Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Ангезаи аслии нигориши ин матн “Дар посух ба пурсиши “Чӣ бояд кард? Усуле барои ҳамбастагӣ ва раҳоии порсизабонон”, мабоҳиси матраҳшуда дар “Нишасти Ҳамбург” ҳамчун ҷарақае буд, ки посухи сареҳ, сохторманд ва бе ҳошия металабид.
Ин матнро ҳадафмандона бо низоми шуморагузории аъшорӣ (ба шеваи “Рисолаи мантиқӣ-фалсафии Витгенштейн”) навиштам то:
— яке дарахти мантиқӣ бисозам ва ҳар гузора шохае аз гузораи аслӣ бошад, то мухотаб битавонад пайванд ва эътибори усулро гом ба гом бисанҷад;
— ва дигар аз ҳошияравӣ ва лаффозӣ бипарҳезам, зеро ин матни ҳандасӣ, завоиди каломиро пок мекунад то ҳақиқати урёни зарурати гузар аз парокандагӣ ба ҳамбастагиро барҷаста созад.
Ҳамон гуна ки дар бандҳои 10.9.1 ва 10.9.2 матн ишора кардаам, шолудаҳои фикрии ин посух аз пеш дар “Ҷунбиши мо” табйин ва арзёбӣ шуда буд; ва имрӯз, ҳамкории роҳбурдии мо бо “Ҷумҳурии Демократии Ҳазористон”, мисдоқи айнии хуруҷ аз фазои интизоъии назария ва табдили “ҳарф ба амал” дар майдони пратики сиёсӣ аст.
Ин матн як ҳандасаи фикрӣ барои раҳоӣ аст.
Дар фарҷоми он таъкид кардаам, ки агар пои иқдоми амалӣ ва созанда дар миён набошад, пас беҳтар аст аз лаффозӣ даст кашид ва сукут пеша кард.
Матни комили рисоларо дар идома мутолиа фармоед.
1 — Воқеияти сиёсии мо аз маҷмӯи нерӯҳо, муносибатҳо ва вазъиятҳое ташкил шудааст, ки акнун бар сарнавишти мо ҳукм меронанд.
1.1 — Муҳимтарин воқеияти сиёсии порсизабонон дар рӯзгори мо, парокандагии нерӯҳо ва фуқдони иродаи муштарак аст.
1.1.1 — Ин парокандагӣ танҳо як заъфи сиёсӣ нест; балки маншаи бисёре аз шикастҳо, сархӯрдагиҳо ва бунбастҳои кунунӣ аст.
1.1.2 — Дар чунин вазъияте, тавони ҷамъии мо ба ҷойи он ки дар масири сохтани оянда ба кор равад, дар рақобатҳо, сӯизанҳо ва кашмакашҳои дарунӣ фарсуда мешавад.
1.2 — Ҳеҷ вазъияти сиёсие ҷовидона нест.
1.2.1 — Он чи имрӯз воқеияти мусаллат ба назар мерасад, натиҷаи кунишҳо ва интихобҳои таърихии инсонҳост.
1.2.2 — Аз ин рӯ, вазъи мавҷуд на тақдир аст ва на сарнавишти тағйирнопазир.
1.3 — Ҳар миллате, ки воқеияти хешро дуруст нашиносад, наметавонад онро дигаргун кунад.
1.3.1 — Нахустин гом дар посух ба пурсиши “Чӣ бояд кард?” шинохти бепарда ва содиқонаи вазъияти кунунӣ аст.
1.3.2 — То замоне ки иллати заъфҳо ва парокандагиҳои худро дарнаёбем, ҳеҷ барномаи сиёсӣ ё фарҳангии пойдор эҷод карда наметавонем.
1.4 — Аз ин рӯ, масъалаи аслии мо на камбуди ҷамъият аст, на камбуди пешинаи таърихӣ ва на камбуди истеъдодҳои инсонӣ.
1.4.1 — Масъалаи аслии мо нотавонӣ дар табдили зарфиятҳои пароканда ба як иродаи муштарак аст.
1.5 — Бинобар ин, пурсишҳои бунёдини инҳоанд:
1.5.1 — Чӣ гуна метавон аз парокандагӣ ба ҳамбастагӣ гузар кард?
1.5.2 — Чӣ гуна метавон нерӯҳои ҳамзабон ва ҳамсарнавиштро гирди аҳдофи муштарак ҷамъ овард?
1.5.3 — Ва чӣ гуна метавон иродаи парокандаи имрӯзро ба нерӯи созмонёфтаи фардо мубаддал сохт?
