Хабари рӯз

Аз моҳи марти соли ҷорӣ, Толибон барномаи густурдаеро барои роҳандозии "мадрасаҳои ҷиҳод" дар саросари Афғонистон оғоз кардаанд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки чунин мактаберо ҳатто дар Панҷшир - дар қаламрави мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд, бунёнгузори муқовамати зиддитолибонӣ, эҷод кунанд. Ин чӣ тарҳу чӣ касе пушти он аст ва чаро барои минтақаву ҷаҳон хатарнок аст?

Нависанда: Сангар

Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд, “амирулмуъминин” – и Толибон 17 марти соли равон аз мақарраш дар шаҳри Қандаҳор фармони № 235 – и худ “Дар бораи ташкил ва масорифи мадориси ҷиҳодӣ” – ро ба имзо расонд. Дар ин фармон, ки аз манобеъи хос дар ихтиёри вебсайти Сангар қарор гирифт, ташкилот ва ҳазинаҳои онҳо бо тамоми мушаххасот дарҷ шудааст.

 

МАТНИ ФАРМОН:

А): Нисоб (барнома) – и манзуршуда‏и Иморати исломӣ дар тамоми мадориси ҷиҳодӣ тадрис мегардад.

Б) Ба сатҳи маҳаллӣ талош шавад то шайхҳои кироми машҳур ба сифати устод муқаррар шаванд, албатта, дар баъзе мадорисе, ки шайхҳои киром аз як минтақа ба минтақаи дигар ба гунаи фавқулодда низ муқаррар мешаванд, аз сӯи мо иҷоза аст.

В) Ташкил ва масорифи мадориси ҷиҳодӣ ба шакли зер манзур аст:

  1. Ҳар мадраса 10 тан устод дорад, ки тафсил ва маъошашон ба шакли зер мебошад:

1) Се тан шайх ул-ҳадис - фи нафар маош 25 ҳазор афғонӣ;

2) Cе тан шайхи мавқуфалайҳӣ - фи нафар маош 20 ҳазор афғонӣ;

3) Се тан устоди фунун - фи нафар маош 15 ҳазор афғонӣ;

4) Як тан устоди дорулҳифоз (ҳифзи Қуръони Шариф) - маош 10 ҳазор афғонӣ.

  1. Ҳар мадраса 9 тан хадама дорад, ки тафсил ва маошашон ба шакли зер аст:

1) Як тан раис (мудир)-и мадраса - маош 25 ҳазор афғонӣ;

2) Як тан нозим (сармуаллим) - маош 20 ҳазор афғонӣ;

3) Ду тан ронанда - фи нафар маош 15 ҳазор афғонӣ;

4) Се тан ошпаз - фи нафар маош 15 ҳазор афғонӣ;

5) Ду тан нонво - фи нафар маош 15 ҳазор афғонӣ.

  1. Ҳар мадраса аз 500 то 1000 толибро бо аъоша (харҷ)-и рӯзона 150 афғонӣ дар хобгоҳҳо танзим кунад.

Вассалом

Мақоми раҳбарии Иморати исломӣ

 

АФРОД ВА ҲАЗИНАҲО

Теъдоди афрод ва харҷи мундариҷ дар бахшҳои 1 ва 2:

Дар фармон дақиқ нест, ки ин мадрасаҳои ҷиҳодӣ бояд дар куҷоҳо таъсис ёбанд, аммо бино ба иттилооте, ки дарёфт шуд, чунин мадорис бояд дар тамоми шаҳристонҳо аз 3 ило 5 адад таъсис ёбанд.

Афғонистон 387 шаҳристон дорад ва бо иловаи 34 шаҳре, ки маркази вилоятҳоянд, амалан теъдоди шаҳристонҳо ба 412 адад мерасад.

 

ТЕЪДОДИ АФРОД:

Агар ба ҳисоби миёна дар 412 шаҳристон 4 – ададӣ мадрасаи ҷиҳодӣ таъсис ёбад, ҷамъ 1648 мадраса таъсис хоҳад шуд:

412 шаҳристон х 4 мадраси ҷиҳодӣ = 1648 мадрасаи ҷиҳодӣ.

Агар ба ҳисоби миёна дар ин мадорис 750 нафар донишҷӯ ё толиб ҷалб шавад, пас дар саросари Афғонистон 1 236 000 нафар ба мадрасаи ҷиҳодӣ фаро гирифта мешавад:

1648 мадраса х 750 толиб = 1 236 000 толиб.

Ба ин рақам изофа мешавад теъдоди омӯзгорону хадамаи 1648 мадраса, ки дар ҳар як 19 нафар масруфи кор хоҳад шуд ва дар умум теъдодашон ба 14 832 нафар мерасад:  

1648 мадраса х 19 = 14 832 омӯзгору хадама.

