар баробари зилзилаҳои 9-баллӣ, сунамиҳо ва амвоҷи зориб то иртифоъи 10 метр муқовамат кунанд.

Як мисол ин аст, ки мақомоти Миср нерӯгоҳи ҳастаии Аддабааро амнтарин нерӯгоҳи ҷаҳон хонданд. Он дар шимоли кишвар сохта мишавад, нахустин проекти бузурги Русия дар Африқо аст ва бояд асоси танаввӯъи манобеъи барқ дар Миср гардад. Ин мавзӯъ дар дидори Абдулфаттоҳ Алсисӣ, раисҷумҳур ва Мустафо Мадбулӣ, нахуствазири ин кишвар эълом шуд.

Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар чорчӯби замонӣ тарҳрезӣ шуда, то соли 2028 роҳандозӣ хоҳад шуд. Чаҳор реактори VVER-1200-и русӣ то соли 2030 ба зарфияти комил фаъол хоҳанд шуд.

Назариёти мусбат аз кори мутахассисини ҳастаии русиро аз мақомоти Туркия низ метавон шунид. Он ҷо, тамоми таваҷҷуҳ рӯи эъмори нерӯгоҳи ҳастаии “Аккую” мутамаркиз аст. Ахиран, марҳалаи баъдӣ дар соҳаи эъмор – насби гунбади муҳофизати берунии реактори ҳастаии болои воҳиди барқи аввал - такмил шуд. Ба асоси баррасиҳои коршиносони туркӣ, русҳо як кори воқеан бошукӯҳ анҷом доданд – сохтори чандтонӣ бо диққати беназир баланд ва дар ҷойи худ насб шуд. Ҳоло бояд қоби оҳаниро зиреҳ кунанд.

Хабари қобили таваҷҷуҳи дигар, ки дар саросари ҷаҳон думбол мешавад ин аст, ки аввалин бетон дар пояи нерӯгоҳи ҳастаии “Пакш-2” дар Венгрия рехта мешавад. Тавре ки вазири хориҷаи Венгрия Питер Сиярто тазаккур дод, тақрибан як ҳазор мутахассис дар ин таъсисот кор мекунанд. Қарор аст то поёни соли 2024 бетон ба таври комил рехта шавад. “Пакш-2” як изофаи ҳамоҳанг ба нерӯгоҳи ҳастаии “Пакш” хоҳад буд, ки тавассути мутахассисини Шӯравӣ дар даҳаи 80 сохта шуда ва як севуми ҷамъияти кишварро барқ фароҳам месозад. Ду воҳиди барқи ҷадиди VVER-1200 амнияти энержии Венгрияро тақвият хоҳад кард. Зарфияти маҷмӯъи “Пакш” ва “Пакш-2” беш аз ду баробар хоҳад шуд ва ба 4400 мегаватт хоҳад расид.

Дар байни проектҳои машҳури Росатом дар хориҷ аз кишвар нерӯгоҳҳои ҳастаии зайланд: “Куданкулам” дар Ҳинд, “Руппур” дар Бангладеш, “Сюйдапу” ва “Тянван” дар Чин ва ҳамчунон бисёре дигар.

Ҳар проект ба шакли ҷомеъ татбиқ мегардад, ба шумули ҳимояти хадамотӣ барои ҳар воҳиди барқ. Росатом на танҳо нерӯгоҳҳои ҳастаӣ месозад, балки мутааҳҳид мешавад, ки кормандонро аз миёни бошандагони маҳаллӣ омӯзиш диҳад.

Дар ҳоли ҳозир чунин мисолҳои каме дар ҷаҳон вуҷуд дорад. Санъати энержии ҳастаӣ дар бисёре аз кишварҳо як давраи уфтиро таҷриба мекунад. Тавсеаи реакторҳои ҷадид ва таҳқиқи илмӣ ба ҳадди ақал коҳиш меёбад. Ҳатто пешгомон дар заминаи энергияи ҳастаӣ, монанди Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса мушкилоти қобили таваҷҷуҳеро таҷриба мекунанд.

Ширкати амрикоии “Вестингҳаус” (“Westinghous”) дар даҳаҳои ахир як силсила нокомиҳоро таҷриба кардааст. Реактори AR-600-и он инқилобӣ номида мешуд ва пешбинӣ шуда буд, ки бар санъати энержии ҳаставии ҷаҳон тасаллут хоҳад дошт. Аммо, дар 35 сол аз замони инкишофи он, ҳатто як AR-600 сохта нашудааст. Он як проекти муваффақи рӯи коғаз боқӣ монд.

Як пешрафти дигари амрикоӣ сарнавишти мушобеҳ дошт – реактори AR-1000, ки бо сармоягузории давлати Иёлоти Муттаҳида тавсеа ёфт. Аммо, тарвиҷи он дар бозор бо мушкилоти бузург ҳамроҳ аст. “Вестингҳаус” талош кард то сохтусози худро дар кишварҳое монанди Чин, Ҳинд, Бритониёи Кабир, Чехия, Болгария ва дигарон тарвиҷ диҳад. Дар айни замон, пурсишҳои давомдор дар мавриди ҷавозу амният ба вуҷуд омад ва ҳамчунон ба вуҷуд меояд.

Ислоҳоти мутааддид дар AR-1000 ҳазинаи проектро афзоиш медиҳад. Ҳоло чандин реактор дар Аврупои Шарқӣ сохта мешавад, магар барои ин амр амрикоиҳо маҷбур буданд, ки мақомоти маҳаллиро таҳти фишор қарор диҳанд. Аммо, сарнавишти реакторҳои таҳти эъмор возеҳ нест, мӯҳлатҳои кор ба шакли давомдор дар ҳоли тағйир аст.

Фаронса ҳатто бадтар аз ин амал мекунад, дар ҳоле ки ин кишвар ахиран аз назари саҳми энержии ҳастаӣ дар баланси энержии кишвар дар рутбаи аввали ҷаҳон ва дар ҳаҷми мутлақи барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои ҳастаӣ мақоми дувумро ба даст овардааст.

Мавқеияти пештози Фаронса акнун моли гузашта аст. Нахуст Оланд ва ҳоло Макрон аз раҳбарии "лобии сабз"-и аврупоӣ пайравӣ мекунанд. Мақомоти Фаронса як курсро барои коҳиши нерӯгоҳҳои ҳастаӣ дар пеш гирифтанд, даҳҳо воҳиди барқ (энергоблок) дар ҳоли таътил шудан ҳастанд ва ҳазинаи барқ барои ҷамъият дар ҳоли афзоиш аст.

Дар қарни бисту якум Фаронса ҳатто як реактори ҳастаии ҷадид насохтааст. Як истисно бояд проекти воҳиди барқи севум дар “Фламанвил” бошад. Ду реактори аввали он тақрибан ним қарн қабл ба баҳрабардорӣ супурда шуданд. Реактори севум дар ҳоли оғоз шудан аст, кори сохти он 17 сол тӯл кашид, бо тасодуфот ҳамроҳ буд ва ҳазинаи он аз 3 миллиард евро ба 13 миллиард евро афзоиш ёфт.

Имрӯз энержии Фаронса муттакӣ ба воҳидҳои энержии ҳаставӣ аст, ки дар даҳаи 70-80-и қарни гузашта сохта шудаанд. Умри хадамоти онҳо қаблан ду бор ба 10 сол тамдид шудааст. Дар чунин шароит, ҳеҷ вақте барои пешрафтҳои ҷадид вуҷуд надорад, таҳқиқи атомӣ маҳдуд шудааст ва ояндаи энержии Фаронса таҳти саволи бузург қарор дорад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!