Хабари рӯз

Наздикони Ҳикматёр душмани ҷони худи ӯ шудаанд

Тарҷума аз пашту: доктор Фазлманаллоҳ Мумтоз, собиқ сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Дар акс: аз чап ба рост – Ғайрат Баҳир, Гулбиддин Ҳикматёр, Ҷамолуддин Ҳикматёр

Аз сафҳаи фейсбуки Ҷамолуддин Ҳикматёр, фарзанди Гулбиддин Ҳикматёр:

Фарзанди домоди ноздонаи раҳбари Ҳизби исломӣ Абдуллоҳ Баҳир, фарзанди доктар Ғайрат Баҳир барои аввалин бор дар сафҳаи твитерам “Х” сар даровард.

Ӯ аланан падарбузурги худ (Гулбиддин Ҳикматёр)-ро бо алфози хеле зишт ёд мекунад ва ӯро қотил, хоин, ҷосуси Покистон, алоқаманди моделинг, ҷангсолор, омили вайронии Афғонистон…. мегӯяд.

Магар чаро ин гуна аст?

Абдуллоҳ Баҳир фарзанди ноздонаӣ, ноздонатарин домоди раҳбари Ҳизби исломӣ (Ҳикматёр) аст. Раҳбар болои домоди ноздонаи худ хеле эътимод дорад, ҳатто авроқи сафеди Ҳизби исломиро имзо карда барояш месупурд то дар сурати лузум ҳарчи, ки дилаш бихоҳад, дар он бинависад. Дороиҳо, амлок, аснод, равобити пинҳонӣ, манобеъи тамвил, салоҳиятҳои намояндагӣ ва ҳама чизи Ҳизби исломиро ба Ғайрат Баҳир супурдааст. Ва ҳамеша мегуфт, баъд аз раҳбари ҳизб муҳимтарин шахс ӯст, ва мегуфт, фриконсу амвоҷи раҳбари Ҳизби исломиро ӯ медонад ва нисбат ба ҳар каси дигар калиди дарвозаи расидан ба раҳбари Ҳизби исломӣ дар дасти ӯст.

Фарзандони домоди ноздона ва миллионери долларии раҳбари Ҳизби исломӣ низ монанди худ низ хеле ноздона аст. Дар кӯдакӣ кафшҳои бренди Инглистони “Кларкс” мепӯшиданд, дар Исломобод дар хонаи миллиондолларии маликияти Ҳизби исломӣ мезистанд.

Бурсияҳои донишгоҳҳои тиббии Покистон дар хидматшон буд ва дар мактаби хоси сафорати Саудӣ дар Исломобод дарс хонданд.

Соири аъзои Ҳизби исломӣ визаи Покистонро надоштанд, лекин Ғайрат Баҳир шинохти корт ва ё тазкираи покистонӣ доранд.

Хулоса ин ки ҳар он имтиёзоте, ки Ғайрат Баҳир дошт, фарзандонаш низ дошт.

На танҳо фарзандони доктар Ғайрат, балки бародаронаш низ аз имтиёзоти Ҳизби исломӣ бархӯрдор буданд ва дар Арабистони Саудӣ пули Ҳизби исломиро сармоягузорӣ карданд ва соҳиби ширкатҳо, ресторанҳо ва тиҷорат шуданд, лекин ҳамеша ба зидди раҳбари Ҳизби исломӣ таблиғот мекунанд.

Ин хонавода аз ҳама имконоту имтиёзот ва иртибототи Ҳизби исломӣ истифода карданд, лекин дар муқобил сабаби тахриби Ҳизби исломӣ шуданд ва аз дасти эшон ҳазорон аъзои Ҳизби исломӣ азият ва маҷбур ба тарки ҳизб шуданд.

 Аз он ҷумла, яке ман ҳастам (Ҷамолуддин Ҳикматёр). Ғайрат Баҳир манро хеле хуб мешиносад.

Ман Ғайрат Баҳирро минҳайси як инсони мунофиқ, фосиқ, чоплус, дурӯғгӯ, фиребкор, дузд, камасл, ҷосус, худхоҳ, хасис, ҳасуд, муғриз ва зишт мешиносам.

Лекин алорағми шикоятҳои мутакаррири мо ӯ мавриди ҳимоят ва эътимод қарор гирифт ва салоҳияти намояндагии Ҳизби исломӣ барояш супурда шуд.

Ба сабаби ҳамин шахси бенасаб ман эътимоди худро бар раҳбарӣ, сиёсат, мавқиф, ният ва сарнавишти Ҳизби исломӣ аз даст додам ва роҳи ислоҳу муборизаро тавассути интиқод дар пеш гирифтам. Ва дар ин роҳ бисёр азиятҳоро мутаҳаммил шудам.

Ман аз муҳити Ҳизби исломӣ хеле дур астам, ва ҳоламро Худованд медонад, лекин бароям ватан, миллат, уммат, охират ва арзишҳо хеле аҳамият дорад ва бар шахсияти ҳайсияти хеш доғи сиёҳ нагузоштаам. Бо вуҷуде ки ба хотири сиёсат ва мавоқифи Ҳизби исломӣ хеле заҳамоту таколифро мутаҳаммил шудаем ва Худованд медонад, ки сарнавишти мо исломгароён ва ислоҳгарон ба куҷо хоҳад расид.

Магар гирифти Худовандро бубинед. Дар ҳоле ки эҳсос мекунем шикаст хӯрдаем ва аз тарафи Худованд ҳақоиқ бармало мегардад.

 Абдуллоҳ Баҳир, фарзанди Ғайрат Баҳир (набераи Гулбиддин Ҳикматёр) мутлақан секулар гардидааст, ғайрати афғониро аз даст додааст, ҳамсараш беҳиҷоб ва ӯ ғарбгаро ва аз дину фарҳанги хеш бехабар аст ва падарбузургаш (Ҳикматёр) - ро ҷангсолор, хоин, ҷосуси Покистон, муздур, қотил ва омили вайронии Афғонистон хитоб мекунад. Ва навиштану изҳорот ба зидди ӯро вазифаи имонӣ ва миллии худ медонад.

Убайдуллоҳ Баҳир, фарзанди дигари Ғайрат Баҳир як сол қабл ба хонаводаи амрикоиаш пайваст, барои аксҳои нашршудаи соли гузаштааш ҳатто Ҳизби исломӣ ҳам натавонист шалвор (тунбон) бидӯзад.

Ин як намунае аз як хонаводаи наздики раҳбари Ҳизб исломӣ аст ва Худованд ба ҳоли соири хонаводаҳо беҳтар медонад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!