Хабари рӯз

Шабакаи Ҳаққонӣ*, бахши интиҳору инфиҷор ва террорҳои Толибон*, дар ҳоли ниҳоӣ кардани силоҳҳои кимиёвии худ аст

КОБУЛ, 4 март - Сангар, ​​Фарзом Козимӣ. Дар ҷангҳо бо Урдуи миллии пешин ин силоҳҳо алайҳи сарбозони ҳукуматӣ истифода мешуданд. Аммо гузоришҳое, ки ҳоло ба даст мерасанд, хеле такондиҳандаанд.

Бино ба гузоришҳое, ки аз як манбаъи истихборотӣ дар ихтиёри сомонаи Сангар қарор гирифтааст, Шабакаи Ҳаққонӣ дар озмоишгоҳе дар зерзаминии Донишгоҳи амрикоӣ дар Кобул маводи кимиёиеро таҳия кардааст, ки барои куштори ҷамъии одамон ва ҳар махлуқи ҷондор истифода мешавад.

“Ба ҳамин наздикӣ ин маводи кимиёӣ дар куҳҳои Пактиё болои чанд сар гӯсфанду буз озмоиш шуд. Вақте гӯсфанд ё буз ин маводро нафас кашид, пас аз ҳудуди 15 дақиқа аз даҳану биниаш хун ҷорӣ шуд ва дар ҳудуди 20 ило 25 дақиқа ҷони худро аз даст дод”, - гуфт манбаъ.

Ҳарфи озмоишгоҳҳои кимиёии созмонҳои террористӣ дар Афғонистон нав нест. Ҳанӯз дар замони аввали ҳукумати Толибон (1996 – 2001) созмони Ал-қоида як озмоишгоҳеро дар минтақаи Дарунтаи вилояти Нангарҳор фаъол карда, сари тавлиди маводи кимиёӣ кор мекард. Аммо соли 2000 дар пайи як инфиҷор ин озмоишгоҳ тахриб шуд ва пас аз суқути режими Толибон дар соли 2001 фаъолияташро қатъ кард.

Ибтикори ин барномаро дар замони ҳузури Амрико дар Афғонистон Шабакаи Ҳаққонӣ ба даст гирифт ва аввалин зерсохтҳои як озмоишгоҳи кимиёиро бо кӯмаки мутахассисони Ал-қоида дар суф (ғор)-ҳои кӯҳистоноти вилоятҳои Хусту Пактиё ба вуҷуд овард. Пас аз суқути ҷумҳурӣ ин озмоишгоҳҳо ба зерзаминии Донишгоҳи амрикоӣ дар Кобул интиқол ёфтанд.

Гузоришҳо ҳокиянд, ки Шабака Ҳаққонӣ мехоҳад ин маводи кимиёиро дар сари гулӯлаҳои ҳовон ё хумпораандозҳои БМ21 (“Град”) ва дигар намуди ракетаҳои тайёра пуркорӣ намуда, дар амалиётҳои ҷангӣ истифода кунанд.

“Шабакаи Ҳаққонӣ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ паҳпод (бесарнишин) - ҳоеро низ харидорӣ кардааст, ки мехоҳад дар онҳо гулӯлаҳои миномётҳо ва ракетаҳои пуршуда аз ин навъи маводи кимиёиро насб намуда, ҳангоми амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани нерӯҳои ҷабҳаҳои зиддитолибонӣ истифода кунад”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбати дигари Сангар мегӯяд, Толибон ҳанӯз дар ҷангҳо алайҳи ҳукумати пешин аз силоҳи газӣ истифода бурда буд, ки ҳеҷ як аз мароҷеъи байнулмилалӣ ба ин ҷиноят таваҷҷуҳ накард.

Ҳоруни Самарқандӣ, аз кормандони собиқи истихборотии Афғонистон, мегӯяд, Толибон ҳанӯз соли 2018 як лашкари навташкили худ ба номи “Қитъаи Сурх” – ро, ки дар Покистон таъсис ва тамрин ёфта буд, бо ҳамчунин силоҳҳо муҷаҳҳаз карда буданд.

“Ҳамон замон “Қитъаи сурх” – и Толибон дар вилояти Бағлон ба як пойгоҳи Урдуи миллӣ ҳамла бурда, гази кушандаро шиллик карда буданд. 52 афсар ва сарбоз аз ин газ хафа шуда, ҷон бохтанд. Вале террористон ба хотири рӯпӯш кардани навъи куштор ва гумроҳсозии афкори умум, ки тибқи қавонини байнулмилал истифодаи силоҳи кимиёӣ қатъиян манъ аст, ба сарҳои афсарону сарбозон шиллик карда буданд. Аммо он замон ва то ба ҳол ба ин ҷинояти башарӣ касе таваҷҷӯҳ накардааст”, - гуфт Ҳоруни Самарқандӣ.

Нигаронии дигаре, ки вуҷуд дорад, дар ихтиёри созмонҳои террористӣ, назири Ал-қоида*, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон*, Ҷамоати Ансоруллоҳ ва дигар созмонҳои ҳамкори Шабакаи Ҳаққонӣ вогузор шудани ин навъи силоҳҳо аст, ки метавонад на фақат кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, балки тамоми ҷомиаи ҷаҳониро ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ кунад.

Аз сӯи дигар, дар навъи ҷангҳои ояндаи Афғонистон тағйири куллӣ ба миён меояд, ки ҷабаҳоти муқовамати зиддитолибонӣ низ бояд дар андешаи таҳияи либосҳо ва афзорҳои махсус бошанд, то дар сурати истифодаи силоҳҳои кимиёӣ битавонанд сипоҳиёни худро муҳофизат кунанд.

Конвенсияи мамнуъияти силоҳи кимиёӣ (Convention prohibiting Chemical Weapons) ҳанӯз соли 1993 аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расида, истифодаи ин навъи силоҳро барои кишварҳои тамоми ҷаҳон манъ кардааст. Як баҳонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 силоҳи кимиёии ҳукумати Саддом Ҳусайн буд, ки тасбити худро наёфт.

 * Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!