Хабари рӯз

Абдулбасири Андаробӣ, як фармондеҳи калидӣ ва панҷ размандаи дигари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар як набарди нобаробари тӯлонӣ бо нерӯҳои Толибон ба шаҳодат расидаанд.

ҲИНДУКУШ, 12 апрел – Сангар, Ҳасиб Сангар. Ҷабҳаи Озодӣ расман шаҳодати Акмал Амир, фармондеҳи аршади дигарашро таъйид накард.

Дар хабарномаи Ҷабҳаи озодӣ гуфта шудааст, ки фармондеҳ Басири Андаробӣ ва ҳамразмонаш Фаҳим Солангӣ, Бурҳонуддин Андаробӣ, Қурбоналӣ Бомиёнӣ, Сабури Форёбӣ ва Ҳусайни Самангонӣ дар набарди ду рӯзи гузашта бо Толибон дар Солангӣ Ҷанубӣ ба шаҳодат расидаанд.

“Шумори зиёде аз муборизин ба нуқоти масун расидаанд, аммо аз сарнавишти шуморе аз онон, ба шумули генерал Акмал Амир дар ҳоли ҳозир иттилоъи дақиқе дар даст нест”, - омадааст дар эъломияи Ҷабҳаи Озодӣ.

Нахуст Ҳамид Хуросонӣ, фармондеҳи панҷшерии Толибон, ҳоло вулусволи Аҳмадободи вилояти Пактиё, даъво кард, ки генерал Акмал Амир ва ҳафт ҳамразмаш ба шаҳодат расидаанд. То ба ҳол аксҳои аҷсоди панҷ нафар аз размандагони Ҷабҳаи Озодӣ, аз ҷумла фармондеҳ Абдулбасир Андаробӣ, расонаӣ ва шиносоӣ шудаанд, аммо шавоҳиде мувассақ аз шаҳодати фармондеҳ Амир вуҷуд надорад.

Муҳаммад Ҳорис Аҷмал, бародари Акмал Амир низ ба манобеъи "Сангар" гуфт, ки бародараш зинда аст, аммо аз маҳалли ҳузури вай иттилое дар даст нест.

"Ҳаволии соати 7 баъд аз зӯҳр, Толибон хонаи хоҳари моро дар вулусволии Кӯҳистони вилояти Кописо муҳосира ва аз ӯ бозҷӯӣ карданд", - гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, Абдусаттор Ҳусайнӣ, узви парлумони пешин ва аз раҳбарони Ҷабҳаи Озодӣ ба “Сангар” гуфт, ки як қатор аксҳои аз сӯи Толибон нашршуда, аз ҷумла акси Акмал Амир ҷаълӣ ҳастанд ва ба муборизони Ҷабҳаи Озодӣ рабте надоранд. Вай дар ин маврид тавзеҳи бештар надод, аммо гуфт, шаҳодати муборизони Ҷабҳаи Озодӣ мардуми Афғонистонро барои “як муборизаи муқаддас бо гуруҳи ҷаҳл” руҳия додааст.

Як манбаъи “Сангар” ба нақл аз фармондеҳии Толибон дар Панҷшер мегӯяд, размандагони Ҷабҳаи Озодиро дар як минтақаи кӯҳистонӣ миёни вулусволиҳои Шутули вилояти Панҷшер ва Солангу Ҷабалуссироҷи вилояти Парвон, ки бо як нӯги куҳ ҷамъбаст мешавад ва онро кӯҳи Ҷабалусироҷ низ мегӯянд, ба шаҳодат расондаанд.

“Ин минтақаи марбути вулусволии Шутули вилояти Панҷшер мешавад. Қароргоҳи муқовиматгарон дар ҳамин минтақа буд. Шаби гузашта, 10 апрел, нерӯҳои Толибон аз ду самт ба маҳалли онҳо ҳамла оварда, шаш танро шаҳид ва шаш нафари дигарро асир гирифтаанд”, - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилоъи ӯ, аз миёни нерӯҳои Толибон дар ин даргирӣ се тан кушта ва 8 нафари дигар захмӣ шудаанд, аммо Ҷабҳаи Озодӣ мегӯяд, дар ин набардҳо 30 толиб кушта шудааст.

Аз феҳристи шуҳадои Ҷабҳаи Озодӣ дида мешавад, ки як ҳастаи муҳими он вориди Афғонистон шуда, то ҷангро алайҳи Толибон ба роҳ монад.

Яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки дӯсти бачагии Басири Андаробӣ аст ва дар сангарҳои Ҳиндукуш қарор дорад, ба “Сангар” гуфт, шаш рӯзи қабл фармондеҳ бо ӯ тамос гирифта, хабар дод, ки қабл аз Наврӯз бо фармондеҳ Акмал Амир вориди Афғонистон шуда, тоза худро ба Ҳиндукуш расондаанд.

“Субҳи имрӯз чун бо ӯ тамос гирифтам, телефонаш хомӯш буд. Вақте аз расонаҳо хабар шудам, ки Акмал Амирро шаҳид кардаанд, дилам дур рафт, чун ҳарду ҳамроҳ буданд”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи дигар мегӯянд, мавқеияти онҳоро як фарди ҳамкорашон, ки аз сӯи Толибон шаби панҷшанбеи гузашта дар Соланг гирифтор шуда буд, фош кардааст.

“Ин фард Насриддини Солангӣ ном дорад, ки дар гузашта дар сипоҳи “Шоҳин” -  вазорати дифоъ вазифа дошт ва шаби 6 апрел аз сӯи Толибон бори дуввум боздошт шуда, таҳти шиканҷаи зиёд мавқеияти размандагони Ҷабҳаи Озодиро ошкор кардааст”, - гуфт ӯ.

Аммо аз нигоҳи нозирони вазъ, ки бо “Сангар” суҳбат доштанд, ин далел то ҷое машкук аст ва эҳтимол дорад мавқеияти фармондеҳони Ҷабҳаи Озодӣ дар пайи як тавтиаи бузургтаре фош шудааст.

“Сангар” ҳамчунин аз ҳузури чанд фармондеҳи матраҳи Ҷабҳаи Озодӣ дар ҷамъе, ки аз Эрон тоза вориди Афғонистон шуда буданд, иттилоъ дарёфт кардааст ва пахши онро ба салоҳи кор намедонад. Ҳамзамон ба асорат афтодани размандагонашро Ҷабҳаи Озодӣ таъйид намекунад.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон яке дигар аз ҷабаҳоти зиддитолибонӣ аст, ки гуфта мешавад, фармондеҳиашро Муҳаммад Ёсин Зиё, собиқ сардори ситоди кулли вазорати дифоъи Афғонистон ба зимма дорад, аммо худи ӯ расман инро таъйид накардааст.

Дар лаҳзаҳои охирине, ки ин гузориши "Сангар" омода мешуд, манобеъи хос хабар доданд, ки фармондеҳ Акмал Амири захмӣ аст ва дар ҷойи амн интиқол дода шудааст ва вазъияти сиҳиаш низ хуб гузориш шуд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!