Ба қавли яке аз дӯстон, таҷлили Мавлоно Ҳисом аз Шаби Ялдо ва мавозеъи ахири фарҳангӣ-тамаддунии эшон як инқилоб дар манзумаи фикрии як олими дин аст ва бояд онро ҷиддӣ гирифт.
Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Уламои динии зиёде, ба вежа дар миёни уламои дини тоҷик, вуҷуд доранд, ки таҷлил аз Наврӯзу Шаби Ялдо ва дигар ҷашнҳои бостонии фарҳангӣ-тамаддунии моро муодили куфру ширк мехонанд ва рӯзҳо алайҳи он мавъиза мекунанд. Ин амр таъсири манфии басазое дар эҷоди дарзу ихтилоф ва ҳатто хусумату бегонагӣ байни ҷомеаи фарҳангӣ ва ҷомеаи рӯҳонии мо ба ҷо мегузорад, ки хеле зиёнбор аст.
Мавзеъгириҳои шуҷоъона ва табушиканонаи уламои динии машҳур ва мӯътабаре, ҳамчун Мавлоно Ҳисом, бидуни шак, таъсир жарфе дар афкору андешаҳои дигар уламои динӣ, бавежа ононе, ки дар мадориси террористсози Покистон дарс хондаанд ва раҳбариву ҳидояти фикрии ҷомеаи мазҳабии моро ба ӯҳда доранд, ба ҷо хоҳад гузошт. З-ин пас ин ба истилоҳ, нимчамуллоҳо наметавонанд бо қотеъият ва ҷазаба алайҳи мазоҳири фарҳангӣ-тамаддунии мо мавзеъ бигиранд ва мардумро аз фарҳангу таърих ва тамаддуни асилашон дур кунанд ва шуури таърихӣ-фарҳангии мардумро муодили куфру иртидод бидонанд. Агар онон боз ҳм чунин шамотатеро ба харҷ диҳанд, мардум хоҳанд гуфт, ки ҳарфи шумо агар мабнои шаръӣ медошт, фалон олими бузурги динӣ аз Шаби Ялдо таҷлил намекард.
Мутаассифона, дар тайи беш аз ҳазор сол аъроб бо ангезаҳои фарҳангиву таборӣ ва тамаддунӣ ва на ангезаҳои динӣ дар сарзаминҳои форс алайҳи таъриху тамаддуни мо хусумат варзида ва ин бовари нодурустро тарвиҷ карданд, ки гӯё гиромидошт аз муносибҳои фарҳангӣ-тамаддунии куҳан бо дину имони мардум дар тазод аст. Ин бовар тайи қуруну аъсори мутамодӣ дар ҳоле дар ҷавомеъи мо ниҳодина шуд, ки ҳеҷ мабнои шаръиву динӣ надошт ва бештар ангезаҳои сиёсиву султаталабонаи қавмӣ-таборӣ онро таҳрик мекард. Уламои ростину жарфандеш инро медонанд.
Аъробе, ки таҳти номи густариши дин ба нобудии фарҳангу тамаддуни мо камар бастанд, тавре вонамуд карданд, ки дини ислом ҳамон фарҳангу русуми аъроб аст. Ба иборати дигар, аъроб ташнаи қудрату сарват, ки бо ангезаҳои модӣ ба сарзаминҳои мо лашкаркашӣ мекарданд, дар ҳоле, ки марз байни дини ислом ва фарҳанги арабиро аз байн мебурданд, марз байни дини ислом ва фарҳангу тамаддуни форсӣ ва хуросониро дурушту дурушттар карда ва убур аз онро номумкин месохтанд. Чуноне ки ба мардум гуфта мешуд, ки ҳар навъ майлон ба фарҳангу тамаддуни бостонии мардуми ғайриараб тамоюл ба куфру ширк аст. Дар ин масир хеле аз инсонҳои огоҳу озодаро несту нобуд карданд, ки ҳеҷ мабнои диниву шаръӣ надошт. Ба ҳамин гуна хеле аз осори бостонии моро нобуд карданд. Дар ин кор амри Худову Расул набуд. Як фармондеҳи ҷангӣ тасмим мегирифт, ки бо мазоҳири фарҳанги ғайриаъроб чӣ кунаду чӣ накунад.
Баъд аз аъроб инглисҳо ин силсиларо идома доданд ва мадориси диние эҷод карданд, ки яке аз вазоифи умдаи он тадриси ақоиди зиддифарҳангӣ дар ҷомеаи мо буд. Мадориси динии Покистон дар ҳамин хат фаъолият мекунанд ва гурӯҳе мисли Толибон бо тафаккури тамаддунсӯз маҳсули ҳамин мадориси истеъмориву истихборотӣ аст. Дар дохили Афғонистон паштунистҳо низ дар садади баҳрагирӣ аз ин тафаккур шуданд. Тафаккуре, ки бо шамшери дин сари фарҳангиёну одамҳои огоҳ ва озодаро бибуранд то бар ҷамоате аз одамҳои ноогоҳу маръуб фармонравоӣ кунанд ва фарҳангу арзишҳои қавмии худро бар онон таҳмил кунанд.
Ман бо шинохте, ки аз Мавлоно Ҳисом дорам, эшон бамаротиб олимтар ва муъминтар аз раҳбарони ғоибу ҳозири Толибон аст ва таҷлилаш аз Шаби Ялдо бар шууру огоҳӣ устувор аст. Ӯ нек медонад, ки ин кор дар тазод бо эътиқодоту арзишҳои динӣ нест. Чун ӯ динро беҳтар дарк мекунад. Барои ӯ касе пул ҳам надода, ки динро ба қавли муллоҳо ба пул фурӯхта бошад. Ӯ аз ҷойгоҳу мавқифи баланди динии худ барои эҷоди як таҳаввули фикрӣ дар ҷомеа ҳазина карда ва нек медонад, ки хеле аз муллоҳо алайҳаш таблиғ хоҳанд кард, аммо боке надорад, чун медонад, ки мубориза бо каҷфаҳмиҳои ғаразолуди динӣ худ як муборизаи арзишманд аст, ки бо рӯҳи воқеии ислом натанҳо дар тазод нест, ки созгор аст.