Натиҷа: Дар 1648 мадрасаи ҷиҳодӣ 1 236 000 толиб ва 14 832 омӯзгору хадама машғул мешаванд, ки дар умум 1 250 832 нафар хоҳад буд:

1 236 000 толиб х 14 832 омӯзгору хадама = 1 250 832 нафар.

 

ХАРҶИ МАБЛАҒ:

Тибқи фармон, омӯзгору хадамаи як мадрасаи ҷиҳодӣ моҳвор 350 ҳазор афғонӣ (1 доллар = 80 – 85 афғонӣ) масраф дорад:

1648 мадраса х 350 000 = 576 800 000 афғонӣ = 6 949 397,5 доллар моҳона (бо курси 1 доллар = 83 афғонӣ) = 83 392 771 доллар солона.

Тибқи фармон, ба ҳар толиб 150 афғонӣ рӯзона ҷудо мешавад:

1 236 000 толиб х 150 афғонӣ = 185 400 000 афғонӣ ё 2 760 896 доллар рӯзона, 82 826 880 доллар моҳона = 993 922 560 доллар солона.

Ҷамъи маблағи солона: 83 392 771 доллар харҷи омӯзгору хадама + 993 922 560 доллар харҷи толибон = 1 077 315 331 доллар.

ХАРҶИ 1 МИЛЛИАРДУ 077 МИЛЛИОНУ 315 ҲАЗОРУ 331 ДОЛЛАР.

Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳо аз қавли вазири маорифи Толибон хабар доданд, ки ин гурӯҳ тасмим дорад дар ҳар вилояти Афғонистон як дорулулум ё мадрасаи динии бузург ва дар ҳар шаҳристон то 10 мадрасаи динии кӯчак эҷод кунанд. Мутобиқи оморе, ки дар соли 2019 эълом шуда буд, дар ин кишвар наздик ба 13 ҳазор мадрасаи динии сабтнашуда ва 1275 мадрасаи расман сабтшуда, ба иловаи 150 дорулулум, фаъолият доштанд.

Бино ба бархе иттилоъоти дарёфтӣ, Толибон тасмим доранд дар тамоми рустоҳои Афғонистон чунин мадрасаҳоро таъсис диҳанд. Ҳар 34 вилояти Афғонистон бештар аз 1 ҳазор русто дорад.

Илова бар ин ҳама, Толибон дар барномаи мактабҳои маъмулӣ дарсҳои диниро зиёд мекунанд.

 

ВИЖАГИҲОИ МАДОРИСИ ҶИҲОД

Толибон мадориси ҷиҳодиро барои “исломисозӣ”-и Афғонистон месозанд. Аз нигоҳи онҳо, литсей, гимназия ва мактабҳои асрӣ мусулмононро ба куфр мекашонанд.

Абдулҳаким Ҳаққонӣ қозиюлқузот ё раиси додгоҳи олии Толибон ба забони арабӣ як китобе бо номи “Ал-иморат ул-исломия вал низомҳо” (Иморати исломӣ ва низоми он) – ро ба нашр расонд, ки амалан доктрина ё Қонуни асосии Толибон аст, зеро он чӣ ин гурӯҳ ҳоло дар Афғонистон мекунад, шуруъ аз умури сиёсӣ то иҷтимоӣ дар ин китоб навишта шудааст. Дар сафҳаи 243 ин китоб қозиюлқузот аз ҳокимон ва уламо даъват мекунад, ки аз фаъолияти макотиби улуми асрӣ ҷилавгирӣ кунанд, зеро онҳо аз самароти куффор аст ва мусулмононро ба фасод мекашонанду аз дин мунҳариф мекунанд.

Таваҷҷуҳи Толибон ба мадрасасозии динӣ ва душмании онон ба макотиби модерн аз зеҳнияте сарчашма мегирад, ки дар мадориси девбандии Покистон ҳоким аст. Дар мадориси девбандӣ бовар бар ин аст, ки танҳо илми нофеъ, улуми динианд ва соири улум на танҳо судманд нестанд, балки аксаран боиси залолат ва гумроҳӣ низ мегарданд.

Тибқи фармон, барномаи мадориси ҷиҳодиро Иморати исломӣ таъин мекунад. Бино ба иттилоъи огаҳони ҳол, дар ин мадорис китобҳои ибтидоии динӣ, назири “Қоидаи бағдодӣ”, “Шарҳ ул-виқоя”, ки дар тамоми мадрасаҳо тадрис мешаванд, аввал омӯзиш дода мешаванд. Баъд аз он дарсҳои махсусе аз ҷиҳоду истифодаи силоҳу муҳимоти ҷангӣ омӯхта мешавад. Амалан наврасон дар ин мактабҳо мағзшӯӣ мешаванд. Эҳтимоли истифодаи ҷинсии онҳо низ вуҷуд дорад.

