Хабари рӯз

Ҷанг бо толиб таҳти ҳар номе дуруст аст.

Нависанда: Рустами Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Дар Афғонистон бисёриҳо фикр мекунанд, ки фақат барои Худо ва барои дин метавон ҷангид ва чизи дигаре арзиши ҷангиданро надорад. Далели ин амр ин аст, ки мардуми мо башиддат мазҳабӣ ва динмадор ҳастанд ва ҳама чизро аз айнаки дин нигоҳ мекунанд.

Бар асоси ин дидгоҳи динӣ, ҳар ҷангеро бояд ҷиҳод номид. Бисёре аз ҷараёнҳои низомӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон бо истинод ба чунин дидгоҳи омиёнае, ки дар байни мардум роиҷ аст, талош мекунанд, ки барои ҷанг ва муборизаашон тавҷеҳи динӣ пайдо кунанд. Ҳатто гурӯҳҳои низомие, ки ҳадафи аслиашон, ҷанг барои дину барои Худо нест ва онро зарурӣ намедонанд, аммо дар марҳалаи ҷазби нерӯи худ ниёзманди ин медонанд, ки ба мардум бигӯянд, ки ҷанги мо барои Худо ва дин аст. Вақте аз инҳо бипурсӣ, ки чаро чунин мекунед, мегӯянд, ки мардум ҳаминро мехоҳанд ва таҳти ҳамин ном метавон сарбоз ҷамъ кард ва бо душман размид. Ин истидлоли дуруст аст. Мардум ҳамин гунаанд.

Аммо мардум дар иштибоҳанд. Мардум намедонанд, ки Худо ва дин ба ҷанги онон ниёз надоранд ва ин худ инсонҳо ҳастанд, ки барои худашон ниёз ба ҷанг доранд. Барои озодиашон, барои иззаташон, барои сарзаминашон, барои номусашон, барои нонашон, барои обашон, барои адолат, барои инсоният, барои маданият, барои кор ва... ҷанг барои инҳо илзоман ҷанг барои Худо нест, аммо ин бад-он маъност, ки ҷангидан барои инҳо нодурусту номашруъ аст.

Бовари ман ин аст, ки ҳамзамон бо ин ки, масалан, ҷанг бо толиб таҳти ҳар номе дуруст аст, аммо бояд ба нерӯҳое, ки алайҳи толиб меразманд, тафҳим шавад, ки ҷангашон сирфан барои дину Худо нест ва арзишҳои дигаре низ дар ин ҷанг дахил аст, ки арзиши ҷангиданро доранд ва инҳо ҳама инсонӣ ва заминианд ва барои инсону инсоният.

Бунбасти мафоҳими як ҷанги Худогароёна ва дингароёна ин аст, ки вақте ҷангҷӯйи муҷаҳҳаз бо ақидаи динӣ, ривояте аз дин пайдо кунад, ки ҷангаш бо душманаш аз назари дин ва Худо дуруст нест, ҷангро раҳо мекунад. Албатта, мумкин аст ӯ ба ривояте аз дин истинод кунад, ки дастгоҳи таблиғоти суфуфи муқобилаш аз манобеи динӣ истихроҷ карда бошад. Бисёриҳо дар чиҳил соли ҷанги Афғонистон аз тарафҳои мухталиф чунин карданд. Дар рикоби фулон раҳбар ва ҳизб ва созмон ҷангиданд, аммо вақте диданд, ки тарафи муқобилашон мусулмон аст ва мисли инҳо ақоиди динӣ дорад ва намоз мехонад, ҷангро тарк карданд ва исми ҷангро мусулмонкушӣ ва бародаркушӣ гузоштанд. Чун онҳо фикр мекарданд, ки ҷанг фақат барои дин ва Худо ҷавоз дорад.

Агар битавонед ҷангатонро ба далоил ва ангезаҳои инсонӣ устувор кунед, мумкин дар ҷомеаи динмадори Афғонистон сарбози камтаре пайдо кунед, аммо ҳамон сарбозони кам мисдоқи ҳамон дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор аст. Албатта, ин бад-он маъно нест, ки ҷанг бо толиб аз назари динӣ дуруст нест. Аз назари динӣ ҷанг бо толиб дуруст, аммо аз диди андешаҳои инсонӣ дурусттар аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!