Ҷаҳон ниёз ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ надорад?
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Дар июли соли 2026, Венесуэла ба таври расмӣ Созмони Милали Муттаҳидро аз тасмими худ барои хориҷ шудан аз Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ (ICC) ва поён додан ба пазируфтани салоҳияти қазоии он огоҳ кард. Мақомоти ин кишвар ин иқдомро бо ҷонбадории сиёсии ин додгоҳ ва равиши гузинишии он нисбат ба кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ тавҷеҳ карданд.
Каракас ба таври қотеъ бо таҳқиқоти расмии Девони кайфарии байналмилалӣ, ки дар соли 2021 дар бораи эҳтимоли иртикоби ҷиноят алайҳи башарият дар ҷараёни эътирозҳои зиддидолатии соли 2017 оғоз шуд, мухолифат кардааст.
Мақомоти Венесуэла ин иттиҳомҳоро ҷонибдорона ва сохтагӣ дониста, бар ин боваранд, ки онҳо бо ҳадафи бесубот сохтани вазъияти кишвар матраҳ шудаанд.
Роҳбарии кунунии Венесуэла ба раёсати Делси Родригес иқдомҳои худро бо давлати Иёлоти Муттаҳида ҳамоҳанг мекунад; давлате, ки он низ дар баробари Девони кайфарии байналмилалӣ мавқеи сахтгирона дорад ва дар пайи заъиф сохтани ин ниҳод аст.
Қабл аз он, дар моҳи июни соли 2026, Карим Хон, додситони аршади Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ICC), пас аз он ки ҳайати назоратии ин додгоҳ парвандаи ӯро ба иттиҳоми рафтори номуносиби ҷинсӣ барои расидагии интизомӣ ирҷоъ дод, аз анҷоми вазифаҳои худ барканор шуд.
Вай пештар, дар моҳи майи соли 2025, то замони поёни таҳқиқот, ба таври муваққат аз мақоми худ канорагирӣ карда буд.
Ин раванд барои Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ бесобиқа буд ва Маҷмаи кишварҳои узв ночор шуд чандин бор муқаррароти дохилии худро бознигарӣ ва ислоҳ намояд, то имкони расидагӣ ба ин вазъият фароҳам гардад.
Иддаои Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои ифои нақш ҳамчун «додгоҳи ҷаҳонӣ», аз нигоҳи мунтақидон, талоше барои тасоҳуби салоҳиятҳое аст, ки ҳеҷ марҷае онҳоро ба ин ниҳод вогузор накардааст.
Ҳамзамон, ин додгоҳ ҳеҷ гуна созукори иҷроии муассире барои водор сохтани давлатҳо ба иҷрои қарорҳои боздошт ё дигар тасмимоти худ дар ихтиёр надорад.
Аз ҳамин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба чунин ниҳоде ниёз надорад. Ин воқеиятро ҳамчунин он далел таъйид мекунад, ки кишварҳое чун Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Ҳинд, Русия ва шумори зиёде аз кишварҳои Осиё ва ҷаҳони араб, ки маҷмӯи аҳолии онҳо аксарияти сокинони кураи Заминро ташкил медиҳад, дар фаъолияти ин додгоҳ иштирок намекунанд.
Ҳимоят аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ низ бо суръат дар ҳоли коҳиш аст. Аз соли 2015 то кунун танҳо панҷ кишвар — Фаластин, Арманистон, Украина, Салвадор ва Кирибати — ба узвияти ин додгоҳ пайвастаанд.
Дар муқобил, ду кишвар аз узвияти он хориҷ шудаанд ва се кишвари дигар раванди хориҷ шуданро оғоз кардаанд. Дар июни соли 2025, Венгрия эълом кард, ки Асосномаи Рум-ро денонс хоҳад кард. Дар сентябри соли 2025 низ Малӣ, Нигер ва Буркина-Фасо чунин тасмимро эълом карданд. Афғонистон низ бо интишори баёнияе мавзеи мушобеҳеро эътироф ва эълом намуд.