Хабари рӯз

Ҳукумати Толибон аъзои созмони террористии “Ал-қоида” – ро дар вазифаҳои давлатӣ мансуб кардааст

КОБУЛ, 9 июн – Сангар, Фарзом Козимӣ. Толибон ба ҷомиаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсояашон ваъда супурда буд, ки аз ҳамкорӣ бо созмонҳои террористии байнулмилаливу минтақаӣ, қабл аз ҳама “Ал-қоида”, даст мекашад.

Як корманди истихбороти ҳукуматҳои ҷумҳурӣ бо такя ба манобеъи худ дар дохили Афғонистон ба сомонаи Сангар гуфт, “Иморати исломӣ” баъд аз гирифтани қудрат дар ташкилоти давлатӣ иддае аз афродро бо хосту пешниҳоди Аминулҳақ, яке аз раҳбарони калидии “Ал-қоида” тайин кардааст.

“Аминулҳақ, бошандаи вулусволии Хугёнии вилояти Нангарҳор буда, дар гузашта дастёр ва масъули гурӯҳи муҳофизатии Усома ибни Лодан, раҳбари қаблии Ал-қоида буд. Вай акнун масъули иртибоботи ин созмони террористӣ бо ниҳодҳои қудратӣ – вазоратҳои дифоъу дохила ва Раёсати амнияти миллии Толибон аст ва дар Кобулу Нангарҳор дафтарҳо боз карда, ба нафъи Ал-қоида кор мекунад”, - гуфт манбаъ.

Манбаъ аз қавли Абуёсир, як шаҳрванди Ироқ, ки феълан муовини маркази омӯзишии Ал-қоида дар вилояти Нуристон аст, мегӯяд, Аминулҳақ ду моҳ ба ин сӯ бо қитъаоти низомии Толибон кор карда, дар таъиноти давлатӣ мудохила мекунад ва муваффақ шудааст, афроди Ал-қоидаро дар вазифаҳои мулкиву низомӣ таъйин ва ҳам ба хотири ҷамъоварии иттилоот афроду ҷосус истихдом намояд.

“Яке аз вазифаҳои Аминулҳақ ҳамкорӣ бо марокизи омӯзиши низомии Иморати исломӣ аст, ки дар қулли урдуҳо ва ё дар ҷоҳое, ки омӯзишҳои махфӣ ҷараён дорад, амал мекунанд. Аминулҳақ ба ин марокиз устодони низомиро истихдом мекунад, то афроди Толибон ба шевае, ки “Ал-қоида” дорад, омӯзиш ёбанд”, - гуфт манбаъ.

Вай афзуд, як тими 15-нафарӣ аз мутахассисини Ал-қоида Аминулҳақро машварат медиҳанд, то битавонад барномаҳои ин созмонро танзим ва амалӣ созад.

“Вазифаи сиёсӣ ва оперативии ин тим аз он иборат аст, ки Толибон аз ҳад зиёд бо Амрико ва ё Русияву Чин наздик нашаванд. Робитаи ҷангҷӯёни созмонҳои террористии Осиёи Миёнаву дигар кишварҳои хориҷиро маҳз ин тим танзим ва барои ин ҳама корҳо сармоягузории ҳангуфте мекунад”, - гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, Аминулҳақ дар пайи равобите, ки бо раҳбарии Иморати исломӣ дорад, муваффақ шудааст, як теъдод фамондеҳони Ал-қоидаро дар ниҳодҳои қудратии Толибон ҷобаҷо кунад.

“Масалан, Қорӣ Соҷид собиқ фармондеҳи амнияи вулусволии Шерзоди вилояти Нангарҳор 15 январи соли 2022 ба ҳайси раиси аркони горнизони вилояти Нангарҳор таъйин шудааст. Вай аз тарафи Аминулҳақ ба Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифоъи Иморати исломӣ пешниҳод ва интисоб гардид”, - гуфт манбаъ.

