Оё тарҳи Трамп ба сарбории тозае барои НАТО табдил хоҳад шуд?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Идораи буҷети Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар 14 майи 2026 арзёбии худро аз иҷрои барномаи дифои мушакии “Гунбади тиллоӣ” (Golden Dome), пружае, ки ҳазинаи он ҳудуди 1,2 триллион доллар баровард шудааст, мунтақил кунад.

Ҳамчунин пешбинӣ мешавад раванди тарроҳӣ, истиқрор ва баҳрабардории комил аз ин сомона наздики 20 сол замон бибарад. Ин рақам ба маротиб бештар аз 175 миллиард долларест, ки Доналд Трамп дар соли 2025 аз он сухан гуфта буд.

Дархости баррасии ҳазинаи воқеии ин пружа аз сӯи Ҷефф Меркли, сенатори демократ аз иёлати Орегон, матраҳ шуд. Ӯ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Associated Press эълом кард, ки “Гунбади тиллоӣ” чизе ҷуз тавзеъи азими манобеъи молӣ миёни паймонкорони саноати дифоӣ нест; ҳазинае ки дар ниҳоят табақаи коргари Амрико онро пардохт хоҳад кард.

Мушкили аслии ҳар сомонаи мушобеҳи дифои мушакӣ дар ин аст, ки раҳгирии як мушак бо мушаки дигар, ағлаб бо талош барои “задани гулӯла бо гулӯла” муқоиса мешавад. Яке аз коршиносони амрикоии ҳавзаи фанновариҳои дифоӣ дар ин бора гуфтааст:

“Бисёре ин пружаро нусхае аз “Гунбади оҳанин”-и Исроил медонанд, аммо бояд таваҷҷуҳ дошт, ки Исроил танҳо ба андозаи иёлати Ню-Ҷерсӣ аст.”

Ҳамзамон хатари ишбоъ ва аз кор афтодани сомона низ бисёр болост. Намунаи он ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳ дар марти 2026 буд, ки тайи он 100 мушак аз хоки Лубнон шиллик шуд ва Тел-Авив танҳо муваффақ ба раҳгирии нисфи онҳо гардид.

Ҷозеф Чиринчионе, раиси пешини бунёди Ploughshares Fund, низ дар соли 2025 эълом карда буд, ки “Гунбади тиллоӣ” амалан шонсе барои мутаваққиф кардани як ҳамлаи ҳадафманди мушакҳои баллистик надорад ва ин дар ҳолест ки тайи чаҳор даҳаи гузашта садҳо миллион доллар сарфи пажӯҳиш дар ин ҳавза шудааст.

Ихтисоси чунин ҳаҷми азими манобеъи молӣ — муодили 1,2 триллион доллар — ногузир мӯҷиби афзоиши бидеҳии давлатии Амрико ва коҳиши буҷаи дигар бахшҳо, бавижа барномаҳои иҷтимоӣ хоҳад шуд.

Таҳлилгарон пешбинӣ мекунанд, ки давлати Амрико талош хоҳад кард бахше аз ҳазинаҳои ин пружаро ба муттаҳидони худ дар НАТО дар ивази қарор гирифтан зери чатри “сомонаи нави дифои мушакӣ” мунтақил кунад.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти душвори иқтисодии Аврупо ва мушкилоти кишварҳои узви НАТО дар ихтисоси панҷ дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ ба буҷаи ин паймон, раҳбарони низомӣ ва сиёсии Ғарб бо фишори молии бештар ва афзоиши норизоиятии умумӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!