Вашингтон умедвор аст, ки контроли пойгоҳи низомӣ дар Багромро дубора ба даст биоварад.
Нависанда: Андрей Серенко, донишманди сиёсӣ, хабарнигори худии “Независимая газета”
Тими Доналд Трамп, раисҷумҳури ҷадиди Амрико барои музокира ва эҳтимолан як тавофуқи ҷадид бо Толибони Афғонистон (як созмони террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия) омода мешавад. Бо қазоват аз бархе нишонаҳо, амрикоиҳо қасд доранд то ин музокиротро аз мавзеъи зӯр пеш бибаранд ва на танҳо "муллоҳои хашин"-ро пеши шароити ошкори номумкин қарор диҳанд, балки як буҳрони молӣ ва иқтисодиро дар Афғонистони толибонӣ низ таҳрик кунанд. Ба назар мерасад, ки ҳадафи "барномаи афғонӣ" – и Трамп тақвияти тавоноиҳои истихборотии Амрико дар Афғонистону дар кулл минтақа ва ҳамчунин бозгардондани пойгоҳи низомии Багром таҳти контроли Вашингтон аст. Агар стратегияи ҷадиди Амрико дар Афғонистон муваффақиятомез бошад, мавқеъи Амрикоро дар минтақа дар рӯёрӯӣ бо Эрон ва дар рақобат бо Чину Русия тақвият хоҳад ёфт.
Як ҳафта пеш Доналд Трамп аз таваққуфи семоҳаи кӯмакҳои молии Амрико ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Толибони Афғонистон хабар дод. Ин иқдоми раҳбари ҷадиди Амрико билофосила боиси вахомати авзоъи молӣ ва иҷтимоии ҳукумати “муллоҳои хашин” шуд. Нархи табодулаи афғонӣ дар баробари доллар, ки то кунун собит буд, ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфт ва ҳамчунон рӯ ба коҳиш аст. Бархе аз нозирони афғон суқути арзиши афғониро дар моҳҳои оянда пешбинӣ мекунанд, ки вазъияти аз қабл вахими иқтисодии ин кишварро бештар печидатар хоҳад кард. Толибон ҳамчунин аз таваққуфи маошоти кормандони давлатӣ ва соири кормандони бахши буҷавӣ дар ҳоли ҳозир барои се моҳ ва эҳтимолан барои муддати тӯлонитар хабар дод. Ин тасмим ҳазорон хонаводаро дар Афғонистон, ки то кунун бо чунин дастмузде зиндагӣ мекарданд, зарба хоҳад зад.
Тақрибан ҳамзамон бо ин фишорҳои моливу иқтисодӣ, Вашингтон шурӯъ ба матраҳ кардани хостҳои сиёсии сахту аланӣ аз давлати Толибон кард. Аз ҷумла, Трамп аз Кобул хостори ба Амрико бозгардондани тамоми силоҳу муҳиммоте шуд, ки амрикоиҳо дар Афғонистон ба ҷо монда буданд. Дар ғайри ин сурат, раҳбари Амрико аз азсаргирии кӯмакҳои молӣ ба Толибон худдорӣ хоҳад кард (ба гуфтаи Амруллоҳ Солеҳ, раиси пешини истихбороти Афғонистон, тақрибан се сол аст, ки Амрико аз тариқи созмонҳои мухталифи ғайридавлатӣ ҳафтавор байни 40 то 80 миллион доллар ба ҳукумати Толибон пардохт мекунад). Бидуни ин кӯмакҳои Амрико, режими Толибон хеле қабл аз ҳам пошида буд.
Возеҳ аст, ки Толибон қудрати иҷрои хостҳои раисҷумҳур Трамп мабнӣ бар бозгардондани силоҳҳои амрикоиро надоранд. Ва на танҳо ба ин далел, ки ин кор ба маънои халъи силоҳи артиши тақрибан 500-ҳазорнафарии Толибон хоҳад буд: Толибон қаблан бархе аз силоҳҳо ва муҳиммоти ғарбиро ба дигарон, аз ҷумла дар соли 2021 ба Покистон фурӯхтаанд. Ҳамчунон шоеа шуд, ки дар солҳои 2023–2024 маҳмулаҳои аслиҳаи амрикоӣ-толибонӣ дар Ховари Миёна ва Украина низ пайдо шудааст.
