Дар беш аз 400 рӯз чӣ гузашт?
Манбаъ: Дафтари расонаҳои давлатии Ғазза
Аз ҳафтуми октябри соли 2023 то кунун, барқ, об, маводи ғизоӣ, дору ва дигар маводи асосии башардӯстона иҷозаи вуруд ба ин минтақа, ки аз солиёни зиёд ба ин сӯ дар муҳосира қарор дорад, дода нашудааст. Кӯмакҳои маҳдуди башардӯстона, ки ба минтақа мерасад, посухгӯи ниёзҳо нест. Дар Ғазза, мардум аз гуруснагӣ мемиранд.
Ба далели муҳосира ва ҳамалоти яксола, системаи тандурустӣ, зерсохтҳо ва хадамоти мулкии Ғазза комилан аз байн рафтааст.
Бар асоси эъломияи Дафтари расонаҳои давлатии Ғазза, охирин омори паёомадҳои ҳамлаи Исроил ба Ғазза аз ин қарор аст:
- Артиши Исроил 3,798 мавриди ҷудогонаи қатли дастаҷамъиро муртакиб шуд;
- 53,552 нафар ҷон бохтанд ё мафқуд шуданд;
- Марги 43 ҳазору 552 нафар таъйид шудааст;
- 10,000 нафар мафқуд шуданд;
- 17,385 кӯдак кушта шуданд;
- 209 навзод дар ҷараёни ҷанг таваллуд ва кушта шуданд;
- 825 тифл қабл аз расидан ба 1-солагӣ кушта шуданд;
- 1,367 оила комилан тахриб ва аз сабти нуфус ҳазф шуданд;
- 38 нафар аз гуруснагӣ ҷон бохтанд;
- 11,891 зан кушта шуданд;
- 1054 корманди тиббӣ кушта шуданд;
- Кушта шудани 85 корманди дифои мулкӣ;
- 184 хабарнигор кушта шуданд;
- 102, 765 нафар захмӣ ва ба шифохонаҳо мунтақил шуданд;
- 70% қурбониёнро занону атфол ташкил медиҳанд;
- 35,055 тифл бидуни ҳадди ақал як волидайн зиндагӣ мекунанд;
- 12 ҳазор захмӣ барои тадовӣ ниёз ба тахлияи оҷил доранд;
- 12,500 бемори саратонӣ дар маърази хатари марг қарор ва ниёз ба тадовӣ доранд;
- 1,737,524 нафар ба амрози сироятӣ мубтало шуданд;
- 71,338 нафар ба гепатити вирусӣ мубтало шуданд;
- 60 ҳазор зани ҳомила ба далели адами дастрасӣ ба хадамоти тандурустӣ дар маърази хатар қарор доранд;
- 350 ҳазор бемори сироятӣ ба далели камбуди доруворӣ дар маърази хатар қарор доранд;
- 5,300 нафар боздошт ва аз минтақа берун бурда шуданд;
- Боздошти 310 корманди тиббӣ;
- 38 хабарнигор боздошт шуданд;
- 2 миллион нафар овора шуданд;
- 206 маркази давлатӣ тахриб шуд;
- 129 мактабу донишгоҳ комилан тахриб шуданд;
- 344 мактабу донишгоҳ то ҳадде осеб дидааст;
- 815 масҷид комилан тахриб шуд;
- 151 масҷид то ҳадде осеб дидааст. 3 калисо осеб дидаанд;
- 159 ҳазор хона комилан тахриб шудааст;
- 86,400 тон маводи мунфаҷира партоб шуд;
- 34 шифохона аз фаъолият хориҷ аст;
- 80 маркази дармонӣ аз фаъолият боз мондаанд;
- 162 ниҳоди тиббӣ мавриди ҳамла қарор гирифт;
- 134 мошини ёрии таъҷилӣ ҳадаф қарор гирифтанд;
- 206 маҳалли бостоншиносӣ ва таърихӣ тахриб шуд;
- Тахриби 717 чоҳ;
- Хисороти мустақим ба 37 миллиард доллар расид;
- 86%-и навори Ғазза ба вайрона табдил шудааст.