2 — Посух ба пурсиши «Чӣ бояд кард?» аз шинохти воқеияти имрӯзин оғоз мешавад.
2.1 — Бузургтарин заъфи мо, порсизабонон, камбуди шумор, истеъдод ё пешинаи таърихӣ нест.
2.2 — Бузургтарин заъфи мо парокандагӣ аст.
2.3 — Аммо парокандагӣ як воқеияти худбунёд нест; илалу решаҳои муайяне дорад.
2.3.1 — Дар миёни тоҷикон, яке аз муҳимтарин авомили парокандагӣ, ғалабаи маҳалгароӣ бар ҳувияти тамаддунӣ аст.
2.3.2 — Бисёре аз афрод ва гурӯҳҳо, вобастагии маҳаллӣ, минтақаӣ ва шахсиро бар тааллуқи фарҳангӣ ва таърихии густардатар тарҷеҳ медиҳанд.
2.3.3 — Дар чунин вазъияте, ҷойи забон, фарҳанг ва ҳофизаи муштаракро рақобатҳои кӯчак ва маҳаллӣ гирифтааст.
2.3.4 — Натиҷаи ин вазъият, фарсоиши ҳамбастагӣ ва нотавонӣ дар шакл додан ба як иродаи ҷамъӣ аст.
2.4 — Омили дигари парокандагӣ, ҳокимияти равобити ҳомӣ ва муштарӣ мебошад.
2.4.1 — Дар ин равобит, вафодорӣ ба ашхос ҷойгузини вафодорӣ ба арзишҳо шудааст.
2.4.2 — Афрод ба ҷойи он ки бар бунёди барнома, андеша ва манофеи муштарак гирди ҳам оянд, ба гирди ашхос ва шабакаҳои қудрат хайма зада, ҷамъ мешаванд.
2.4.3 — Дар натиҷа, сиёсат аз паҳнаи арзишҳо ба шабакаи вобастагиҳо ва вафодориҳои шахсӣ, бар меҳвари равобити ҳомӣ ва муштарӣ, фурӯ коҳида шудааст.
2.5 — Ин беморӣ танҳо ба тоҷикон маҳдуд намешавад.
2.5.1 — Дар миёни ҳазораҳо низ ашколи мушобеҳе аз маҳалгароӣ, фардмеҳварӣ ва равобити ҳомӣ ва муштарӣ вуҷуд дорад.
2.5.2 — Аз ин рӯ, заъфи ҳамбастагӣ дар ҳар ду боҳамистон дорои решаҳои муштарак ва ҳамгун аст.
2.6 — То замоне ки фардмеҳварӣ бар арзишмеҳварӣ пешӣ дошта бошад, ҳеҷ ҳамбастагии пойдор шакл нахоҳад гирифт.
2.6.1 — То замоне ки вобастагиҳои маҳаллӣ бар ҳувияти тамаддунӣ ғалаба дошта бошанд, нерӯҳои ҳамсарнавишт ба рақибони якдигар табдил хоҳанд шуд.
2.7 — Бино бар ин, нахустин асли раҳоӣ чунин аст:
2.7.1 — Бояд аз маҳалгароӣ ба ҳувияти тамаддунӣ гузар кунем.
2.7.2 — Бояд аз фардмеҳварӣ ба арзишмеҳварӣ гузар кунем.
2.7.3 — Бояд аз равобити ҳомӣ ва муштарӣ ба равобити мубтанӣ бар масъулият ва мушорикат гузар кунем.
2.7.4 — Бояд забон, фарҳанг ва ҳофизаи таърихии муштаракамонро ба меҳвари ҳамбастагӣ табдил кунем.
2.7.5 — Бояд нерӯи ҷомеаро ба ҷойи фарсоиш дар рақобатҳои дарунӣ, ба сӯи ояндаи муштарак ҷиҳат диҳем.
3 — Забони порсӣ, фарҳанги муштарак ва ҳофизаи таърихии муштарак, пулҳои ҳамбастагии мо ҳастанд.
3.1 — Ҳамбастагии тоҷикҳо ва ҳазораҳо як интихоби эҳсосӣ нест; балки як зарурати таърихӣ ва тамаддунӣ мебошад.
3.2 — Тоҷик ва ҳазора пеш аз он ки ду боҳамистони ҷудогона бошанд, ду шоха аз як ҳавзаи тамаддунӣ ҳастанд.
3.2.1 — Забони порсӣ муҳимтарин сутун ва “хонаи ҳастӣ”-и ин ҳавзаи тамаддунӣ аст.
3.2.2 — Таърихи муштарак, мероси фарҳангии муштарак ва арзишҳои муштараке, ки аз ин тамаддун баромадаанд, сутунҳои дигари он мебошанд.
