Рӯ ба Ҳинд овардани Толибон аз баҳри чист?
Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Толибон аз тарфанди қадимӣ ва шинохташудаи наздикӣ ба Ҳинд дар сурати бемеҳрии Покистон истифода мекунанд. Аз рӯзе, ки Покистон бомбаборонашон карда, дар талоши наздикӣ бо Эрону Тоҷикистон низ шудаанд. Хулоса ин ки чанд бами Покистон пойи Толибонро ба даҳлезҳои қудрат дар Теҳрон, Деҳлӣ ва Душанбе боз кардааст.
Ман баид медонам, ки ин тарфандҳо натиҷа бидиҳад. Ба чанд далели зер:
1 - Болои Толибон ҳеҷ кишвари минтақа эътимод намекунад. Агар Толибон натавонанд нӯкарӣ ва муздурии худ ба Покистонро ҳифз кунанд ва ба ин кишвар вафодор бимонанд, бо кадом кишвар метавонанд? Бо Покистон се пайванд доштанд Толибон. Пайванди идеологӣ, пайвандҳои қавмӣ ва пайвандҳои истихборотӣ. Сӣ сол инҳоро Покистон обу нон дод ва дар таҳкавӣ (зерзаминӣ)-ҳо пинҳонашон кард. Аммо дар муқобили Покистон намакҳаромӣ карданд. Хаёли таҷзияи Покистон ва интиқомгирӣ аз ин кишвар бар сарашон зад. Ин тахайюлоти паштунистҳои Толибон аст.
2 - Дунёи имрӯз хеле тағйир кардааст. Дар дунёи имрӯз наметавон ҳамзамон чанд қудрати мутахосимро дӯшид ва дар хафо ба хиёнат ба ҳама фикр кард. Толибон бо Ҳинду Эрон ва Покистон кинаҳои нуҳуфтаи зиёде бадал доранд. Баракси он низ сидқ мекунад. Толибон мехоҳад аз ин кишварҳо истифодаи абзорӣ кунад, онон низ чунин мекунанд. Аммо баранда Толибон нестанд. Дар ин бозиҳо кишварҳо барандаанд на як гурӯҳи фоқиди ваҷоҳати миллӣ ва байналмилалӣ.
3 - Амрикову Русия ва Чин беруни ин бозиҳо агар бошанд ва бихоҳанд, ки раванди сохту бофти минтақаии Толибонро мухтал кунанд, даст боз доранд ва на Толибон ва на кишварҳои минтақа монеъ шуда наметавонанд. Масалан, иттиҳоди Толибону Ҳинд, барои чиноиҳо хушоянд нест.
4 - Толибон муттаҳид ва якназар нестанд. Сохту бофти як ҷиноҳи Толибон бо як кишвар бо мухолифати ҷиноҳи дигар мувоҷеҳ мешавад. Ин ки Сироҷуддин Ҳаққонӣ бо сафири Эрон мебинад, як амри номутаъориф аст. Ин номутаъориф будан ишора ба мухолифатҳои дарунӣ дорад. Рақобатҳои беруниҳо, рақобати дарунии Толибонро ташдид мекунад.
5 - Покистон кишвари қудратмандест ва метавонад ҳам аз тамоми задубандҳои дохилӣ ва хориҷии Толибон огоҳ бошад ва ҳам тавони барҳам задани онро дошта бошад.
6 - Иттикои бештари Толибон ба Ҳинд аст, аммо Ҳинд нишон дода, ки муттаҳиди мутмаине нест. Ҳинд таниши мудириятшуда бо Покистон мехоҳад ва на бештар аз он. Ба назари ман, Ҳинд дар хусумат бо Покистон дар масирҳое нахоҳад рафт, ки Толибон мехоҳанд. Ҳинд аз гурӯҳҳои ифротӣ дар марзҳои худ ҳарос дорад ва метарсад, ки Покистон зарфиятҳои ононро алайҳи Ҳинд фаъол накунад. Дар ниҳоят Ҳинд тарҷеҳ медиҳад, ки дар Покистон низоми нимасекулори мантиқитар ҳоким бошад то ин ки мисли Сурия гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ зимоми умурро ба даст бигиранд. Таҷрибаи Сурия хеле аз давлатҳои минтақаро бимнок сохтааст.