Ба ҳамин минвол, Ҷоноғо Гулнор, фармондеҳи маркази таълимии горнизони Мазори Шариф, Қорӣ Идрис Муҳаммаданвар, машҳур ба Дангар, муовини волии Кобул, Мавлавӣ Пирмуҳаммад, муовини раёсати истихбороти вилояти Ғазнӣ, Мулло Пахтагул, муовини раёсати истихбороти вилояти Хӯст, Мавлавӣ Акмал, фармондеҳи амнияи вулусволии Қарабоғи вилояти Кобул, Мавлавӣ Абдулвоҳид, мудири истихбороти вулусволии Хоки Ҷаббори вилояти Кобул ва Муфтӣ Юсуф Ҷамолзай, фармондеҳи амнияи вилояти Нуристон (дар акси боло) аз афроди дигари Ал-қоида ҳастанд, ки бо пешниҳоди Аминулҳақ дар вазифаҳои давлатӣ мансуб шудаанд.

Ҳаракати Толибон 29 феврали соли 2020, замоне, ки бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Доҳа, пойтахти Қатар, созишнома баст, тааҳҳуд карда буд, ки бо созмонҳои террористии байнулмилаливу минтақаӣ, қабл аз ҳама “Ал-қоида”, ҳамкорӣ нахоҳад кард.

Аммо гузоришҳои мувассақе дар ихтиёри Сангар қарор доранд, ки ривоят аз ҳузури густардаи ҷангиёни созмонҳои террористӣ дар Афғонистон, бахусус, қисматҳои шимолии он мекунанд. Бино ба ин гузоришҳо, ин созмонҳо дар гӯшаҳои мухталифи Афғонистон озодона фаъолият ва пойгоҳсозӣ мекунанд. Аз ҷумла гузоришҳои мухталифе аз ҳузури ҷангиёни ДОИШ*, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон*, Ҷамоати Ансоруллоҳ* ва ғайра дар вилоятҳои ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дастрас шудааст.

Моҳи гузашта аз қаламрави Афғонистон ду мавриди ҳамлаи мушакӣ, яке ба қаламрави Ӯзбекистон ва дигаре, ба марзҳои Тоҷикистон анҷом шуд, ки масъулияти онҳоро ДОИШ ба дӯш гирифт, аммо Толибон дар ин бора ҳеҷ изҳориназаре накард. Баръакс, ин гурӯҳ муддаист, ки дар Афғонистон ДОИШ ҳузур надорад ва аз қаламрави ин кишвар ба ҳамсояҳо ҳеҷ таҳдиде сурат намегирад.

Аммо ҳамкории “Ал-қоида” ва Толибон ба соли 1996 бармегардад. Он замон бо кӯмаки сармояҳои ҳангуфти Усома ибни Лодан, раҳбари “Ал-қоида”, ки пас аз фишорҳои Амрико аз Судон ба Афғонистон омада буд, Толибон ба тасарруфи шаҳрҳои калидии Афғонистон – Кобул ва Ҷалолобод муваффақ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, “Ал-қоида” яке аз сабабҳои умдаи суқути ҳукумати аввали Толибон (1996-2001) буд. Мулло Умар, раҳбари Толибон тақозои Амрико ва Арабистони Саудиро барои таслими Усома ибни Лоданро рад кард. Дар пайи ҳамлаи “Ал-қоида” ба маркази Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк Амрико дигарбора аз Толибон талаб кард, ки Усома ибни Лоданро таслим кунад. Аммо Мулло Умар Афғонистонро таслим кард, Усомаро на.

Толибон ва “Ал-қоида” 20 сол бо Амрико ва ҳампаймонҳои ғарбиаш дар Афғонистон ҷангиданд ва дар ниҳоят онҳоро шикаст доданд. 15 августи соли 2021 онҳо вориди Кобул шуданд. 30 августи ҳамон сол Аминулҳақ, ёвари Усома ибни Лодан низ вориди Афғонистон ва ба ҳамин минвол, фасли ҷадиди ҳамкориҳои Толибону “Ал-қоида” шуруъ шуд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!