Ин ҳамон мадрасаҳое ҳастанд, ки бо пулҳои хайрияи хориҷӣ дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ дар Покистон, бахусус, сармоягузории созмонҳои хайрияи кишварҳои Халиҷи Форс, пеш аз ҳама, Арабистони Саудӣ таъсис ёфта буданд. Онҳое, ки соли 1994 дар Афғонистон ба Толибон пайвастанд, хатмкардаҳои ҳамин мактабҳо буданд. Толиб, яъне донишҷӯ.

Метавон гуфт, ки пас аз расидани Толибон ба қудрат ҳамон мадрасаҳои Покистон ба Афғонистон кӯч мекунанд. Созмони истихборотии Покистон (ISI), ки ин мадрасаҳоро таҳти назорат дошт, ба ин натиҷа расидааст, ки аз онҳо халос шавад ва беҳтарин ҷои партоб кардани онҳо Афғонистон аст. Ин барномаро худи ISI ба дасти Толибон иҷро мекунад.

Харҷи ин мадрасаҳоро боз ҳам созмонҳои хайрияи кишварҳои Халиҷи Форс, қабл аз ҳама, Арабистони Саудӣ бар дӯш хоҳанд дошт, зеро дар онҳо таҳти пӯшиши ақидаи мазҳаби ҳанафӣ, ки дар Афғонистон роиҷ аст, ақидаи салафӣ – ваҳҳобӣ таълим дода мешавад. Масалан, дар мазҳаби ҳанафӣ ба қатл расондани як нафар ё бандӣ бидуни ҳукми додгоҳ манъ аст, аммо Толибон муртакиби ин ҷиноят мешаванд, ки далели барҷастаи таъсири салафият – ваҳҳобият ва дур аз ҳанафӣ будани онҳо аст.

Ҳоло дар саросари шаҳрҳои Афғонистон литсею мактабҳо ва дигар биноҳоро ба мадрасаи ҷиҳодӣ табдил медиҳанд. Барнома ба шиддат иҷро мешавад. Ба гунаи мисол, Институти техникӣ ва маслакии Тахор, бинои телевизиони “Митро” дар шаҳри Мазори Шариф, Лисаи олии Абдулҳай Ҳабибии вилояти Хуст, Лисаи техникии вилояти Қандаҳор, Лисаи Бабракхон Задрони шаҳри Гардези вилояти Пактиё ва ғайра ба “мадрасат ул-ҷиҳод” табдил дода шуданд. Дар шаҳри Ҷалолободи Нангарҳор як маҳалли мавсум ба “Фомилии Холис” ҷойгир аст, ки 15 гектар замин ва даҳҳо бинову зерсохт дорад. Онро пурра ба мадрасаи ҷиҳодӣ табдил доданд.

 

ЗАМИНАҲОИ ИҶТИМОӢ

Бино ба омори мухталиф, аз 80 то 90 дарсади мардуми Афғонистон зери хатти фақранд. Ҳадди ақал мардум фарзандашро барои он ки аз гуруснагӣ намирад, ба ин мактабҳо месупорад.

Бекорӣ, ки бо омадани Толибон афзуд.

Кӯдакони бесарпарасти кӯчаҳо бо зӯр ё ихтийрӣ аз сӯи Толибон ба ин мадорис ҷалб мешаванд.

 

ХАТАРОТ

Иҷро шудани фармони Мулло Ҳайбатуллоҳ як шабакаи бузурги марокизи мағзшӯии наврасону ҷавонон дар Афғонистонро ба вуҷуд меорад.

Толибон кадрҳоеро, ки барои таълиму омӯзиш заруранд, надоранд ва тавре аз фармони “амирулмуъминин” бармеояд, онҳо аз “минтақаҳои дигар” оварда мешаванд. Ин “минтақаҳо” – Покистон ва кадрҳо ба ҷуз устодони покистонии истихбороти Покистон дигар касе нахоҳанд буд. Мадориси ҷиҳоди Покистон ба муддат 20 сол марокизи омӯзишӣ барои омода кардани интиҳориён буданд, ки ҳазорон нафарро дар Афғонистон ва саросар ҷаҳон куштаанд. Мураббиёни Алқоида бо таҷрибаи зиёде, ки доранд низ мумкин аст ба унвони муаллим дар ин мадорис истихдом шаванд.

Мадориси ҷиҳод метавонад ба пойгоҳи сарбозгирӣ барои Толибон ва худи созмонҳои террористӣ табдил шавад. Аз назари теория, агар 20 дарсад донишҷуён ба ин созмонҳо бипайванданд, рақами бисёр қобил таваҷҷуҳе аст. Ин артиши интиҳорӣ ба як бомбаи ҷаҳонӣ табдил хоҳад шуд.

Дар яке ду соли оянда Афғонистон ба марказ ва мадрасаи бузурги терроризм дар ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ин хатар ибтидо ба Осиёи Марказӣ, Эрон, Чин ва Русия нигаронида хоҳад шуд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!