3.3 — Он чи ин ду ҷомеаро ба якдигар пайванд медиҳад, бисёр амиқтар ва пойдортар аз ихтилофоти мазҳабӣ, маҳаллӣ ва сиёсии миёни онон аст.
3.4 — Забони муштарак танҳо абзори сухан гуфтан нест, балки зарфи ҳофиза, фарҳанг ва огоҳии ҷамъии ҳар ду қавми бузург аст.
3.4.1 — Мардумоне, ки дар як забон меандешанд, зарфияти онро доранд, ки дар як уфуқи таърихӣ низ гирди ҳам оянд.
3.5 — Аз ин рӯ, ҳувияти тамаддунии порсизабонон бояд ба унвони меҳвари ҳамгароӣ бозшинохта шавад.
3.5.1 — На барои ҳазфи тафовутҳо, балки барои қарор додани тафовутҳо дар чаҳорчӯби як сарнавишти муштарак.
3.6 — Ҳар пружае, ки миёни тоҷик ва ҳазора девор бикашад, дар воқеъ бунёдҳои муштаракро нодида мегирад.
3.7 — Ҳар гуфторе, ки забон, фарҳанг ва ҳофизаи муштаракро ба ҳошия биронад, ба тадовуми парокандагӣ ва султаи афғонӣ/паштунӣ ёрӣ мерасонад.
3.8 — Бинобар ин, дувумин асли раҳоӣ чунин аст:
3.8.1 — Бояд забони порсиро ба унвони муҳимтарин меҳвари ҳамбастагии фарҳангӣ ва сиёсии худ пос бидорем.
3.8.2 — Бояд ҳувияти тамаддунии муштаракамонро бар шикофҳои маҳаллӣ ва мазҳабӣ муқаддам бидонем.
3.8.3 — Бояд миёни гурӯҳҳои мухталифи суннӣ ва ниҳодҳои сиёсӣ ва фарҳангии ҳар ду ҷомеа пайвандҳои пойдор эҷод кунем.
3.8.4 — Бояд сарнавишти муштаракамонро ҷойгузини сӯизанҳои таърихӣ намоем.
3.8.5 — Бояд ҳамбастагии тоҷикҳо ва ҳазораҳоро на як тактики муваққат, балки як зарурати пойдори роҳбурдӣ барои раҳоӣ ва бақои муштарак дар назар бигирем.
4 — Фоҷиаҳои таърихӣ бояд фаҳмида шаванд, на он ки ба абзори тафриқа мубаддал гарданд.
4.1 — Афшор як фоҷиаи таърихӣ барои ҳар ду боҳамистон (тоҷик ва ҳазора) буд.
4.2 — Фоҷиа будани он набояд инкор шавад.
4.3 — Аммо ҳеҷ фоҷиае набояд ба зиндони абадии ҳофизаи ҷамъӣ мубаддал шавад.
4.4 — Таърих барои фаҳмидан аст, на барои асир шудан дар он.
4.5 — Такрори ҳамасолаи ёдоварии рӯйдоди Афшор, нишонаи душмании барномарезишуда ва мазмум дар миёни бахше аз тоҷикҳо ва ҳазораҳост, ки ба гунаи амдӣ хоста мешавад то он фоҷиа дар равони ҷомеа идома ёбад.
4.6 — Дар паси тадовуми баҳсҳои ин фоҷиа, нерӯҳое қарор доранд, ки чизе ба ҷуз коргузорони тадовуми султаи афғонӣ/паштунӣ ва ҳамкорони онҳо нестанд.
4.7 — Агар натиҷаи ёдоварии Афшор, ҷилавгирӣ аз такрори иштибоҳоти гузашта бошад, он гоҳ таърих ба омӯзгори оянда мубаддал мешавад.
4.8 — Касоне, ки пайваста бар табли ихтилоф миёни тоҷикҳо ва ҳазораҳо мекӯбанд, яке аз ду ҳолатро намояндагӣ мекунанд:
4.8.1 — Ё таърихро ба дурустӣ намешиносанд.
4.8.2 — Ё паёмадҳои сиёсии гуфтори худро дарк намекунанд.
4.9 — Зеро ҳосили амалии ин гуфторҳо, на ба тақвияти тоҷик ва на ҳам ҳазора меанҷомад.
4.10 — Ҳосили амалии он, тазъифи ҳар ду то ба ҳол будааст.
4.11 — Сиёсатро бояд аз рӯйи натоиҷи он санҷид.