Мутмаинан идораи ҷадид дар Вашингтон моҳияти ғайривоқеии хостаҳои худро дарк мекунад, аммо онҳоро комилан мӯҳтотона пеш мегузорад, то қимати мавзуъро боло барад ва як "бастаи қарз"-и сиёсии Толибонро ба Амрико шакл диҳад ва таъсири онро аз тариқи як буҳрони молии контролшуда тақвият кунад. Тасмими ахири Додгоҳи байнулмилалии ҷазоӣ дар бораи судури ҳукми боздошти амири Толибон, Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода, ба далели сиёсатҳои саркӯбгаронаи Толибон дар қиболи занони Афғонистон низ ба ҳамин достон меафзояд. Ҳарчанд Амрико худ салоҳиятҳои Додгоҳи байнулмилалии ҷазоиро ба расмият намешиносад, аммо дипломатияи Амрико аз таъсири расонаӣ ва сиёсии ин тасомим ба ҳадди комил истифода мекунад. Ва ин таъсир дида мешавад: ҳамон тур, ки расонаҳои Афғонистон гузориш медиҳанд, пас аз файсалаи Додгоҳи байнулмилалии ҷазоӣ, Амир Ҳайбатуллоҳ ҳамроҳ бо баталёнҳои амниятии шахсиаш аз маҳалли иқоматаш дар Қандаҳор нопадид шуд.
Ба ин тартиб, танҳо дар чанд рӯзи моҳи январ, тими ҷадиди Кохи Сафед режимро дар Афғонистон ба ларза даровард ва аз ин тариқ барои худ шароити мусоидро сохт то музокиротро бо ҷиноҳҳои мухталиф дар раҳбарии Толибон оғоз кунад. Агар музокирот дар ояндаи наздик оғоз гардад, нахустин натоиҷ дар авоили март-апрели соли равон ба даст хоҳанд омад.
Тавре ки аз изҳороти алании Доналд Трамп ва ҳамкоронаш маълум аст, Вашингтони имрӯзӣ мехоҳад аз ҳукумати "муллоҳои хашин" чандин имтиёз бигирад. Нахуст, пойгоҳи бузурги низомии Багромро ба контроли Амрико баргардонад. Сониян, ҳузури “истгоҳҳо” (резидентура ва пойгоҳҳо)-и Сӣ Ай Эй ва дигар созмонҳои истихборотии Амрико дар хоки Афғонистонро ба баҳонаи мубориза бо созмони террористии “Вилояти Хуросон”, шохаи Афғонистони "Давлати исломӣ" (ДОИШ, созмони террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия) қонунӣ созад ва густариш диҳад. Солисан, проекти “ҳукумати ҳамашумул”-ро, ки илова бар Толибон, намояндагони дигар гурӯҳҳои қавмӣ-сиёсии Афғонистон низ дар он ҳузур дошта бошанд, амалӣ созад.
Намояндагони амрикоӣ бо матраҳ кардани ин хостаҳо, ба замимаҳои тавофуқномае, ки дар поёни феврали 2020 миёни Иёлоти Муттаҳида ва Толибон дар Давҳа мунъақид шудааст, ишора доранд. Аммо ба назар мерасад, ки имрӯз дар мавриди таҳияи як қарордоди ҷадид бо мушорикати ҳамон тарафҳо сухан меравад, ки ба эҳтимоли зиёд қарор аст низ дар пойтахти Қатар имзо шавад. Ба ҳар сурат, маҳз дар Давҳа акнун Суҳайл Шоҳин, сафири Толибон бо салоҳиятҳои ҷадид зоҳир шудааст, ки бадеҳист, ин амр рабти мустақиме бар музокироти оянда миёни Кобули толибониву Вашингтон дорад.
Далоили кофие барои бовар кардан ба ин ки тими Трамп дар расидан ба бисёрие аз аҳдофи худ муваффақ хоҳад шуд, вуҷуд дорад. Дақиқан ба ҳамин далел имрӯз намояндагони кишварҳои минтақа аз тарси ин ки Толибон аз рӯйкарди “чандввекторӣ”-и сиёсати хориҷиаш воқеан даст мекашад ва пеши Вашингтон “ба зону мезанад”, башиддат асабӣ шудаанд. Намояндагони Федератсияи Русия пеш аз ин хотирнишон кардаанд, ки “амрикоиҳо бо истифода аз кишварҳои ҳамсоя барои ин манзур, талош доранд то ҳадде ҳузури худро (дар Афғонистон) барқарор кунанд" ва "ба фикри баргардондани зерсохтҳои низомии худ дар он ҷо ҳастанд”. Нозирони афғон сафари ахири Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи ҷадиди Эрон ба Кобулро низ ба таҳдиди тавофуқи ҷадиди Амрикову Толибон рабт медиҳанд. Бар асоси шоеъот, ӯ аз Толибон дар мавриди ин пурсиш, ки онҳо қасд доранд дар оянда дар зиндагии сиёсӣ бо чӣ касе кор кунанд – бо кишварҳои минтақа ё бо Иёлоти Муттаҳида, вазоҳат хостааст. Ҳамчунон руфақои чиноӣ, ки як шаҳрвандашон чанд рӯз қабл тавассути шабҳи низомиёни ДОИШ дар вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон кушта шуд, нигаронанд: Пекин барои нахустин бор расман эътирози худро ба давлати Толибон дар Кобул иброз кард. Агар тавофуқи ҷадиди амрикоиҳо ва Толибон ба муваффақият бирасад, барои Теҳрон, Пекин ва Маскав як воқеияти нохушоянд хоҳад буд.