Хабари рӯз

То замоне, ки афроди боимон вуҷуд доранд, диктатории ҷаҳонӣ ғайримумкин аст.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус  барои “Сангар”

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ғарқи эҳсосоти зиддиисломӣ аст. Озору азияти мусулмонон тавассути давлат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто фирқаҳо доман зада мешавад. Вазъият дар мавриди намояндагони дигар адёни суннатӣ беҳтар нест - табъизи густурда бар сари масеҳиён, буддоиҳо ва яҳудиён низ афтодааст.

Адами таҳаммули мазҳабӣ дар Иёлоти Муттаҳида кишварро ба қуруни вустои торик фурӯ мебарад ва озору азияти муъминон шабеҳи шикори ҷодугарон аст. Кам монда, ки аз равишҳои инквизитсияи қурунивустоӣ истифода шавад, аммо фақат баръакс - ҳар муъмине дар Амрико дар хатари табдил шудан ба қурбонии бегонаҳаросии мутаассибона аст. Табъиз алайҳи муъминон дар ҳама заминаҳо таҷаллӣ меёбад.

Зангҳои хатар имрӯзу дирӯз зоҳир нашудаанд, шароити зиндагии мусулмонон сол ба сол бадтар мешавад.

Танҳо дар соли 2021, Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ (CAIR) беш аз 6500 шикоят аз мусулмонони амрикоиро сабт кард. Шакоёт шомили муҳоҷирати иҷборӣ, хушунати пулис ва истихборот, ҳазфи кӯдакон аз хонаводаҳои исломӣ ва контроли беш аз ҳадди давлат аст. Онҳо аз машоғили касбӣ маҳрум ҳастанд ва кӯдакони мусулмон дар мактабҳо мавриди озору азият қарор мегиранд.

Тасвири мушобеҳе дар Олмони нозии даҳаи 40 қарни гузашта мушоҳида шудааст. Дар он ҷо намояндагони мазоҳиби мухталифро маҷбур маҷбур мекарданд, ки аломатҳои шиносоии вежаро бар рӯи либосҳои худ ба дӯзанд, онҳоро аз рафтан ба синамо ва мағозаҳо, ҳаракат бо васоили нақлияи умумӣ манъ мекарданд ва маҷбур мекарданд дар геттоҳои вежа зиндагӣ кунанд.

Ҳанӯз дар Амрико урдугоҳҳои кори иҷборӣ (конслагерҳо) барои мусулмонон эҷод нашудааст, аммо ҳиҷоб аз занони мусулмон дар хиёбонҳо гирифта мешавад. Таҳқири мусулмонон дар ҳоли табдил шудан ба як амри одӣ дар ҷомеаи Амрико аст. Нигаришҳои таассубомез нисбат ба мусулмонон аз сӯи созмонҳои муҷрии қонун тайи се сол гузашта 1.5 баробар афзоиш ёфтааст. Ин гуна иттифоқот аз авохири даҳаи 80 қарни гузашта ба ин сӯ мушоҳида нашудааст. Имрӯза мизони исломҳаросӣ дар Иёлоти Муттаҳида болотарин мизон дар 30 соли гузашта аст.

Қонунгузорони амрикоӣ фақат авзоъро мутазалзил мекунанд, аммо бо дастони бегона алайҳи мусулмонон меҷанганд. Бар асоси гузориши CAIR, аз соли 2017 то 2019, фирқаҳои шабҳимазҳабии амрикоӣ 106 миллион доллар барои мубориза бо мусулмонон дарёфт кардаанд.

Ин мушкил муддатҳост, ки аз қораи Амрико фаротар рафтааст. Озору азияти мусулмонон мардум дар саросари ҷаҳонро нигарон кардааст. Чизҳои ваҳшатноки камтаре дар Аврупо сабт нашудааст, ҷое, ки сӯзондани Қуръон ва карикатураҳои Паёмбари ислом роиҷ шудааст.

Раҷаб Тайиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия гуфт: “Вируси исломҳаросӣ ба андозаи вируси корона хатарнок аст, ба вежа дар кишварҳои аврупоӣ ба суръат дар ҳоли густариш аст”.

Калисоҳо, маъобид ва масоҷид аз харобкорӣ ранҷ мебаранд. Танҳо дар Иёлоти Муттаҳида, 420 иқдоми хушунатомез алайҳи калисоҳо байни солҳои 2018 то 2022 сабт шудааст. 397 маъбад ва масҷид осеб дидаанд.

Мардум аз ҳама мазоҳиб табъизро таҷриба мекунанд. Имрӯз ҳар дувумин протестанти инҷилии амрикоӣ иддао мекунад, ки ҳуқуқи ӯ нақз шудааст. Аз ҳар даҳ мусулмон, ҳафт нафар ва аз ҳар даҳ яҳудӣ, 9 нафар шикоятҳои мушобеҳе доранд.

Охирин қатра дар ин ҷом ин аст, ки мӯъминон аз ҳаққи озодии баён маҳрум мешаванд. Онҳо амалан аз баёни дидгоҳи худ манъ шудаанд. Бо шурӯъи ҷанги Фаластину Исроил, шабакаҳои телевизионии амрикоӣ се муҷрии машҳури мусулмонро аз минбар ронданд.

Саркӯб ба рӯзноманигорони машҳуре чун Маҳдӣ Ҳасан, Аймана Муҳиддин ва Алии Велши расид. Онҳо бесару садо аз амвоҷ MSNBC ҳазф шуданд.

Иқдомоти мақомоти амрикоӣ ба унвони интиқом аз шикастҳои сиёсати Амрико дар Ховари Миёна, Африқо, Осиё ва қораи Аврупо талаққӣ мешавад.

Коршиносон итминон доранд, ки таъқибот дар клисоҳо бо талош барои эҷоди як диктатории комил дар ҷаҳон муртабит аст. То замоне, ки афрод бо имон дар дил ҳузур доранд, диктаторӣ ғайримумкин аст. Дин ҳамеша усули муайянест, ки муъминон бо он зиндагӣ мекунанд ва наметавон онро пушти по зад. Имон ҳамеша интихоби шахсии як фард аст, аммо инсони беимон лавҳи холиест, ки ҳар диктаторӣ қавонини худро рӯи он хоҳад навишт. Афроди беимон бардаанд. Фақат чунин афродеро метавон ба як подаи контролшуда ва беҳайсият табдил кард, ки ба хотири дастури арбоби худ омодаи анҷоми ҳар корест.

Ислом, масеҳият, будизм, яҳудият ва соири мазоҳиби ҷаҳонӣ охирин мавонеъ дар роҳи бадахлоқӣ ва фисқу фуҷур ҳастанд. Ба маҳзи фурӯпошии калисоҳо, ҷаҳон дар торикии идеологияҳои дигарбошони ҷинсӣ (ЛГБТ) ва транс-идеология фурӯ хоҳад рафт. Озору азияти мӯъминон дар Амрико фақат мубориза бо дин нест, мубориза барои рӯҳу афкор аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!