4.12 — Ҳар гуфторе, ки ҳамзабононро ба ҷони якдигар андозад, хоҳ огоҳона ва хоҳ ноогоҳона, дар хидмати истимрори парокандагӣ ва тадовуми салтаи афғонӣ/паштунӣ қарор мегирад.
4.13 — Аз ин рӯ, севумин асли раҳоӣ чунин аст:
4.13.1 — Бояд ҳофизаи таърихиямонро ба огоҳии роҳбурдӣ табдил кунем.
4.13.2 — Бояд ҳақиқатро бигӯем.
4.13.3 — Аммо гуфтани ҳақиқат набояд ба абзори нафрат, балки ба майдони диалоги созанда ва дигардесӣ мубаддал шавад.
5 — Ҳеҷ раҳоие бидуни истиъморзудоии зеҳн мумкин нест.
5.1 — Зеҳни вобаста наметавонад ҷомеаи мустақил бисозад.
5.2 — Вобастагӣ пеш аз он ки сиёсӣ бошад, фикрӣ аст.
5.3 — Ҳаргоҳ ҷомеае воқеиятро аз манзари дигарон бибинад, тавони таърифи манофеи хешро аз даст медиҳад.
5.4 — Озодӣ аз зеҳн оғоз мешавад.
5.5 — Бинобар ин, чаҳорумин асли раҳоӣ чунин аст:
5.5.1 — Бояд мустақил биандешем.
5.5.2 — Бояд аз тақлиди кӯркӯрона парҳез кунем.
5.5.3 — Бояд манофеи ҷамъиро бар вобастагиҳои берунӣ тарҷеҳ диҳем.
5.5.4 — Бояд худро мавзӯи (сужаи) таърих, на объекти он бидонем.
6 — Раҳоӣ ниёзманди гузар аз муридпарварӣ ба хирадварзӣ аст.
6.1 — Он гуна ки дар боло ишора шуд, яке аз муҳимтарин мавонеъи бедории мардуми мо, тасаллути фарҳанги муридӣ ва муродӣ аст.
6.2 — Дар ин фарҳанг, ки башиддат хислати пешомодерн дорад, кеши шахсият ва шахсиятпарастӣ ҷойгузини андешаҳо мешаванд.
6.3 — Ҷойи вафодорӣ ба усулро вафодорӣ ба афрод мегирад.
6.4 — Нақди онон хиёнат ангошта мешавад.
6.5 — Пурсишгарии саркӯб ва истибдод ҳоким мегардад.
6.6 — Аммо ҳеҷ ҷомеаи озоде бо тақдиси ашхос сохта нашудааст.
6.7 — Бинобар ин, панҷумин асли раҳоӣ чунин аст:
6.7.1 — Бояд аз шахсиятпарастӣ убур кунем.
6.7.2 — Бояд андешаи пешрави тамаддуниро меҳвар қарор диҳем.
6.7.3 — Бояд ҳеҷ фардеро фаротар аз нақд надонем.
6.7.4 — Бояд машрӯъияти хешро аз барнома ва на аз шуҳрати ашхос бигирем.
6.7.5 — Бояд хиради ҷамъиро ҷойгузини иқтидори фардӣ кунем.
7 — Ҳамбастагӣ бидуни созмон пойдор намемонад.
7.1 — Норизоятии пароканда қудрат тавлид намекунад.
7.2 — Қудрат маҳсули созмонёфтагӣ аст.
7.3 — Орзу бидуни сохтор ба натиҷа намерасад.
7.4 — Аз ин рӯ, шашумин асли раҳоӣ чунин аст:
7.4.1 — Бояд шабакаҳои ҳамкорӣ эҷод кунем.
7.4.2 — Бояд ниҳодҳои фикрӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд оварем.
7.4.3 — Бояд иртиботи органик ва диалектикии миёни равшанфикрон, донишомӯхтагони зану мард ва ҷавонон барқарор кунем.
7.4.4 — Бояд гуфтумонҳои муштарак шабеҳи ҳувият, фарҳанг, нақди таърихӣ, роҳҳои раҳоӣ ва ғайра тавлид намоем.
7.4.5 — Бояд аз парокандагии кунунӣ убур кунем.
7.4.6 — Бояд ҳар фарди огоҳ худро бахше аз як маъмурияти бузургтар бидонад.
7.4.7 — Ва он маъмурияти бузург ҳамоно тағйири парадигмаи ҷадид дар пиндор ва кирдори мо барои мубориза аст.
8 — Забони мубориза бояд тағйир кунад.
8.1 — Забон танҳо василаи баён нест, балки абзори сохтанӣ воқеият низ мебошад.
8.2 — Забоне, ки мамлув аз таҳқир, тавҳин ва душманӣ алайҳи ҳамдигар бошад, наметавонад ҳомили раҳоӣ гардад.
8.3 — Ҳеҷ ҷомеае бо тахриби мудовими худаш сохта нашудааст.
8.4 — Бинобар ин, ҳафтумин асли раҳоӣ чунин аст:
8.4.1 — Бояд гуфтори масъулонаро ҷойгузини гуфтори вайронгар кунем.
8.4.2 — Бояд ба ҷойи тавлиди нафрат, эътимодсозӣ дар байни порсиён намоем.
8.4.3 — Бояд ба ҷойи тахриби ҳамсарнавиштон, бар нақди созанда ва оянданигарона мутамаркиз шавем.
9 — Ҷаҳони оянда аз акнун сохта мешавад.
9.1 — Оянда дар фардо оғоз намешавад.
9.2 — Оянда дар муносиботе, ки имрӯз миёни худ эҷод мекунем, ҳузур дорад.
9.3 — Ҷомеае, ки имрӯз тамрини ҳамкорӣ накунад, фардо низ қодир ба ҳамкорӣ нахоҳад буд.
9.4 — Ҷомеае, ки имрӯз ба дигарӣ эътимод накунад, фардо низ наметавонад сохтори муштарак бисозад.
9.5 — Бинобар ин, ҳаштумин асли раҳоӣ чунин аст:
9.5.1 — Бояд аз имрӯз ҳамбастагиро тамрин кунем.
9.5.2 — Бояд аз имрӯз ҳамкориро оғоз намоем.
9.5.3 — Бояд аз имрӯз ниҳодсозӣ кунем.
9.5.4 — Бояд аз имрӯз забони муштарак биофаринем.
10 — Посухи ниҳоӣ ба пурсиши «Чӣ бояд кард?» равшан аст.
10.1 — Бояд аз парокандагии маҳалгароёнаи пешомодерн ба ҳамбастагӣ гузар кунем.
10.2 — Бояд аз таассуби мазҳабӣ ва салиқаӣ ба сӯи ҳувияти муштараки тамаддунӣ гузар кунем.
10.3 — Бояд аз ҳофизаи интиқом ба ҳофизаи огоҳӣ ва таърихии пурмудоро бар ҳавли арзишҳои «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» гузар кунем.
10.3 — Ин аксиоми (асли мавзӯи) сегона, марзи ахлоқӣ ва мантиқии ҷаҳони моро тарсим мекунад. Убур аз ин марз, хуруҷ аз ҳарими тамаддунӣ ва суқут ба дараи таваҳҳуш аст.
10.4 — Бояд фарҳанги муридӣ–муродиро ба хирадварзӣ тағйир диҳем.
10.5 — Бояд аз инфиъол ба сӯи созмонёфтагӣ гузар кунем.
10.6 — Бояд ин андешаро илқо кунем, ки тоҷикҳо ва ҳазораҳо якдигарро на рақиб, балки шарики сарнавишти таърихии муштараки хеш бидонанд.
10.7 — Бояд забони муштарак, барномаи муштарак ва уфуқи муштарак бисозем.
10.8 — Бояд нерӯи парокандаи имрӯзро ба иродаи ҷамъии фардо мубаддал созем.
10.9 — Он чи бояд бисозем, шиор не, балки дар кирдори мо таҷаллӣ ёбад.
10.9.1 — Агарчи дар «Нишасти Ҳамбург» бори дигар аз пурсиши «Чӣ бояд кард?» ёд шуд, аммо ин амр такрори гузораҳое аст, ки шолудаҳои фикрӣ ва зарурати мантиқии он пеш аз ин дар «Ҷунбиши мо» табйин ва арзёбӣ шуда буд.
10.9.2 — Бар ҳамин бунёд, ҳамкории роҳбурдии мо бо «Ҷумҳурии Демократии Ҳазористон», хуруҷи қатъӣ аз фазои интизоъии теория ва нахустин мисдоқи айнии табдили «ҳарф ба амал» дар майдони пратики сиёсӣ аст.
10.10 — Раҳоӣ замоне оғоз мешавад, ки мо масъулияти сохтани онро бар уҳда бигирем.
Аз ин рӯ, табдили ҳамбастагӣ, созмонёфтагӣ, огоҳӣ ва амали муштарак ба воқеият, танҳо аз масири гузар аз гуфтор ба кирдор муяссар аст!
Он ҷо ки пои иқдоми амалӣ ва созанда дар миён набошад, бояд аз лаффозӣ даст кашид ва сукут пеша кард!